Перейти к содержимому

Тоҷикистон 4-умин кишвари фақиртарини дунё

Пойгоҳи Valuewalk бар асоси додаҳои Focus Economics, феҳристи 10 кишвари фақиртарини ҷаҳонро бар асоси мизони тавлиди нохолиси дохилии онҳо дар изои ҳар нафар, мунташир кардааст, ки Тоҷикистон дар ин феҳрист, дар рутбаи 4-ум қарор гирифтааст.

Ба гузориши пойгоҳи Valuewalk, ҷамъияти зиёде аз мардуми ҷаҳон ҳамчунон зери хатти фақр зиндагӣ мекунанд. Яъне рӯзона камтар аз 1 дулору 25 сент даромад доранд. Дар ин пойгоҳ, феҳристи 10 кишвари фақиртарини ҷаҳон бар асоси тавлиди нохолиси дохилии онҳо дар изои ҳар нафар, мунташир шудааст.

Бештари ин кишварҳо танҳо чанд даҳа пеш мустақил шудаанд. Ин кишварҳо то чандин даҳа ва ё ҳатто чандин сада таҳти контроли кишварҳои дигар буданд ва бо фасод, режимҳои диктотур, ҷангҳои дохилӣ ва ё офатҳои табиӣ рӯ ба рӯ буданд. Ин омилҳо ба таври чашмгире бар мизони сармоягузориҳои хориҷӣ дар ин кишварҳо таъсири манфӣ гузоштааст.

Ба далели надоштани навоварӣ, манобеъ ва ҳамчунин субот, бештари ин 10 кишвари фақири ҷаҳон, ба шиддат ба санъати кишоварзӣ вобаста ҳастанд. Ин рутбабандӣ бар асоси додаҳои Focus Economics гирдоварӣ шудааст.

1) Ҷумҳурии демукротики Кунгу (Конго)

Тавлиди нохолиси дохилии Кунгу 468 дулор дар изои ҳар нафар аст. Ин кишвар манобеъи табиии зиёде дорад, аммо ҳузури шибҳинизомиён ва ихтилофоти сиёсӣ, вазъияти кишварро бадтар кардааст. Ҷанги дохилӣ дар 1997 то 2003, боиси кушта шудани 6 милюн нафар дар ин кишвар шуд.

2) Музомбик (Мозамбик)

Ин кишвари офриқоӣ ҳам дар рутбаи дуввуми фақиртарини кишварҳои ҷаҳон қарор гирифтааст. Тавлиди нохолиси дохилӣ дар изои ҳар нафар дар ин кишвар, 486 дулор дар соли 2018 будааст. Фасод, зерсохтҳои заъиф ва дастрасии маҳдуд ба таҷҳизоти кишоварзӣ, монеъи пешрафти ин кишвар шудааст.

3) Угондо (Уганда)

Ин кишвар аз соли 1990 то 2010 бо рушди иқтисодии чашмгире ҳамроҳ буд, аммо аз он замон ба баъд ин рушди иқтисодӣ ба кундӣ пеш рафт. Дар соли 2018 тавлиди нохолиси дохилии он дар изои ҳар нафар, 738 дулор буд. Эҷоди нооромӣ дар кишвари ҳамсояи Угондо яъне Судони ҷанубӣ боиси ҳуҷуми паноҳҷӯён ба ин кишвар шудааст. Хушбахтона афзоиши сармоягузориҳои хориҷӣ дар ин кишвар метавонад боиси беҳбуди авзоъи иқтисодӣ шавад.

4) Тоҷикистон

Тавлиди нохолиси дохилӣ дар изои ҳар нафар дар Тоҷикистон, 836 дулор аст. Ба дунболи суқути Шӯравӣ дар соли 1991, Тоҷикистон мустақил шуд, аммо то соли 1997 бо ҷанги дохилӣ рӯ ба рӯ буд. Аз он замон ба баъд, иқтисоди ин кишвар бо андаке рушд ҳамроҳ будааст. Омори фақр ҳам аз соли 2000 то 2016, аз 83 дарсад ба 30 дарсад коҳиш ёфтааст.

5) Ҳоитӣ (Гаитӣ)

Тавлиди нохолиси дохилӣ дар изои ҳар нафар дар ин кишвар, 874 дулор аст. Бар асоси эъломи Бонки ҷаҳонӣ, ҳудуди 90 дарсад аз ҷамъияти ин кишвар дар манотиқе зиндагӣ мекунанд, ки дар муқобили офатҳои табиӣ ва шароити номуносиби обуҳавоӣ осебпазир аст. Мардуми Ҳоитӣ дар даҳаи гузашта аз чандин ҳодисаи табиӣ ҷони солим ба дар бурданд.

6) Этюпӣ (Эфиопия)

Бар асоси эъломи Бонки ҷаҳонӣ, беш аз 55 дарсади ҷамъияти Этюпӣ дар соли 2000 зери хатти фақр зиндагӣ мекарданд. Аммо ин рақам дар соли 2011 ба 33.5 дарсад коҳиш ёфт. Бо вуҷуди рушди андаки иқтисодӣ, ин кишвар ҳамчунон яке аз фақиртарин кишварҳои ҷаҳон маҳсуб мешавад. Тавлиди нохолиси дохилии он дар соли 2018 дар изои ҳар нафар, 998 дулор будааст.

7) Яман

Тавлиди нохолиси дохилӣ дар изои ҳар нафар дар кишвари ҷангзадаи Яман, 998 дулор аст. Ҳамалоти эътилофи саудӣ ба ин кишвар ва бомбборони манотиқи мухталифи он, боис шудааст, ки дар ҳоли ҳозир беш аз ниме аз ҷамъияти Яман дар манотиқи осебдида зиндагӣ кунанд.

8) Ӯзбакистон

Ин кишвар тавонист дар як даҳаи гузашта теъдоди зиёде аз мардуми худро аз фақр наҷот диҳад. Тавлиди нохолиси дохилӣ дар изои ҳар нафар дар соли ҷорӣ, 1026 дулор баровард шудааст. Ӯзбакистон аз назари захоире мисли тило, мис ва гози табиӣ, ғанӣ аст. Ин кишвар ба Чин ва Русия ҳам барои тиҷорат вобаста аст.

9) Тонзониё (Танзания)

Иқтисоди Тонзониё дар як даҳаи гузашта бо рушди 6 то 7 дарсадӣ ҳамроҳ будааст, аммо ҳамчунон тавлиди нохолиси дохилии поине дорад. Тавлиди нохолиси дохилии ин кишвар дар изои ҳар нафар, 1112 дулор аст. Бо вуҷуди ин ки теъдоди афроде, ки зери хатти фақр зиндагӣ мекарданд, дар даҳаи гузашта коҳиш ёфтааст, ба далели рушди болои ҷамъият дар ин кишвар, ҳамчунон теъдоди зиёде аз онҳо дар фақр зиндагӣ мекунанд. Фаъолиятҳои кишоварзӣ ва сармоягузориҳо дар Тонзониё дар солҳои ахир беҳбуд ёфтааст.

10) Қирғизистон

Тавлиди нохолиси дохиӣ дар соли 2018 дар изои ҳар нафар, 1222 дулор будааст. Ин кишвар дар соли 1991 мустақил шуд ва аз ҷумлаи кишварҳое аст, ки қурбонии фасод ва бесуботии иҷтимоӣ шудааст. Интизор меравад иқтисоди ин кишвар дар соли 2019 бо 4.7 дарсад афзоиш ҳамроҳ бошад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: