Перейти к содержимому

Луқмон Бойматов: Маҳалгароён қотилони равони миллианд”

Луқмон Бойматов, муаррих-шарқшинос, нависанда, мутарҷим ва мунаққиди тоҷик, номзади илмҳои таърих (1993), дорандаи ҷоизаи “Қалами булӯрин”—и Ҷумҳурии Исломии Эрон, дар 10-уми июли 1960 дар шаҳри Хуҷанд ба дунё омадааст. Ӯ пас аз хатми мактаби миёна ба факултаи таърихи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М. В. Ломоносов дохил шуда, соли 1984 онро бо ихтисоси муаррих хатм мекунад. Ӯ фаъолияти кориашро солҳои 1984—1986 чун лаборанти калон дар Шӯъбаи асарҳои таърихи миёнаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикстон оғоз карда, солҳои 1993—1997 ба ҳайси мудири Шӯъбаи кишварҳои Шарқи Миёнаи Институти иқтисоди ҷаҳонӣ ва муносиботи байнамилалии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз соли 2005 то 2012 чун корманди пешбари илмии Институти иқтисодиёти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст. Луқмон Бойматов ҳамчунин солҳои 1991—1992 бо гурӯҳи таърихи Донишкадаи Адабиёт ва улуми инсонии Донишгоҳи Исфаҳон ва солҳои 1997—1999 бо гурӯҳи таърихи Донишкадаи Адабиёт ва улуми инсонии Донишгоҳҳои Фирдавсии Машҳад ва якчанд марказҳои илмӣ — фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамкориҳои илмӣ доштааст. Ӯ аз соли 2013 дар кишвари Суед (Шветсия) иқомат мекунад. Луқмон Бойиматов бештар таҳқиқоти таърихӣ анҷом дода, асосан ба таърихи асрҳои 13-14-и Осиёи Марказӣ ва Эрон таваҷҷуҳ кардааст. Масоили насаб ва таърихи системи давлатдории Сомониён низ мавриди таваҷҷӯҳи хосси ин муаррих мебошад. Таърихи муборизаи ниёкони тоҷикон алайҳи истилогарони аҷнабӣ, ба мисли лашкари мақдуниён, арабҳо ва муғулҳо дар силсилаи пажӯҳишҳои ин муаррих мавриди вежае дорад. Таърих асрҳои миёни Хуҷанд ва шахсиятҳои маъруфи ин диёр низ яке аз самтҳои фаъолияти илмии ин таърихшонос ба ҳисоб меравад. Муфассалтарин таҳқиқоти Луқмон Бойматов таҳқиқотҳои “Спитамон”, “Абӯмуслими Хуросонӣ”, “Муқаннаъ”, “Темурмалик”, “Маҳмуди Торобӣ» ва “Сарбадорони Самарқанд” дониста мешаванд. Луқмон Бойматов яке аз муаллифони аслии “Донишномаи Рудакӣ” ва донишномаҳои дигар мебошад. Китоби ӯ бо номи “Фиребхӯрдагонем”, ки иборат аз навиштаҳои фалсафӣ ва ирфонӣ аст, дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар кӯтоҳтарин муддат се маротиба ба чоп расидааст.

Устод Луқмон Бойматов, муаррихи тоҷик, дар як гуфтугӯи ихтисосӣ бо пойгоҳи Кимиёи саодат дар мавзӯи маҳалгароӣ, бо баёни ин ки “афроди “оддӣ ва содда” аз манотиқи гуногун, ба роҳатӣ якдигарро мефаҳманд ва эҳтироми якдигарро ҳифз мекунанд, тасреҳ кард: “Ин “аҳли фарҳанг ва адаб” аст, ки дар саргаҳи ин падидаи “меҳанпарастии дурӯғин” қарор дорад.” Вай афзуд: “Маҳалгароён ҳамеша дар фикри бақои хешанд, на бақои миллат. Онон қотилони равони миллианд.”

Инак, машрӯҳи ин гуфтугӯ:

— Устод, чаро бештари мардуми мо, аз мақомоти ҳукуматӣ бигир то ба истилоҳ фарҳехтаҳо ва рӯзноманигорон ва ҳатто окодемиҳо — то чӣ расад ба мардуми оддӣ — маҳалгаро ҳастанд? Ба назари шумо, иллати ин падидаи зишту нописанд чист?

— Масъалае, ки матраҳ кардед, муболиға нахоҳад шуд агар гуфта шавад, ки аз ҷонкоҳтарин дардҳои имрӯзи миллат аст. Ошкор аст, мағзи пурсиш таъйини сабаби нумӯи падидаи маҳалгароӣ дар ҷомеъаи имрӯзи тоҷикон (беҳтар аст, бигӯям тоҷикистониён) дар чанд даҳсолаҳои ахир аст.

Сабаби аслии вусъати ин падида дар миёни тоҷикон, ҳамоно ноогоҳӣ ва эҳсоси кибру ғурурҳои бардӯрӯғи аҳли илм ва фарҳанги миллӣ дар назди якдигар аст, ки дар тӯли таърих шояд гурӯҳе ривоҷаш доданд. Бовар дорам, афроди “оддӣ ва содда” аз манотиқи гуногун, ба роҳатӣ якдигарро мефаҳманд ва эҳтироми якдигарро ҳифз мекунанд, вале ин “аҳли фарҳанг ва адаб” аст, ки дар саргаҳи ин падидаи “меҳанпарастии дурӯғин” қарор дорад.

Агар аз миёни маҳалгароён “бутҳои маҳал”-ро бардорем, миёни онон чизе нахоҳад монд. Нек нигаред, замоне, ки маҳалгароён ҳомиёни бақои миллат мешаванд, афкори маҳалгароӣ табдил ба “роҳи наҷот” мешавад! Дониста бошем, ки маҳалгароён ҳамеша дар фикри бақои хешанд, на бақои миллат. Онон қотилони равони миллианд.

Дуруст фармудед, маҳалгароӣ падидаи зишту нописанд аст. Ин арзёбӣ аз диди ахлоқ дуруст аст ва бар он чизе наметавон афзуд. Вале аз диди илм, падидаи маҳалагароӣ ирси таърихист ва ҳамвора заҳре буда, ки аҷдод аз роҳи хато ба ворисонашон мерос гузошта ва дарде буда, ки ба тадриҷ миллатро ба нобудӣ мекашонад. Магар пӯшида аст, миллати тоҷик солҳост, ки дорад ин заҳри таърихро ба ҷойи шарбаташ менӯшад.

Ба унвони як таърихнигор, бо итминон метавонам бигӯям, ки ин падида ҳаргиз аз диди илм баррасӣ нашуда ва шояд касе ҳам аз доираҳо ва марказҳои илмӣ, ҳатто аз Академияи илмҳои кишвар ҳозир нест рӯйи ин мавзӯъ банди ҳиммат ба камар бибандад.

Далели адами ҷасорат дар миёни муҳаққиқини ҷомеъашинос, фарҳангшиносон ва ё муаррихин ин нест, ки таҳқиқи ин мавзӯъ бисёр сахт бошад, балки дар ин аст, ки ҳар як аз онҳо худ ба наҳве ва ё сабабе дар оби маҳалгароӣ ғарқанд. Дил кандан аз он чӣ, ки одат шуда, бисёр сахт ва одат балои ҷон аст. То кунун, ҳеч кадом аз афроди маҳалгаро нагуфтааст ва намегӯяд, ки ӯ маҳалгарост. То замоне, ки дидгоҳҳои маҳалагароӣ зери ниқоби чеҳраи фарҳангӣ, сиёсӣ ва ғ. пинҳон аст, миллат дилшикаставу навмед хоҳад монд. Ҷиҳодро аз худ бояд оғоз намуд.

Агар оби маърифат ва илми миллат тира бошад, мусалламан, мардумони ин ҷомеъа оби гилолуд менӯшанд. Тухмаҳои афкор ва андешаҳои маҳалгароӣ, маҳз дар осори аҳли илм, офаридаҳои адабу шеър ва падидҳои ҳунарӣ корида мешавад. Ин маворидро дар шаклгирии афкори ҷомеъаи набояд хӯрда гирифт.

Ман ҳамеша муқобили худкомагӣ ва муқобили султагариҳои илм будам ва ҳастам. Илму маърифат, фалсафаву ахлоқ, шеъру адабе, ки қомати сиёсати худхоҳ ва идеулужики маҳалгароиро (хоҳ дар либоси демукросӣ, хоҳ дар ҳиҷоби мазҳаб, хоҳ дар шиорҳои дигари сиёсӣ) натвонад бишканад, пас арзиши ҳар як аз онҳо шабеҳи нӯшдории баъд аз марганд. Дар шароити имрӯз мубориза алайҳи маҳалгароӣ бисёр ва бисёр муҳим аст.

— Ба унвони як таърихнигор, ба назари шумо оё барои ин беморӣ метавон решаҳои таърихӣ қоил буд?

Ҳеҷ падидаи иҷтимоъӣ ва фарҳангӣ якдафъа зуҳур намекунад. Тақрибан ҳамаи падидаҳо собиқаи таърихӣ доранд. Тамомии дағдағаҳои имрӯзамон бархоста аз дирӯзи таърихамон аст. Решаҳои таърихии ин падида, дар яке аз навиштаҳои мо, “Маҳалагароӣ дар ойинаи таърих”, ки дар сафаҳоти нашрияи хубу вазини “Озодагон” (2017, 10 январ (Гуфтори аввал) Озодагон, 2017, 17 январ (Гуфтори дуввум); Озодагон, 2017, 01 феврал (Гуфтори севвум); Озодагон, 2017, 08 феврал (Гуфтори севум, идомааш,С. 13.) омада ва дар сайти шахсиам гузошта шудааст. Муроҷиин метавонанд бар матлаби мазбур муроҷиъа намоянд.

— Роҳи ҳалли раҳоӣ аз ин беморӣ дар ҷомеаи мо ба назари шумо чист?

— Роҳи ҳалли раҳоӣ аз ин бемории иҷтимоъӣ, ки ба тадриҷ дар ҳоли табдил шудан ба шакли фарҳанг ва суннати бисёр зишт аст, боз ҳам дар дасти фарҳангиён ва фарҳехтагони ҷомеъа қарор дорад. Ин мавзӯъ дар ҳамон мақолае, ки зикраш омад, мавриди баррасӣ қарор гирифта. Ва аммо илова бар гуфтаҳои қабл, метавон афзуд, ки фарҳангиёнамон нахуст бояд худро аз афкори маҳалгароӣ раҳо намоянд, дар ғайри ин сурат, посухи муроҷиинашон мусбат нахоҳад буд. Мо бояд миёни маҳалпарастии ақлонӣ ва маҳалгароии таҳқиркунанда тавофут қоил бошем. Ин ду падида ба ҳеч ваҷҳ яке нестанд. Контроли эҳсосоти хеш барои ҳар фард ҳамеша муҳим аст, бахусус он гоҳ, ки рӯйи мавзӯъоти ҳассос чира мешавем. Ҳангоми арзёбии ҷойгоҳи ашхоси таърихӣ ва дар таъйини арзиши осори фарҳехтагони кишвар саъй бояд кард, ба он чӣ карда ва гуфта таваҷҷӯҳ намуд, на ба он чӣ, ки аз ин фард аз қуҷо бархоста. Зодгоҳи афроди бузуруги таърих ва фарҳанг дар ҷойи худ боқист, вале он чӣ шахсро мӯътабар мекунад, на зодгоҳ, балки андешаҳояш аст. Шояд ин кӯтоҳтарин ва дар айни замон маъмултарин роҳест барои фосила гирифтан аз падидаи чун маҳалгароӣ бошад. Бояд бидонем, ки саранҷоми маҳалгароӣ сароғози бадбахтиҳои миллӣ дар таърихи муъосир аст. Донистан, кофӣ нест, амал кардан усулест.

— Ташаккур Устод.

— Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: