Перейти к содержимому

Номзади Хошуқҷӣ хитоб ба Тромп: “Виҷдон ва ҳақиқатро поймол накунед!”

Хадиҷа Чингиз, акс аз хабаргузории Reuters

Хадиҷа Чингиз, номзади турктабори Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори мунтақиди Оли Сауд, бо интиқод аз бархӯрди Дунолд Тромп бо мавзӯъи қатли номзадаш, аз вай хост то аз бартар донистани манофеъи тиҷории Иёлоти Муттаҳида бар таҳаққуқи адолат ва поймол шудани ҳақиқат ва виҷдон худдорӣ ва аз Риёз бихоҳад, ки ҷузъиёти бештаре аз ин ҷиноятро ифшо кунад.

Ба гузориши хабаргузории Reuters, раисиҷумҳури Омрико ба рағми интиқодҳо аз Арабистон ба хотири қатли ин хабарнигори мунтақид, намехоҳад муомилоти азими таслиҳотӣ, ки ба гумони вай мӯҷиби эҷоди ҳазорон шуғли ҷадид дар Омрико хоҳад шуд, осебе бибинад.

Тромп муддаӣ аст, ки тавофуқи таслиҳотии 110 милёрд дулории Омрико бо Арабистон, ба эҷоди 500 ҳазор шуғли ҷадид дар Омрико хоҳад анҷомид.

Хадиҷа Чингиз, ки дар Ландан ба сар мебарад, гуфтааст, аз иқдомоти мақомоти бисёре аз кишварҳо, ба вежа Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида дар расидагӣ ба мавзӯъи қатли Ҷамол Хошуқҷӣ ноумед шудааст.

Вай афзуд: “Тромп бояд нишон диҳад, ки мехоҳад ба адолат хидмат кунад. Ӯ набояд дар пайи пинҳон кардани ҳамаи ҷанбаҳои қатли номзади ман бошад. Биёед ба хотири пул, виҷдонамонро аз каф надиҳем ва арзишҳоямонро ба хатар наандозем.”

Хадиҷа Чингиз дар мусоҳибае дар Туркия гуфта буд: “Марги Ҷамол дар як макони диплумотики саудӣ рӯй дод, дар чунин шароите мақомоти саудӣ масъули ин амр ҳастанд.”

Тромп гуфтааст, ки Муҳаммад бен Салмон, ки дар се соли гузашта контроли идороти амниятӣ ва иттилоотии Арабистонро ба ӯҳда дошта, масъули амалиёте, ки мунҷар ба қатли Хошуқҷӣ шуд, мебошад.

Ҷамол Хошуқҷии 59-сола дар 2 октябр вориди консулгарии саудӣ дар Истонбул шуд, то мадорики лозим барои издивоҷ бо Хадиҷа Чингизро дарёфт кунад, аммо ӯ аз консулгарӣ хориҷ нашуд. Хадиҷа Чингиз аввалин шахсе буд, ки занги хатарро ба садо даровард.

Арабистон дар ибтидо ҳар гуна дахолат дар нопадид шудани Хошуқҷиро рад кард, аммо дар ниҳоят чорае ҷуз эътироф ба қатли ӯ дар консулгариро надошт.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: