Перейти к содержимому

“Онон, ки таърихро ба ёд наспоранд, маҳкум ба такрори он ҳастанд”

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Яке аз далелҳои асосии тасаллути муғул бар сарзамини мо дар як замони бисёр кӯтоҳ, илова бар бетадбирии Хоразмшоҳиён, вазъи нобасомони ҷомеаи он рӯзи мо ва ба хусус хусуматҳо ва даргириҳои мазҳабӣ буд. Мӯътақидам, агар мусалмонони имрӯз як огоҳии ҳарчанд нимакомил нисбат ба вазъи он рӯзгорашон медоштанд, қатъан ин ҳолате, ки имрӯз мебинем ва ҷаҳони ислом гирифтори он аст, домангирашон намешуд. Аммо ба бовари ман, ҳанӯз фурсат ҳаст ва бояд аз таърих дарс биомӯзем ва иштибоҳот такрор нашаванд.

Дар ин навиштор, баргҳое аз таърихи он рӯзгорро варақ мезанем ва нигоҳе меандозем ба вазъи он айёми худ:

Ибни Асир дар таърихи худ (Алкомилу фит-таърих) дар бораи рӯйдодҳои соли 582 ҳиҷрӣ (камтар пеш аз замони ҳамлаи муғул), бо баёни ин ки “дар оғози ин сол, Паҳлавон Муҳаммад ибни Илдигаз, фармонравои шаҳрҳои Ҷабал, Рай, Исфаҳон, Озарбойҷон, Арония ва ғайра, ҷаҳонро бадруд гуфт” менависад:

فَلَمَّا مَاتَ جَرَى بِأَصْفَهَانَ بَيْنَ الشَّافِعِيَّةِ وَالْحَنَفِيَّةِ مِنَ الْحُرُوبِ وَالْقَتْلِ وَالْإِحْرَاقِ وَالنَّهْبِ مَا يَجِلُّ عَنِ الْوَصْفِ، وَكَانَ قَاضِي الْبَلَدِ رَأْسَ الْحَنَفِيَّةِ، وَابْنُ الْخُجَنْدِيِّ رَأْسَ الشَّافِعِيَّةِ، وَكَانَ بِمَدِينَةِ الرَّيِّ أَيْضًا فِتْنَةٌ عَظِيمَةٌ بَيْنَ السُّنَّةِ وَالشِّيعَةِ، وَتَفَرَّقَ أَهْلُهَا، وَقُتِلَ مِنْهُمْ، وَخُرِّبَتِ الْمَدِينَةُ وَغَيْرُهَا مِنَ الْبِلَادِ

«Пас аз даргузашти ӯ, дар Исфаҳон миёни шофеъиҳо ва ҳанафиён заду хӯрд, куштор, оташсӯзӣ ва яғмогариҳое рӯй дод, ки забон аз васфи он оҷизу нотавон аст. Қозии шаҳр дар раъси ҳанафиён, ва Ибни Хуҷандӣ дар раъси шофеъиҳо қарор дошт. Дар шаҳри Рай низ фитнаи азиме байни шиъаён ва сунниҳо рух дод, мардум пароканда ва баъзеҳо кушта шуданд ва ин шаҳр (Рай) ва ғайри он аз шаҳрҳо, хароб гардид…” (Алкомилу фит-таърих, Ибни Асир, 10/17, Ашшомила)

* * *

Низоъ миёни шофеъиҳо ва ҳанафиён ба садаи ҳафтум ва даврони муғул низ кашида шуд. Дар шавволи соли 617 ҳиҷрӣ буд, ки Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ пас аз бетадбирӣ дар баробари муғул, Фарорӯд ва ба дунболи он Эронро ба вайронӣ месупорад ва худ ба ҷазираи Обескун (ҷазирае дар дарёи Хазар (Коспиён)) мегурезад, ва ин подшоҳ, ки ба “Искандари Сонӣ” машҳур буд, дар он ҷазира ҷон ба ҷонофарин таслим мекунад, дар ҳоле, ки ба навиштаи Насавӣ дар “Сирати Ҷалолуддини Минкубернӣ”, вай кафан надошт ва аз пероҳани яке аз ҳамроҳонаш барои ӯ кафан сохтанд. Бо шикасти сипоҳи Хоразмшоҳиён дар баробари муғул, сипоҳиёни муғул ба шаҳрҳои марказии Эрон роҳ ёфтанд.

То соли 624 ҳиҷрӣ ҳанӯз Исфаҳон ба дасти муғул гушуда нашуда буд ва он гоҳ, ки гузориши ҳаракати дубораи сипоҳиёни муғул ба самти Исфаҳон ба гӯши Султон Ҷалолуддини Хоразмшоҳ (р), ки дар Табрез буд мерасад, Ҷалолуддин бар он мешавад, то дар Исфаҳон садди роҳи муғул шавад ва дар 23-уми рамазони 624 ҳиҷрӣ буд, ки дар баробари муғулон дар Исфаҳон набарди ҷонона мекунад.

Ин набард сабаб мешавад, то ҳамчунон дасти муғулон аз Исфаҳон кӯтоҳ бимонад ва сипоҳиёни муғул дар дигар шаҳрҳо ба вайронгарӣ саргарм бошанд ва роҳ ба шаҳри Исфаҳон наёбанд. Аммо чӣ гуна шуд, ки муғул ба Исфаҳон роҳ ёфт? Достонаш бисёр талх аст.

Моҷаро аз ин қарор буд, ки даргириҳо, ки миёни шофеъиҳо ва ҳанафиён дар Исфаҳон ҳанӯз идома дошт, ҳамин ситезу низоъ роҳро барои тохту този муғулон ҳамвор намуд:

Дар соли 633 яъне дар аҳди Угтойхон (севвумин писари Чингизхон), низоъ байни ҳанафия ва шофеъияи Исфаҳон таҷдид шуд ва шофеъия ин бор бо муғул, ки ҳанӯз бар Исфаҳон муставлӣ нашуда буданд сохтанд ва қарор гузоштанд, ки дарвозаҳои шаҳрро бар рӯи эшон бигушоянд ва эшон дар иваз ҳанафияро қатли омм кунанд. Муғул дар натиҷаи хиёнати қисмате аз мардуми Исфаҳон, ба он шаҳр ворид шуданд ва шофеъия ва ҳанафия ҳар дуро тамомӣ куштанд ва он шаҳрро, ки то ин таърих аз дастбурди он қавми хунрез маҳфуз монда буд, бо хок баробар карданд ва Камолуддини Исфаҳонӣ дар он боб мегӯяд:

Кас нест, ки то бар ватани худ гиряд,

Бар ҳоли табоҳи мардуми бад гиряд.

Дӣ бар сари мурдае дусад шеван буд,

Имрӯз яке нест, ки бар сад гиряд.

(Таърихи муғул аз ҳамлаи Чингиз то ташкили давлати Темурӣ, Аббоси Иқбол, с.533)

* * *

Ҷойи шигифтӣ ва таассуф ин аст, ки ин ду гурӯҳ дар Исфаҳон, пеш аз ин, аз рафтори муғул огоҳ буданд ва медонистанд, ки муғул аз ихтилоф миёни онҳо баҳраи худро мебарад ва чун қудратро ба даст бигирад, ҳар ду гурӯҳ зиён хоҳанд дид. Аммо бо ин ҳама, даст ба чунин иштибоҳе заданд.

Ва аз ин ҳам таассуфбортар ин аст, ки баъд аз ин рухдод низ, ин иштибоҳ такрор шуд, ва ин бор дар Рай. Хондамир дар “Ҳабибус-сияр” менависад:

Ҷаба нуён (яке аз сардорони муғул, ба муғулӣ: Зэв жанжин) дар Мозандарон бисёре аз тавоифи инсонро кушта… ва ба ҷониби Рай равон шуда Сувайдой (ё Субутой, яке дигар аз фармондеҳони муғул, ба муғулӣ: Субэдэй) бад-ӯ пайваст. Ва дар он авқот, пайваста дар миёни мардуми Рай ҷиҳати мухолифати мазҳаб таъассуб буд, бинобар он шофеъимазҳабон чун хабари қурби вусули муғулон шуниданд, ба истиқбол шитофтанд ва Ҷаба ва Сувайдойро бар қатли нисфи шаҳр, ки ҳанафимазҳаб буданд таҳриз (таҳрик) намуданд. Ва эшон (муғулон) нахуст ҳанафияро ба теғи бедареғ гузаронида, баъд аз он, бо худ гуфтанд, ки аз мардуме, ки дар хуни мутаваттинони (бошандагони) мавлиду маншаи хеш саъй намоянд, чӣ некӯӣ таваққӯъ тавон дошт! Он гоҳ шофеъияро низ аз ақиби ҳанафиён равон карданд. Ва аз Рай Сувайдой ба Қазвин рафта Ҷаба ба ҷониби Ҳамадон таваҷҷӯҳ намуд ва чун ба Қум расид, тамомати мардуми он ҷоро ба иғвои баъзе аз суннимазҳабон ба қатл расониданд…” (Ҳабибус-сияр, ҷ.3, с.32-33)

Ёқути Ҳамавӣ, ҷуғрофиёдон ва таърихнависи машҳури қарни ҳафтуми ҳиҷрӣ, ки худ шофеъимазҳаб аст, дар “Муъҷамул-булдон”, он ҷо, ки дар бораи шаҳри Рай ва ҷуғрофиёи он менависад, мегӯяд:

Чунин пеш омад, ки ман соли 617 (ҳиҷрӣ) дар ҳоле, ки аз ҳамлаи муғул бисёр руҳафтода ва нороҳат будам, муваффақ ба дидани ин шаҳр ва шоҳиди харобии деворҳояш шудам. Аз яке уқалои он ҷо сабаби ин ҳама вайрониҳоро пурсидам, ӯ гуфт:

كان أهل المدينة ثلاث طوائف شافعية وهم الأقل وحنفية وهم الأكثر وشيعة وهم السواد الأعظم لأن أهل البلد كان نصفهم شيعة وأما أهل الرستاق فليس فيهم إلا شيعة وقليل من الحنفيين ولم يكن فيهم من الشافعية أحد فوقعت العصبية بين السنة والشيعة فتظاهر عليهم الحنفية والشافعية وتطاولت بينهم الحروب حتى لم يتركوا من الشيعة من يعرف فلما أفنوهم وقعت العصبية بين الحنفية والشافعية ووقعت بينهم حروب كان الظفر في جميعها للشافعية هذا مع قلة عدد الشافعية إلا أن الله نصرهم عليهم

Аҳли шаҳр (шаҳри Рай) се тоифа буданд: шофеъиҳо, ки дар ақаллият буданд, ҳанафиён, ки бештар аз онҳо буданд ва шиъа, ки тӯдаи мардумро ташкил медоданд; зеро ниме аз аҳолии шаҳр шиъаён буданд. Аммо рустоиён, ба ҷуз андаке аз ҳанафиён, ҳамагӣ шиъа буданд ва дар миёни рустоиён аҳаде аз шофеъиҳо вуҷуд надошт. Пас, байни шиъа ва суннӣ таъассуботи мазҳабӣ воқеъ гардид ва ҳанафиён ва шофеъиён бар онҳо пирӯз гардиданд ва ҷангҳое миёнашон пеш омад, то он ки касе аз шиъаёнро боқӣ нагузоштанд ва ҳамаро аз байн бурданд. Сипас, таъассуботи мазҳабӣ байни шофеъиҳо ва ҳанафиён воқеъ шуд ва бо ҳам даргир шуданд, ки пирӯзӣ дар ҳамаи ин даргириҳо, насиби шофеъиҳо гардид, ва ин дар ҳоле аст, ки онҳо дар ақаллият буданд, аммо Худованд алайҳи ҳанафиён ёриашон намуд…” (Муъҷамул-булдон, Ёқути Ҳамавӣ, 2/378, Ашшомила)

* * *

Яке аз далелҳои суқути хилофати аббосӣ ба дасти муғул низ, илова бар беъурзагии халифаи аббосӣ, ҳамин чанддастагии мусалмонон буд. Замоне, ки бисёре аз шаҳрҳои муҳимми Эрон ба дасти муғулҳо афтод ва онҳо сайтара пайдо карда буданд, шиъаёни исмоилӣ ҳанӯз таслим нашуда буданд ва дар қалъаҳои бисёр мустаҳками худ дар Аламут ба сар мебурданд. Хоҷа Насируддини Тӯсӣ, файласуф ва донишманди барҷастаи шиъа, ба даъвати ҳокими қалъаи Қаҳистон (яке аз қалъаҳои исмоилиён) дар он ҷо муқим буд.

Аз он ҷо, ки вуҷуди исмоилиён ҳокимият ва қудрати сиёсии муғулонро ба хатар меандохт, Ҳалокухони муғул дар соли 651 ҳиҷрӣ бо эъзоми сипоҳе ба Қаҳистон, он ҷоро фатҳ кард. Ҳокими қалъа пас аз машварат бо Хоҷа Насир, илова бар таслими комили қалъа, аз муғулон итоат кард ва Хоҷа Насир тавонист аз ҷангу хунрезӣ ва қатли омми мардум ҷилавгирӣ намояд.

Хоҷа, ба хотири ҷойгоҳи илмии хеш, назди Ҳалоку эҳтиром ва мавқеияти вежае ёфт. Хоҷа, бидуни пазируфтани як шуғли расмӣ, фарди аввали ҳукумати Ҳалоку гашта буд ва Ҳалоку пас аз ташкили ҳукумат, авқофи кулли кишварро ба Хоҷа Насируддини Тӯcӣ вогузор кард. Ҳалокухон ҳамчунин дар фатҳи Бағдод, аз назарҳои Хоҷаи Тӯcӣ баҳра гирифт.

Моҷаро аз ин қарор буд, ки Ҳалокухон пас аз фатҳи Аламут, дар ҳоле озими Бағдод шуд, ки дар рикоби ӯ, на танҳо Хоҷа Насир, балки донишмандоне чун Атомалики Ҷувайнӣ ва Абӯбакр ибни Саъди Атобак низ буданд. Дар ин замон, 37-умин ва охирин халифаи аббосӣ, Мустаъсим, бар тахти фармонравоӣ буд ва айёмро – чунонки таърих нақл мекунад — ба лаҳву лаъиб мегузаронд ва ба сиёсат ва ҳукумат коре надошт. Умури мамоликро вазираш идора мекард.

Дар рамазони соли 655 ҳиҷрӣ, Ҳалоку касонеро назди халифа фиристод ва аз ӯ хост, таслим шуда, худ ё вазираш назди ӯ биёяд, аммо халифа аз ин кор сар боз зад. Аз ин рӯ Ҳалоку Бағдодро муҳосира кард; тайи чанд рӯз муғулон вориди шаҳр шуданд ва қадам ба қадам шаҳрро вайрон карданд ва бисёреро ба қатл расонданд. Билохира шаҳр тасарруф ва халифа бо наздиконаш таслим шуданд. Ҳалоку рӯзи 9-уми сафари соли 656 ҳиҷрӣ вориди Бағдод шуд ва Мустаъсим ба дасти худ куллияи хазоини Бағдодро таслими вай кард, аммо Ҳалокухон халифаи аббосиро ба қатл расонда ва бад-ин тартиб ба умри тӯлонии силсилаи аббосӣ поён дод.

* * *

Инҳоро, ки одам мехонад, ҷигараш хун мешавад. Ва ин ҳама дар ҳоле аст, ки Худованд дар Қуръони Карим хитоб ба мусалмонон фармуда:

وَأَطِيعُواْ اللّهَ وَرَسُولَهُ وَلاَ تَنَازَعُواْ فَتَفْشَلُواْ وَتَذْهَبَ رِيحُكُمْ وَاصْبِرُواْ إِنَّ اللّهَ مَعَ الصَّابِرِينَ

«Ва аз Худо ва паёмбараш итоат кунед ва бо ҳам НИЗОЪ макунед, ки суст хоҳед шуд ва обрӯ ва эътибор ва маҳобати шумо аз байн меравад; ва сабр кунед, ки Худо бо собирон аст.» (Сураи Анфол, ояти 46)

Ин ки баъди дастур ба низоъ накардан бо ҳам, мефармояд: “Сабр кунед, ки Худо бо сабркунандаҳост”, хеле нукта дорад. Ин нукта ишора ба ин матлаб аст, ки гоҳе ихтилоф байни шумо воқеъ мешавад, ки ин табиӣ аст, дар ин ҳангом, шумо ҳамдигарро таҳаммул кунед, ва таҳаммул кардан худаш сабрро иқтизо мекунад.

Ва нуктаи шоистаи тазаккур ин аст, ки вақте шумо дар пайи решаёбии ин даргириҳои байнимазҳабӣ меравед, мебинед, ки сабабаш ҳаргиз худи дину мазҳаб набудааст. Яъне, чунин нест, ки ҳанафӣ будан ё шофеъӣ будан, ва ё суннӣ ё шиъа будан — қатъи назар аз асбобу авомили дигар — сабаби даргирӣ бишавад. Ҳаргиз чунин нест. Дар ҳамин моҷарои даргирии шофеъиҳо ва ҳанафиҳои Исфаҳон, вақте шумо тамоми зовияҳои ин ҳодисаро баррасӣ мекунед, мебинед, ин ҷанҷол реша дар як хусумати шахсӣ ва сиёсӣ миёни ду хонадон будааст, ки яке дар раъси шофеъиҳо қарор дошта ва яке ҳам дар раъси ҳанафиҳо. Яъне байни қозии‏ шаҳр, ки дар раъси ҳанафиён буд‏ ва Ибни Хуҷандӣ, ки раъиси шофеъиҳо буд. Аммо мусибат ин ҷост, ки инҳо ба хусумати фимобайни худ, ҳамеша ранги динӣ медоданд. Албатта, ин мавзӯъ худаш ба як мақола ё шояд ба чанд мақола ниёз дорад, ки агар умре боқӣ буд ва фурсат даст дод, ҳатман менависам.

Хулоса, мо бояд аз таърихамон дарс биомӯзем ва иштибоҳоти гузаштаро такрор накунем, ва чунон ки Устод Рӯдакӣ мефармояд:

Ҳар кӣ н-омӯхт аз гузашти рӯзгор,

Ҳеч н-омӯзад зи ҳеч омӯзгор.

Ва ё ба қавли Ҷорҷ Сонтоёно (George Santayana), файласуф, шоир ва румоннависи машҳури испониёӣ: “Онон, ки таърихро ба ёд наспоранд, маҳкум ба такрори он ҳастанд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: