Перейти к содержимому

Додситони кулли Арабистон хостори эъдоми Салмон Алъавда шуд

Додгоҳи Арабистони Саудӣ ҷаласаи муҳокимаи Салмон Алъавда, донишманди арабистониро ба таъхир андохт.

Абдуллоҳ Алъавда, писари Салмон Алъавда, дар Твиттери худ навишт, додгоҳ ҷаласаи муҳокимаи падарашро ба таъхир андохтааст. Арабистони Саудӣ Алъавдаро, ки муовини дабири кулли Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон аст, ба анҷоми 37 “ҷиноят” муттаҳам кардааст; «ҷиноятҳое», ки шояд фақат дар Арабистони Саудӣ ҷиноят шумурда шавад.

Додситони кулли Арабистон хостори эъдоми Салмон Алъавда ба хотири ин “ҷиноятҳо” шудааст.

Мақомоти Арабистон ин донишманди арабистониро, ки яке аз боризтарин уламои салафияти иҷтиҳодӣ маҳсуб мешавад ва дар айни ҳол мавозеъи тунде ҳам алайҳи хонадони Оли Сауд дорад, дар моҳи сентябри 2017 ба ҳамроҳи чандин мубаллиғ, нависанда ва фаъоли дигар бо муттаҳам кардани онҳо дар парвандаи маъруф ба “бонди иттилоотӣ” боздошт карданд.

Қонуни Арабистони Саудӣ иҷозаи интишори ҷузъиёти ҷаласоти муҳокимаи муттаҳамонро то замоне, ки ҳукми ниҳоии қазоӣ барои онҳо содир нашуда, намедиҳад, аммо ҷаласоти додгоҳҳо бо ҳузури афроде аз хонаводаи Алъавда ва теъдоде аз намояндагони расонаҳои дохилӣ ва ҳайати ҳуқуқи башари Арабистон баргузор мешавад.

Гузоришҳои расонаии хориҷ аз Арабистон ҳокӣ аз он аст, ки таъхир дар ҷаласаи додгоҳ ба дархости додситони кулл анҷом шуда ва ҷаласаи муҳокимаи баъдӣ 10-уми декабр баргузор хоҳад шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: