Перейти к содержимому

Жириновский ва мақомоти сиёсии тоҷик

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Истиқболе, ки аз Владимир Жириновский, сиёсатмадори рус, аз сӯи мақомоти Тоҷикистон дар кишвар сурат гирифт, камсобиқа буд, гӯӣ подшоҳ ё раисиҷумҳури як кишвар ба сарзамини мо қадам ранҷа фармуда бошад.

Пурсиши асосӣ ин аст, ки оё ин истиқбол, танҳо ҷанбаи “расмӣ” дошт? Ба ин маъно, ки ба мақомот дастур шуда, ки аз ин одам хуб истиқбол ба амал оваранд ва онҳо ҳам чорае ҷуз фармонбардорӣ аз ин дастур надоштанд? Ё на, фориғ аз ин ҷиҳат, ин истиқбол бархоста аз як навъ “ишқу алоқае”, ки ба ин сиёсатмадори рус доранд ва ӯ назди онҳо як “чеҳраи маҳбуб” будааст низ мебошад?

Ба назарам, фарзи дуввум дуруст аст, яъне ҷаноби Жириновский назди мақомоти сиёсии мо, воқеан аз як “маҳбубият” бархӯрдор будааст ва ба ӯ “ишқу алоқаи вежае” доштаанд; чӣ агар фақат ҷанбаи “расмӣ” дошта ва тибқи дастур мебуд, фикр накунам истиқболи ӯ бо ин ҳама “ҳарорат” ҳамроҳ мешуд, балки ҳамон шаклу суратеро дошт, ки маъмулан аз як намояндаи порлумон ва ё як вазир истиқбол мешавад; дуруст мисли истиқболе, ки ҳафтаи пеш аз як мақоми сиёсии омрикоӣ сурат гирифт, ки на бо нону намак ба истиқболаш омаданд ва на либоси миллӣ бар танаш карданд ва на барояш пуртре ва ҷашну базме ороста ва ӯро водор ба рақсидан намуданд.

Бо таваҷҷӯҳ ба ин воқеият, пурсиши дигаре, ки матраҳ мешавад ин аст, ки чаро нухбаҳои сиёсии тоҷик ба ин мардак, ки бо мавозеъ ва дидгоҳҳои аҷибу ғарибаш маъруф аст ва ӯро ба унвони як сиёсатмадори ҷанҷолӣ ва авомфиреб (демагог) мешиносанд ва мардуми зиёде дар кишвари худаш аз ӯ мутанаффиранд, ишқу алоқа доранд? Мавозеъи хасмонааш нисбат ба тоҷикҳо ва муҳоҷирони тоҷик ва танаффураш аз онҳо, ки маъруф аст, ҷойи худ! Сабаби ин ҳама ишқу алоқа ва маҳбубияти ӯ назди мақомоти мо, реша дар чӣ чиз дорад?

Дар ин навиштор, ба решаёбии ин ишқу алоқа мепардозем.

* * *

Ёфтани решаҳои ишқу алоқа ба сиёсатмадороне назири Жириновский, чандон сахту душвор нест. Кофист як огоҳии бисёр мухтасар аз равоншиносии иҷтимоӣ (социальная психология) дошта бошед. Аз назари равоншиносии иҷтимоӣ, як сиёсатмадори авомфиреб (демагог), танҳо назди мардуме маҳбубият пайдо мекунад, ки эҳсосотӣ ҳастанд, бар мабнои ақлу хирад тасмим намегиранд, балки барангезандаи тасмимҳо, мавзеъгириҳо ва довариҳояшон, ҳамеша ин отифа ва эҳсосоти онҳо будааст, на ақлу хирадашон. Ҷорҷ Сонтоёно (George Santayana), файласуф, шоир ва румоннависи машҳури испониёӣ, ҷумлаи маъруфе дорад. Ӯ мегӯяд: “Мардум, асири эҳсосотанд ва ба соддагӣ метавон онро барангехт; мардуме, ки андеша намекунанд, вале қудрати тағйир доранд, бояд аз онҳо ҳаросид…” (Ба нақл аз мақолаи “Популизм ба забони содда” ба қалами Ҳусайн Холиқӣ)

Як сиёсатмадори авомфиреб, бо огоҳӣ аз ҳамин вежагии тӯдаи мардум (яъне доро будани қудрати тағйир) аст, ки ҳамвора “бо баёноте ҳаяҷоновар ва шӯрангез, эҳсосот ва авотифи ононро таҳрик мекунад ва бо такя бар ҳамин шӯру ҳаяҷони авом, онҳоро нисбат ба муддаъои худ мутақоъид мекунад.” (Вожаҳои сиёсӣ, Хусрави Рӯзбеҳ, вожаи “Demagogue”)

Сиёсатмадори авомфиреб ҳамеша худро монанди мухотабонаш нишон медиҳад (масалан ҳар ҷо омад, мегӯяд, ҷадди чандуминам фарзанди минтақаи шумо будааст ва аз ин қабил ҳарфҳо) ва “чун ағлаб дорои коризмои қавӣ аст, мухотабонаш аз ӯ бут месозанд… Сиёсатмадори популист бо гароиши сатҳӣ ва ғайриилмӣ ба матолиби мавриди назараш мепардозад, ӯ ба матолиби печида таваҷҷӯҳе нишон намедиҳад, аз таҳлили илмӣ сар боз мезанад, ба масоили боаҳаммияти воқеӣ намепардозад, ва агар ишорае ҳам ба онҳо кунад, танҳо дар ҷиҳати камаҳаммият ҷилва додани онҳост, чаро ки тарҳи чунин матолибе, ба нафъи ӯ нест…” (Авомфиребӣ ва бозтавлиди нодонӣ, Алиризо Сидқӣ)

* * *

Пас, ҳар ҷо мардумеро дидед — чӣ дар Тоҷикистон бошад, чӣ дар Омрико бошад, чӣ дар Бразилиё бошад, чӣ дар Эрон бошад, чӣ дар ғайри инҳо — ки нисбат ба як сиёстмадори авомфиреб ва популист “ишқу алоқа” дошта ва ӯ назди онҳо “маҳбуб” ва барояш эҳтиром қоил бошанд ва бо нону намак аз ӯ истиқбол ва барояш ҷашну базм биороянд ва дӯст дошта бошанд ҳамроҳаш бирақсанд, бидонед, он мардум, мардуме будаанд эҳсосотӣ ва нодон, ки ҳаракоту саканоташон ҳамеша ношӣ аз эҳсосоту авотифашон будааст ва ақлу хирадашон муъаттал.

Тоза, мусибат замоне дучандон аст, ки он сиёсатмадори авомфиребу популист, аз худашон набошад, балки як ғариба ва бегона бошад. Ин ҷо дигар мусибат воқеан дучандон ва балки садчандон аст. Агар барои як рус – он ҳам аз ҷинси нодонаш албатта – Жириновский маҳбубият дошта бошад, ин то ҳадде қобили фаҳму ҳазм аст, чун билохира ҳар чи ҳаст, аз худаш аст, аммо вақте як тоҷик, он ҳам як нухбаи сиёсии тоҷик, нисбат ба фарде мисли Жириновский, ки ҷуз душманӣ ва хусумат аз ӯ надида, “ишқу алоқа” пайдо кунад ва ӯ барояш “чеҳраи маҳбуб” бошад, ман ҳеч тафсире барои ин кунишу рафтор намеёбам, ҷуз худбохтагӣ, ҷуз худкамтарбинӣ, ҷуз хештанро ҳечу пуч донистан, ҷуз беҳувиятӣ. Агар азизон тафсире барои ин рафтор дошта бошанд, лутф кунанд ва бароям бигӯянд!

Ин ҳам, ки гуфта мешавад, ӯ як меҳмон аст ва меҳмоннавозӣ расми мост ва “расми хуби тоҷиконро гум макун”, ин як “тавҷеҳи” бисёр бемазза аст. Зеро, ҳамон тавр ки дар боло арз шуд, агар аз ӯ мисли як намояндаи порлумон ва ё як вазир истиқбол мешуд, ҳеч эроде надошт ва балки бояд чунин бошад, аммо қарор нест мо, тоҷикҳо аз ҳамаи “меҳмонони” худ ба ин шаклу сурат меҳмоннавозӣ кунем.

Ва ин нуктаро ҳам арз кунам, ки касоне, ки гумон мекунанд, аз ин пас диди ин мардак нисбат ба тоҷикон тағйир мекунад, ин ҳам як хобу хаёл аст, зеро диду нигоҳу мавозеъи ин мард маъруф аст, ҳар чи манофеъу масолеҳи кишвараш иқтизо кунад, ҳамонро мебинад. Албатта, ҳанӯз хоки Тоҷикистонро тарк нокарда, таклифи ҳамаи мову шуморо муайян кард ва ҷавоби ин ҳама меҳмонавозиҳоро дод. Гуфт, тасмим дорад дар Тоҷикистон давраҳои омӯзишӣ, ки дар онҳо созу корҳои “муҳоҷирати корӣ” ёд дода мешаванд роҳ биандозад, то фарзандони мо ҳар чи беҳтар бо созу корҳои “гастрабайтерӣ” ошно бишаванд, на ин ки масалан мехоҳад донишгоҳ ё донишкада таъсис кунад.

* * *

Умедворам, нухбаҳои сиёсии Тоҷикистон агар қарор аст ошиқи як сиёсатмадори авомфиребу популист бошанд, пас саъй кунанд он авомфиребро лоақал аз миёни фарзандони ҳамин марзу бум ихтиёр кунанд, на як бегонаро. Албатта, авомфиреб ва популист ҳар кӣ ва аз ҳар куҷое бошад, ӯ авобфиреб аст, чӣ тоҷик бошад ва чӣ рус, ӯ шоистаи “иродат” нест. Яъне агар як тоҷик ҳам авомфиреб ва популист бошад, ӯ бояд тард шавад, на ин ки аз ӯ истиқбол шавад. Ақлгаро бошем, на эҳсосотӣ.

Саломат бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: