Перейти к содержимому

Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон: Ҳар гуна созиш бо режими саҳюнистӣ маҳкум аст

Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон, бо судури баёнияе, зимни ҳушдор дар бораи таҳаррукоти режими саҳюнистӣ дар кишварҳои арабии ҳавзаи халиҷи Форс, талошҳоеро, ки дар ростои оддисозии равобит бо ин режим сурат мегирад маҳкум кард.

Ба гузориши хабаргузори Онотулӣ, Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон, рӯзи шанбе (27.10.2018) бо судури баёнияе, аз ҷаҳони ислом ва раҳбарони он хост, ки ҳомии ормонҳои бузурги ҷаҳони ислом бошанд ва аз Қудси шариф ва сарзаминҳои ишғолӣ чашмпӯшӣ накунанд.

Дар баёнияи ин иттиҳодия ҳамчунин омадааст: “Бо ҳар гуна оддисозӣ ё истиқболи расмӣ ва мардумӣ аз ҳайатҳои режими ишғолгари Қудс; қотилони миллати Фаластин ва муҳосиракунандагони навори Ғазза, ибрози инзиҷор ва ҳар гуна таҳарруки саҳюнистӣ ва истиқбол аз ишғолгарон дар хоки мусалмононро маҳкум мекунем.”

Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон, бо ишора ба истиқбол аз масъулони режими саҳюнистӣ дар кишварҳои ҳавзаи халиҷи Форс, эълом кард, ки ҳар гуна оддисозӣ ё истиқбол аз саҳюнистҳо ба манзилаи подоше ба ҷиноёти онҳо дар ишғоли қиблаи аввали мусулмонон ва ширкат дар иҷрои тарҳи омрикоии “Муомилаи қарн” аст.

Гуфтанист, Султон Қобус, подшоҳи Умон, рӯзи панҷшанбе аз Бенёмин Натонёҳу, нахуствазири режими саҳюнистӣ дар Масқат истиқбол кард.

Вазири мушовир дар умури хориҷии Умон дар вокуниш ба сафари нахуствазири режими саҳюнистӣ гуфт, ки ин сафар бино ба дархости шахси Натонёҳу барои гуфтугӯ перомуни раванди сулҳ (созиш) будааст.

Режими саҳюнистӣ ва Умон муносиботи диплумотик надоранд ҳарчанд, ки ду даҳа пеш, пас аз тавофуқи сиёсии “Исроил” ва Созмони озодибахши Фаластин ва барпоии ҳукумати худгардон, дар чорчӯби талош барои беҳбуди муносиботи “Исроил” бо бархе кишварҳои арабӣ, Умон ба “Исроил” имкон дод, то дафтаре дар Масқат барқарор кунад, аммо ин дафтар баъд аз муддате кӯтоҳ баста шуд.

Дидори рӯзи панҷшанбеи Натонёҳу ва Султон Қобус нахустин дидори сарони режими саҳюнистӣ ба ин кишвар пас аз 22 сол маҳсуб мешавад.

Нахустин сафари як нахуствазири режими саҳюнистӣ ба Умон ҳам ба вопасин солҳои зимомдории Исҳоқ Робин дар соли 1994 бармегардад.

Умон то кунун нақши чандон фаъоле дар масъалаи Фаластин надоштааст, ҳарчанд Султон Қобус, ки дар 48 соли ахир подшоҳи Умон буда, ҳамвора бар ҳимоят аз фаластиниён таъкид кардааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: