Перейти к содержимому

Тавозӯъ писандида аст, аммо на дар баробари мутакаббир

Ҳамон тавр, ки азизон медонанд, тавозӯъ ва фурӯтанӣ дар ислом аз ахлоқи некӯ ва писандида, ва нақизи он яъне такаббур ва худбузургбинӣ, аз ахлоқи зишт ва нописанд шумурда мешавад. Дар Қуръони Карим аст, ки:

إِنَّهُ لَا يُحِبُّ الْمُسْتَكْبِرِينَ

Худованд мутакаббиронро дӯст надорад.” (Сураи Наҳл, ояти 23)

Ва дар бораи бандагони шоистаи худ мефармояд:

وَعِبَادُ الرَّحْمَنِ الَّذِينَ يَمْشُونَ عَلَى الْأَرْضِ هَوْنًا وَإِذَا خَاطَبَهُمُ الْجَاهِلُونَ قَالُوا سَلَامًا

Бандагони Раҳмон касоне ҳастанд, ки бо тавозуъ рӯйи замин роҳ мераванд ва чун нодонон хитобашон кунанд, сухани нарм ва мусолиматҷӯёна гӯянд.” (Сураи Фурқон, ояти 63)

Пас, такаббур мазмуму нописанд аст. Аммо оё такаббур аз назари ислом, дар ҳамаи ҳолатҳо ва дар баробари ҳамагон мазмуму нописанд дониста шудааст? Посух манфист.

Зеро ислом, такаббур дар баробар инсонҳои мағруру мутакаббирро на танҳо ҷоиз, балки писандида мешуморад, масалан, дар баробари салотини мутакаббир набояд фурӯтанӣ кард, балки бояд бо такаббур бархӯрд намуд. Ҳазрати Алӣ (а) фармоянд:

التکبر على المتکبرین هو التواضع بعینه

Такаббур кардан дар баробари одамҳои мутакаббир, айни тавозӯъ ва фурӯтанӣ аст.” (Шарҳи Наҳҷул-балоғаи Ибни Абилҳадид, ҷ.20, с.298)

Аз Имом Шофеӣ нақл кардаанд, ки гӯяд:

تكبَّرْ على المتكبِّر مرَّتين

Бар як одами мутакаббир, ду бор такаббур биварз!

Аз Зуҳрӣ манқул аст, ки гӯяд:

التجبُّر على أبناء الدنيا أوثق عُرَى الإسلام

Такаббур бар дунёпарастон, муҳкамтарин дастгираҳои ислом аст.”

Имом Абӯҳанифа гӯяд:

أظلم الظالمين من تواضع لمن لا يلتفت إليه

Ситамкортарини ситамкорҳо касе аст, ки бар одаме, ки ба ӯ таваҷҷӯҳ намекунад, тавозӯъ намояд.”

Яҳё ибни Маъоз мегӯяд:

التكبر على من تكبر عليك بماله تواضع

Такаббур бар касе, ки бар ту ба молу сарваташ такаббур меварзад, айни тавозӯъ аст.”

Мановӣ дар “Файзул-қадир”, такаббур варзидан бар одами мутакаббирро аз ҷумлаи ахлоқи ҳасана ва некӯ медонад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: