Перейти к содержимому

Вазъи саломати ду узви баландпояи ҲНИТ дар зиндон вахим гузориш мешавад

Вазъи саломати Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ва Ҷалолиддини Маҳмуд — ду узви баландпояи ҲНИТ, ки дар зиндон қарор доранд, дар асари шиканҷа рӯ ба вахомат овардааст ва дар ҳоли ҳозир ба бемористони шаҳри Ваҳдат интиқол дода шудаанд.

Сойти Зиндониён — пойгоҳи иттилоърасонии Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон, дар гузорише, бо такя ба манобеи худ навишт, ин ду нафарро ба хотири гирифтани эътирофоте алайҳи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон зери шиканҷаи шадид қарор додаанд. Аз онҳо хоста шудааст мисли Айёмиддин Сатторов назди дурбин алайҳи ҲНИТ изҳорот диҳанд.

Гузориш меафзояд, дар асари шиканҷа, вазъи саломати онҳо вахим гардида ва ба бемористони шаҳри Ваҳдат интиқол дода шуданд.

Пештар, расонаҳо иттилоъ дода буданд, ки Муҳаммадалии Файзмуҳаммад ва Ҳикматуллоҳ Сайфуллозода аз зиндон ба боздоштгоҳи муваққатӣ интиқол дода шудаанд. Аммо сабаби интиқоли онҳо то ҳол маълум набуд.

* * *

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, руҳонӣ, раиси Комиссияи тафтишотии ҲНИТ, собиқ узви КОМ, собиқ сархатиби ноҳияи Панҷ. Акс аз пойгоҳи интернетии Родию Озодӣ

Мавлавӣ Муҳаммадалии Файзмуҳаммад, раиси Комиссияи тафтишотии ҲНИТ, собиқ узви КОМ, собиқ сархатиби ноҳияи Панҷ, донишманди динӣ ва яке аз шогирдони Мавлавӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ аст, ки дар 16-уми сентябри 2015 аз сӯи кормандони КДАМ дар хонааш дар шаҳри Душанбе боздошт ва сипас ба 23 соли зиндон маҳкум шудааст.

Ӯ соли 1959 дар ноҳияи Панҷи минтақаи Қурғонтеппа воқеъ дар ҷануби кишвар дар оилаи рӯҳонӣ таваллуд шудааст. Вай пас аз таҳсилоти ҳамагонӣ, омӯзиши улуми диниро дар назди рӯҳониёни машҳури кишвар, аз ҷумла Мавлавӣ Муҳаммадҷони Ҳиндустонӣ ва Домулло Муҳаммадии Қумсангирӣ касб кардааст. Ҳамчунон, ӯ шогирдони зиёдеро дар улуми динӣ ба воя расондааст.

Вай дар авоили даҳаи 90-ум ба ҳайси сархатиби ноҳияи Панҷ ифои вазифа кардааст. Солҳои 90-ум ба Ҳизби наҳзати исломӣ пайваст ва аз он замон яке аз чеҳраҳои рӯҳонии маъруфи ҳизб ба шумор меравад. Мавлавӣ Муҳаммадалӣ аз соли 1999 раиси Комиссияи тафтишоти ҲНИТ будааст, ки аз тариқи анҷумани ҳизб интихоб мешавад.

Нақш ва хидмати Мавлавӣ Муҳаммадалӣ дар расидан ба Созишномаи сулҳ ва барқарори субот дар Тоҷикистон намоён аст. Ӯ дар Комиссияи оштии миллӣ ба унвони узви зеркомиссия оид ба муҳоҷирин кор кардааст.

Ҷалолиддини Маҳмуд, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, узви Раёсати олӣ ва мушовири сиёсии раиси Ҳизби наҳзати исломӣ. Акс аз пойгоҳи интернетии Родию Озодӣ

Кормандони КДАМ рӯзи 16-уми сентябри соли 2015 13 тан аз масъулини аршади Ҳизби наҳзати исломӣ, аз ҷумла ӯро ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳи Назарзода дар хонааш боздошт карданд. Иттиҳоме, ки Ҳизби наҳзати исломӣ ба шиддат онро рад мекунад.

Мавлавӣ Муҳаммадалӣ донандаи забонҳои русӣ, форсӣ ва арабӣ мебошад. Оиладор, соҳиби 7 фарзанд аст.

* * *

Ҷалолиддини Маҳмуд

Ҷалолиддини Маҳмуд, узви Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон, узви Раёсати олӣ ва мушовири сиёсии раиси Ҳизби наҳзати исломӣ, дар феврали 2015 аз сӯи маъмурони амниятии кишвар боздошт шудааст. Мақомоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ӯро барои нигоҳдории силоҳ дар хонаи яке аз дӯстонаш дар деҳаи Ҷуқураки Болои ноҳияи Ҳисор айбдор мекунанд.

Дар ҳоле, ки ҲНИТ билофосила пас аз боздошти ӯ, бо баргузории нишасти Шӯрои сиёсияш боздошти Ҷамолиддин Маҳмудовро дар остонаи интихоботи порлумонии 1 март аз қабл “тарҳрезишуда” ва “сиёсӣ” дониста буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: