Перейти к содержимому

Пайдову пинҳони моҷарои женерол (3)

Бахши севвум

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ва раиси ҲНИТ, дар як гуфтугӯ, бо ишора ба моҷарои сентябри 2015 ва шаҳодати женерол Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода, бо баёни ин, ки касоне, ки равандҳои сиёсии Тоҷикистонро пас аз соли 2010 таҳлил ва пайгирӣ мекунанд, хуб медонанд, ки баста шудани Ҳизби наҳзати исломӣ ба ин ҳодиса ҳеч иртиботе надорад, тасреҳ кард: “Ҳизби наҳзат дар асл бар асоси ҳукми ҷаласаи маҳрамонаи Шӯрои амнияти миллии кишвар ба риёсати худи Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2011 баста шуд, ки протоколи ин ҷаласа таҳти шумораи 20-32 бо имзои худи Раҳмон вуҷуд дорад.”

Машрӯҳи ин гуфтугӯ:

— Шуморо илова бар як сиёсатмадор, ба унвони як таҳлилгар ва сиёсатшинос ҳам мешиносанд. Аз ин манзар, иллат ва решаи аслии иттифоқоти сентябри 2015-ро ҷудои аз ҳошияҳое, ки матраҳ мешавад, дар чӣ мебинед?

— Дар бораи ҳодисаҳои сентябри соли 2015 зиёд гуфта ва навиштаанд, аммо ҳанӯз касе ҳақиқати онро намедонад. Агар додгоҳи мушорикаткунандагон дар ин ҳодиса ба таври ошкор баргузор мешуд, шояд мешуд то ҷое ба суолот посух дод. Аммо пас аз 3 сол на танҳо ҷомеа барои суолҳои худ ҷавоби қонеъкунандае пайдо накардааст, балки ин суолот рӯз ба рӯз бештар мешаванд.

Ҳукумат аз талоши кудетое мегӯяд, ки гӯӣ бо дастури раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломӣ анҷом шуда буд. Албатта касе то ба ҳол ин ривоятро бовар накардааст ва бовар ҳам нахоҳад кард. Агар тамоми он ҳодисаро лаҳза ба лаҳза бозсозӣ кунед, ба натиҷа мерасед, ки ин ҳаракат аз сӯи Абдуҳалим Назарзода иқдоме будааст барои раҳо шудан аз зиндонӣ шудан ё иқдомоти дигари мақомоти кишвар.

Шумо таърихи ҳамаи кудетоҳои муваффақ ва номуваффақро варақ бизанед, бароятон мушаххас хоҳад шуд, ки он ҳодиса (сентябри 2015) ҳеч шабоҳате ба кудето надорад. Онро ҳар чӣ мехоҳанд номгузорӣ кунанд, аммо на кудето. Ман бо бархе талошҳои дигар ҳам мувофиқ нестам, ки мегӯянд он ҳодиса ҳама сохта ва пардохтаи мақомот будааст.

Ҳоҷӣ Ҳалим бо силоҳ ва афроди худ ба Ромит рафт ва муқовимат кард ва шаҳид шуд. Ӯ нахост зиндонӣ шавад мисли Яъқуб Салимов, Ғаффор Мирзоев, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, ва ё кушта шавад мисли Мирзо Зиёев ва Муҳаммадназар Солеҳов.

Шумо агар видеои ҷаласаи додгоҳи риёсати наҳзатро бибинед ва бишнавед, ва ё матни ҳукми додгоҳи олии кишварро бихонед, бароятон комилан равшан мешавад, ки ӯро мехостанд зиндонӣ кунанд. Дар изҳороти муовини раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, Абдулазиз Ҷаълов, ки дар ин ҷаласа ба унвони шоҳид даъват шуда буд, ин масъала комилан равшан аст. Он ҷо дар бораи боз шудани парвандаи ҷиноят алайҳи Назарзода ва огоҳ шудани ӯ аз ин масъала сӯҳбат мешавад.

Ин аст, ки ҳукумат ҷаласаи додгоҳро пушти дарҳои баста баргузор кард ва то имрӯз матни ҳукми додгоҳро мунташир накардааст. Аммо ин матн дар ҳаҷми бештар аз 100 сафҳа дасти мо ҳаст ва ба сурати комил тарҷума шуда ва ба дасти созмонҳои байналмилалӣ ҳам расидааст.

— Бисёре аз афрод ва ба вежа ҳукумати Тоҷикистон тайи ин солҳо аз иртиботи Ҳизби наҳзати исломӣ бо Ҳоҷӣ Ҳалим ва албатта таҳаввулоти сентябри соли 2015 мегӯянд. Аммо ҳамчунон ривоятҳои мутаноқизе аз ин робита матраҳ мешавад. Агар имкон аст, дар ин бора каме тавзеҳ диҳед.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ва раиси ҲНИТ

— Бибинед, дар сентябри 2015 ду ҳодиса рух дод. Ба кӯҳ рафтани Назарзода ва баста шудани Ҳизби наҳзати исломӣ. Бисёре ин масоилро тавре шарҳ медиҳанд, ки гӯӣ Ҳизби наҳзати исломӣ дар натиҷаи ҳодисаи Назарзода баста шудааст. Аммо касоне, ки равандҳои сиёсии Тоҷикистонро пас аз соли 2010 таҳлил ва пайгирӣ мекунанд, хуб медонанд, ки баста шудани Ҳизби наҳзати исломӣ ба ин ҳодиса ҳеч иртиботе надорад. Ҳизби наҳзат дар асл бар асоси ҳукми ҷаласаи маҳрамонаи Шӯрои амнияти миллии кишвар ба риёсати худи Эмомалӣ Раҳмон дар соли 2011 баста шуд, ки протоколи ин ҷаласа таҳти шумораи 20-32 бо имзои худи Раҳмон вуҷуд дорад. Агар ҳодисаи марбут ба Назарзода ҳам рӯй намедод, ҳукумат барномаи бастани Ҳизби наҳзатро дошт. Ёдамон наравад, ки моҳи августи соли 2015 Вазорати додгустарии Тоҷикистон дар номае расмӣ ба Ҳизби наҳзат 10 рӯз мӯҳлат дод, ки ҳизбро баста эълом кунем.

Ин мӯҳлат дар таърихи 5 сентябр тамом мешуд ва тибқи ин нома пас аз ин таърих ҳукумат худ ҳизбро ғайриқонунӣ эълом мекард. Ба назари ман, аслан кор дар моҳи август сурат гирифт, на дар сентябр. Моҳҳои июну июл ҳукумат изҳороти зиёдеро барои бастани Ҳизби наҳзати исломӣ мунташир мекард.

Ҳатто аз номи руҳониҳо ва варзишкорон ва дигар ақшор, ки ба сиёсат рабте надоранд ҳам изҳоротеро мунташир мекард, ки мазмуни ҳама як чиз буд: Ҳизби наҳзати исломӣ бояд баста шавад. Вале дар байни ин ҳама изҳороти дастаҷамъӣ, яке аз онҳо барои пай бурдан ба рози ҳодисаи сентябри 2015 муҳимтар аст. Ин ҳам изҳороти фармондеҳони собиқи Иттиҳоди нерӯҳои опозисиюни тоҷик (ИНОТ) буд. Имрӯз касе дар бораи ин изҳорот сӯҳбат намекунад. Чаро? Аз нигоҳи ман, решаи ҳодисаи сентябрро дар ҳамин изҳорот ва ҳошияҳои он бояд ҷустуҷӯ кард.

— Лутфан бештар дар ин бора тавзеҳ диҳед. Раҳмон, ки ба сурати якҷониба ва бо абзорҳои қудрати худ ҳамаи масоилро ба пеш мебарад, чӣ ниёзе ба изҳори назарҳои зидди наҳзати руҳониҳо ва варзишкорон ва ҳатто фармондеҳони опозисиюни собиқ дошт?

— Аввалан, барои Раҳмон лозим буд, ки дар бастани Ҳизби наҳзати исломӣ як “иттифоқи назари миллӣ” шакл бигирад ва аз кишоварзҳо то устодони донишгоҳ ҳама аз Раҳмон дархост кунанд, ки ин ҳизб баста шавад. Раҳмон мехост бигӯяд, ки: бале, барои бастани Ҳизби наҳзат далелҳои қонунӣ вуҷуд надорад, аммо миллат аз ман инро дархост мекунанд! Сониян, ӯ мехост бо ин кор фармондеҳони Иттиҳоди собиқи нерӯҳои опозисиюнро аз лиҳози қонунӣ ва ахлоқӣ дар як ҳолати ногувор қарор диҳад ва ҳамзамон бисанҷад, ки то чӣ ҳадде аз ӯ итоат мекунанд. Дар ҳоле, ки итоат аз ӯ ва имзои як баёнияи сиёсӣ, он ҳам алайҳи як ҳизби расмии порлумонӣ, на танҳо мухолифати ошкор бо қонунгузории кишвар ва дастуруламали сохторҳои низомӣ буд, балки аз назари ахлоқӣ ва ба ҳисоби ҷавонмардӣ низ як амали нангин маҳсуб мешуд.

Аммо барои Раҳмон меъёрҳои қонун ва ахлоқ арзише надорад, ки тасмимоташро бар асоси онҳо бигирад. Барои ӯ танҳо садоқат ва итоати онҳо аз хостаи ӯ аҳаммият дошт, агарчи ин хостаҳо ғайриқонунӣ ва ғайриахлоқӣ бошанд. Ва аз ҳама муҳимтар, ӯ мехост бидонад, ки дар сурати бастани Ҳизби наҳзат, фармондеҳони собиқи Иттиҳоди нерӯҳои опозисиюн чӣ мавзеъе мегиранд. Чун Раҳмон ба хубӣ медонист, ки масъалаи даст задан ба тазоҳурот дар яке аз ҷаласоти Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломӣ баррасӣ шуда буд. Агарчи аксарияти аъзо дар он ҷаласа ба ҳимоят аз тазоҳурот дар сурати баста шудани ҳизб раъй надоданд, вале матраҳ шудани мавзӯъ ӯро водор кард, то бидонад, ки фармондеҳони собиқ ИНОТ чӣ мавзеъе хоҳанд гирифт. Чун дар сурати тазоҳурот ва пуштибонии фармондеҳон аз мардум, кори Раҳмон барои саркӯби эътирозот бисёр сахт мешуд.

— Магар ин фармондеҳон умдатан дар сохтори ҳукумат набуданд? Нигоҳи онҳо магар чӣ гуна буд, ки Раҳмон чунин воҳимае аз онҳо дошт?

— Иттилооте, ки ба дасти мо расид, баёнгари он аст, ки аксари фармондеҳон аз ҷумла Ҳоҷӣ Ҳалим, Эшони Ҷунайд ва чанд нафари дигар, он баёнияро имзо накардаанд ва ё бо нороҳатии ошкор ба имзои он тан додаанд. Ҳатто бархе эътироз кардаанд, ки ин амал, ҳам хилофи қонун ва ҳам мухолиф бо усули ахлоқӣ аст. Имкон надорад, ки ин хабарҳо ба гӯши Раҳмон нарасида бошад.

Ин тавр буд, ки ӯ тарҳи худро каме тағйир дод ва ба натиҷа расид, ки фармондеҳони “саркаш” бояд қабл аз баста шудани Ҳизби наҳзат зиндонӣ ва ё аз миён бардошта шаванд. “Парвандаи ҷиноӣ”-и Ҳоҷӣ Ҳалим ҳам ин рӯзҳо пайдо шуд ва ӯро водор ба гирифтани силоҳ ва тарки Душанбе кард.

Агар бихоҳем ин мавзӯъро дар як ҷумла хулоса кунем, бояд решаҳои ҳодисаи сентябри соли 2015-ро дар рафторҳо ва тасмимоти Раҳмон байни солҳои 2010 то 2015 ҷустуҷӯ кард. Танҳо омили таҳриккунандаи Раҳмон барои ин рафтору тасмимот тарс буд ва ҳанӯз ҳам ин омил рафторҳои вайро таъйин мекунад.

— Дақиқан чӣ навъ тарсе? Қоъидтан бо бардошта шудани ин афрод ва мухолифони сиёсӣ имрӯз дигар тарси камтаре барои тазалзули қудрат ва бесуботӣ бояд вуҷуд дошта бошад.

— Бубинед, Раҳмон ошиқи “тӯдаи мардум” аст. Бинобар ин, дӯст дорад, ки ҳар рӯз ҷашн барпо кунад ва мардумро дар варзишгоҳҳо ҷамъ намояд ва аз боло ба ин тӯдаҳо нигоҳ кунад ва лаззат бибарад. Аммо шадидан аз “шахсият” метарсад. Ҳар касе дар Тоҷикистон аз “тӯда” ҷудо шуд ва гуфт, ки ман “шахсият” ҳастам, ба душмани шахсии Раҳмон табдил мешавад. Фарқе надорад, ки ин шахсият сиёсатмадор бошад ё тоҷир ва мудир ва варзишкор ё руҳонӣ ва ҳатто ҳофиз. Мушкили ҳамаи онҳое, ки аз тарафи Раҳмон кушта ва ё зиндонӣ шуда ва ё водор бо муҳоҷират шуданд, дар он нест, ки ҷинояткор буданд ё ҳаддиақал аз дигарон ҷинояткортар бошанд. Мушкилашон “ман” шудани онҳо буд. На ин ки аз дигарон беҳтар бошанд, балки аз дигарон мутафовит буданд ва талош мекарданд мисли ҳама набошанд. Монанди Зайд Саидов мо даҳҳо тоҷири дигар доштем ва дорем, аммо Зайд як тоҷири бошахсият буд. Мо садҳо женерол дорем имрӯз ва касе бо онҳо кор надорад ва касе ҳам шояд онҳоро нашиносад. Аммо Яъқуб Салимов, Ғаффор Мирзоев ва Назарзода женеролҳои бошахсият буданд. Барзу Абдурраззоқов сиёсатмадор нест, руҳонӣ ҳам нест ва пуле ҳам надорад. Як коргардони бе саҳна, бе теотр ва саргардон аст. Аммо Раҳмон аз ӯ метарсад. Зеро Барзу “тӯдаӣ” фикр намекунад ва шахси боҳувият аст, намехоҳад мисли ҳама фикр кунад ва монанди дигарон бигӯяд ва ҳатто бишнавад.

Пас, решаи тасмимоти Раҳмонро бояд дар тарси ӯ аз инсонҳои бошахсият, боҳувият ва мустақил ҷустуҷӯ кард. Ва агар боз чанд нафар бо чунин вежагиҳое дар гурӯҳе, ҳизбе ва ҳатто маҳфиле даври ҳам ҷамъ шаванд, барои ӯ ин як хатари бузург маҳсуб мешавад. Аз байн бурдани аҳзоб, шикастани тоҷирони муваффақ, зиндонӣ кардан, куштор ё водор ба муҳоҷират кардани шахсиятҳои мустақил, натиҷаи ин тарс аст. Ҳатто гоҳе лашкар кашидан ба Бадахшон ҳам аз ин вазъияти равонии ӯ сарчашма мегирад. Вагарна, чӣ зарурате дорад ҳар ду се сол, ба Хоруғ артиш бибаранд?! Чун Бадахшони мо ҳанӯз “тӯдае” фикр намекунад. Бадахшониҳо ҳанӯз ҳам тибқи фарҳангу одобу суннатҳои таърихии худ зиндагӣ мекунанд, на тибқи танзимоти Раҳмон. Барои Раҳмон душвор аст пазируфтани ин воқеият ва то замоне, ки бадахшониҳо ҳам монанди дигар манотиқи кишвар тибқи назари ӯ ва диктотуриаш, ва тибқи хостаи ӯ зиндагӣ накунанд, ӯ ором нахоҳад буд. Табиати ҳар диктотуре ҳамин аст.

Идома дорад

Tasnimnew

* * *

Бахши аввал

Бахши дуввум

Бахши чаҳорум

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: