Перейти к содержимому

Арабистони Саудӣ хостори расидан ба як тафоҳуми сиёсӣ бо Эрон шуд

Як пойгоҳи қатарӣ аз тамоси маҳрамонаи вазири хориҷаи Арабистони Саудӣ бо Эрон хабар дод.

Пойгоҳи қатарии Alkhaleejonline навишт, Одил Алҷубайр, вазири хориҷаи саудӣ, тайи чанд ҳафтаи ахир бо Эрон тамосҳои сиррӣ барқарор карда ва ҳадаф аз он, тафоҳуми эронӣ-саудӣ дар бораи масоили минтақа ба вежа парвандаи Яман аст.

Равобити диплумотик миёни Эрон ва Риёз аз соли 2016 ва ҳаводиси марбут ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар Теҳрон ва Машҳад қатъ шудааст.

Ҳафтаи гузашта низ бархе манобеъ аз тамоси вазири хориҷаи саудӣ бо Қатар хабар дода буданд. Арабистони Саудӣ илова бар Эрон, соли гузашта (2017) равобит бо Қатарро низ қатъ кардааст.

Дар идомаи ин гузориш омадааст, тамосҳои мазкур дар ҳоле сурат мегирад, ки Арабистони Саудӣ дар сахттарин бӯҳрони сиёсии худ дар сатҳи байналмилалӣ (қатли Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунатқид) қарор гирифтааст.

Хошуқҷии 59-сола 2 октябр барои умури издивоҷи худ ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истонбул муроҷиа кард, аммо ҳеч гоҳ аз он берун наомад. Саудӣ пас аз чандин рӯзи инкор, саранҷом ба қатли Хошуқҷӣ дар консулгарӣ эътироф кард.

Дар ҳамин росто, Имрон Хон, нахуствазири Покистон, ҳафтаи гузашта дар сафаре аз пеш таъйиннашуда вориди Риёз шуд ва эълом кард, ки кишвараш қасд дорад миёни Ансоруллоҳ ва Арабистони Саудӣ барои таваққуфи ҷанг дар Яман миёнҷигарӣ кунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: