Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (334)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (77)

* * *

Дар сифати пиру мутовиати вай (3)

* * *

Аз нубӣ бишнав залоли раҳравон,

Ки чишон кард он Билиси бадравон.

Аз Қуръон бишнав, ки чӣ сон шайтонсифатони баддил афроди инсониро ба гумроҳӣ кашондаанд.

Нубӣ: Қуръон.

Садҳазоронсола роҳ аз ҷода дур,

Бурдашону кардашон идбору ъур.

Шайтонсифатон садҳо ҳазор сол ононро аз расидан ба роҳи рост дур карданд ва ба шақоват дучорашон намуданд ва ҷомаи тақвову либоси парворо аз танашон барканданд ва аз маъно бараҳнаву орияшон сохтанд.

Идбор: бахтбаргаштагӣ, рӯй гардонидани иқбол. Ъур: бараҳна.

Устухонҳошон бибину мӯяшон,

Ибрате гиру марон хар сӯяшон.

Ба осору нишонаҳои гумроҳону ҳақситезони пешин бингар. Ба устухону мӯяшон назар кун ва з-он пас ибрату панд гир ва маркаби нафси аммораро ба роҳе, ки онон рафтанд марон.

Нукта: Ишорае аст ба мазмуни оятҳое назири:

فَسِيرُواْ فِي الأَرْضِ فَانظُرُواْ كَيْفَ كَانَ عَاقِبَةُ الْمُكَذِّبِينَ

Пас, дар замин бигардед ва бингаред, ки фарҷоми ҳақситезон чӣ сон будааст!” (Сураи Наҳл, ояти 36)

Гардани хар гиру сӯйи роҳ каш,

Сӯйи раҳбонону раҳдонони х(в)аш.

Гардани харро бигиру ба сӯи роҳи дурусту мустақим бикаш, ба сӯи роҳбонону роҳдонон савқ бидеҳ.

Нукта: Пас, набояд маркаби нафсро ба ҳоли худ гузошт, ки ба партгоҳи шаҳвату лағзишгоҳи ғафлат меравад, балки бояд ин маркабро бо маҳори тақвову афсори парво ба сӯи муршидони комилу пирони восил ҳидоят кард. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.862)

Ҳин, маҳил харрову даст аз вай мадор,

З-он, ки ишқи ӯст сӯйи сабзазор.

Огоҳ бош! Ин хари нафсро раҳо макун ва аз он ҳаргиз даст макаш, зеро хар табиатан ба тарафи сабзазор майл мекунад.

Маҳил: раҳо макун.

Гар яке дам ту ба ғафлат воҳилиш,

Ӯ равад фарсангҳо сӯйи ҳашиш.

Агар ту лаҳзае аз ин хари нафс ғофил шавӣ ва ба ҳоли худ вониҳӣ, ӯ фарсангҳо ба ҷониби алафзори шаҳват пеш меравад.

Ҳалидан: раҳо кардан, воҳалидан низ ҳамин маъноро дорад. Ҳашиш: гиёҳи хушк, дар ин ҷо манзур алаф аст.

Душмани роҳ аст хар, масти алаф,

Эй ки бас харбандаро кард ӯ талаф.

Хари нафс душмани роҳи рост асту масти алафзори шаҳавот. Эй муриди шаҳавот! Бидон, ки ин маркаби нафсонӣ бисёре аз шефтагонашро табоҳ кардааст.

Харбанда: он ки тимори хар кунад, маҷозан фармонбардори ҳавои нафс.

Нукта: Дар ин ҷо нафсро ба хар мисол мезанад аз он ҷиҳат, ки майли нафс ба сӯи шаҳвату орзуҳои фурӯмоя аст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.862-863)

Гар надонӣ раҳ, ҳар он чӣ хар бихост,

Акси он кун, худ бувад он роҳи рост.

Агар роҳи ростро намешиносӣ, ҳар чизеро, ки хари нафс онро талабид, баръакси он амал кун, ки ин кор худ роҳи росту сабили рашод аст.

“Шовируҳунна” пас он гаҳ “холифу”,

“Инна ман лам яъсиҳинна толифу”.

Бо занон машварат кунед ва он гоҳ бар хилофи машварати онон амал намоед, ки ҳамоно ҳар кас дар баробари занон саркашӣ накунад ва тобеъи онон гардад, ҳалок шавад.

Нукта: Мисроъи аввал ишорат аст ба як ҳадиси заъиф, ки мегӯяд:

شاوروهن وخالفوهن

Бо занон машварат кунед ва он гоҳ бар хилофи машварати онон амал кунед.” Саховӣ ин ҳадисро дар “Мақосид” заъиф дониста, ҳамчунин Шавконӣ низ дар “Алфавоид” ҳукм ба заъфи он намуда. Бархе аз ҳадиспажӯҳон онро мавзӯъ ва ҷаълӣ донистаанд. Дар мӯътабар набудани ин ҳадис, ҳамин кофӣ аст, ки ҳазрати Паёмбар (с) дар мавориде бо ҳамсарони худ машварат карда ва тибқи машварати онон амал намудаанд. Аксари муҳаддисон ривоятеро ба ин мазмун нақл кардаанд, ки ҳазраташ (с) дар ҳангоми сулҳи Ҳудайбия, бо Умми Салама (р) машварат кард ва бар асоси машварати ӯ амал намуд. Гузашта аз ин, ин ҳадис хилофи сареҳи Қуръони Карим аст, зеро дар Қуръон омадааст, ки ҳазрати Шуъайби паёмбар (с) тибқи раъйи духтараш амал намуд, он ҷо, ки духтараш гуфт:

يَا أَبَتِ اسْتَأْجِرْهُ إِنَّ خَيْرَ مَنِ اسْتَأْجَرْتَ الْقَوِيُّ الْأَمِينُ

Падарҷон! Ӯро (Мӯсоро) истихдом кун; чаро ки беҳтарин касе аст, ки истихдом мекунӣ, ҳам нерӯманд ва ҳам дар хӯри эътимод аст.” (Сураи Қасас, ояти 26)

Аммо чаро Мавлоно, бо вуҷуди заъфи ин ҳадис, онро оварда? Аввалан, Мавлоно дар Маснавӣ аҳодиси заъифу гоҳе ҷаълӣ ҳам нақл кардааст, ӯ бештар маъногаро буд, то санадгаро. Сониян, Мавлоно дар ин ҳикояти тавили аъробӣ ва занаш, мардро киноя аз ақл ва занро киноя аз нафс гирифтааст, ҳамон гуна ки гуфтааст:

Моҷарои марду зан афтод нақл,

Он мисоли нафси худ медону ақл.

Пас, манзури ӯ аз байти боло ин аст, ки тобеъи ҳавои нафс набошед, вагарна, Мавлоно нисбат ба мақому шаъни зан, бас фахиму олист, то бад-он ҷо, ки занро партави Худо ва мазҳари ҳазрати Ҳақ медонад, он ҷо, ки мегӯяд:

Партави Ҳақ аст он, маъшуқ нест,

Холиқ аст он, гӯиё махлуқ нест.

* * *

Бо ҳавову орзу кам бош дӯст,

Чун “юзиллук ан сабилиллоҳ” ӯст.

Бо ҳавои нафс камтар дӯстӣ кун, ки ҳам-ӯ туро аз роҳи Худо гумроҳ мекунад.

Нукта: Мисроъи дуввум ишорат аст ба ояти 26 Сураи Сод:

وَلَا تَتَّبِعِ الْهَوَى فَيُضِلَّكَ عَن سَبِيلِ اللَّهِ

Аз хоҳиши нафс пайравӣ макун, ки туро аз роҳи Худо гумроҳ созад…

Ин ҳаворо нашканад андар ҷаҳон,

Ҳеч чизе ҳамчу сояй ҳамраҳон.

Ҳаво ва хоҳиши нафс басе устувору мустаҳкам аст, ҳеч чиз онро наметавонад дарҳам шиканад, магар сояи авлиёуллоҳ.

Нукта: Пас, Мавлоно дар ин фасл бар лузуми доштани муршиди солеҳу ҳодии лоиқ тасреҳ кардааст. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.863)

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: