Перейти к содержимому

Сайфулло Сафаров: “Иззат! Изатти худ нигоҳ дор, то дар Амон бошӣ!”

Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти истротежики Риёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вокуниш ба тарҳи роҳандозии шабакаи телевизиюнии интернетӣ аз сӯи фаъоли иҷтимоӣ, Иззат Амон дар Русия, бо лаҳне таҳдидомез хитоб ба ӯ гуфтааст: “Иззат! Изатти худ нигоҳ дор, то дар Амон бошӣ!”

Иззат Амон, фаъоли иҷтимоии тоҷики муқими Русия, дар ёддоште дар ҳисоби корбарии худ дар Фейсбук, бо эъломи тасмими худ мабнӣ бар роҳандозии як шабакаи телевизиюнии интернетӣ дар Русия навиштааст: “Тими кории мо тасмим дорад ба наздикӣ интернет телевиденияе бо номи МИГРАНТ- ТВ ба роҳ андозад, ки 24 соат аз навигариҳои дунёи муҳоҷират хабар пахш намояд. Аз ҳамаи шумо дӯстони қандам барои шурӯъи ин иқдоми хайр як дуои нек хоҳишмандам.

Ин тасмим, бо истиқболи бисёр гарми корбарони тоҷик дар фазои маҷозӣ рӯ ба рӯ шуда. Дар ин миён аммо Сайфулло Сафаров, муовини аввали раиси Маркази таҳқиқоти истротежики Риёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вокуниш ба ин тасмими Иззат Амон навишта: “Иззат! Изатти худ нигоҳ дор, то дар Амон бошӣ! Агар аз муҳоҷирон ба манфиати террористон истифода барӣ, медонӣ, ки оқибат чист!

Иззат Амон, дар посух ба ин мавзеъгирии ҷаноби Сафаров, хитоб ба ӯ навишта: “Террорист гуфта киро дар назар доред? Наход 2 миллион муҳоҷири бечораю бекасу бесоҳиб, барои шумо террорист бошанд? Аҳсант ва офарин ба бардоштатон! Агар шумо ба ҳайси як корманди ниҳоди давлатӣ чунин назар ба шаҳрвандони худатон дошта бошед, пас вой бар ҳоли он давлату он кишвар!

Вай афзуда: “Мегӯянд, илм инсони дигаре месозад ва тамаддуну пешрафт эҷод менамояд. Сатҳу бинишу ҷаҳонбинии шумо ва ҳамқадаҳонатонро, ки доктору пурфусуру дигару дигар ҳастед дида ростӣ ба ин теурӣ шак пайдо мекунам.”

Ҷаноби Сайфулло Сафаров дар ҷавоби Иззам Амон, бори дигар бо лаҳни таҳдидомез навишта: “Худо ба ту як бор нишон дод, ки аз роҳи хато баргард. Агар нафаҳмидӣ, аз Ватан дигар шикоят накун, ки ту беватанӣ! Ва чун торҳои тортанак то метанӣ. Ва чун кирдори худ торҳои бофтаатро худ меканӣ.”

Сипас Иззат Амон дар посух изҳор дошта: “Сафаров! Як корманди илмӣ ин тавр ҳарф намезанад. Ту ягон подабон нестӣ ку. Дар сатҳи мушовири раисиҷумҳур ҳисоб меравӣ. Ба Худо шармам омад!

Вай афзудааст: “Сафаров! Ман ҷавоби ин таҳдидҳоро “просто так” намемонам. Ба Худо қасам, дар трибунҳои байналмиллалӣ хоҳам даъво кард.”

Дар ҳамин росто пойгоҳи Кимиёи саодат гуфтугӯе бо Иззат Амон тартиб дод, ки бад-ин шарҳ аст:

— Чаро ин тарҳ ҷаноби Сафаровро барошуфтааст?

— Бубинед, мо ҳадаф доштем қабл аз созмондиҳии телевизион, ки ҳудуди 90 дарсади корҳояш анҷом шудааст, аз ҳукумати Тоҷикистон низ кӯмак бихоҳем. Мехостем телевизионе шавад, ки танҳо масоили муҳоҷират ва роҳи ҳаллҳои он, дар ин телевизион бозтоб пайдо кунанд. Ҳанӯз ба коре даст назада ва ба ҷуз дуои хайр аз мардум хостан коре накарда, ки бонги таҳдид аз ин сӯ ба мо садо дод. Он ҳам аз ҷониби касе, ки аслан интизорашро надоштем; аз ҷониби Маркази таҳқиқоти истротежики Риёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон, он ҳам аз ҷониби муовини аввали ин ниҳоди давлатӣ, ки салоҳияти мушовараи раисиҷумҳурро ба ӯҳда дорад, ҷаноби Сайфулло Сафаров.

Иззат Аммон, фориғутаҳсили Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ва Окодемии диплумосии Вазорати умури хориҷаи Русия, номзади улуми сиёсӣ. Ӯ поённомаи худро таҳти унвони “Ташкилоти Уруосиё; равандҳо ва ҳалли мушкилот” дар Окодемии дастгоҳи Риёсати Ҷумҳурии Русия дифоъ кардааст. Дар ҳоли ҳозир, дар ҳамин окодемӣ дар мақтаъи дуктурои (докторантӣ) машғули таҳсил аст ва ҳамзамон раҳбарии ташкилоти ғайридавлатии “Маркази ҳимоя аз ҳуқуқи инсон”-ро бар ӯҳда дорад. Акс аз пойгоҳи интернетии Родию Озодӣ.

Аммо барои чӣ ин тасмим ҷаноби Сафаровро барошуфтааст, имкон дорад далелаш ширкати банда дар нишасти ОБСЕ дар Варшав бошад, он ҷо, ки мо бо мухолифин сӯҳбату саломалейкҳо доштем. Дар ҳоле, ки таъсиси телевизиони махсуси муҳоҷирони тоҷик ҳатто корро барои ҳукумат осон мекунад. Чун масоили муҳоҷират рӯз то рӯз мушкилзо мегардад ҳатто барои ҳукумати Тоҷикистон низ, ва мо хостем дар ин ҷодда кӯмаке барои бардоштани ин мушкил, ки ба ӯҳдаи ҳукумати Тоҷикистон аст намоем.

— Оё шумо худро ҷузъи мухолифони ҳукумат мешуморед?

— Ман худамро ҷузъи мухолифон намешуморам. Зеро гумонам ин аст, ки кор дар дохил, судмандтар аз фаъолият дар хориҷ аст. Ман ҳамеша дар хидмати мардум будаму ҳастам. Вале ингор барои баъзе аз “сарсупурдаҳо” ва кормандони ғайриҳирфаӣ ва дур аз воқеият, фарқе надорад ту кӣ ҳастӣ ва чӣ кардаӣ. Вақте мушкилеро матраҳ кардӣ, зуд тамғаи террористӣ ба ту мезананд. Мутаассифам, ки дар ниҳодҳои давлатии мо чунин нафарон ҳастанд ва кам ҳам нестанд. Рӯз то рӯз шумори чунин нафароне, ки агар гӯянд салларо биёр, калларо меоранд зиёд мегардад. Ин аст, ки дар кишвар ҳарҷу марҷ рӯз аз рӯз меафзояду мардум рӯ ба муҳоҷират меоранд.

— Оё шумо тасмим доштед дар ин шабака масоили сиёсиро ҳам матраҳ кунед?

— Аслан! Агар қарор бошад масоили сиёсиро матраҳ намоем, тасмим намегирифтем, ки ба ҳукумати Тоҷикистон ва ҷаноби Рустами Эмомалӣ муроҷиа намоем.

— Манзури ҷаноби Сафаров, ки мегӯяд: “Худо ба ту як бор нишон дод, ки аз роҳи хато баргард” чист?

— Манзури эшон даъвати хонаводаи ман аз ҷониби кормандони УБОП ва ё ҳамон шӯъбаи корҳои дохилии мубориза бо ҷиноятҳои созмонёфта мебошад. Зеро ахиран нафаре омада ба сари модари ман доду фарёд карда, мехостааст хонаводаи маро ба УБОП барад. Эшон аз “Худо ба ту нишон дод”, дақиқан ҳамонро дар назар дорад.

— Ин ки шумо дар ҷавоби эшон гуфтаед: “Ман ҷавоби ин таҳдидҳоро “просто так” намемонам, ба Худо қасам дар трибунҳои байналмилалӣ хоҳам даъво кард”, оё ин кор ба назаратон ҷавоб медиҳад яъне натиҷа хоҳад дод?

— Албатта натиҷа медиҳад. Ман кӯшиш хоҳам кард, то натиҷа диҳад. Бубинед, ташкилотҳои байналмилалӣ донорҳои аслии ҳукумати Тоҷикистон мебошанд. Яке аз шартҳои ҷудо кардани маблағ низ ҳамин аст, ки ҳукумати Тоҷикистон воқеан пойбанди созу корҳои демукросӣ бошад. Вале чуноне ки мебинем, воқеият чизи дигар аст. Ман аҳамият намедодам агар ин таҳдид аз ҷониби кормандони амниятӣ ва ё дохилӣ сурат мегирифт. Аммо вақте як ниҳоди фикрӣ ба як пешниҳоди беғараз ва танҳо ба манфиати 2 миллион мардуми муҳоҷир равонашуда чунин вокуниш нишон медиҳад, пас бароям қобили тасаввур нест, ки ниҳодҳои қудратӣ ин пешниҳодро чӣ гуна хоҳанд пазируфт!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: