Перейти к содержимому

Ҳимоят аз диктотурҳо дар муқобили пул; поёни демукросии ҷеферсунӣ дар Омрико

Мо ба дигар кишварҳо кӯмак хоҳем кард, аммо наметавонем шоҳиди вазъе бошем, ки дар он мо ҳазинаҳои ҳифозат аз артишҳои кишварҳои бисёр-бисёр сарватмандро бидиҳем. Ман ба бархе аз ин кишварҳо сафар кардаам, намедонам, ки номҳои ин кишварҳоро ба шумо бигӯям ё на, хуб зиёд ҳам муҳим нест, чаро, ки кишварҳои зиёде ҳастанд. Ман ба онҳо гуфтам, оқои нахуствазир, оқои раисиҷумҳур, оқои подшоҳ, оқои диктотур, ҳар оқои кӯфтӣ, ки мо ҳифозаташ мекунем, шумо бояд шурӯъ ба пардохтани ҳазинаи ҳифозати худ кунед; бояд ҳазинаашро бипардозед.”

Ин ҷумлаҳоро Дунолд Тромп гуфтааст, раисиҷумҳури Омрико, ки бояд ӯро ба хотири мавозеъи шафофаш сутуд.

Раҳбарони пешини Омрико ҳаргиз ба ин равшанӣ сухан намегуфтанд, аммо Тромп сареҳу бепарво эътироф мекунад, ки Омрико аз диктотурҳо ҳимоят мекунад ва танҳо гилояаш аз онҳо ин аст, ки ҳазинаи ин ҳимоятро намедиҳанд. Ӯ чанде пеш гуфта буд, агар Омрико аз саудиҳо ҳимоят накунад, онҳо беш аз ду ҳафта давом нахоҳанд овард.

Ин эътирофи Тромп бояд дар таърих сабт шавад ва беш аз ҳама бояд мутафаккирон ва парчамдорони демукросӣ дар Иёлоти Муттаҳидаро барошӯбад, чаро, ки онҳо дар тӯли 242 соли гузашта, ки аз истиқлоли Омрико мегузарад, ҳамвора бар демукросӣ ва озодӣ таъкид доштаанд ва дар Эъломияи истиқлоли кишварашон ҷумлаҳое омада, ки дар навъи худ аз дурахшонтарин матнҳои башарӣ дар Ғарб аст. Дар порогрофи 2 ин эъломия омадааст:

Мо ин ҳақоиқро бадеҳӣ медонем, ки ҳамаи инсонҳо баробар офарида шудаанд ва офаридгорашон ҳуқуқи салбношудании муайяне ба онҳо эъто кардааст, ки ҳаққи зиндагӣ, озодӣ ва ҷустуҷӯи хушбахтӣ, аз ҷумлаи онҳост.”

Тромп, бо эъломи ҳимоят аз диктотурӣ дар муқобили пул, расман Эъломияи истиқлоли Омрикоро, ки тавассути Тумос Ҷеферсун (Thomas Jefferson) навишта шуда буд нақз кард.

Тумос Ҷеферсун (Thomas Jefferson), ки нависандаи аслии Эъломияи истиқлоли Омрико дар соли 1776 аст, севвумин раисиҷумҳури ин кишвар буд. Инак, дар ҷойгоҳе, ки чунон марди равшанандеше қарор дошт, фарде нишастааст, ки бо пушт кардан ба тамоми шиорҳои демукросихоҳона ва зидди истибдодӣ, расман ва аланан мегӯяд, ки аз диктотурҳо ҳимоят мекунад ва танҳо коре, ки диктотурҳо бояд анҷом диҳанд, ин аст, ки ба Омрико пул диҳанд!

Ҳарчанд, ки арзишҳои мундараҷ дар Эъломияи истиқлоли Омрико, муддатҳост, ки тавассути давлатмардони Омрико зери по гузошта шудааст, вале вақте 45-умин раисиҷумҳури Омрико, “ҳимоят аз диктотурҳо дар қиболи пул”-ро эъломи умумӣ мекунад, бояд гуфт, ки ӯ дар канори ҳамаи паймонҳои байналмилалӣ, ки нақз карда — аз Паймони NAFTA (Қарордоди тиҷорати озоди Омрикои шимолӣ) бо Мексику Конодо ва Барҷом гирифта то Паймони манъи густариши таслиҳотӣ бо Русия ва Паймони обуҳавои Порис — Эъломияи истиқлоли Омрикоро низ пора ва поёни асри демукросии ҷеферсунӣ-ро эълом кардааст.

Asriran

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: