Перейти к содержимому

Уфули фирқагароӣ дар Ховари Миёна

Бахшҳое аз мақолаи Ҳасан Ҳасан дар нашрияи Atlantic

Ҳасан Ҳасан, мақоланависи нашрияи Atlantic ва яке аз муҳаққиқони барҷастаи барномаи Донишгоҳи Ҷорҷ Вошингтун дар бораи ифротгароӣ аст. Ӯ ҳамкори нависандаи китоби “ДОЪИШ: даруни артиши терур” (ISIS: Inside the Army of Terror) аст.

Тафаккуроти фирқаӣ, ки ба шакли густурдае дар Ховари Миёна дида мешавад, реша дар айёми начандон дур дорад. Занҷирае аз таҳаввулоти сиёсӣ ва мазҳабӣ, ки аз соли 1979 шурӯъ шуд, боиси ба вуҷуд омадани таъассуботи мазҳабӣ ва нажодпарастӣ шуд ва паёмадҳое ба ҳамроҳ дошт: фирқагароӣ боиси эҷоди шикофҳои амиқи иҷтимоӣ шуд ва дар тӯли ин муддат, ҷони садҳо ҳазор инсонро гирифтааст.

Бо ин ҳол, тақрибан дуруст 40 сол пас аз эҷоди ин мавҷи фирқагароӣ, ниҳоятан шоҳиди фурӯкаши он хоҳем буд. Метавон гуфт, фирқагароӣ акнун дар поинтарин сатҳи худ аст ва иттифоқоти ахир нишон медиҳад, ки раванди коҳиш, мумкин аст идома дошта бошад.

Дар соли 1979 чашмандози фирқаӣ ва жеупулитики минтақа ба шиддат тағйир ёфта буд. Дар феврали ҳамон сол силсилаи Паҳлавии Эрон тавассути қиёми мардумӣ ба раҳбарии Оятуллоҳ Руҳуллоҳ Хумайнӣ сарнагун шуд. Дар июли ҳамон сол, Саддом Ҳусайн раисиҷумҳури Ироқ шуд. Ӯ пас аз поксозиҳое, ки дар Ҳизби Баъс анҷом дод, қудраташро афзоиш дод. Дар декабр, Шӯравӣ ба Афғонистон ҳамла кард ва мӯҷиб шуд, то Арабистон, Миср ва Покистон аз муҷоҳидин дар муқобили русҳо ҳимоят кунанд.

Ҳеч як аз ин иқдомот боиси эҷоди фирқагароӣ нашуд. Ба унвони мисол, гурӯҳи суннии Ихвонулмуслимин, ба Оятуллоҳ Хумайнӣ ба хотири таъсиси як ҷумҳурии исломӣ табрик гуфт. Аммо як фарди соҳибназар ва ду ҳукумати арабӣ, ин воқеиятро тағйир доданд.

Он фарди соҳибназар Муҳаммад Сурур буд, як муаллими риёзии аҳли Сурия, ки дар аввалҳои даҳаи 1980 ба Арабистон рафт. Ӯ таҳти таъсири омӯзаҳои салафӣ қарор гирифт ва сипас ҷунбиши ҷиҳодии салафиро шакл дод. Ӯро падари салафиҳои ҷиҳодӣ ба шумор меоваранд. Ҳадафи ӯ ҳукумати шиъаи Эрон буд ва мӯътақид буд, инқилоби Эрон талоше барои эҳёи имперотурии бостонии форсӣ аст, ки бо ҳамлаи мусалмонон дар қарни ҳафтум, нобуд шуда буд.

Муҳаммад Сурур, падари салафиҳои ҷиҳодӣ

Дидгоҳи Муҳаммад Сурур ҳамросто бо Арабистон ва Саддом Ҳусайн буд, ки метарсиданд мавҷи инқилоб домани онҳоро ҳам бигирад. Ҷамъияти шиъаи қобили таваҷҷӯҳи Арабистон дар минтақаи Шарқия — минтақаи нафтхези ин кишвар қарор дошт ва аксарияти ҷамъияти Ироқ ҳам шиъа буданд. Ба ҳамин хотир, Арабистон ва Саддом аз Сурур ҳимоят карданд.

Бо гузашти замон, ин тафаккури фирқагароӣ тарафдор пайдо кард. Дар Афғонистон шиъаҳо мояи дардисари муҷоҳидон дида мешуданд. Ҷанги Эрону Ироқ минтақаро дудаста кард ва таниш байни шиъа ва сунниро шиддат дод.

Бинобар ин, фирқагароии муосир дорои хусусиятҳои нажодӣ ва жеупулитик аст. Баҳори арабӣ мавҷе ҷадид ба вежа дар кишварҳое монанди Сурия, Баҳрайн ва Яман бапо кард. Сипас зуҳури ДОЪИШ бо он мазҳабгароии ифротӣ дар соли 2013, боис шуд, то ин тафаккуроти мазҳабӣ дар сатҳи боло бимонад.

Аммо имрӯз дигар чунин нест. Иттифоқоте дар минтақа дар ҳоли вуқӯъ аст, ки ин равандро баръакс мекунад.

Дар моҳи май, Ироқ барои аввалин бор пас аз соли 2003, як интихоботи ғайримазҳабӣ баргузор кард. Бар хилофи интихоботи қаблӣ, он таниши мазҳабӣ байни мардум дида намешуд. Қабл аз интихобот, сиёсатмадорон ва таҳлилгарон эълом мекарданд, ки бояд мазҳабгароӣ ва интиқомҷӯиро канор гузошт, то кишвар ба субот бирасад.

Беҳбуди равобит байни раҳбарони шиъа мисли Муқтадо Садр ва кишварҳои суннии ҳамсоя, боиси тақвияти ин раванд шудааст. Муқтадо Садр – ки замоне ба дидгоҳҳои сахтгиронааш маъруф буд – соли гузашта ба Риёз сафар кард. Вазири умури хориҷаи Арабистон, Одил Алҷубайр низ ба Бағдод сафар кардааст.

Масъалаи дигар, тағйироти ахир дар Арабистони Саудӣ аст, ки ин раванд метавонад ба аз байн рафтани яке аз далоили аслии фирқагароӣ кӯмак кунад. Аз замони ба рӯи кор омадани Муҳаммад бен Салмон, Арабистон ба самту сӯи дигар рафтааст. Лаффозиҳои ӯ, ҳамон тавр, ки хелеҳо акнун мутаваҷҷеҳ шудаанд, фақат ҳарф будааст. Аммо бархе аз ҷанбаҳои сиёсатҳои ӯ, таъсироти мусбат хоҳад дошт. Илова бар беҳбуди равобиташон бо руҳониҳои шиъа, дигар монанди гузашта хабаре аз фатвоҳои тафриқаафкан аз ҷониби руҳониҳои Арабистон нест.

Вазъияти сиёсӣ дар минтақа ҳанӯз ҳам нопойдор аст ва ҳамчунон фирқагароӣ метавонад таъсироти мухаррибе дошта бошад. Аммо акнун нисбат ба 40 соли гузашта, фирқагароӣ дар поинтарин ҳадди худ аст ва эҳтимолан дар ояндаи наздик ҳам поин хоҳад монд.

Тағйирот дар Арабистони Саудӣ боиси тарвиҷи эътидолгароӣ нашудааст; онҳо фақат аз пошидани базри тафриқа дар минтақа худдорӣ кардаанд. Бинобар ин, акнун ниҳодҳо ва афроди миёнарав, беҳтарин фурсатро барои шакл додани ояндаи Ховари Миёна доранд.

Atlantic

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: