Перейти к содержимому

101 сол аз эъломияи шуми Болфур гузашт

Мардуми Фаластин дар 101-умин солрӯзи эъломияи шуми Болфур бо баргузории тазоҳурот ва эътирозоти густурда, аз давлати Ангилис мехоҳанд, то ин эъломияро лағв карда, аз фаластиниҳо узрхоҳӣ кунад.

Номаи Ортур Болфур (Arthur Balfour) — вазири хориҷаи вақти Ангилис дар 2 ноябри соли 1917 ба  Волтер Рутшилд (Walter Rothschild), аз сарони ҷунбиши саҳюнизм дар он давра, ки баъдҳо ба “Эъломияи Болфур” (Balfour Declaration = Декларация Бальфура) маъруф шуд, аввалин гоми Ғарб барои эҷоди режиме барои яҳуд дар хоки Фаластин буд. Давлати Ангилис дар ин нома ӯҳдадор шуд, ки давлатеро барои яҳуд дар Фаластин барпо кунад.

* * *

Оё Ангилис баъд аз гузашти 101 сол узрхоҳӣ мекунад?

Ба гузориши пойгоҳи хабарии фаластинии Шаҳоб, ҳеч як аз шаҳрвандони фаластинӣ аз зарару зиёне, ки Эъломияи Болфур ба бор овард, дар амон намонданд. Ин зарару зиёнро фаластиниҳое, ки дар замони накбат (таъсиси режими ҷаълӣ ва номашрӯъи саҳюнистӣ дар сарзамини Фаластин) зиндагӣ мекарданд, мутаҳаммил шуданд ва паёмадҳои он низ домани наслҳои баъдии фаластиниҳоро то ба имрӯз гирифт.

Дар Фаластин ва ҷаҳони ислом, барои маҳкум кардани давлатҳои паёпайи рӯи кор омада дар Ангилис ба хотири ин эъломияи шум иттифоқи назар вуҷуд дорад. Ин эъломияи шум дар соли 1917 бистарсози бурузи накбат ва иқдоми душмани саҳюнистӣ дар кӯчондани фаластиниҳои сокини сарзамини худ яъне Фаластин шуд.

Ошкор аст, ки давлатҳои паёпайи рӯи кор омада дар Ангилис тақрибан аз душмани саҳюнистӣ дар Шӯрои амният ва хориҷ аз он ҷонибдорӣ мекунанд ва Терезо Мэй, нахуствазири феълии Ангилис ҳамчунон мӯътақид аст, ки метавонад ҷашнеро бо ҳузури Натонёҳу ба муносибати 101-умин солрӯзи судури ин эъломияи шум баргузор кунад; эъломияе, ки ба касе, ки ҳеч ҳаққе надошт, чизеро дод, ки асосан молики он набуд.

Аммо Ангилис ба унвони як миллат, равшанфикртар аз давлати худ аст. Беш аз 11 ҳазор ангилисӣ ба дархост барои узрхоҳӣ ба хотири судури Эъломияи Болфур посухи мусбат доданд, ки ин амр давлати Ангилисро мулзам мекунад, ки ба ин дархост посух диҳад.

* * *

Режими саҳюнистӣ баъд аз гузашти 101 сол аз Болфур

Режими саҳюнистӣ баъд аз гузашти 101 сол аз судури Эъломияи Болфур, беш аз ду севвуми сарзамини Фаластинро — дар канори тавсиъаталабӣ ва шаҳраксозии мудовими худ дар каронаи Бохтарӣ ва Қудс — дар ишғол дорад ва ин режим ва бозуҳои низомии муҷаҳҳаз ба силоҳи ҳастаии он низ ба кӯмаки Омрико, ки имперотурии Бритониё дар Ховари Миёнаро ба ирс бурдааст, ба кишварҳои атрофи худ таҷовуз мекунад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: