Перейти к содержимому

Баъзеҳо кабканд ва баъзе магас

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Як ҷомеаи солим ҷомеае аст, ки вақте айбу нуқсоне дар ӯ дида мешавад, афродаш – ба хусус фарҳехтаҳои ҷомеа – онро ошкор мекунанд, то ҳамагон бидонанд ва як огоҳии умумӣ нисбат ба вуҷуди он айб дар ҷомеа пайдо бишавад; зеро муқаддимаи ҳар ислоҳ, огоҳӣ аст. Вақте ҷомеа огоҳ шуд, ин огоҳӣ ӯро водор мекунад, то дар садади ислоҳ барояд. На ин ки ба ин далел, ки агар айбу костии ӯ пеши дигарон ошкор бишавад “обрӯяш” хоҳад рехт, пинҳонаш кунад. Ин як “ғурури” бисёр беҷост. Ингуна “ғурурҳои” беҷо будааст, ки бисёре аз ҷомеаҳоро ба тадриҷ соқиту мунҳатт кардааст.

Вокуниши “мувофиқони” ҳукумат ба гузориши Focus Economics — ки эълом кардааст, ки Тоҷикистон ҷузъи 10 кишвари фақиртарини дунё мебошад — бисёр шигифтангез аст. Онҳо, ба ҷойи ин ки ин гузориш таконашон бидиҳад ва водорашон созад, то аз мақомот бихоҳанд, ки дар садади ислоҳи вазъ бароянд, ба ҷойи ин, ин воқеияти талхро ё нодида мегиранд ва ё аз реша инкораш мекунанд. Ва дар воқеъ, метавон вокуниши “мувофиқон”-ро ба ду даста тақсим намуд: вокуниши як даста ин аст, ки: бояд шукргузор буд ва таваҷҷӯҳе ба ин қабил гузоришҳо накард, мисли ин вокуниш:

Мухимаш паника кардан лозим нест. Хама чиз ба рузи худаш дуруст мешавад. Мо мамнун мешудем агар як бародар аз эродгирии беасосда як рохи муфиди пешрави пешниход мекард. Альон хама сиесат паи хусуматхои кавми чараён дорад. Инро пасттарин аблах хам бояд дар Точикистон дигар дарк кунад. Айбчуйи фоида надорад.

Ва ё ин:

ИншоАллох хаммаш хуб меша… Камтар шукр ва сабр кардан даркор… Касе, ки шукркунанда набошад, дар Дубай миллиардерам бошад, ки чашми гуруснааш сер намекунад. Як назар кунед «Омори факр аз соли 2000-2016 аз 83 дарсад ба 30 дарсад кохиш ёфтааст»…. Баъди як дахсолаи оянда дар Точикистон мардуми камбизоатро ба микроскоп хам коби намеёби.”

Аммо як дастаи дигар ин гузоришро аз реша дурӯғ донистаанд, мисли ин вокуниш:

Ин хабарҳо ҳамааш дуруғ аст, Тоҷикистон биҳишти руи замин аст мо шукрона мекунем, ки ватани ободу ором дорем ва ҳама серу пурем.”

Ва ё ин:

Э дафшавен ба хами дуруготон. Ай хама бойем. Корвон забиты. Одамо фасонча рузомон хушру гузаштестай. Ношукрбандахо. Шукр куне бо ай хами рузмонам намоне. Тоба тоба. Шукри неъматат Худочон.”

Ва ин дар ҳоле аст, ки то ба имрӯз ҳеч оқиле додаҳои Focus Economics-ро ба дурӯғ нисбат надодааст ва ин маркази омор ба унвони як манбаъ, ҳамеша мавриди истифодаи кишварҳо будааст.

* * *

Гурӯҳи аввал, мункири ин воқеияти талх нестанд, аммо ба далоиле – ки якеаш ҳамон “ғурури” беҷост – мехоҳанд пинҳон кунанд, дар ҳоле, ки кетмону пинҳонкорӣ дар ин гуна маворид, айни ҳамоқат аст, дуруст мисли рафтори як кабк. Зарбулмасале ҳаст, ки мегӯяд: “Сарашро мисли кабк зери барф карда!” Ин масалро дар мавриди афроде ба кор мебаранд, ки фикр мекунанд, агар айбу нуқсони худро пинҳон кунанд, дигарон ҳам ин айбу костиҳоро намебинанд.

Барои кабк аз қадим се сифатро зикр мекарданд: хиромидан, қаҳқаҳа задан ва дар ҳангоми хатар сар зери барф кардан. Хиромидан, ки ишора дорад ба ҳамон шеваи роҳ рафтани ин ҳайвон, ки аз қазо, мавриди таваҷҷӯҳи бархе шуаро ва адибон ҳам буда. Барои мисол, Хоқонӣ дар шеъре менависад:

Хоқонӣ, он касон, ки тариқи ту мераванд,

Зоғанду зоғро равиши кабк орзуст.

Қаҳқаҳаи кабк дар воқеъ ҳамон хондану овоз сар додани ӯст, ки Ҳофиз дар ин боб ин шеърро суруда:

Дидӣ он қаҳқаҳаи кабки хиромон, Ҳофиз,

Ки зи сарпанҷаи шоҳини қазо ғофил буд.

Аммо дар мавриди сифати ахир, мегӯянд, фасли зимистон, ки мерасид ва замин бо барф пӯшонда мешуд, ин ҳайвон вақте эҳсоси хатар мекард ва душманро медид, ки ба шикори ӯ омада, сари худро зери барф пинҳон мекард, то онҳоро набинад, ба ин хаёл, ки чун худаш онҳоро намебинад, пас ҳатман шикорчӣ ҳам кабкро намебинад ва ҷон ба саломат мебарад, аммо ғофил буд, ки ин тавр нест, балки баръакс, ин рафтораш корро барои шикорчиён осонтар мекард.

Пинҳонкорӣ дар масъалаи мавриди назар низ чунин аст. Ту вақте мехоҳӣ ин айбу нуқсонро яъне вуҷуди фақрро бипӯшонӣ ва пинҳон кунӣ ва ҷомеа ҳам аз он ғофил бимонад, ҷомеа якдафъа аз ҳам мепошад, тикка-пора мешавад. Аз ин рӯ, ба ҷойи “сарро зери барф кардан”, бояд дар садади ислоҳ баройӣ, ин гузориш бояд як ҳушдоре бошад, то мақомоти марбута аз хоби ғафлат бедор шаванд ва камар барои бартараф кардани ин нуқсон бибанданд.

* * *

Ва аммо гурӯҳи дуввум, ки аз реша мункири ин воқеият ҳастанд ва гумон мекунанд, дурӯғ аст, ин такзиб, ба назарам амдӣ нест, яъне чунин нест, ки инҳо гузориши Focus Economics мабнӣ бар ин ки Тоҷикистон яке аз фақиртарини кишварҳои дунё будаастро қабул дошта, бо ин ҳол аммо онро ба дурӯғ нисбат диҳанд. Чунин нест. Балки “фақр” аз назари ин гурӯҳ, яъне комилан ҳеч чиз надоштан. Яъне фақир ба эътиқоди ин гурӯҳ, ба касе гуфта мешавад, ки ҳеч чиз надорад, ҳатто нон барои хӯрдан надорад. Ва чун гумонашон ин аст, ва аз тарафе ҳам вақте мебинанд дар Тоҷикистон мардум на танҳо нон барои хӯрдан доранд, ки масалан мошин ҳам барои савор шудан доранд, он вақт, агар гузорише бигӯяд, Тоҷикистон фақиртарини кишварҳои дунёст, ҳақ доранд боварашон наояд.

Дар ҳоле, ки фақир дар ин айём ва дар ин рӯзгор ва ин дунёе, ки зиндагӣ мекунем, меъёраш дигар “ҳеч чиз надоштан” нест. Фақир, тибқи меъёрҳои ҷадид, аҳёнан ба афроде ҳам сидқ мекунад, ки на танҳо нон барои хӯрдан доранд, ки мошин, хона ва тамоми васоили зарурӣ барои зиндагиро ҳам доранд, вале (ба унвони мисол арз мекунам) даромадашон барои ин ки соле якбор ҳамроҳи зану бачча ба як кишвари дигар сафар кунанд ва тафреҳ намоянд, кофӣ нест ва намерасад. Ва ё барои ин ки дар ҳафта лоақал якбор ҳамроҳи зану бачча ба як растурони шик бираванд, кифоят намекунад. Ин аст фақир тибқи меъёрҳои ҷадид.

Бинобар ин, афроде, ки мункири ин воқеияти талх дар Тоҷикистон ҳастанд ва боварашон намеояд, ба эҳтимоли зиёд касоне ҳастанд, ки аз дунё бехабаранд. Яъне монанди гурӯҳи аввал кабк нестанд, ки “сарашонро зери барф кунанд”, балки мисли магас дар достони маъруфи Маснавӣ ҳастанд. (Намехоҳам иҳонат кунам, Худо шоҳид аст, балки фақат дар мақоми ташбеҳ ҳастам.)

Мавлоно дар он достонаш мегӯяд, магасе бар коҳе нишаст, ки он коҳ бар идрори харе равон буд. Магас мағрурона бар идрори хар киштӣ меронд ва мегуфт: ман илми дарёнавардӣ ва киштиронӣ хондаам, дар ин кор бисёр тафаккур кардаам, бибинед, ин дарё ва ин киштиро ва маро, ки чӣ гуна киштӣ меронам!

Магас дар зеҳни кучаки худ, бар дарё киштӣ меронд. Он идрор дарёе бекарон ба назараш меомад ва он барги коҳ киштие бузург. Зеро огоҳӣ ва биниши ӯ андак буд. Паёме, ки Мавлоно бо ин тамсил мехоҳад бирасонад ин аст, ки дунёи ҳар кас ба андозаи зеҳну биниши ӯст:

Он магас бар барги коҳу бавли хар

Ҳамчу киштибон ҳамеафрошт сар.

Гуфт: ман дарёву киштӣ хондаам,

Муддате дар фикри он мемондаам.

Инак, ин дарёву ин киштиву ман,

Марди киштибону аҳли ройзан.

Бар сари дарё ҳамеронд ӯ ъамад,

Менамудаш он қадар берун зи ҳад.

Буд беҳад он чамин нисбат бад-ӯ,

Он назар, ки бинад онро рост, ку?

Оламаш чандон бувад, к-аш биниш аст,

Чашм чандин, баҳр ҳам чандинаш аст.

Соҳиби таъвили ботил чун магас,

Ваҳми ӯ бавли хару тасвири хас.

Гар магас таъвил бигзорад ба рой,

Он магасро бахт гардонад ҳумой.

Он магас набвад, к-аш ин ибрат бувад,

Руҳи ӯ на дархури сурат бувад.

* * *

Роқими ин сатрҳо, комилан мутаваҷҷеҳ аст, ки ин ҳарфҳо, ки гуфт, бисёр сахт аст, ташбеҳу тамсил ҳам, ки овард, сахт аст, аммо дар мавориде, ҳамин ташбеҳоту тамсилоту ҳарфҳои сахт аст, ки одамро такон медиҳад ва ӯро бо худаш ошно месозад.

Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: