Перейти к содержимому

Марат Орифов даргузашт

Марат Орифов, коргардон ва бозигари машҳури синамои тоҷик, дар синни 84-солагӣ даргузашт.

Духтари ӯ, Мориёно (Марианна) Орифова, бо эъломи ин хабар дар сафҳаи худ дар Фейсбук, навиштааст: “Моро ғаму андӯҳ фаро гирифт, падар аз дунё рафтанд!…

Марат Орифов кист?

Марат Орифов, писари хонандаи маъруфи тоҷик Тӯҳфа Фозилова аст. Тибқи он чи дар Донишномаи Википедия дар бораи шарҳи ҳоли ӯ омадааст, Марат дар кӯдакӣ ҳамроҳи модараш аз шаҳри Конибодом ба Истолинобод (Душанбеи кунунӣ) омад.

Ӯ, баъди хатми мактаби миёна, ба тартиб дар риштаи забон ва адабиёти Донишкадаи тарбияти муаллими Итолинобод ба номи “Шевченко” (соли 1956), Донишкадаи ҳунарии Тошкент ба номи “Островский” (соли 1960) ва риштаи коргардонии ба номи “Герасимов”-и Маскав (дар соли 1964) таҳсил дидааст.

Нақши Бӯалӣ дар филми “Абӯалӣ ибни Сино” дар соли 1956, нахустин бозии ӯ дар нақши асосӣ дар арсаи синамо будааст. Ҳамчунин дар соли 1959 ӯ дар филми “Сарнавишти шоир” нақши Устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакиро ифо кардааст.

Марат Орифов, ноил ба дарёфти ҷоизаи Ҷашнвораи филми кишварҳои Осиё ва Офриқо барои нақши беҳтарини мардона дар Қоҳираи Миср (дар соли 1960) шудааст.

Ин ҳунарманди тоҷик ҳамчунин нақшҳои Сайф дар филми “Замони издивоҷи писар расид” (1959), Насриддин дар филми “Дузди Бағдод” (1959), Ширинкор дар филми “Коваи оҳангар” (1961), Аҳмад дар филми “То фардо” (1964), Комил дар филми “Замони сулҳ” ва ғайраро бозӣ кардааст.

Филмҳое чун “Нисо” (1964), “Қалби ман дар кӯҳсорон” (1969), “Асрори ниёкон” (1970), “Муҳосира” (1969) ва чанд филми дигар ва ҳамчунин чанд мустанад ба коргардонии ӯ таҳия шудаанд.

Марат Орифов дар охирҳои ҳаёти худ дар филми “Муаллим” (ба коргардонии Носир Саъидов ва бозигарии Маҳнози Афшор, бозигари шаҳири эронӣ) нақши асосиро бозӣ кард ва дар Ҷашвораи филми Фаҷри Эрон ноил ба дарёфти ҷоизаи “Симурғи булӯрин” шуд.

Равонаш шод!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: