Перейти к содержимому

Тромпи бразилӣ пирӯзи интихобот шуд

Омори аввалияи интихоботи риёсати ҷумҳурии Брозилиё (Бразилия) нишон медиҳад, Жоир Булсунору, ростгарои ифротӣ ва маъруф ба “Тромпи бразилӣ”, тавониста дар интихобот пирӯз шавад.

Расонаҳои бразилӣ дақоиқе пеш аз пирӯзии Жоир Булсунору (Jair Bolsonaro), номзади ростгарои интихоботи риёсати ҷумҳурии ин кишвар, дар даври дуввуми интихобот хабар доданд.

Ба навиштаи хабаргузории Associated Press, шумориши оро нишон медиҳад, ки Булсунору тавониста беш аз 56 дарсади ороро касб кунад ва бо фосилаи қобили таваҷҷӯҳе нисбат ба рақибаш, дар интихобот пирӯз шавад.

Дар даври нахусти интихобот, ки ду ҳафта пеш баргузор шуд, Булсунору бо касби 46 дарсади оро танҳо чандсад ҳазор раъй то пирӯзӣ дар интихобот фосила дошт, аммо ба далели он ки ӯ ба нисоби беш аз ниме аз оро нарасид, ба ҳамроҳи Фернонду Ҳаддод (Fernando Haddad), номзади чапгарои интихобот, роҳии даври дуввум шуд.

Булсунору, ки худ замоне низомӣ буда, ростгарои ифротӣ аст ва бо шиори муборизаи қотеъона бо фасоди молӣ вориди корзори интихоботӣ шудааст. Ӯро ба далели мавозеъи номутаъорафаш, ба Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико ташбеҳ кардаанд.

Ӯ, ки зуҳураш мояи нигаронии табақаи равшанфикр ва чапгароёни бразилӣ шуда, ба сароҳат аз даврони диктотурии низомӣ дар садаи гузашта дар Брозилиё ба некӣ ёд мекунад. Дар ҷараёни раъйгирии рӯзи якшанбе, шуморе аз ҳаводорони ӯ, ҳангоми раъй додан, тасовире аз худ дар ҳоле, ки аслиҳа ба даст доранд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир карданд.

Дар сӯи дигар, Ҳаддоди лубнониюласл, шаҳрдори собиқи Сон-Поулу қарор дошт, ки бо шиори идомаи роҳи До Силвӣ, раисиҷумҳури собиқи Брозилиё ва ба намояндагӣ аз Ҳизби коргарон ба майдон омада буд. До Силвии чапгаро ҳанӯз ҳам бо вуҷуди он ки ба иттиҳоми дарёфти ришва дар зиндон ба сар мебарад, аз маҳбубияти бисёр болое ба хусус дар манотиқи шимолии Брозилиё бархӯдор аст. Бо ин ҳол, Ҳаддод дар иртибот бо табақаи коргар чандон муваффақ набуда ва ҳамин амр мӯҷиб шуда, то натавонад тамоми ҳомиёни ҳизбро пойи сандуқҳои раъй биёварад.

Дар 15 соли гузашта, Ҳизби коргарон 13 сол дар қудрат будааст. Бо ин ҳол, дар солҳои ахир мавҷе аз иттиҳомзании иқтисодӣ алайҳ До Силвӣ ва дигар мақомҳои ин ҳизб ба роҳ афтод ва бисёре аз мақомҳои собиқ роҳии зиндон шуданд.

Булсунору ва гурӯҳи дигаре аз женеролҳо ва афсарҳои собиқи артиши Брозилиё, ки ошкоро аз имкони дахолати артиш алайҳи давлат барои муқобила бо фасод сӯҳбат мекунанд, бар мавҷи хашми мардуми Брозилиё аз фасод ва рукуди иқтисодӣ савор шудаанд. Ӯ низ монанди дигар сиёсатмадорони ростгарои ифротӣ дар ҷаҳон равобити нисбатан хубе бо режими саҳюнистӣ дорад ва ваъда дода, ки бо Омрико ва Урупо низ вориди гуфтугӯ шавад ва иртиботи Брозилиё бо Ғарбро тавсиъа диҳад.

Брозилиё наздик ба 206 милюн нафар ҷамъият дорад ва дар интихоботҳои гузашта ба таври мутавассит ҳудуди 80 дарсади дорандагони шароит пойи сандуқҳои раъй ҳозир шудаанд. Ҳанӯз мизони мушорикат дар интихоботи рӯзи якшанбе эълом нашудааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: