Перейти к содержимому

Моҷарои мӯътаризи вилчернишин (тасовир)

Маҳмуд Ҳамс, як аккоси фаъол дар Ғазза, ҷоизаи хабарнигорони ҷангии Бойу Колводу (Bayeux-Calvados)-ро ба хотири аксаш, ки аввалҳои соли ҷорӣ аз тазоҳуркунандаи вилчернишин гирифта буд, баранда шуд.

Ба гузориши AFP, Маҳмуд Ҳамс, ки 38-сола ва сокини навори Ғазза аст, даргириҳои мутаъаддидеро аз тазоҳуроти фаластиниҳо то таҷовузоти артиши режими саҳюнистиро пӯшиш додааст. Ӯ мегӯяд:

Аз ҷиҳоте, пӯшиши ин эътирозот аз пӯшиши ҳамалоти артиши “Исроил” хатарноктар буд. Мӯътаризон дар чорчӯби “Роҳпаймоии бузурги бозгашт”, шурӯъ ба ҳаракат ба сӯи девори марзӣ миёни “Исроил” ва Ғазза карданд. Эътирозот аз рӯзе, ки Омрико сафораташро ба Байтулмуқаддас интиқол дод, авҷ гирифт ва аз он замон идома ёфтааст.

Ҳар чӣ мардуми бештаре бо эътирозот ҳамроҳ мешуданд, шумори маҷрӯҳон афзоиш меёфт. Аз марти имсол 5000 нафар ҳадафи гулӯла қарор гирифтаанд.

Марди вилчернишин як фаъол ва мӯътаризи шинохташуда аст, ки ҳар ҳафта ба девори марзӣ меомад. Исмаш Собир Алашғар аст ва шояд боваратон нашавад, вале фақат 29 солаш аст. Ӯ бо утубус меояд ва дӯстонаш кӯмакаш мекунанд, ки пиёда шавад ва ӯро то маҳалли эътирозот ҳамроҳӣ мекунанд.

Ду марди маълули дигар низ мураттаб ба тазоҳурот меомаданд, аммо ҳар ду кушта шудаанд. Ду хабарнигор низ бо вуҷуди ба тан доштан либоси махсуси расона, кушта шудаанд.

То он ҷое, ки ман ба хотир дорам, ин аввалин боре аст, ки тазоҳуроте азим дар фазое боз ва ин қадр наздик ба марз анҷом мешавад. Мардум аз наздик шудан ба девори марзӣ ҳарос доштанд, чаро ки бисёр дар маърази тир аст ва тактирандозони исроилӣ муроқиби он ҷо ҳастанд.

Маҷрӯҳ шудан тарснок аст ва агар дар Ғазза бошед, тарсноктар ҳам мешавад, чаро ки Ғазза бо камбуди дору ва имконоти дармонӣ рӯ ба рӯст. Ман ҳам ҳангоме, ки ин иттифоқотро пӯшиш медодам, метарсидам. Вале хуб, кори ман ҳамин аст.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: