Перейти к содержимому

Омрико хостори поёни ҳамалоти эътилофи саудӣ ба Яман шуд

Вазорати умури хориҷаи Омрико бомдоди чаҳоршанбе (31.10.2018) хостори поёни ҳамалоти ҳавоии эътилофи арабӣ ба раҳбарии Арабистони Саудӣ алайҳи Яман шуд.

Ба гузориши хабаргузории Reuters, Мойк Помпео, вазири хориҷаи Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, бо судури баёнияе, зимни дархост барои таваққуфи даргириҳо дар Яман, эълом кард, ки музокироти тарафҳои яманӣ барои поён додан ба ин бӯҳрон, бояд то як моҳи оянда оғоз шавад.

Помпео таъкид кард, ки ҳамалоти ҳавоии эътилофи арабӣ ба раҳбарии Арабистони Саудӣ ба ҳар нуқтае дар Яман бояд мутаваққиф шавад ва дар изои он низ нерӯҳои Ансоруллоҳи Яман низ шиллики мушакҳои болистик ба самти Арабистони Саудӣ ва Амороти Арабии Муттаҳидаро поён диҳанд.

Ин дар ҳоле аст, ки чанд соат пеш низ женерол Ҷеймз Метис, вазири дифоъи Омрико, тайи изҳороте, зимни дархост барои поёни ҷанги Яман, гуфт, ки тайи 30 рӯзи оянда бояд музокироти яманиҳо барои расидан ба сулҳ оғоз шавад.

Гуфтанист, ҷанги Арабистон алайҳи Яман аз моҳи марти соли 2015 оғоз шуда ва ҳанӯз идома дорад. Ин ҷанг, ки бо ҳимояти сиёсӣ ва таслиҳотӣ ва мушорикати Омрико, Фаронса, Ангилис ва мушорикати мустақими Аморот ва бархе кишварҳои дигар мисли Судон дар қолаби “Эътилофи арабӣ” ва ба раҳбарии Арабистон идома дорад, то кунун беш аз 50 ҳазор яманиро ба коми марг кашондааст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: