Перейти к содержимому

Муҳаммад бен Салмон канор зада мешавад?

Як рӯзномаи арабӣ ба нақл аз як манбаъи баландпояи урупоӣ навишт: “Тибқи барномаи ҳамоҳангшуда байни Ландан ва Вошингтун, Муҳаммад бен Салмон ба зудӣ аз валиаҳдии ҳукумати саудӣ соқит ва Аҳмад бен Абдулазиз, валиаҳд ва Муҳаммад бен Ноиф ҷонишини валиаҳд мешавад.”

Рӯзномаи лубнонии Албино дар ёддоште бо унвони “Аҳмад бен Абдулазиз ва маъмурияти душвор; иттифоқоти бузурге дар интизори Риёз аст”, навишт, ки ба зудӣ Муҳаммад бен Салмон аз валиаҳдии Арабистон канор гузошта мешавад ва Аҳмад бен Абдулазиз, яке аз фарзандони поягузори давлати саудӣ, валиаҳд хоҳад шуд.

Албино навишт, ба гуфтаи як манбаъи огоҳи урупоӣ, Муҳаммад бен Салмон ғарқ шуда ва чизе намонда Арабистон ҳам бо ӯ ғарқ шавад, талошҳои Натонёҳу ҳам, то кунун натиҷае надодаанд.

Албино дар идома навишт: “Ба рағми душвории маъмурияти Аҳмад бен Абдулазиз, фурсат барои ин шоҳзодаи саудӣ бисёр муносиб аст. Манбаъи урупоӣ бо ишора ба ин ки Арабистон бо маъмурияти Аҳмад бен Абдулазиз мароҳили муҳим ва ҷиддиеро пеши рӯ дорад, изҳор дошт, интизор меравад нақшаи муштараки Ландан ва Вошингтун бо пуштибонии шоҳзода Аҳмад бен Абдулазиз — бародари Малик Салмон ва охирин фарзанди бунёнгузори Арабистон аз байни ҳафт бародари судайрӣ, омодаи иҷро бошад ва тайи ҳафтаи пеши рӯ шоҳиди иттифоқоти тозае дар доираи сиёсии ҳукумати Арабистон бошем.”

Нависандаи ёддошт, ин иттифоқоти сиёсиро дар 17 маврид хулоса карда, ки дар зер ба ҳамон сурат баён мешавад:

1) Шоҳзода Аҳмад бен Абдулазиз Оли Сауд ба унвони валиаҳд ва вазири дифоъи Арабистон мансуб мешавад;

2) Шоҳзода Муҳаммад бен Ноиф Оли Сауд ба унвони ҷонишини валиаҳд мансуб мешавад;

3) Муҳаммад бен Салмон таҳти иқомати иҷборӣ қарор мегирад ва аз саҳнаи сиёсӣ, амниятӣ ва низомии Арабистон ба таври комил ғоиб мешавад;

4) Холид бен Салмон ибни Абдулазиз, фарзанди подшоҳи Арабистон ва сафири ин кишвар дар Вошингтун аз ин мансаби худ барканор мешавад;

5) Сауд Алқаҳтонӣ ва Туркӣ Олушшайх, ду мушовири Муҳаммад бен Салмон, ки ӯро алайҳи шайхҳо, равшанфикрон, мухолифон ва аъзои хонадони ҳокими саудӣ таҳрик мекарданд ва шахсан амалиёти терур ва шиканҷаҳо ва тахриби равобити Арабистон бо кишварҳое дар минтақа ва ҷаҳонро таҳти назорат доштанд дастгир шуда ва зиндонӣ мешаванд;

6) Сауд Алмуъҷиб, додситони кулли саудӣ, ки рафиқ ва ҳамнишини Муҳаммад бен Салмон аст барканор мешавад, чун яке аз шарикони ӯ дар боздошт, шиканҷа ва судури аҳкоми эъдом, боздошт ва нопадид шудани мухолифон буда ва масъули пиёда кардани хостаҳои Муҳаммад бен Салмон буда ва ҳеч гоҳ марди қонун набудааст;

7) Эътиборбахшии муҷаддад ба фарзандони Малик Абдуллоҳ ва интисоби шоҳзода Митъаб бен Абдуллоҳ бен Абдулазиз ба унвони вазири горди миллӣ, то вафодории қабоили бузург дар Арабистон ба байъати ҳокимияти саудиро муҷаддадан тазмин кунад, он ҳам пас аз ин ки Муҳаммад бен Салмон зимни тавҳин ба раҳбарони аршади горди миллӣ яке аз сутунҳои бузурги онҳоро терур кард;

8) Эътиборбахшии муҷаддад ба фарзандони Малик Фаҳд ва интисоби муҷаддади шоҳзода Навоф бен Файсал бен Фаҳд бен Абдулазиз ба унвони раиси кулли ниҳоди варзиш ва ҷавонон ва раиси кумитаи олимпӣ;

9) Эътиборбахшии муҷаддад ба Миқран бен Абдулазиз валиаҳди собиқ ва интисоби вай ба унвони мушовири вежаи подшоҳ ва раиси ҳайъати байъат;

10) Эътиборбахшии муҷаддад ба шохаи Малик Файсал ва шохаи Султон бен Абдулазиз, валиаҳди собиқ ба гунае, ки Холид бен Бандар бен Султон, ки дар ҳоли ҳозир сафири Риёз дар Олмон аст, ба унвони вазири хориҷа мансуб шавад. Ӯ писари Бандар бен Султон, сафири собиқи Арабистон дар Вошингтун ва наваи Сауд Алфайсал, вазири хориҷаи собиқ аст;

11) Абдулазиз бен Сауд бен Ноиф, вазири кишвари Арабистон барканор шавад, дар ҳоле, ки ҳанӯз бар сари ҷонишини вай баҳс аст ва номи қатъӣ зикр нашудааст;

12) Салмон бен Абдулазиз бен Абдуллоҳ ба унвони сафири Риёз дар Порис мансуб мешавад;

13) Салмон бен Султон бен Абдулазиз Оли Сауд ба унвони сафири Риёз дар Вошингтун мансуб мешавад. Ӯ бародари Бандар бен Султон ва ҷонишини вазири дифоъи собиқи Арабистон ва ҷонишини раиси Созмони амнияти миллии Арабистон буд, ки утоқи амалиёти Алмук дар Ӯрдун алайҳи Сурияро идора мекард. Ӯ вобастаи низомии собиқ дар Вошингтун буд;

14) Абдулазиз бен Абдуллоҳ бен Абдулазиз ба унвони сафири Риёз дар Ландан мансуб мешавад;

15) Шоҳзода Ноиф бен Аҳмад бен Абдулазиз ба дараҷаи сартипӣ иртиқо ёфта ва ба унвони раиси Созмони иттилооти Арабистон мансуб мешавад;

16) Шоҳзодагон, равшанфикрон ва зиндониёни сиёсӣ ва озодии баён ба тадриҷ ва зимни узрхоҳии подшоҳ, озод мешаванд;

17) Ҳамаи аҳкоми эъдоми содиршуда дар бораи ҳамаи маҳкумони сиёсӣ ва динӣ лағв мешаванд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: