Перейти к содержимому

Сафват Бурҳонов: “Аз нав худро созем!”

Сафват Бурҳонов, рӯзноманигори тоҷик, дар як гуфтугӯи бепарда, бо баёни ин ки “мо пеши як дуроҳа истодем: оё даркор аст барои мо ҳамбастагӣ ё бояд фурӯ резем” гуфт: “Агар ҳамбастагӣ хостем, бояд ҳама рафтори худро бозбинӣ кунем. Аз нав худро созем.”

Машрӯҳи ин гуфтугӯ:

— Устод Луқмон Бойматов, ки ахиран бо эшон гуфтугӯе тартиб дода будам, фармуданд, бемории маҳалгароӣ дар ҷомеаи мо ҳамеша миёни аҳли фарҳанг ва адаб будааст ва сипас аз онҳо ба мардум сироят карда, вагарна, ба назари эшон, мардум ба роҳатӣ якдигарро мефаҳманд ва эҳтироми якдигарро ҳифз мекунанд. Назари шумо чист?

— Ин як дурӯғи ширин аст, ки мехоҳем бовар кунем.

— Мешавад инро каме тавзеҳ бидиҳед?

— Ҳеч гоҳ миёни мардуми мо, тоҷикон, ягонагие, бастагие набудааст. Инро бояд пазирем. Чаро мо ин ягонагиро надоштаем, ин аст ҷойи андеша. Мо, тоҷикон гузаштаи ягона надоштем. Якемон буд суғдӣ, дигаре бохтарӣ, дигаре сакойӣ ва… Пас аз шикастани гузаштаамон, боз шудем тика-тика ба равишҳои динӣ. Рӯдакиро қарматӣ гуфтем, Носири Хисрав, тоҷиктарин тоҷикро исмоилӣ гуфтем ва… Намегӯям, ки имрӯз бузургамон Ғаззолӣ чӣ хиёнатҳо барои тоҷикон кард ё Аҳмади Дониш.

— Яъне шумо мехоҳед бигӯед, ҳаргиз ба унвони як миллат набудаем?

— Азбаски мо 2500 сол зӯргӯ будем, забони суғдӣ дар паҳнойи «Роҳи абрешим» лингва франка буд ба дарозойи 2500 сол, ва дар ин рӯзгор баробари дӯстон душманоне ҳам барои худ сохтему доштем, ки онҳо моро намегузоштанд ва нагузоштанд, ки ягона бимонем. Ин пешомади ҳар императории шикастхӯрда аст.

Мардуми дунё дигар тавони шунидан аз фарҳангҳои кӯҳанро надоранд. Бинед, ки имрӯз нерӯ дасти мардуми навсозмон аст. Ва ин як чизи дуруст аст. Дунё бояд дигар шавад. Агар шумерҳою аккадҳою ҳахоманишиҳою дигару дигар мебуданд, магар имрӯз мешуд, ки самолёт бошад ё интернет?

— Албатта, дар даврони Сомониён ва пеш аз он низ мо ваҳдат доштем, яъне чунин ҳам нест, ки шумо мефармоед, бо шумо мувофиқ нестам, мунтаҳо мо фақат маҳдуд ба ҷуғрофиёи имрӯз набудем, балки фаротар аз ин ки имрӯз ҳастем будем.

— Сомониён як хонарӯшанкунии фарҳанги императории мо буд. Имрӯз конвулсияи ҷонканӣ дорем, ки чанде пас ин ҳам мегузарад.

Як нишони дигаршавии фарҳангҳо ва ҷойгузини онҳоро метавонед аз он дарёбед, ки Архимед бештар аз 3000 сол пеш «масоҳати давра»-ро ёфта буд, шумурда буд ва… Бо сари кор омадани динҳои иброҳимӣ, ин бозёфти Архимед ҳам баробари фарҳангаш нобуд шуд ва инсоният 3000 сол бе мошину самолёт гашт.

— Ҳоло бигзарем аз таърих, ки албатта бо ин дидгоҳи шумо мувофиқ нестам, зеро ба лиҳози таърихӣ, мо пеш аз ислом ҳам ваҳдат доштем ва баъди он ҳам ваҳдат доштем, яъне мо ба унвони як миллат, воҳид будем. Ҳоло бигзарем. Агар бардоштам аз суханони шумо иштибоҳ набошад, шумо мехоҳед бифармоед, ки маҳалгароӣ ин як падидаи кӯҳна аст ва рабте ба сад соли ахир масалан надорад, оё ҳамин аст дидгоҳи шумо?

— 100 дар 100 маро дуруст фаҳмидед. Гароишҳою бегонакашиҳои мо сахт кӯҳнаанд. Мо пеши як дуроҳа истодем: оё даркор аст барои мо ҳамбастагӣ ё бояд фурӯ резем. Агар ҳамбастагӣ хостем, бояд ҳама рафтори худро бозбинӣ кунем. Аз нав худро созем.

— Аз нав бисозем, бидуни таваҷҷӯҳ ба пешинаи худ?

— Оре! Пешинаи моро юнониҳою арабҳою муғулу манғиту русҳо чунон шикастаанд, ки ягон ширеше нест, то пайваст кунад.

Худатон бузургӣ кунеду гӯед, ки оё мардумеро ки «агар пурсанд дар миллати кистӣ, бигӯ Иброҳими Халилуллоҳ» магар мешавад гуфтан, ки тоҷики ӯзбаки ямании ё туркӣ?!

— Ман ба унвони як мусалмони ошно бо маорифи динӣ, ҳаргиз миёни миллият ва миёни дин ба унвони як илдеулужӣ, тазодде намебинам, ин ду, ду мақулаи ҷудогона ҳастанд, ин дуруст мисли ин аст, ки як нафар ба лиҳози миллият тоҷик бошад ва ба тоҷик будани худ ифтихор кунад, вале ба лиҳози идеулужӣ, масалан кумунист бошад, инҳо қобили ҷамъанд.

— Тоҷик будани имрӯз як чизи бодуҳавойӣ аст. Тоҷик ба пиндори имрӯзии мардуми мо чист? Як пиндоште, ки поя ба ҳич чизе надорад. Дар ин ягонагӣ бо номи тоҷик ҳамаи онҳое, ки худро бояд тоҷик шуморанд, нестанд. Медонед чаро? Мо ягона мардумем, ки ҳеч мардуми гирду гӯшаро намепазирем. Оё мо шеваи кӯлобиро дар Хуҷанд, хуҷандиро дар Бадахшон, бадахширо дар… мепазирем? Не! Сари мо зӯргӯёни болойӣ «забони адабӣ» бор карданд. Бадтарин пиндор ҳамин аст, аз пиндори мазҳабӣ ҳам бадтар.

Ва агар пурра кунам, бериё тоҷик будан, дар мазҳаби мо ъайни кофир будан аст, ки мо гӯё дар миллати Иброҳими Халилуллоҳ нестем.

— Бо ин ки мувофиқи ин дидгоҳҳои шумо нестам, аммо ба ҳар сурат, ин “аз навсозӣ”, ки мефармоед, билохира як такягоҳе дошта бошад?

— Мо то ба худии худ аз берун, фаротар нанигарем, наметавонем худсозӣ ё худсӯзӣ кунем. Ҳар чӣ берун аз ин нигаристани берунӣ бошад, дигарон мекунанд, на мо. Мо бояд як истгоҳе созем ва пеши худ андешем, ки бо ҳамаи гузашта падруд. Аз имрӯз пас мо як мардумӣ ҳастем (барои он, ки зинда бимонем) ва ину ину ин корҳоро бикунем.

— Яъне чӣ «бо ҳамаи гузашта падруд», яъне аз сифр шурӯъ кунем?

— Оре. Аз зери сифр.

— Оё миллатеро суроғ доред, ки ба тамоми гузаштаи худ падруд гуфта, аз сифр шурӯъ карда ва он гоҳ ба ҷое расида бошад? Шояд ин тарҳ барои миллате, ки гузаштае надорад, дуруст ояд, аммо барои мо қатъан на. Гузаштаи мо на танҳо торик нест, ки дурахшон ҳам ҳаст.

— Медонам, фардо бо бадтарин суханҳо ёдам мекунанд, лекин имрӯз мегӯям ва бояд гӯям. Мо тоҷикон чӣ чизе ягона дорем? Дини ягона, Худои ягона дорем? Не! Забони ягона дорем? Не! Замини ягона, оби ягона ҳавои ягона дорем? Не! Давлати ягона дорем? Не! Чӣ чизи ягона то имрӯз дорем, ки аз 0 (сифр) сар накунем?

— Агар бихоҳем аз сифр шурӯъ кунем, суоле, ки ин ҷо худнамоӣ мекунад ин аст, ки чӣ чизе омили ваҳдат ва ягонагии тоҷикистониён хоҳад буд, ки бо меҳварияти он, аз сифр шурӯъ кунанд?

— Ёдам нест, ки дар Аврупо кадом бонуеро сари ҷанозаи шавҳараш касе сухан мекунад, ки «дар гузашта ояндаи хубе дошт» ва зан мефармояд, ки «гӯраш накунед, бисӯзедаш, ки ӯ ояндаро сӯхта будаст» Ва ҳамин гуна.

— Суолам ин аст, ки ману Сафват, ки ҳар ду мехоҳем масалан аз сифр шурӯъ кунем, чӣ чиз ману шуморо бо ҳам ҷамъ мекунад, ки ҳар ду аз сифр шурӯъ кунем? Билохира, як чизе бояд бошад, ки ману шуморо бояд ҷамъ кунад.

— Ягонагии мо имрӯз ҳамин Тоҷикистон аст бо марзу бум, бо буду набудаш. Агар мо ин доштаи худро сари даст гирем, дурӯғ нагӯему аз сар чизе аз худ созем, шояд дар оянда ҷойгоҳе дошта бошем. Ягона чизе, ки ҳасту метавонад моро гирди ҳам ораду баромон ояндае созад, ин танҳо Тоҷикистон аст.

— Яъне фақат як тикка хок, ки ҳар ду дар он зиндагӣ мекунем?

— Оре.

— Бо ин ки тақрибан бо ҳеч як аз дидгоҳҳои шумо мувофиқ нестам, зеро мӯътақидам, мо, тоҷиконро на танҳо ҷуғрофиё, балки забони воҳид, фарҳанги воҳид, таърихи воҳид ва бештари шаҳрвандонамонро дини воҳид зери як сақф гирд меоварад, аммо ба ҳар сурат, дидгоҳи шумо ба унвони дидгоҳи як инсони фарҳехтаи ин сарзамин, мӯҳтарам аст. Гуфтугӯи хубе буд, оё боз матлабе ҳаст, ки ба назаратон дар ин мавзӯъ матраҳ бишавад?

— Сипос аз Шумои азиз, ки кори мо ба ном «журналист»-ҳоро беҳтар аз мо мекунед! Ва бовар накунед ҳам, мегӯям, ки мо тоҷикон як Худо надорем, аз як дин нестем, як андеша надорем, як роҳ надорем! Бояд пеши оина рост ба чашми худ нигарему он чӣ гуфтам, бознигарӣ кунем. То мо ба ягонагии як Худо, як андеша, як забон нагароем, гуфторе аз миллат хандадор менамояд. Сипос аз як гуфтугӯ бо Шумои азиз, ки ростӣ мағзҳое монанди Шумо маро дилгарм ба ояндаи Тоҷикистони азизам медоранд.

— Бузургворед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: