Перейти к содержимому

Ҳама чиз дар бораи додгоҳҳои “тафтиши ақоид”

Калисои котулик дар тӯли чанд қарн дар Урупо раҳбарии ҷомеаи масеҳиро бар ӯҳда дошт. Дар қарнҳои 11-12 мелодӣ бархе ақоиди аз назари калисо “мунҳариф” ва мазоҳиби “навпо” дар қаламрави Урупо зуҳур карданд. Ин падида, якпорчагии ҷомеаи масеҳӣ ва иқтидори калисоро ба хатар андохт. Раҳбарони калисо барои мубориза бо ин масъала, ба “тафтиши ақоид” (inquisition)-и масеҳиён ва ба дунболи он, муҷозоти “мунҳарифон” пардохтанд ва аз ин тариқ кӯшиданд то иқтидори калисои котуликро ҳифз кунанд.

* * *

Омилҳои шаклгирии тафтиши ақоид дар калисои котулик

Дар қарни 11-ум, калисои уртудукс (ортодокс)-и шарқӣ бо ҷудоӣ аз калисои котулики Рум, зарбае муҳлик бар иқтидори ин калисо ворид намуд. Албатта, масъала ба ин ҷо хатм нашуд, балки ба мурури замон, гурӯҳҳо ва фирқаҳои мухталифе ба интиқод аз калисои котулик пардохтанд.

Бурузи фирқаҳо ва мазоҳиби гуногун, ташвиши хотири раҳбарони калисоро ба дунбол дошт. Яке аз ин гурӯҳҳо, которҳо (katharoi) дар ҷануби Фаронса буданд, ки худро масеҳиёни ростин медонистанд. Зуҳури ин гурӯҳ, нигаронии амиқеро барои дастгоҳи попӣ ба вуҷуд овард, зеро ин фирқа тавонист аз маҳбубияти қобили таваҷҷӯҳе бархӯрдор шавад ва миёни ақшори ситамдида ва мустазъаф пайравонеро гирди худ оварад. (1)

* * *

Таъсиси додгоҳҳои тафтиши ақоид

Таъсиси фирқаҳо ва мазоҳиби ҷадид ва парокандагӣ дар миёни пайравони калисои котулик, аз як сӯ подшоҳон ва аз дигар сӯ, раҳбарони калисоро дучори воҳима намуд. Аз ин рӯ, подшоҳони кишварҳои масеҳинишин, ҳамроҳу ҳамсӯ бо раҳбарони калисо, ба фикри чорае барои бурунрафт аз ин вазъият афтоданд, ки натиҷаи он, ташкили “додгоҳҳои тафтиши ақоид” буд.

Поп Григурии 9-ум (Pope Gregory IX = Григорий IX)

Агарчӣ маъмулан аз Поп Григурии 9-ум (Pope Gregory IX = Григорий IX) ба унвони бунёнгузори тафтиши ақоид ёд мешавад, аммо ҳақиқат он аст, ки тафтиши ақоид пеш аз вай, ва дар замони Поп Лусиюси 3-ум (Pope Lucius III = Луций III) по гирифта буд. Ӯ дар соли 1184 тайи дастуруламале усқуфҳоро муваззаф намуд, то ба тафтиши ақоид пардохта, аз рушду густариши “бидъатҳо” ҷилавгирӣ намоянд. (2)

Ташкили расмии додгоҳҳои тафтиши ақоид, дар давраи Поп Григурии 9-ум сурат гирифт. Дар замони вай, подшоҳи Орогун (Aragon) дар соли 1226 вуруди “куффор”-ро ба қаламрави подшоҳии хеш мамнӯъ сохт ва ба дунболи ин иқдом, аз Поп Григурии 9-ум дархост намуд, то додгоҳеро таҳти унвони “Додгоҳи тафтиши ақоид” барпо созад. Ин пешниҳоди подшоҳ мавриди мувофиқати Поп қарор гирифт ва аз ин замон, додгоҳҳои тафтиши ақоид ба сурати расмӣ оғоз ба кор намуд. (3)

Ин додгоҳҳо густариш ёфт ва дар манотиқи мухталифи масеҳинишин барпо гардид. Испониё, Пуртуғол, Ҳуланд, Фаронса ва ғайра ҳамагӣ дорои додгоҳҳои маъруфе будаанд, ки номашон дар сафаҳоти торики қуруни вусто рақам хӯрдааст.

* * *

Вазоифи ин додгоҳҳо

Додгоҳҳои тафтиши ақоид мебоист ҳар гуна тахаллуф аз таълимоти калисои котуликро мавриди баррасӣ қарор дода ва муттаҳамонро ба тавба вомедоштанд. Албатта дар бисёре аз маворид, тавба низ кофӣ набуд ва шахси гуноҳкор бояд мутаҳаммили муҷозот мегардид.

Дар яке аз феҳристҳои мунташиршуда, ки дар қарни 15-ум дар Испониё мавриди истифодаи мақомоти додгоҳҳои тафтишӣ буд, гуноҳони зайл ба унвони мавориде, ки бояд муртакибони он таҳти таъқиб қарор гиранд, баршумурда шуда буд:

1) Нисбат додани сифоти нодуруст ба Худованд ва соири авлиёи илоҳӣ;

2) Сеҳр, ҷодугарӣ ва ғайбгӯӣ дар маросим ва ойинҳои динӣ;

3) Кӯмак гирифтан аз аҷинна ва шаётин;

4) Исрор бар гуноҳоне, ки барои онҳо муҷозот дар назар гирифта шуда буд;

5) Инкори бартарии Рум ва сар боз задан аз итоати Поп;

6) Паноҳ додан ба “бидъатгузорон”;

7) Мухолифат бо низоми тафтиши ақоид;

8) Кафну дафни мулҳидон ва касоне, ки ба ҷурми “бидъатгузорӣ” аз сӯи додгоҳҳо маҳкум шудаанд;

9) Худдорӣ кардан аз адои савганд дар додгоҳҳо дар сурате, ки аз онон хоста шавад

… ва ғайра (4)

* * *

Шеваҳои муҷозот

Шеваҳои муҷозот дар ин додгоҳҳо, бисёр мутанаввеъ буд. Навъ ва шиддати шиканҷаҳо дар манотиқи гуногун ва дар замонҳои мухталиф мутафовит буд. Поп Леуи 9-ум (Pope Leo IX = Лев IX) бо ҳар гуна озору азияти “бидъатгузорон” мухолиф буд ва дар мақоми муҷозот, ба такфири онон басанда менамуд (5). Аммо ин шева, давоми чандоне наовард ва аз он пас, шиканҷаи муттаҳамон ба унвони асли ҷудоинопазири додгоҳҳо талаққӣ гардид. Албатта дар авоили фаъолияти ин додгоҳҳо, шиканҷа ва озори муттаҳамон танҳо дар сурате муҷоз шумурда мешуд, ки сабаби хунрезӣ ва ё ҷароҳати доимӣ нашавад, вале ин равия низ ба зудӣ тағйири шакл дод ва дар соли 1256 Поп Олексондри 4-ум (Pope Alexander IV= Александр IV) ин қонунро лағв намуд. (6)

Аз он пас додгоҳҳои тафтиши ақоид дар эъмоли шеваҳои эътирофгирӣ аз муттаҳамон гӯи сибқатро аз якдигар рубуданд. Онон ибтидо аз муттаҳам мехостанд, ки ба ҷурми худ эътироф кунад. Дар сурате, ки вай аз эътироф худдорӣ менамуд, дастури шиканҷаи вай содир мегардид. Маъмурони тафтишӣ пеш аз шиканҷа, ба вай ёдовар мешуданд, ки дар сурати эҷоди ҷароҳат, шикастагии аъзоъ ва ё ҳатто марг, танҳо худи муттаҳам масъул хоҳад буд, зеро аз эътироф ба гуноҳи хеш сар боз задааст. (7)

Сипас шиканҷаҳо оғоз мешуд: хӯрондани миқдори зиёде об аз тариқи қифе, ки дар даҳони муттаҳам қарор медоданд, сӯзондани поҳо, кашидани бадан ба ҳадде, ки аъзоъ ва мафосил пора шавад, нишондан бар рӯи чаҳорпояҳои оҳании доғ, кандани гӯшти бадан бо анбӯри доғ ва шикастани устухон ва ғайра… бахше аз муҷозотҳои роиҷи ин додгоҳҳо буд. (8)

Тоза, эътирофи муттаҳамон дар зери шиканҷа мӯътабар набуд. Аз ин рӯ ибтидо муттаҳамро шиканҷа мекарданд ва сипас ба муддати се соат ӯро ба ҳоли хеш раҳо мекарданд ва он гоҳ аз ӯ мехостанд, то ба гуноҳи худ эътироф кунад. Дар сурате, ки аз эътироф худдорӣ мекард, дубора вайро шиканҷа менамуданд ва боз пас аз гузашти се соат аз вай мехостанд, то ба гуноҳи худ эътироф кунад. (9)

Дар хусуси гуноҳоне, ки муҷозоти марг барои муттаҳам пешбинӣ шуда буд, гуноҳкорро ба ҷаллод месупурданд. Дар ин маворид, расм бар он буд, ки агар муттаҳам ба гуноҳи хеш эътироф менамуд, дар ҳаққи вай “лутф” мешуд. Аммо дар сурате, ки муттаҳам аз эътироф ба гуноҳи хеш ва ибрози пушаймонӣ худдорӣ мекард, ӯро зинда месӯзонданд. (10)

Дар мавриди дафни ҷасади муттаҳамон низ рӯйкардҳои мутафовите вуҷуд дошт. Дар бархе маворид, иҷозаи дафни бадани онон дода намешуд. Дар ин сурат агар касе иқдом ба дафни ҷасади фарди гуноҳкор менамуд, такфир мегардид ва танҳо роҳи раҳоӣ аз бахшоиш он буд, ки мурдаро аз қабр дароварда ва баданашро дур меандохт. (11)

* * *

Машҳуртарин қурбониёни додгоҳҳои тафтиши ақоид

Дар мавриди теъдоди қурбониёни ин додгоҳҳо, омори мӯътабар ва дақиқе дар даст нест. Гуфта шудааст, ки дар тӯли фаъолияти маҳкамаҳои тафтиши ақоид, 340 ҳазор нафар мутаҳаммили анвоъи шиканҷаҳо гардиданд ва 32 ҳазор нафар низ зинда дар оташ сӯхтанд. (12)

Дар ин муддат, афроди машҳуре аз сӯи ин додгоҳҳо маҳкум ба марг гардиданд. Бархе аз шахсиятҳои машҳур, ки тавассути дастгоҳи тафтиши ақоид кушта шуданд, иборатанд аз:

Ҷон Ҳус (Jan Hus = Яе Гус)

1) Ҷон Ҳус (Jan Hus = Яе Гус): ӯ раҳбарии ҷунбиши ислоҳи динӣ дар Прог (Прага)-ро бар ӯҳда дошт. Ҷон Ҳус бар зидди моландӯзии усқуфҳои котулик ва бахшиши гуноҳон тавассути онон таблиғ мекард ва мегуфт, ки заминҳои дар дасти калисоиҳо бояд мусодира шавад. Ӯ худ фарде мазҳабӣ буд ва китобҳои диниро, ки ба забони лотин ва барои мардум номафҳум буд, ба забони чек тарҷума кард ва Попро зидди Масеҳ хонд ва бовар ба гуноҳнопазир будани Попро куфр номид.

Мақомоти калисо аз вай даъват карданд, то дар Шӯрои Кунстонс (Constance) ширкат кунад, аммо пас аз ҳузури вай, ӯро дастгир ва зинда-зинда дар оташ сӯзонданд. (13)

Вилём Тиндил (William Tyndale = Уильям Тиндейл)

2) Вилём Тиндил (William Tyndale = Уильям Тиндейл): Тиндил дар иқдоме шуҷоъона иқдом ба тарҷумаи китоби муқаддас ба забони ангилисӣ намуд. Ӯ ба зудӣ дарёфт, ки Ангилистон макони амне барои фаъолиятҳои вай нест ва ба ҳамин далел ба Олмон рафт, аммо дар соли 1535 тавассути мақомоти шаҳри Онтурп (Antwerp) дастгир шуд ва як соли баъд, дар оташ сӯзонда шуд. (14)

Жон Дорк (Joan of Arc = Жанна д’Арк)

3) Жон Дорк (Joan of Arc = Жанна д’Арк): ӯ духтаре аз табақаи поини ҷомеа ва фарзанди як кишоварзи фаронсавӣ буд. Ӯ дар қарни 15-ум раҳбарии лашкари Фаронсаро дар муқобила бо сипоҳи Ангилистон бар ӯҳда гирифт. Замоне, ки ангилисиҳо мехостанд шаҳри Урлеон (Орлеан)-ро ба тасхири хеш дароваранд, вай бо шуҷоати беназир дар муқобили онон истодагӣ намуд ва муваффақияти қобили таваҷҷӯҳе низ касб намуд.

Жон Дорк иддао кард, ки садои Микоил, фариштаи муқарраби илоҳиро шунида, ки аз ӯ хостааст, раҳбарии фаронсавиёнро дар мубориза бо сипоҳи душман яъне ангилисиҳо бар ӯҳда гирад. Ҳамин иддао сабаби он шуд, ки ангилисиҳо ӯро ҷодугар хонда ва савганд хӯрданд, ки ба ҳар шакли мумкин ӯро дастгир ва муҷозот намоянд. Онон ниҳоятан бо истифода аз ришва тавонистанд Жон Доркро гирифта ва ба муҳокима бикашонанд. Сипас Жон Дорк дар додгоҳи тафтиши ақоид ба ҷодугарӣ муттаҳам гардид ва дар муқобили дидагони мардум сӯзонда шуд. (15)

Ҷурдону Бруну (Giordano Bruno = Джордано Бруно)

4) Ҷурдону Бруну (Giordano Bruno = Джордано Бруно): ӯ як роҳиби думиникан (монах-доминиканец) ва донишманди барҷастае буд, ки дар илми фалсафа, риёзиёт ва ситорашиносӣ дорои шӯҳрат буд. Ӯ дар осори худ, мавзӯъи ҳаракати замин ба даври хуршедро матраҳ намуд ва ба ҳамин далел дастгир гардид. Додгоҳ аз вай хост, то ин назарияро, ки бо таълимоти китоби муқаддас носозгор талаққӣ мешуд, пасгирад, аммо Бруну худдорӣ варзид. Додгоҳи тафтиши ақоид ӯро ба хотири ин “бидъатгузорӣ” маҳкум ва зинда-зинда ба оташ сӯзонд. (16)

5) Фэликс Монз (Felix Manz = Феликс Манц): ӯ, ки аз сарони боптистҳо буд, дар соли 1527 дастгир шуд ва дар об хафа гардид. (17)

Мойкел Сотлер (Michael Sattler = Майкл Саттлер)

6) Мойкел Сотлер (Michael Sattler = Майкл Саттлер): Ӯ низ, ки аз раҳбарони боптистҳо ба шумор меомад, дар ҳамон сол дастгир ва маҳкум ба эъдом гардид. Додгоҳ ӯро ба сахттарин шакл шиканҷа намуд. Ҳукме, ки додгоҳи тафтиши ақоид дар мавриди вай содир намуд, чунин буд:

Мойкел Сотлер ба ҷаллод супурда шавад, то ӯро ба маҳалли эъдом бибарад ва забонашро бибурад, он гоҳ ӯро ба арроба бибандад ва бо анбӯри тафтида ду бор бахшҳое аз баданашро биканад, пас аз ин ки ӯ ба берун аз дарвоза бурда шуд, панҷ бори дигар ба ҳамин шева баданаш дарида шавад…” (18)

Пас аз анҷоми ин шиканҷаҳо, ҷасади нимҷони Сотлерро ба унвони як “бидъаткор” сӯзонданд.

Голилеу Голиле (Galileo Galilei = Галилео Галилей)

7) Голилеу Голиле (Galileo Galilei = Галилео Галилей): ӯ донишманди бузурги қарни 17-ум аст, ба пайравӣ аз нигоҳи куперникӣ, изҳор дошт, ки назарияи заминмеҳварӣ саҳеҳ нест ва ин замин аст, ки ба даври хуршед мегардад. Ин дидгоҳи Голиле, ки мухолиф бо таълимоти китоби муқаддас дониста мешуд, хашми мақомоти калисоро барангехт. Додгоҳи тафтиши ақоид ӯро маҷбур намуд, то барои наҷот аз муҷозот, назарияи худро пасбигирад. Голиле низ, ки барои раҳоии хеш роҳи дигареро намедид, маҷбур шуд назарияи хешро пасгирифта ва ҳамсӯ бо таълимоти калисоӣ эълом дорад: “Ин хуршед аст, ки ба даври замин мегардад.” (19)

* * *

Уфули қудрати калисо ва барчида шудани додгоҳҳо

Бо уфули қудрати калисои котулик, ба мурури замон, ин додгоҳҳо барчида шуд ва шояд битавон охирин кушторҳои ин маҳкамаҳоро ба қарни 18 бозгардонд. Зеро пас аз ин таърих, дигар калисоҳо қудрати пешинро надоштанд.

* * *

Понавишт:

(1) Бакраш Дебуро (Deborah Bachrach), Тафтиши ақоид (The Inquisition), тарҷумаи Маҳдии Ҳақиқатхоҳ, с.20.

(2) Бакраш Дебуро, пешин, с.21.

(3) Фронку Мортинлӣ (Franco Martinelli), Таърихи тафтиши ақоид, тарҷума Иброҳими Сидқиёнӣ, с.12.

(4) Фронку Мортинлӣ, Пешин; С 138 – 139

(5) Вил Дуронт, Таърихи тамаддун, 4/1044.

(6) Бакраш Дебуро, пешин, с.44.

(7) Фронку Мортинлӣ, пешин, с.95.

(8) Бакраш Дебуро, пешин, с.45–50 ва Фронку Мортинлӣ, пешин, с.93–97.

(9) Вил Дуронт, пешин, с.1051.

(10) Керри Вулф, Дар бораи мафҳуми Инҷилҳо, тарҷума Муҳаммади Қозӣ, с.161–162.

(11) Вил Дуронт, пешин, с.1048–1049.

(12) Керри Вулф, пешин, с.165.

(13) Туни Лин, Таърихи тафаккури масеҳӣ, тарҷумаи Роберт Осириён, с.230.

(14) Туни Лин, пешин, с.316–319.

(15) Вил Дуронт, пешин, с.97–104.

(16) Бакраш Дебуро, пешин, с.122–123.

(17) Туни Лин, пешин, с.309–310.

(18) Вурст Вон, Масеҳият аз лобалои мутун, тарҷумаи Ҷаводи Боғбонӣ ва Аббоси Расулзода, с.321.

(19) Вил Дуронт, пешин, ҷ.7, с.712–713.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: