Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (18)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Нисбияти одоб

فَلَوْلاَ نَفَرَ مِن كُلِّ فِرْقَةٍ مِّنْهُمْ طَآئِفَةٌ لِّيَتَفَقَّهُواْ فِي الدِّينِ

(Сураи Тавба, ояти 122)

Ҷумлае ахиран ба ҳазрати Алӣ (а) мансуб шудааст ба ин иборат:

لا تُؤَدِّبُوا أَوْلادَكُم بِأَخْلاقِكُم لأنّهُم خُلِقُوا لِزمانٍ غيرِ زَمانِكُمْ

Маънои ин ҷумла ин аст, ки: “Фарзандони худатонро ба ахлоқи худатон тарбият накунед, барои ин ки онҳо барои замоне ғайр аз замони шумо офарида шудаанд.” Яъне шумо мутаъаллиқ ба як замон ҳастед ва фарзандони шумо мутаъаллиқ ба замони оянда. Ахлоқе, ки шумо худатон доред хуб аст, вале мутаъаллиқ ба замони шумост, аммо ахлоқе, ки онҳо бояд дошта бошанд, ахлоқе аст, ки бояд дар замони оянда хуб бошад.

Дар ин ҷо ду матлаб аст: яке ин ки оё ин ҷумларо Алӣ (а) фармудааст? Яъне санади ин гуфтор чист ва аз куҷост? Баҳси дуввум ин аст, ки қатъи назар аз ин ки гӯяндаи ин калом чӣ касе бошад, оё ин ҷумла мумкин аст мафҳуми дурусте дошта бошад ё на?

Аммо қисмати аввал. Ин ҷумла то кунун дар ҳеч китобе аз китобҳое, ки қобили эътимод бошад балки китобҳое, ки қобили эътимод набошад вале ин ҷумла дар он ба шакли ҳадис аз Алӣ (а) ривоят шуда бошад, дида нашудааст. Яъне дар “Наҳҷул-балоға” ин ҷумла нест, дар китобҳои арбаъа (чаҳоргона) ҳам нест, дар китобҳои ҳадисӣ, ки баъд навишта шуда ва дар онҳо ҳатто аҳодиси заъифро ҳам ҷамъоварӣ кардаанд монанди “Биҳорул-анвор” низ нест, ахиран шойеъ шудааст. Яъне аз замоне, ки маъруф шудааст, ки ин ҷумла аз Амирулмӯъминин аст, беш аз 50-60 сол намегузарад. Ҳатто дар китобҳое, ки дар 100 сол қабл ҳам навиштаанд, вуҷуд надорад ва ман дар чанд соли пеш дар яке аз китобҳои таърихии қадимӣ яъне “Носихут-таворих” он ҳам ба таври тасодуфӣ ва дар шарҳи ҳоли Афлотун ба он бархӯрдам, ки Афлотун гуфтааст: баччаҳоятонро бо ахлоқи худатон тарбият накунед, барои ин ки онҳо барои замони дигаре офарида шудаанд. Он ҷо фаҳмидам, ки он касе, ки аввал бор гуфтааст, ки ин ҷумла аз Амирулмӯъминин аст, ё иштибоҳ карда ё аз афроде будааст, ки ғараз доранд; ҷумлаҳоеро, ки медонанд аз як пешвои динӣ нест, барои ин ки матлаби худашонро мавриди истифода қарор бидиҳанд, ба як пешвои динӣ мунтасаб мекунанд.

Зоҳиран якчунин ҷумлае аз Амирулмӯъминин содир нашудааст. Албатта намешавад гуфт, қатъан Амирулмӯъминин чунин ҷумлае нагуфтааст, чун ба қавли талабаҳо:

عدم الوجدان لا يدلّ على عدم الوجود

(“Наёфтан далели набудан нест”) Ҳар ҷумлае, ки Амирулмӯъминин фармудааст, ки дар дастрас нест. Вале инро метавонем бигӯем, ки мо ҳеч мадраке барои ин ҷумла надорем. Пас, мо аз ин назар, ки ин ҷумла аз Амирулмӯъминин ҳаст ё на, баҳсе надорем. Вале оё ин матлаб дар ҳадди зоти худ ҳарфи дурусте аст ё на?

* * *

Масъалаи нисбияти ахлоқ

Масъалае аст, ки аз қадимулайём миёни донишмандон ва фалосифа матраҳ буда ва алъон ҳам матраҳ аст ба номи “нисбияти ахлоқ”. Яъне ахлоқ ҷузъи умури нисбӣ аст, бад-ин маънӣ, ки ба таври куллӣ ҳеч хулқе хуб нест ва ба таври мутлақ ҳеч хулқе бад нест. Яъне ҳеч сифатеро намешавад гуфт, мутлақан хуб аст дар ҳар ҷо ва ҳар замон, ва ҳеч сифатеро намешавад гуфт, мутлақан бад аст дар ҳар ҷо ва ҳар замон, балки ҳар сифати хубе дар як ҷо ва як замон, дар як шароити хосс хуб аст, ва ҳамон сифат дар як авзоъу аҳвол ва як шароити хосси дигар бад аст. Инро “нисбияти ахлоқ” мегӯянд ва иддаи зиёде ҳам тарафдор дорад, камо ин ки як мабҳаси дигаре ҳам дар боби адолат ҳаст, ки онро “нисбияти адолат” мегӯянд. Адолат чизе аст, ки тамоми афроди башар онро хуб медонанд. Оё адолат як мафҳуми мутлақ аст ё як мафҳуми нисбӣ? Мафҳуми мутлақ аст яъне як корро ҳамеша метавон гуфт адолат ва хуб аст.

Мумкин аст назари гӯянда дар ҷумлаи:

لا تُؤَدِّبُوا أَوْلادَكُم بِأَخْلاقِكُم

… ба ҳамин нисбияти ахлоқ бошад, яъне ахлоқе, ки ту дорӣ, мумкин аст хуб бошад, вале ба дарди баччаи ту намехӯрад. Баҳси нисбияти ахлоқ ва нисбияти адолатро баъдан матраҳ мекунам ва алъон арз мекунам, ки нисбияти ахлоқ дурӯғ аст, яъне ин тавр нест, ки ҳар чи, ки номи ахлоқ рӯи он бошад нисбӣ аст. Вале ин ҷумла метавонад як маънои дигаре дошта бошад, ва он ин ки:

لا تُؤَدِّبُوا

… яъне адаб накунед. Ин ҷо бояд тавзеҳ бидиҳам.

* * *

Фарқи ахлоқ ва одоб

Мо як силсила умур дорем, ки ба онҳо одоб мегӯянд, ва як силсила умури дигар дорем, ки ба онҳо ахлоқ мегӯянд. Ахлоқ ғайр аз одоб аст. Агар мақсуди гӯянда аз ин ҷумла ин бошад, ки:

لا تُخَلِّقُوا أَوْلادَكُم بِأَخْلاقِكُم

Фарзандонатонро ба ахлоқи худатон мутахаллиқ (ороста) накунед”, ғалат аст. Мумкин аст маънои ин ҷумла ин бошад:

لا تُؤَدِّبُوا أَوْلادَكُم بِآدابِكُمْ

Ба фарзандонатон одоби худатонро наомӯзед”, балки ҳисоби одоби ояндаро бикунед.

Пас, мо бояд фарқ байни ахлоқ ва одобро бидонем. Ахлоқ марбут аст ба худи инсон. Яъне марбут аст ба ин ки инсон ба ғароизи худаш яъне ба табиати худаш чӣ низоме бидиҳад, худашро чӣ гуна бисозад. Низом додан ба ғароизро ахлоқ мегӯянд.

Инсон дорои ғароизи мухталифе аст. Уламои қадим мегуфтанд, дар инсон се қувваи аслӣ ҳаст (ва гоҳе чаҳорто): яке қувваи оқила (қувваи ақл), дигар қувваи шаҳавонӣ (танҳо шаҳвати ҷинсӣ на) ва севвум қувваи ғазабия. Ин тавр дастабандӣ карда буданд, ки қувваи шаҳавонӣ кораш ҷалби манофеъ аст, инсонро водор мекунад, ки манофеъи худашро талаб кунад. Қувваи ғазабия (манзур ғазаб ба маънои хашм нест) қувваи дафъ аст; нерӯе аст, ки ба таври худкор инсонро водор мекунад, ки чизҳоеро, ки барои худаш бад ва зараровар ташхис медиҳад, дафъ кунад. Ҳамин тавр, ки дар ҷисми инсон қувваи дафъ ҳаст, дар руҳаш ҳам ҳаст. Инсон вақте ғизо мехӯрад, онро меҷавад. Ғизо вориди меъда мешавад ва пас аз ҳазм, вориди рӯдаҳо шуда ва сипас аз ҷидори рӯдаҳо ҷазб мешавад. Вале як завоид ва фузулоте ҳаст, ки инҳо ба дарди бадан намехӯрад. Нерӯи дигаре инҳоро берун мебарад. Дар руҳ ҳам ҳамин тавр аст.

Як қувваи дигар ҳаст ба номи қувваи ақл, ки қувваи ҳисобгар аст. Ҳар қуввае фақат кори худашро ҳисоб мекунад. Масалан, шаҳвати хӯрдан дар инсон ҳаст. Он қуввае, ки кораш хӯрдан аст, дигар ҳисобе дар дасташ нест, фақат эҳсоси лаззат мекунад; мегӯяд фақат бояд бихӯрам. Қувваи ҷинсӣ ҳам ҳеч ҳисобе дар он нест ҷуз он ки бихоҳад амали ҷинсӣ анҷом диҳад. Ҳамчунин аст қувваи ғазаб. Вале инҳо бояд ҳисобе дошта бошанд. Бояд инсон ба ин қувваҳо як назме бидиҳад. Агар шумо яке аз қувваҳоро озод бигузоред, ки кори худашро анҷом бидиҳад, ин озодии дастгоҳ шуморо харобу фосид мекунад. Масалан, чашм аз дидани бархе умур лаззат мебарад, дигар ҳисобе дар дасташ нест. Забон мегӯяд, ман аз хӯрдани фалон чиз лаззат мебарам, бигузор лаззатамро бибарам. Аммо як ҳисоби дигаре ҳаст, ва он ин ки танҳо ин нест, ки бояд лаззат бибарӣ; баъд аз ин лаззат бояд бибинӣ бар сари ин иҷтимоъи баданӣ ва шахсияти инсон чӣ меояд, бояд барояш назме қоил шуд. Ақл бояд бар ин бадан ва бар ин шахсият ҳукумат кунад ва ба ҳар кадом саҳме бидиҳад. Ин, маънои низом додан ба ғароиз аст.

Ғараз ин ҷиҳат аст, ки низом додан ба ғароиз яъне саҳмбандӣ кардани тамоми ғароиз таҳти ҳукумати қувваи ақл. Тамоми инҳо саҳм доранд. Иттифоқан дар ахбори мо ҳам ин тавр ворид шудааст, ки чашми ту ҳақ дорад, дасти ту ҳақ дорад, шиками ту ҳақ дорад, тамоми ғароизи ту ҳақ доранд.

Яке аз корҳои дин ҳамин аст, чун ақл ба танҳоӣ қодир нест, ки ба ҳисоби инҳо бирасад. Дин бо таколифе, ки дорад, саҳмбандиҳои инҳоро мушаххас мекунад. Ба ин амр, мо ахлоқ мегӯем. Албатта мунҳасир ба ин нест. Яъне ахлоқи бад танҳо аз ин ноҳия пайдо намешавад, ки саҳми яке бештар аст, саҳми дигаре камтар, балки саҳми якеро зиёдтар додан ва саҳми дигареро камтар додан оризаҳое эҷод мекунад. Чунонки ҷомеа — ки гӯӣ улгуи бадани инсон аст — агар дар он тақсимоти табақотии ғалат сурат бигирад ба тавре, ки яке ҳама чиз дошта бошад ва дигаре ҳеч чиз надошта бошад, ҳам онҳое, ки ҳама чиз доранд фосид мешаванд ва ҳам онҳое, ки ҳеч чиз надоранд, ва як силсила мафосид дар иҷтимоъ аз ноҳияи ҳар ду пайдо мешавад. Масалан, аввалин зарар аз ноҳияи онҳое, ки зиёдтар аз ҳадди худашон доранд ин аст, ки худашон як вуҷуди отилу ботиле аз об дармеоянд. Агар ҳам худашон дарнаёянд, баччаҳошон отил дармеоянд. Ин ҷур афрод имкон надорад се ё чаҳор насл боқӣ бимонанд. Мафосиде, ки аз ноҳияи маҳрумин пайдо мешавад, аз он ҷо ношӣ мегардад, ки мебинад корро ин карда, заҳматро ин кашида, аммо пулаш ба ҷайби дигаре рафтааст. Чӣ қадр кина пайдо мекунад! Баъд ҷиноят мекунад, одамкушӣ мекунад, ҷамъият ташкил медиҳад, инқилоб мекунад, хунрезӣ мекунад. Мебинед як навкаре дар як хона чандин нафарро мекушад. Маълум аст; мебинад тамоми афроди хонавода дар нозу неъматанд, хушанд, даст ба дасти якдигар дода ва ғарқ дар шаҳватанд, албатта нороҳат мешавад. Ин нороҳатиҳо ҷамъ мешавад монанди анбори борут. Он вақт аст, ки дар рӯзномаҳо мехонед фалон навкар зани хонаводаро кушт, марди хонаводаро кушт, баччаро кушт, духтарро кушт. Инҳо ҳисоб накардаанд, ки ҷилави чашми ӯ айёшӣ мекунанд.

Айни ин қазия дар қувваҳои нафсонии инсон ҳаст. Яъне агар инсон баъзе аз кувваҳоро сер кунад ва баъзеро гурусна бигузорад, он қувваҳои гурусна алайҳи қувваҳои сер туғёну қиём мекунанд ва вуҷуди ин одамро хароб мекунанд. Ин ки ислом мегӯяд, ҳуқуқи тамоми қувваҳо ва нерӯҳоро адо кунед ва бипардозед, барои ҳамин аст. Мегӯяд, ту мегӯӣ, руҳ дорам, ҷисм ҳам дорам. Руҳи ту ҳақ дорад, ҷисми ту ҳам ҳақ дорад. Мегӯӣ, ман ғаризаи динӣ дорам, эҳсоси ибодат дар ман ҳаст, шаҳват ҳам дар ман ҳаст. Мегӯяд, ҳаққи ҳар дуро бояд бидиҳӣ, на ин ки якеро фидои дигаре бикунӣ. Хаёл накунӣ, ки агар аз ноҳияи шаҳавоти нафсонӣ ва ҷисмонӣ бикоҳӣ ва доим ба ибодат бипардозӣ, он қувваҳои шаҳавонӣ туро ором мегузорад. Хайр, балки туғён мекунад. Ин ки попҳо пойбанд ҳастанд, ки аслан издивоҷ накунанд, ҳамон маҳрум гузоштани як табақа аз табақоти ҷомеаи бадан аст. Баъд бибинед, таърих чӣ ҷиноятҳо дар ин маврид менависад! Фикр мекунам тезор аст, ки мегӯянд, ӯ фарзанди ҳароми яке аз попҳо будааст. Намешавад гуфт, ки он поп бадҷинс буда, балки равишаш ғалат будааст. Дар рӯзнома навишта буданд, хонаи кашишеро, ки бар асоси қонуни кашишӣ бояд ҳамеша маҳрум аз издивоҷ бошад, рӯи як ҷанбаи сиёсӣ ҷустуҷӯ мекарданд. Як вақт диданд дар зери замини он як ҳарамсарое ташкил дода ва ёздаҳ зан дар он ҷо нигаҳдорӣ мекардааст. Айни ин ҷараён дар бадани инсон аст.

Ахлоқ, як тақсими ҳуқуқ рӯи ғароизи инсон аст. Ҳол, оё ахлоқ, ки маънояш тақсими ҳуқуқ рӯи ғароиз аст, бо замонҳо фарқ мекунад? Яъне оё саҳми чашми инсон, саҳми шиками инсон, саҳми ҷоҳталабии (1) инсон тағйир мекунад? Оё ин саҳмбандӣ, ин тақсими кор, ки бояд дар бадан бишавад, тағйирпазир аст, ки бигӯем:

لا تُؤَدِّبُوا أَوْلادَكُم بِأَخْلاقِكُم

Яъне бояд барои баччаатон як саҳмбандӣ ғайр аз саҳмбандие, ки марбут ба худатон аст бикунед? На. Ин дар тамоми замонҳо яке аст, чун инсонҳо, ки иваз намешаванд. Агар инсоне, ки дар сад сол пеш будааст, бо инсони имрӯз аз лиҳози нерӯҳо ва ғароиз фарқ кардааст, саҳмбандиҳо ҳам фарқ мекунад. Вале инсон аз ин лиҳоз собит аст, дар ҳамаи замонҳо яке аст.

* * *

Одоб марбут ба ҳунарҳо ва санъатҳост

Аммо як масъалаи дигар дар кор аст, ва он масъалаи одоб аст. Одоб марбут ба саҳмбандии ғароиз нест, балки марбут ба ин аст, ки инсон, ғайр аз масъалаи ахлоқ, ба як умури иктисобӣ — ки бояд исми онҳоро фунун гузошт — низ эҳтиёҷ дорад, яъне ба як силсила ҳунарҳо ва санъатҳо эҳтиёҷ дорад ва бояд онҳоро ёд бигирад. Масалан, инсон эҳтиёҷ дорад, ки хат навиштанро ёд бигирад. Ёд гирифтани хат навиштан, ҷузъи одоб аст, яъне бояд босавод бишавад. Пайғамбари Акрам (с) фармуд:

من حقوق الولد على الوالد أن يحسن اسمه ويعلّمه الكتابة ويزوّجه إذا بلغ

Аз ҳуқуқи писар бар падар аст, ки исми некӯ бар ӯ бигузорад, навиштанро ба ӯ биёмӯзад ва вақте болиғ шуд, барои ӯ ҳамсар интихоб кунад.” Навиштан, фанн аст, ҳунар аст, ва ба иборати дигар, ҷузъи одоб аст. Хайётӣ ҷузъи одоб аст, ҷузъи фунун аст. Асбсаворӣ ҷузъи фунун аст. Шиногарӣ ҷузъи фунун аст. Ин одоб дар замонҳо фарқ мекунад. Инсон набояд баччаашро ҳамеша ба одобе, ки худ дорад, муаддаб кунад. Дар замоне, ки ту будӣ, адаби ту иқтизо мекард, ки навиштанро биёмӯзӣ, аммо баъд мошини таҳрир пайдо шуд. Ту худат хат навиштанро балад будӣ. Дар замони баъд дигар танҳо навиштан кофӣ нест, бояд мошин карданро ҳам балад буд. Дар замони ҷаноби олӣ василаи ҳамлу нақл асб буд, шумо мебоист асбсаворӣ ёд мегирифтӣ. Аммо ҳоло як масъалаи дигар дар кор аст, ва он ронандагӣ аст. Дар замони ту ин ҳунар вуҷуд надошт, вале дар замоне, ки баччаат мехоҳад зиндагӣ кунад, дигар асбсаворӣ маънӣ надорад, бояд ба ӯ ронандагӣ ёд бидиҳӣ. Дигар ин ҷо набояд каҷсалиқагӣ ба харҷ дод ва гуфт, ҳамон кореро, ки ман баладам, бояд баччаи ман ҳам анҷом бидиҳад. На:

لا تُؤَدِّبُوا أَوْلادَكُم بِأَخْلاقِكُم لأنّهُم خُلِقُوا لِزمانٍ غيرِ زَمانِكُمْ

Масалан, касе бар асари ҷаҳлу ҷумуд мегӯяд: чун ман худам атторӣ ва зардчӯбафурӯшӣ корам будааст, баччаи ман ҳам бояд ҳамин корро бикунад. Фикр намекунад, ки алъон корҳое пайдо шудааст, ки сад мартиба бештар, ҳам барои дунёи худаш ва ҳам барои охираташ муфид аст. Инҳо дигар ҷумуд аст. Ин ҳисоб, ҳисоби одоб аст.

Пас, оё ахлоқ бо муқтазаёти замон иваз мешавад? На. Оё муқтазаёти замон одобро иваз мекунад? Бале.

Аз ҷумлаи одоб, яке ҳам русум (одот) миёни мардум аст. Инҳоро на мешавад гуфт хуб аст ва на мешавад гуфт бад аст. Масалан, ҳар мардуме барои маҷолиси арӯсӣ як расми махсусе доранд, дар маҷолиси меҳмонӣ як расми бахусусе доранд. Ҷумлаи дигареро ҳам дар девоне, ки мансуб ба Амирулмӯъминин аст, ба эшон нисбат додаанд, ва он ин аст:

بُنيّ إذا كنتَ في بلدةٍ غريبةٍ فعاشرْ بآدابها

Баччаҷон! Агар дар шаҳре ғариб будӣ, ба одоби он шаҳр муошират кун.” Ин ҷо сӯҳбати одоб аст. Масалан, агар дар як ҷо рафтӣ, дидӣ ҷамъияте истода ғизо мехӯранд, ту ҳам он ҷо биист ва ғизо бихӯр. Агар шумо дар миёни арабҳо биравед, мебинед вақте мехоҳанд чизеро таъоруф кунанд, онро парт мекунанд. Дар ин ҷо (дар Эрон) агар касе бихоҳад меҳмонӣ бидиҳад, бояд ҳатман ба андозаи теъдоди меҳмонон ҷо дошта бошад. Вале он ҷо ин тавр нест, мумкин аст ҷамъияти зиёдеро дар хонаи кучаке даъват кунанд. Фақат то меҳмон меояд, фавран ғизои ӯро медиҳанд ва меравад. Меҳмони дигар меояд ҳамин тавр. Аммо дар Эрон бояд ҳатман тамоми меҳмонҳо ҷамъ бишаванд, он вақт ба онҳо ғизо бидиҳанд. Ҳоло мо агар ба он ҷо рафтем, бояд мутобиқи одоби онҳо амал кунем. Дигар инсон набояд тангназарӣ дошта бошад ва бигӯяд, ман мехоҳам фақат ба одоби худамон амал кунам.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

* * *

Понавишт:

(1) Ҷоҳталабӣ яке аз ғароизи инсон аст. Он маъное, ки бад аст, ҷоҳпарастӣ аст. Ҷоҳталабӣ яъне ин ки инсон мехоҳад дар иҷтимоъ мӯҳтарам бошад. Агар инсон нахоҳад мӯҳтарам бошад, бад аст. Инсон бояд ба ин маънӣ мақомро бихоҳад, ки барои Худо бихоҳад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: