Перейти к содержимому

Ҷунайдулло, маҳакки адолати ҳокимияти додгоҳӣ дар Тоҷикистон (тасовир)

Имрӯз додгоҳи фарҷом (суди кассатсионӣ) раъйи худро роҷеъ ба парвандаи Ҷунайдулло Худоёров эълон хоҳад кард. Ба эътиқоди бисёре, раъйи ин додгоҳ, дар воқеъ маҳакке аст барои нишон додани ин воқеият, ки оё қувваи қазоия (ҳокимияти додгоҳӣ) дар Тоҷикистон мустақил будааст, ва оё ҳукмҳое, ки додгоҳ содир мекунад, одилона будаанд ё на?

Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон (КШНГЗ), аз як ҳафта пеш корзоре (кампине)-ро дар шабакаҳои иҷтимоӣ барои озодии фаъоли иҷтимоии тоҷик, Ҷунайдулло Худоёров роҳандозӣ кардааст.

Лозим ба ёдоварӣ аст, Ҷунайдулло Худоёров касе аст, ки ба интиқодҳояш аз мақомоти маҳаллии ноҳияи Рашт ва матолибе, ки дар бораи фасоди онҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ мегузошт, маъруф шуда буд. Аммо шигифтовар ин, ки додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт дар 31 августи соли ҷорӣ ӯро бо ҷурми “ташкили фаъолияти ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ)-и Салафия”, ба муддати 5 сол аз озодӣ маҳрум кард. Дар ҳоле, ки ҳам Ҷунайдулло ва ҳам наздиконаш, ба шиддат ин иттиҳомро рад кардаанд. Ба илова, муллое ҳам, ки Ҷунайдуллоро ба “салафият” муттаҳам карда буд, дар номае эълом кардааст, ӯ аз ин иттиҳомаш даст бардоштааст.

Муҳаммадиқбол Садриддин, узви Шӯрои Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ, дар барномаи видеоие, ки дирӯз мунташир кард, зимни ироаи гузориш аз раванди корзори ин кумита, гуфт, ки агар додгоҳи фарҷом (суди кассатсионӣ) фардо дар мавриди Ҷунайдулло як ҳукми одилона набарорад ва ӯ озод нашавад, ин кумита ба корзори худ идома дода ва ба иқдомҳои дигаре рӯй хоҳад овард, аз ҷумла ин ки тамоми ҳақоиқро дар бораи мақомоти маҳаллии ноҳияи Рашт, ки пушти ин ҳукми ноодилона қарор доранд, ифшо хоҳад намуд.

 

Абдусаттор Бобоев, раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар Тоҷикистон, дар хусуси расидагӣ ба парвандаи Ҷунайдулло Худоёров тавассути додгоҳи фарҷом (суди кассатсионӣ), ки имрӯз баргузор хоҳад шуд ва низ корзор (кампин)-и ин кумита дар бораи озодии ӯ гуфт: “То ҷое, ки мо шоҳидем, аҳкоме, ки додгоҳҳои Тоҷикистон нисбати мухолифон ва фаъолони сиёсӣ содир мекунанд, ҳамеша ғайриодилона будааст ва ҳаст. Бинобар ин, агар мардум бетараф бошанд ва эътирозҳое алайҳи ин зулму ноадолатиҳо накунанд, маълум аст, ки ҳукми Ҷунайдулло бетағйир боқӣ мемонад.”

Ӯ афзуд: “Хушбахтона имрӯзҳо мо шоҳиди мавҷи эътирозоти мардумӣ ҳастем дар шабакаҳои иҷтимоӣ нисбат ба қазияи Ҷунайдлулло Худоёров, ва Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ ҳам, ба навбати худ, анҷоми чунин эътирозҳоро як қарзи худ медонад ва аз мақомоти судии кишвар талаби озодии Ҷунайдуллоро мекунад.”

Раиси Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ дар идома изҳор дошт: “Шахсан ман умедворам, ки Ҷунайдулло фардо озод хоҳад шуд, зеро алайҳи ӯ ҳеч шавоҳиде вуҷуд надорад ва имоми масҷиде, ки алайҳи Ҷунайдулло шоҳидӣ дода буд, дар номае, ки ба номи раиси ҷумҳур фиристода буд, ҳамаи он иттиҳомҳоро рад кард ва баён намуд, ки ҳамаи он иттиҳомот таҳти фишор аз ӯ гирифта шудааст ва Худоёров ҳеч гуноҳе надорад.”

Абдусаттор Бобоев дар посух ба ин пурсиш, ки “агар Ҷунайдулло озод нашуд, иқдомҳои баъдии кумита чист” гуфт: “Дар сурати озод нашудани Худоёров, кумита аввал ба ҳамаи созмонҳои ҳуқуқи башар ва кишварҳое, ки дар онҳо каромати инсон ҳифз мешавад, муроҷиат хоҳад кард, ва албатта як саре иқдомҳои тоза ҳам дар назар дорем анҷом диҳем, ки инро баъдан эълом хоҳем кард.”

Таҳдидҳои гуногуне, ки дар хилоли ин ҳафта аз сӯи афроди вобаста ба ҳукумат ба фаъолони Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ шудааст, ҳикоят аз ин дорад, ки фаъолияти ин кумита ва корзорҳое, ки то кунун дар қазияҳои мухталифе анҷом додааст, таъсири худро гузоштаанд.

Аз ҷумла, ба Муҳаммадиқбол Садриддин, узви Шӯрои ин кумита ва масъули роҳандозиҳои корзор дар шабакаҳои иҷтимоӣ, чанд бор аз дохил тамос гирифта ва гоҳе ӯро таҳдид ва ҳатто гоҳе барояш ваъдаҳое додаанд.

Ҳамчунин Сулаймони Орзу, фаъоли ин кумита ва масъули флэшмоб низ, таҳдид шуда. Ӯ, дар як гуфтугӯ, бо ишора ба ин таҳдидҳо гуфт: “Ба ман, авввал насиҳат карданд, ки набояд ба сиёсат дахолат кунам ва даст аз корҳоям бардорам, ва сипас вақте диданд, ки ба корам идома медиҳам, аз тариқи сабт ба мессенҷерам паём фиристода ва таҳдидам карданд, ки онҳо дар Аврупо ҳастанд ва ҳар вақт хоҳанд, омада биниамро мешикананд. Ман ин сабтҳоро дорам, ки агар лозим шуд, мунташир мекунам.”

Вай афзуд: “Вақте диданд, ки ба ҳеч як аз таҳдидҳояшон таваҷҷӯҳ намекунам, ба ман паём фиристоданд, ки агар аз ин корҳо даст кашам ва ба кишвар баргардам, бароям ҳар мансабе, ки хоҳам, медиҳанд.”

Сулаймон Давлатов, фаъоли сиёсӣ ва иҷтимоии тоҷик низ дар як барномаи видеоӣ, хитоб ба мақомоти додгоҳии Тоҷикистон гуфт, ки фардо мардум нигоҳашон ба шумост, ки оё адолатро риоя мекунед ё на?

 

Тасовире аз корзори Кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсӣ барои озодии Ҷунайдулло Худоёров:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: