Перейти к содержимому

Сукути Тромп “оромиши қабл аз тӯфон” аст?

Ёддошти Абдулборӣ Атвон, сардабири рӯзномаи фароминтақаии Раъюл-явм

Рӯзи чаҳоршанбе, як моҳ аз терури Ҷамол Хошуқҷӣ, рӯзноманигори арабистонӣ дар консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истонбул гузашт, ва танҳо воқеияти собит то кунун ин аст, ки вай зинда вориди консулгарии кишвараш шуд ва аз он ҷасади бетаҳаррук берун омад, аммо масъалае, ки муаммои ҳайратбарангезе боқӣ монда вазъи ин ҷасад аст, ки тикка-тикка шуда ё комил аст? Оё бо сар аст ё бидуни сар? Ва чӣ касе дастури қатли вайро дода ва қисмати поёнии ин сериёл чӣ гуна хоҳад буд?

Ҳукумати Арабистони Саудӣ эътироф кард, ки ҷинояти қатл дар амал дохили консулгарӣ рух додааст ва “тими марг”-и муташаккил аз 15 нафарро масъули иҷрои ин қатл муаррифӣ кард, вале ҳамаи дархостҳои Туркия барои фош кардани номи муздури маҳаллӣ, ки ҷасадро таҳвил гирифт ва коре, ки бо он кард ва номи шахсе, ки дастури иҷрои қатлро дод, рад кард. Аз тариқи баррасии шевае, ки ҳукумати Арабистони Саудӣ бо ин ҷиноят таъомул мекунад, пурвозеҳ аст, ки Арабистон бар ин бовар аст, ки эътироф ба қатл, хатараш камтар аз фош кардани макони ҷасад ва вазъияти он аст; зеро паёмадҳое дорад, ки чӣ басо бар кулли режими кунунии Арабистон бозтоб хоҳад дошт ва масъулони бисёр бузургеро дар ин кишвар сарнагун хоҳад кард.

* * *

Мо бар ин бовар нестем, ки Раҷаб Тайиб Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия, ба посухе ба ҳеч кадом аз ин пурсишҳо дар бораи макони ҷасад ё фарде, ки дастури қатлро содир кард, аз Саъуд Алмуъҷиб, додситони кулли Арабистон, ки дар Туркия ба сар мебарад бирасад; зеро ба соддагӣ бояд гуфт, ки Алмуъҷиб макони ҷасадро намедонад ва ҷуръат надорад, ки ангушти иттиҳомро ба самти шоҳзода Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ нишона биравад; интизор ва хостае, ки раисиҷумҳури Туркия дорад.

Ардуғон, бо ин гуфта бо додситони кулли Арабистон рӯ дар рӯ шуд: “Бояд ин масъаларо ҳал кунем ва далеле барои вақткушӣ нест, ва ин ғайримантиқӣ аст, ки одамҳои хоссеро наҷот дод!” Ва инро дар ишора ба шоҳзода Муҳаммад бен Салмон гуфт, вале ҳамин хостаҳоро метавон аз Ардуғон, раисиҷумҳури Туркия хост, ки ваъдаи фош кардани воқеиятҳоро дод ва бархе манобеъи наздик ба вай таъкид карданд, ки ӯ фойлҳои савтӣ ва тасвирӣ дорад, ки бар чигунагии вуқӯъи ин ҷиноят таъкид мекунад ва шуморе аз масъулон аз онҳо огоҳ шуданд, ки охиринашон хонум Ҷино Ҳоспил (Gina Haspel), раиси дастгоҳи иттилооти марказии Омрико буд, ки ду ҳафта пеш ба Онкоро сафар карда буд. Ҳоспил низ билофосила пас аз бозгашт ба Омрико, онҳоро ба раисаш Дунолд Тромп таҳвил дод ва Тромп низ аз он замон ба баъд, сукут ихтиёр кардааст ва умедворем, ки Худованд гиреҳи забонашро бигушояд!

Саудиҳо 18 муттаҳамро барои муҳокимаашон дар додгоҳҳои Туркия таҳвил намедиҳанд ва макони ҷасадро ҳам фош намекунанд ва Ардуғон ин воқеиятро ба хубӣ медонад, аммо пурсише, ки дар ин ҷо матраҳ мешавад ин аст, ки чаро вай бар матраҳ кардани ин хостаҳо исрор мекунад ва чаро воқеиятҳоро, ҳамаи воқеиятҳоро, ба шакли комил фош намекунад?

Манобеъи туркияӣ бори дигар ба силоҳи дарз додани иттилоот ба берун рӯй оварданд ва боризтарин чизе, ки ду рӯз пеш ба берун дарз доданд, вуҷуди феҳристи терур тавассути масъулони ҳукумати Арабистони Саудӣ аст, ки дар ин феҳрист мухолифони саудии дигаре дар чанд макон аз ҷумла Туркия, кишварҳои урупоӣ ва ховари миёнаӣ вуҷуд доранд ва тарафе, ки пушти тарҳҳои терурҳо қарор дорад, бо дастгоҳҳои иттилоотии Омрико, Миср, режими Исроил ва Аморот ҳамкорӣ мекунад. Бар асоси ин иттилоот, яке аз фаслҳои ин тарҳи терур, ҳадаф қарор додани шахси Ардуғон будааст. Вале ин иттилооти дарзкарда ба берун, бар хилофи иттилооте, ки қаблан ба берун дарз кардааст, ғарқ дар масоили умумӣ шудааст ва ҳеч номеро матраҳ накардааст, ба ҳамин далел мавриди шакку тардид қарор дорад.

Масъалаи қатъӣ ин аст, ки масъулони ҳукумати Арабистони Саудӣ ва ба таври хосс шоҳзода бен Салмон, аз марҳилаи ҳуҷум ба марҳилаи дифоъ рӯй овардаанд ва дар пардохтан ба бисёре аз парвандаҳои минтақаӣ инъитофпазиртар шудаанд ва қавитарин силоҳи худ яъне пулро барои ҷазби ҳампаймонон дар канори худ барои рӯёрӯӣ бо ин бӯҳрон истифода мекунанд; бӯҳроне, ки таҳдиди вуҷудӣ барои Арабистон ба шумор меравад, ки то кунун бо чунин бӯҳроне мувоҷеҳ нашудааст; зеро сарнахҳои он дар ҳам фурӯ рафта ва тарафҳои ҷаҳонӣ дар он даргир шудаанд.

* * *

Муҳимтарин таҳаввул дар парвандаи Хошуқҷӣ на фақат басиҷи расонаӣ пушти ин парванда ба манзури зинда нигаҳ доштани он барои муддати тӯлонитар аст, балки зуҳури назарияи ҷадиде аст, ки боризтарин таблиғкунандагони он Илиут Обромз (Elliott Abrams), намояндаи ҷумҳурихоҳи маҷлиси Омрикост, ки яке аз масъулони давлати Ҷорҷ Буши писар буд, ва ин назария тарафдорони бисёре дар Кунгра ва дар васати нухбагони сиёсӣ ва иқтисодии Омрико дорад. Ин назария ҳарф ба ҳарф мегӯяд, ки таваққуфи фурӯши таслиҳот ба Арабистони Саудӣ — ҳамон тавр, ки бисёре мехоҳанд — роҳи ҳалл нест, балки тағйирот дар низоми Арабистони Саудӣ роҳи ҳалл аст. Зеро гузинаи аввал яъне таваққуфи фурӯши таслиҳот, ба нафъи Эрон ва кишварҳое монанди Чин ва Русия аст, ки омодаи пур кардани халаъи Омрико дар ин замина ва касби садҳо милёрд суд аз хазонаи Арабистони Саудӣ ҳастанд.

Ҳамон тавр, ки бархе дар Вошингтун мегӯянд, сукути Тромп чӣ басо оромиши қабл аз тӯфон аст, зеро ба бовари инҳо, талош барои наҷоти “дӯсташ” яъне шоҳзода бен Салмон, ба роҳи тақрибан баста расидааст ва дастгоҳи ҳокимаи Омрико омодаи рӯёрӯӣ бо Тромп ва чӣ басо танг кардани ҳалқа ва таноби дор даври гардани риёсати ҷумҳуриаш аст.

Мо мунтазири ду масъалаи муҳим ва асосӣ дар ин парванда ҳастем: аввал, ҷасад ва сарнавишти он, ва дуввум, ваъдаҳои Ардуғон барои фош кардани ҳақиқат ба таври комил ва интишори мадорики забтшуда бо садо ва тасвир аст. Умедворем, ки интизори мо чандон тӯл накашад, он вақт барои ҳодисае ҳадисе аст.

Raialyoum

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: