Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (17)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Чеҳрае мондагор

وَالشَّمْسِ وَضُحَاهَا. وَالْقَمَرِ إِذَا تَلَاهَا

(Сураи Шамс, оятҳои 1-2)

Баҳсе, ки дар ин чанд шаб доштем, дар атрофи қонунҳои собит ва қонунҳои мутағайир буд. Арз шуд, ба таври куллӣ қонунҳои аслӣ ва қонунҳои фитрӣ, ки усул ҳастанд, собит ва лоятағайяранд, вале як силсила қонунҳое ҳастанд, ки марбут ба авзоъу аҳвол ва шароиту муҳит ва замону маконанд, ки фаръу шоха мебошанд. Ин фаръҳо ва шохаҳо мутағайиранд. Дар мақоми мисол, кулли қонунҳо монанди як дарахт аст. Дарахт реша дорад, тана дорад, шоха дорад, шохаҳои кучак дорад, барг дорад. Реша ва танаи дарахт, ки асоси дарахтро ташкил медиҳад, солҳои сол давом дорад, аммо барги ҳар соле ихтисос ба ҳамон сол дорад ва барои соли дигар боқӣ намемонад. Ин, тана ва реша аст, ки ҳар сол ин баргҳоро натиҷа медиҳад.

Ин баҳс роҷеъ ба қонунҳо буд ва қоъида иқтизо мекунад, ки имшаб ҳам ҳамон матолибро дунбол кунам, вале дареғ аст, ки мисли имшабе, яъне шаби 19-уми моҳи мубораки Рамазон ва шаби эҳё ва ҳам шаби зарбат хӯрдани Мавло Алӣ (а) биёяд ва баҳсе, ки инсон мекунад, ҳеч гуна иртиботе бо Мавлои муттақиён надошта бошад.

* * *

Чеҳраҳои мансухнашуданӣ

Баҳсе, ки имшаб мекунем, то андозае марбут ба матолиби гузашта аст ва ҳам марбут ба имшаб ва соҳиби имшаб аст. Ҳамон тавр, ки қонунҳои дунё, қонунҳои зиндагии башар бар ду қисм аст: собит ва мутағайир, шахсиятҳои инсонӣ ҳам ҳамин тавранд. Яъне баъзе аз афрод, баъзе аз шахсиятҳо шахсияти ҳамаи замонҳо ҳастанд, марди ҳамаи замонҳо ҳастанд, чеҳраҳое ҳастанд, ки дар тамоми замонҳо дурахшонанд, ҳеч замоне наметавонад онҳоро кӯҳна ва мансух кунад. Вале баъзе аз чеҳраҳо марбут ба як замон ва давраи хоссе аст. То он давра ҳаст, чеҳра ҳам дурахшандагӣ дорад, афродро ба дунболи худ мекашонад, дар давраи худаш аз он кор сохтааст, вале вақте, ки авзоъ иваз шуд, ба куллӣ он шахсият аз он чи, ки ҳаст суқут мекунад, мардум нисбат ба ӯ як бурудату сардӣ нишон медиҳанд. Дар ин ҷо намехоҳам мисоле зикр бикунам, вале худатон метавонед инро ташхис бидиҳед. Шумо як вақт мебинед шахсияте тулӯъ мекунад, дар як риштае буруз мекунад ба ҳадде, ки тамоми мардум аз ӯ ҳарф мезананд, аз ӯ таъриф мекунанд, якмартиба номи ӯ ҳама ҷоро пур мекунад. Вале ҳамин шахсият мумкин аст даврааш масалан 10 сол, 20 сол, 50 сол бошад, билохира ғурубкарданӣ аст, кӯҳна ва мундарас мешавад. Дар шахсиятҳои сиёсӣ, ин ҷараён ҳаст. Мебинед ҳар кас чаҳор сабоҳе марди майдон аст. Дар шахсиятҳои илмӣ ҳам ҳамин тавр аст. Таърих суроғ медиҳад бархе шахсиятҳои илмиро, ки мардум онҳоро парастиш мекарданд, донишмандон онҳоро тақдис мекарданд, якмартиба суқут мекард ва шикаст мехӯрд.

Дар ин ҷиҳат шояд касе монанди Арасту набошад. Ин файласуфи маъруфи юнонӣ дар тамоми улум мутабаҳҳир будааст; ҳайвоншинос, риёзидон, мунаҷҷим ва табиб будааст. Ин мард дар замони худаш тулӯъ кард ба тавре, ки ӯро муаллими башар номиданд, яъне касе, ки дар тамоми улум устод аст. Кам-кам ончунон шахсияте пайдо кард, ки ҳеч файласуфу олиме ҷуръат намекард бигӯяд Арасту ин ҷур гуфтааст ва ман ин ҷур мегӯям. Мегуфтанд, ту бар хилофи Арасту ҳарф мезанӣ?! Марде монанди Ибни Сино дар муқаддимаи “Ҳикматул-машриқия” мегӯяд: мо аҳёнан агар дар як ҷо ақоиде доштем, ки махсус ба худамон буд, ҷуръат намекардем изҳор кунем, ки онҳо ақоиди худи мост, онҳоро дар лобалои ақоиди Арасту зикр мекардем, то мардум қабул кунанд, ва агар дар лобалои ақоиди Арасту зикр намекардем, аслан касе қабул намекард, ки ҳарфе бар хилофи ҳарфи Арасту вуҷуд дошта бошад.

Ибни Рушд, ки аҳли Андалус аст, ҷузъи мутаъассибон нисбат ба Арастуст. Ӯ бо Ибни Сино душманӣ дошт барои ин ки Ибни Сино дар бисёре аз маворид аз ақоиди Арасту пайравӣ накарда ва аз худаш ақоиди мустақил иброз доштааст. Урупоиҳо мегӯянд: “Табиатро Арасту шиносонд ва Арастуро Ибни Рушд”. Чун Арастуро Ибни Рушд ба урупоиҳо муаррифӣ кард, зеро осори Арастуро Ибни Рушд шарҳ кард, ки дар қарни 11-ум ва 12-ум дар ихтиёри урупоиҳо қарор гирифт ва яке аз мабодии таҳаввули улуми ҷадид ҳамин тарҷумаҳое аст, ки аз ноҳияи Ибни Рушд ва дигарон шудааст. Вале оё Арасту, ин чеҳраи инчунин, пойдор монд? На. Охираш зероби ӯро заданд. Дар худи Машриқзамин афроде пайдо шуданд, ки бо он ҳама эҳтироме, ки барои Арасту қоил буданд, бисёре аз ақоиди ӯро хароб карда, афкори дигаре ба ҷои он гузоштанд. Дар Мағрибзамин бештар. Ончунон Арасту шикаста шуд, ки як идда аслан роҳи иғроқу муболиғаро паймуда, Арастуро масъули инҳирофи фикрии башар донистанд ва гуфтанд, инҳитоти илмии башар аз Арастуст ва Арасту сайри илмии башарро ду ҳазор сол мутаваққиф кард. Яъне Арасту мансух шуд, воқеан алъон Арасту як шахсияти мансухшуда аст.

Шумо ҳеч олиме аз уламои маъруф, чӣ уламои исломӣ ва чӣ ғайрисломиро пайдо намекунед, ки лоақал саде ҳаштод аз оро ва ақоидаш мансух нашуда бошад. Худи Ибни Синоро мебинед, ки ниме аз ақоиди ӯ кӯҳна шудааст. Декорт мансух шудааст, ҳоло ба афкори ӯ механданд. Вақте, ки инсон “Удда”-и Шайх Тӯcиро мебинад ва бо “Расоил”-и Шайх Ансорӣ муқоиса мекунад, мебинад “Удда”-ро фақат бояд дар китобхонаҳо ба унвони осори қадим нигаҳдорӣ кард, дигар арзиши ин ки инсон онро як китоби дарсӣ қарор бидиҳад, надорад, мансух аст. Шайх Садуқ ҳамин тавр, Муҳаққиқи Ҳиллӣ ҳамин тавр. Шумо наметавонед як нафарро пайдо кунед, ки китоби ӯ сад дар сад зинда монда бошад. Мебинед, уламои баъд ҳарфҳое задаанд, ки ҳарфҳои қаблӣ, худ ба худ мансух шудааст. Намехостанд мансух кунанд, вале шудааст.

Аммо дар миёни афроди башар чеҳраҳое ҳаст мансухнашуданӣ, кӯҳнанашуданӣ, чеҳраҳое, ки дар тамоми замонҳо афродро ҷазб мекунанд.

Ояте, ки дар оғози сухан хондам ин буд:

وَالشَّمْسِ وَضُحَاهَا. وَالْقَمَرِ إِذَا تَلَاهَا

Қасам ба хуршед ва он рӯшноии хуршед, қасам ба моҳ дар он мавқеъе, ки баъд аз хуршед тулӯъ мекунад…” (Сураи Шамс, оятҳои 1-2) Зоҳири мафҳуми оят ҳамин хуршед аст ва ҳамин моҳ, вале дар ривоятҳо таъбири латифе шудааст: хуршед Пайғамбар аст ва моҳ Амирулмӯъминин Алӣ, ки пайрав ва дунболарав ва муқтабас аз рӯшноии ӯст.

Пайғамбари Акрам дар боби Қуръон фармуд:

القرآن يجري كما يجري الشّمس والقمر

Қуръон ҷараён дорад ҳамон тавр, ки хуршеду моҳ ҷараён доранд.” Яъне ҳамон гуна, ки моҳу хуршед дар як ҷо собит нестанд, ки фақат бар як сарзамини муайян битобанд ва аз он сарзамин таҷовуз накунанд, Қуръон китобе нест, ки моли мардуми муайяне бошад, аз мухтассоти як миллат нест, балки доиман дар ҳоли тулӯъ кардан аст. Агар мардуме аз Қуръон рӯ баргардонданд, хаёл накунед Қуръон аз байн рафт; ақвоми дигаре дар дунё хоҳанд буд, ки хеле беҳтару бештар аз онҳо Қуръонро истиқбол мекунанд.

Яке аз эъҷозҳои Қуръон, ки воқеан барои касе, ки аҳли мутолеа бошад эъҷоз аст, нисбате аст, ки Қуръон бо тафсирҳои Қуръон дорад. Қуръон 14 қарн аст, ки нозил шуда. Аз ҳамон қарни аввал, муфассирон онро тафсир карданд. Бисёре аз муфассирон аз саҳоба буданд, монанди Абдуллоҳ ибни Аббос ва Абдуллоҳ ибни Масъуд. Табақаи баъд, табақаи тобеъин буданд, монанди Садий ва Ибни Шабрама. Дар ҳар даврае мардум аз Қуръон ҳамонро мефаҳмиданд, ки тафсир мекарданд.

Баъд давра иваз шуда, улум ва фаҳми мардум тағйир кардааст, тафосире омада тафосири қаблро насх кардааст. Мардум медиданд, ки тафосири қабл қобили мутолеа кардан нест, вале худи Қуръон зинда аст. Медиданд, Қуръон бо он чи, ки имрӯз тафсир шуда беҳтар татбиқ мекунад то он чи, ки дар гузашта тафсир карда буданд. Яъне Қуръон ҷилав меояд, тафсири қарни аввали ҳиҷриро ҳамон ҷо мегузорад. Дар қарни дуввум ҳам тафосире бар Қуръон навиштаанд. Дар қарни севвум улум тавсиъа пайдо мекунад, башар олимтар мешавад, тафсири дигаре навишта мешавад. Мардуми ин қарн мебинанд ин тафсир интибоқи беҳтаре бо худи Қуръон дорад ва он тафсири қаблӣ кӯҳна аст ва ба ҳеч қимате намешавад онро зинда кард. Қуръон қарн ба қарн ҷилав омада ва тафосири қарнҳои пешро канор гузоштааст.

Имрӯз шумо мебинед як олим, як муфаккири имрӯзӣ вақте Қуръонро мутолеа мекунад, эҳсос мекунад, ки ин китоб як китоби мутолеакарданӣ аст ва аз хондани он лаззат мебарад.

* * *

Сухани Эдворд Броун

Эдворд Броун (Edward Browne), мусташриқи маъруф, дар ҷилди аввали “Таърихи адабиёт”, ки таърихи фикрии эрониҳоро баён мекунад, роҷеъ ба вазъи эрониҳо дар садри аввали ислом баҳс менамояд. Дар он ҷо ҳарфҳои бисёр хубе дорад. Албатта як ҳарфҳое ҳам дорад, ки иштибоҳ аст ва аслан як нафар хориҷӣ наметавонад дар ин гуна маворид иштибоҳ накунад, вале як ҳарфҳое дорад, ки ҳисобӣ аст. Мегӯяд: ман кӯшиш мекунам, ки дар ин китобам худамро аз як иштибоҳи бузург, ки баъзе аз ҳамватанонам муртакиб шудаанд, масун бидорам. Он иштибоҳ ин аст, ки баъзе аз ҳамватанони ман — ки назараш ба Сэр Ҷон Малкум (Sir John Malcolm) аст, ки китоби таърихи Эронро навиштааст — номи ду қарни аввали ислом барои Эронро “Ду қарни сукут” гузоштаанд, ки баъд аз ду қарн, давлати Тоҳириён ва баъд Сомониён ва баъд Саффориён ташкил шуд. Дар ин ду қарн эрониҳо аз худ ҳукумате ташкил надода буданд ва ҳукумат дар дасти арабҳо буд. Албатта ин ки ҳукумат ташкил надода буданд яъне эронӣ подшоҳ ё халифа набуд, вагарна қудратҳое ба андозаи қудрати халифа ташкил дода буданд, вазорат мекарданд ба тавре, ки ба андозаи худи халифа қудрат доштанд монанди Баромика ё Фазли Зурриёсатайн. Манзурашон ин аст, ки ду қарни аввали ислом аз назари Эрон, ду қарни сукут ва хомӯшӣ будааст. Яъне эронӣ исломро ба тавъу рағбат напазируфт, зӯри сиёсӣ буд, ки бар онҳо таҳмил шуда буд ва то вақте, ки аз худ подшоҳе надоштанд, дар сукуту хомӯшӣ ба сар мебурданд. Ин ҳарфи Сэр Ҷон Малкуми ангилисӣ аст, ки дар Эрон ҳамин ҳарфро ба сурати китобе дароварданд ва исмашро “Ду қарни сукут” гузоштанд ва дар он китоб то тавонистанд ба ислом ҳамла карданд. Ин ҳарфро як ангилисӣ гуфтааст, баъд ангилисии дигари фозилтар гуфтааст, ки ин иштибоҳ аст, вале худи эрониҳо ин ҳарфро раҳо намекунанд. Эдворд Броун мегӯяд:

Вале ман кӯшиш мекунам ин иштибоҳро муртакиб нашавам, барои ин ки агар мо ба таърихи Эрон муроҷеа кунем, мебинем ба андозае, ки эронӣ дар он ду қарн нишоту фаъолият доштааст, ҳеч миллате дар таърихаш надоштааст. Ин, ду қарни сукут нест, ду қарни нишот аст, ду қарни фаъолият аст…

Ва ростӣ ин тавр аст. Агар шумо тамоми давраи Соcониён ҳатто қабл аз Соcониёнро дар назар бигиред, ҳамон даврае, ки Эрон аз назари сиёсӣ ва низомӣ дар авҷи азамат буда ва бо давлати Рум рақобат мекардааст, мебинед эронӣ дар тамоми ин давра ба андозаи ниме аз он 200 сол донишманд надоштааст. Иттифоқан ин ду қарн, давраи озодии миллати Эрон аст. На ин ки бихоҳам аз ҳукумати Банӣ Умайя дифоъ кунам. Онҳо, ки аз назари мо вазъашон равшан аст. Дар айни ин ки ин мардуми касиф ҳукумат мекарданд, миллати Эрон аз лиҳози илму фарҳанг озодие доштааст, ки дар қабл надоштааст.

Ҳарфи дигаре, ки ин мард мегӯяд, роҷеъ ба Зардушт аст. Мегӯяд: чӣ тавр шуд ислом, ки омад, дини Зардушт мансух шуд ва ҳатто алифбои паҳлавӣ рафт ва алифбои арабӣ ҷои онро гирифт? Боз мегӯяд: баъзе аз мусташриқин шояд дар ин ҷо бихоҳанд зӯрро мустамсак қарор бидиҳанд, вале таърих нишон медиҳад, ки миллати Эрон дини Зардуштро аз рӯи ризову рағбат раҳо кард ва бо камоли рағбат дини исломро интихоб намуд. Баъд мегӯяд: ҳақиқат ҳам ин аст. Мо, ки як нафар хориҷӣ ҳастем ва на мусалмонем на зардуштӣ, вақте Қуръонро ҷилавамон бигузорем, китоби “Занду Позанд”-ро, осори Зардуштро ҳам, ки мегӯянд моли Зардушт аст (вагарна Зардушт осори қатъӣ надорад) ҷилавамон бигузорем, мебинем аслан бо Қуръон тарафи нисбат нест. Асосан Қуръон як китоби зинда аст. Имрӯз ҳам як китоби зинда аст ва инсон худашро аз он бениёз намебинад. Аммо осори Зардушт чизе нест, ки қобили мутолеа бошад.

Баъд мегӯяд: эрониён ҳазорсола, ки кӯр набуданд, аз як тараф Қуръонро медиданд ва аз тарафи дигар китоби Зардуштро; мушоҳида мекарданд, ки ин ду қобили муқоиса нестанд, қаҳран Қуръонро интихоб мекарданд. Ин худаш далел бар рушди миллати Эрон аст, далел бар ин аст, ки миллати Эрон дар айни ин ки ба миллияти худаш алоқаманд будааст, вале таъассуби миллӣ чашми ӯро ҳаргиз кӯр накардааст, яъне ба хотири таъассуботи миллӣ по рӯи ҳақиқат намегузоштанд. Мусаллам аз ҷанбаи миллият, миллати Эрон бо миллати араб хуб набуданд. Маълум аст ду миллат ва ду нажод буданд. Ин, табиати башар аст. Мо мебинем, мардуми ду қаря нисбат ба деҳи худашон таъассуб доранд, мардуми ду шаҳр нисбат ба шаҳрҳои худашон таъассуб доранд, мардуми ду кишвар ҳам нисбат ба кишвари худашон таъассуб доранд. Ин, хоссияти башар аст ва инро намешавад ба куллӣ аз башар гирифт, магар дар мавриди афроди маъдуде. Баъзе аз миллатҳо, ин таъассубот чашми онҳоро кӯр мекунад, яъне он қадр таъассуб доранд, ки вақте дар муқобили ҳақиқат қарор мегиранд, ба он пушт мекунанд. Вале баъзе дигар аз миллатҳо дар айни ҳол, таъассуб онҳоро кӯру кар намекунад. Ин, фахри миллати Эрон аст, ки таъассуб ӯро кӯру кар накард. Нагуфт, чун Қуръон аз миёни миллати мо барнахостааст, ҳар чӣ ҳам хуб бошад, онро намехоҳем, балки гуфт, хубро бояд гирифт. Агар аз миёни миллати худаш ҳам чизе бархоста буд, ки онро ҳақиқат намедонист, бо он мубориза кард, чунонки бо Монавият мубориза кард, бо Бобаки Хуррамдин мубориза кард. Афшинро, ки як сардори эронӣ аст кушт. Пас, миллати Эрон рушди худашро дар ин ҷиҳат, ки агар ҳақиқатеро бибинад ҳарчанд аз хориҷ бошад онро мепазирад, собит кардааст (ҳамон тавр, ки исломро пазируфт), ва агар ботилеро бибинад ҳарчанд аз миёни миллати худаш бошад, зери бораш намеравад. Ин, нишонаи рушди ин миллат аст. Ғаразам ҳарфи Эдворд Броун роҷеъ ба Қуръон буд.

Алӣ ибни Абӯтолиб аз он шахсиятҳое аст, ки махсус ба замони муайяне нест, марбут ба тамоми замонҳост. Алӣ шахсияте дорад, ҳолате дорад, ҷанбае дорад, каломе дорад, ки ҳар чӣ замон бигузарад, наметавонад онро кӯҳна кунад. Пас, маълум мешавад шахсиятҳо бар ду гунаанд: шахсиятҳои абадии побарҷо ва шахсиятҳои мутағайиру марди рӯз.

* * *

Сухани Ҷуброн Халил Ҷуброн дар бораи Алӣ (а)

Ҷуброн Халил Ҷуброн як араби масеҳӣ ва аҳли Лубнон аст. Дар 12-солагӣ ба Омрико рафтааст. Ба ду забони арабӣ ва ангилисӣ китобҳое навишта, ки шоҳкор аст. Ин мард бо ин ки масеҳӣ аст, ҷузъи шефтагони Мавлои муттақиён аст. Ман дар осораш дидаам, ки ӯ ба ҳар таносубе, ки бошад, вақте мехоҳад аз шахсиятҳои бузурги дунё ном бибарад, номи Исои Масеҳ ва Алӣ ибни Абӯтолибро мебарад. Аз ҷумлаи суханони ӯ дар бораи ҳазрати Амир ин аст, ки: “Ман аз ин рози дунё сар дарнамеоварам, ки чаро баъзе аз афрод, аз замони худашон ин қадр ҷилав ҳастанд!..” Мегӯяд, ба ақидаи ман, Алӣ ибни Абӯтолиб моли он замон набуд, ба ин маънӣ, ки он замон моли Алӣ ибни Абӯтолиб набуд. Яъне он замон арзиши Алиро надошт, Алӣ қабл аз замони худаш мутаваллид шуда буд. Мегӯяд:

وفي عقيدتي أن عليّ بن أبي طالبٍ أوّلُ عربيّ جاور الروح الكلّيّة وسامرها

Ба ақидаи ман, Алӣ ибни Абӯтолиб аввал шахсе аст аз унсури араб, ки ҳамеша дар канори руҳи куллии олам аст.” Яъне ҳамсояи Худост ва ӯ марде буд, ки шабҳо бо руҳи куллии олам ба сар мебурд. Алӣ худаш дар бораи афроде мефармояд:

أللهمّ بلى لا تخلو الأرض من قائمٍ لله بحجّةٍ إمّا ظاهرا مشهورا وإمّا خائفا مغمورا

То он ҷо, ки мефармояд:

هجم بهم العلم على حقيقة البصيرة وباشروا روح اليقين… وأنسوا بما استوحش منه الجاهلون

(Дилам мехост, лоақал ба андозае, ки ман дар асари ошноӣ бо забони арабӣ арзиши ин ҷумалотро мефаҳмам, шумо ҳам мефаҳмидед. Он вақт медидед, ки ин ҷумлаҳо ҷумлаҳое аст, ки имкон надорад дар дунё кӯҳна бишавад. Нишон медиҳад, ки ин сухан, ҳақиқат аст. Гӯё саросари ҳастӣ аст, ки ин ҳарфро мезанад.) Мефармояд: ҳастанд афроде, ки илм аз ботин ба онҳо ҳуҷум овардааст. Дар ҳақиқат, рӯшноӣ яъне илмашон ғайр аз ин илмҳои мутағайири насхшуданӣ аст. Ба он умқи ҳақиқат расидаанд (дигар бадал надорад) ва бо руҳи яқин мубоширу муттасил шудаанд. Ва барои мардуми айёш, коре, ки дар он маънавияте бошад сахт аст, вале чунин коре барои аҳли ҳақиқат осон ва мояи хушӣ аст.

وصحبوا الدّنيا بأبدانٍ أرواحها معلّقةٌ بالمحلّ الأعلى

Баданҳояшон бо мардум аст, вале руҳҳояшон дар малаъи аъло аст. (Наҳҷул-балоға, ҳикмати 147)

Он вақт бибинед чӣ қадр сахту душвор аст ин масъала, ки Алӣ, якчунин марде, мехоҳад бо Хавориҷ ба сар бибарад (руҳро сӯҳбати ноҷинс азобе аст алим). Аслан тасаввуркарданӣ нест! Он, қиссаи ҷанги Сиффайн; кадом дард аз ин болотар аст?! Он, қиссаи Хавориҷ. Ғайри Хавориҷ ҷури дигар. Ҳатто ба яке аз хешовандонаш номае менависад, ки: ҳол, ки дидӣ рӯзгор бар ман сахт аст, ту ҳам рафтӣ?! Ба ростӣ барои Алӣ марг осоиш буд. Ба фарзандаш Имом Ҳасан фармуд:

ملكتني عيني وأنا جالس

(Дар ҳоле, ки нишаста будам, хоб бар чашмам мусаллат шуд…)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: