Перейти к содержимому

Баъид нест худдории ҳукумат аз гузарондани амалиёти низомӣ дар Бадахшон, натиҷаи талоши Оғохон бошад

Хурсанд Хуррамов, коршиноси масоили сиёсӣ, таҳлилгари мустақилли масоили байналмилалӣ, мудири Маркази таҳқиқотии байналмилалии “Восток”

Хурсанд Хуррамов, коршиноси масоили сиёсии тоҷик, дар мусоҳибае, дар посух ба ин пурсиш, ки нақши Оқохонро дар таҳаввулоти ахир чӣ гуна арзёбӣ мекунад, бо баёни ин ки “нуфузи Оғохон дар Бадахшон бесобиқа аст” гуфт: “Баъди воқеаи соли 2012 вақте, ки ҳукумат бо истифода аз қувваҳои муссалаҳ дар Хоруғ амалиёт гузаронд ва ин амалиёт боиси марги даҳҳо ашхоси бегуноҳ гардид, муносибати Оғохон бо Раҳмон ба фикрам куллан иваз шуд.” Бо ин ҳол, Хурсанд Хуррамом баъид намедонад, ки худдории ҳукумат аз гузарондани амалиёти низомӣ дар Бадахшон дар ин рӯзҳо, натиҷаи талоши Оғохон бошад.

Машрӯҳи гуфтугӯи Тасним бо Хурсанд Хуррамов:

— Дар моҳи сентябр Эмомалӣ Раҳмон бо интиқоди шадид аз масъулони Бадахшон, зарбулаҷали якмоҳа барои беҳбуди авзоъ муайян кард. Дар ин муддат, шоҳиди ҳузури низомиён ва маҳдудиятҳои бисёре будем, ки нишон аз омодагии давлат барои даргирии ҷадид буд. Аммо чунин иттифоқе наафтод ва давлат ақибнишинӣ кард. Ин таҳаввулотро чӣ тавр арзёбӣ мекунед?

— Фикр мекунам, ки сару садоҳо дар фазои иҷтимоӣ ва хусусан дар хориҷ аз Тоҷикистон, ниҳоят зиёд шуд. Яъне мардуми Бадахшон тавонист диққати ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан бозигарони минтақаиро ба ин қазия ҷалб кунад. Барои ҳамагон рӯшан аст, ки авзоъ дар шимоли Афғонистон, ки бо Бадахшон ҳамсарҳад аст, мӯътадил нест ва оташи ҷанг метавонад вориди хоки Бадахшони Тоҷикистон гардад. Аз ҳамин лиҳоз, фикр мекунам, ки бозигарони минтақаӣ яъне Русия ва Чин, бо назардошти ин омилҳо, болои режими Душанбе фишор оварданд.

— Ахиран ҳукумат протоколи расмӣ ба 7 раҳбари ғайрирасмии Бадахшон ирсол карда ва зимни ҳушдори ҷиддӣ, аз онҳо дархост кард, то аз иқдомоти ҷинояткорона ва ғайриқонунӣ даст бикашанд. Иллати ин амрро аз сӯи ҳукумат чӣ мебинед? Оё аз рӯи ночорӣ аст ё токтике барои иқдоме дигар?

— Ҳукумат мехоҳад бо ин иқдомаш, ба мардум собит созад, ки ягон амалиёт дар назар нест. Аммо, фикр мекунам, ки дар аввал тасмими давлат тамоман дигар буд. Бо гузашти чанд вақт, ҳукумат дарк кард, ки даргирӣ дар минтақа, метавонад фазои он ҷоро пурра ноором кунад ва руҳияи мардуми минтақа метавонад куллан зидди ҳукумати феълӣ гардад. Чунки дар вилоят мушкилиҳои иқтисодию иҷтимоӣ зиёд ҳастанд ва дар тӯли 27 сол тақрибан дар ин соҳа чизе иваз нашудааст. Дар ҳамин ҳол намоиши қувва аз тарафи ҳукумат, аслан як чизи номақбул пазируфта мешуд.

— Вокуниши ин 7 нафаре, ки раҳбарони ғайрирасмии Бадахшон хонда мешавад нисбат ба иқдомоти ҳукумат тайи ин муддат чӣ гуна будааст?

— Бешубҳа ин 7 нафар афроди таъсиргузоре ҳастанд дар ҳудуди минтақа. Аслан бе ҳукми додгоҳ ягон ашхосро ҷинояткор эълон кардан худ як кори ғайриқонунӣ аст ва ман аз ин ки гуфта мешавад ин афрод ҷиноят содир кардаанд ё накардаанд, изҳори назар намекунам. Лекин бояд зикр кард, ки бисёр фаъолиятҳои ҳукумат дар ҳудуди вилоятро маҳз ҳамин афрод маҳдуд мекарданд. Бештари онҳо аз солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аъзои гурӯҳҳои мухолифини ҳукумат буданд ва то ҳол мавқеъашонро дар ин бора иваз накардаанд.

Ин гурӯҳ ва бисёре аз тарафдоронашон, дар тӯли ин солҳо мавқеъи давлатро таҳти шиори “волоияти қонун” ҳамчун як пардае медонистанд, ки аз паси он ҳукумат мехост охирон ҳарифони хешро мағлуб созад.

Вокуниши онҳо нисбати ҳукумат бештар дар он буд, ки инҳо ба баъзе қазияҳое, ки аз нуқтаи назари эшон ғайриодилона ҳал мешуданд, дахолат мекарданд ва таҳти фишор натиҷаи корро ба фоидаи худ ё ба фоидаи ашхосе, ки ба онҳо муроҷиат мекард, ҳаллу фасл мекарданд. Аз ҳамин сабаб ҳаводорони зиёдеро дар ҳудуди минтақа пайдо карданд.

— Бидуни шак яке аз чеҳраҳои таъсиргузор ва бонуфузи Бадахшон Оқохон аст. Аммо дар ин таҳаввулот камтар ба ӯ пардохта шудааст. Нақши Оқохонро дар ин таҳаввулот чӣ гуна арзёбӣ мекунед? Оё метавонад нақше миёнҷигарона миёни мардуми Бадахшон ва ҳукумати Тоҷикистон ифо кунад?

— Нуфузи Оғохон дар Бадахшон бесобиқа аст. Ва эшон дар бисёр мавридҳое аз давраи ҷанги шаҳрвандӣ ва баъдан дар солҳои баъди ҷанг, миёнравиҳои зиёдеро барои наздик шудани аҳолии минтақа бо ҳукумат пиёда карда буданд. Аммо баъди воқеаи соли 2012 вақте, ки ҳукумат бо истифода аз қувваҳои муссалаҳ дар Хоруғ амалиёт гузаронд ва ин амалиёт боиси марги даҳҳо ашхоси бегуноҳ гардид, муносибати Оғохон бо Раҳмон ба фикрам куллан иваз шуд. Баъди соли 2012, бо вуҷуди пружаҳои бузург, Оғохон ба Тоҷикистон дигар ташриф наоварданд. Бештари бадахшониҳо бар ин назаранд, ки эшон бо сиёсати ҳукумат дар вилоят норозӣ ҳастанд.

— Ахиран дар чорчӯби нишасти муштараки Иёлоти Муттаҳидаи Омрико ва Тоҷикистон, яке аз мақомоти омрикоӣ гуфта буд, ки мақомоти тоҷик ҳеч барномае барои амалиёти вежа дар Бадахшон надоранд. Ба назари шумо, оё давлати Тоҷикистон тазмине барои ин мавзӯъ ба давлати Омрико дода? Дар кулл, рӯйкарди Омрикоро нисбат ба таҳаввулоти Бадахшон чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

— Фикр мекунам, ки аз эҳтимол дур нест, ки вокуниши мақомоти ИМА дар қазияи Бадахшон, натиҷаи талоши худи Оғохон низ бошад. Чунки бо вуҷуди худдорӣ кардан аз робитаи мустақим бо ҳукумати Тоҷикистон, он кас тариқи давлати сеюм амалҳоеро анҷом медиҳанд.

— Имрӯза бисёре аз бӯҳронҳои минтақаӣ роҳи ҳаллҳои байналмилалӣ ёфта ва бо мушорикати кишварҳои ҳамсоя ё бозигарони байналмилалӣ ҳал мешаванд. Оё дар масъалаи Бадахшон ҳам чунин зарфияте вуҷуд дорад?

— Иштироки бозигарони ҷаҳонию минтақаӣ дар ҳалли бӯҳронҳои сиёсӣ бидуни шак яке аз усулҳои таъсирбахш аст. Ва давлати Ҷумҳурии Исломии Эрон низ дар ин самт бисёр бомаҳорат аст, чунки дар гузашта маҳз Эрону Русия бо миёнравияшон тавонистанд тоҷиконро ба сулҳ даъват кунанд. Аммо фикр мекунам ва умед дорам, ки қазияи Бадахшон ба осонӣ ҳал хоҳад шуд, ва то ин дараҷа бӯҳрон шиддат намеёбад.

Tasnimnews

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: