Перейти к содержимому

Пайдову пинҳони моҷарои женерол (4)

Бахши чаҳорум

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ва раиси ҲНИТ, дар идомаи гуфтугӯи худ дар бораи Ҳоҷӣ Ҳалим ва ҳодисаи сентябри 2015, бо ишора ба Протоколи 20-32, тасреҳ кард: “Аслан Протоколи 20-32 нақшаи роҳе барои тамоми ниҳодҳои давлатӣ алайҳи ҲНИТ ва дигарандешони кишвар ба ҳисоб меояд, ки аз тарафи Раҳмон имзо шуда буд. То ба ҳол ин санад аз ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ таҳлил нашудааст ва таъсири онро дар ҳодисаҳои ахири кишвар ба таври кофӣ баррасӣ накардаанд. Дуруст аст, ки ин санад ғайриқонунӣ ва мухолифи Қонуни асосӣ ва Созишномаи сулҳ буд, аммо кори худро кард ва кишварро ба ин бесуботӣ ва бӯҳрон кашонд. Раҳмон медонист, ки як санади хилофи қонун ва созишномаро имзо мекунад, аммо барои ӯ дигар ин аҳаммият надошт. Чун бовар дошт, ки касе ӯро муҳосиба ва бозхост нахоҳад кард; на миллат ва на ҷомеаи ҷаҳонӣ. То кунун бароварди ӯ дуруст баромадааст, аммо дар оянда барои ин ҷиноят ҳатман мавриди бозхост қарор хоҳад гирифт.”

Кабирӣ афзуд: “Аз тарафи дигар, Раҳмон бовар дошт, ки ин сирр ошкор нахоҳад шуд. Аммо русҳо онро мунташир карданд, чун он рӯзҳо дунболи гӯшмолӣ додани ӯ буданд. Раҳмон он шабу рӯз мехост барои пойгоҳи низомӣ монанди Қирғизистон аз русҳо маблағе бигирад. Аммо ёдаш рафта буд, ки назди русҳо он ҷойгоҳи қирғизҳоро надорад ва русҳо ӯро қарздори модомулумри худ медонанд; ва ҳақ ҳам доранд, чун Раҳмон тавассути силоҳу пули Кремл ба қудрат расид. Бо интишори санади махфӣ, русҳо Раҳмонро ба ҷойи худ нишонданд ва пойгоҳро аз нав ба муддати 49 сол ройгон тамдид карданд. Ҳамзамон, ба Раҳмон паём доданд, ки розҳои аз ин ҳам муҳимтарро дар даст доранд, ки ҳар лаҳза метавонанд ошкор кунанд.”

Машрӯҳи ин гуфтугӯ:

— Пештар ҳамеша аз сабри наҳзат ва мавориди бадтаре, ки мумкин буд ба вуқӯъ бипайвандад гуфтаед. Оё сенориюҳои беҳтар ё бадтаре ҳам ба ҷои ҳодисаи сентябри 2015 вуҷуд дошт, ки битавон дар фазои сиёсии Тоҷикистон ба онҳо фикр кард?

— Бале, мо пас аз имзои Созишномаи сулҳ ҳамеша аз сиёсати сабр истифода кардаем. Сабре, ки на танҳо рақибони мо, балки бархе дӯстони моро ҳам ба хашм оварда буд ва ҳатто боиси тамасхур ва истеҳзо ҳам шуда буд. Имрӯз ҳам интиқод мекунанд, ки мо бо сабри худ мехостем ба ҳукумат баҳона ва далел надиҳем, вале ин кор натиҷае дарбар надошт. Ҳукумат бидуни баҳона Протоколи 20-32-ро қабул кард ва тарҳи бастани ҲНИТ-ро иҷро кард ва ин иттифоқотро рақам зад. Ба назари мунтақидон, ин сиёсати мо ва сабри мо натавонист монеъи бастани ҲНИТ шавад ва ҷилави хиёнатҳои тарафи дигарро бигирад ва он чизе, ки барои пешгирӣ аз он сабр мекардем, ба сари мо омад.

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Паймони Миллии Тоҷикистон (ПМТ) ва раиси ҲНИТ

Дар ин қисмат дуруст аст, ки мо тамоми талоши худро кардем, то ҳеч баҳонае ҳарчанд кучак барои суистифодаи тарафи муқобил надиҳем, аммо далели аслии сабри мо ва умуми сиёсатҳои мо пас аз имзои созишнома, тан надодан ба ҷанги дигари шаҳрвандӣ буд ва ҳанӯз ҳам ҳаст.

Ба унвони мисол, тибқи Созишномаи сулҳ бояд вазири дифоъ аз мухолифон таъйин мешуд ва ин дар асноди тавофуқшуда ба сурати ошкор навишта шудааст. Ҳар касе, ки шак дорад, асноди сулҳ ва қарорҳои Комиссияи оштии миллиро варақ бизанад. Аммо Раҳмон якбора бар хилофи тавофуқот аз иҷрои он даст кашид. Ин оғози аҳдшикании ӯ пас аз имзои Созишнома сулҳ буд. Дар сурате, ки ҳанӯз мухолифон ҳеч силоҳеро таҳвил надода буданд. Ёдам ҳаст, дар мулоқот бо аъзои Комиссияи оштии миллӣ ин ҷумларо ҳам гуфт, ки фишори бештар барои иҷрои ин банд, маънии ҷанги ҷадиде дорад. Раҳбарияти мухолифон чорае ҷуз сабр ва ақибнишинӣ надоштанд. Чун воқеан хатари ҷанги ҷадид ҳисс мешуд. Дар 3 соли кори Комиссияи оштии миллӣ ҳамчун ёвари раиси он, Устод Нурӣ ва баъдан ба унвони узви ин комиссия, борҳо шоҳиди чунин ҳолатҳое шудаем, ки гузашт накардан ба маънии ҷанги ҷадиде буд. Ин истротежии мо дар тӯли ин муддат буд.

— Оё эҳтимол дошт, ки ҳодисаҳо ба шакли дигаре рақам бихӯрад? Чӣ гуна?

— Танҳо иқдоми ҷиддии ҷомеаи байналмилалӣ метавонист монеъи ин иқдомоти Раҳмон бишавад, ё як тазоҳуроти васеъи мардумӣ, ки риски табдил шудани он ба бесуботӣ ва ҷанг хеле зиёд буд. Дар моҳи июли соли 2015 номае ба Созмони Милали Муттаҳид ва раҳбарони кишварҳое ҳамчун Русия ва Эрон ирсол кардем, то пеши роҳи аҳдшикании Раҳмон гирифта шавад. Чун то он замон Раҳмон қадам ба қадам корро барои бастани ҲНИТ мекашонд. Ҳудуди як соли охир (2015) дафтарҳои ҲНИТ-ро дар аксари манотиқ бастанд, беҳтарин фаъолони моро ба зиндон андохтанд, аз номи даҳҳо сохтор ва гурӯҳҳо изҳороти сохтагӣ барои бастани ҲНИТ мунташир карданд ва ниҳоятан интихоботи порлумониро ба бадтарин сурат баргузор карданд. Инҳо ҳама далолат мекард, ки Раҳмон қадам ба қадам дар бастани ҲНИТ пеш меравад.

Сукути Эрон ҳам ба унвони кафили сулҳ ва пуштибони Иттиҳоди нерӯҳои опозисиюн (ИНОТ) дар солҳои музокироти сулҳ, ҷуръати Раҳмонро бештар карда буд. Ҳоло, ки Раҳмон аз Эрон шикоят дорад, ки аз мо пуштибонӣ мекунад, шикояти мо (аз Эрон) камтар нест, ки чаро бо вуҷуди номаи расмии мо, пуштибонӣ аз созишнома накард ва имрӯз ҳам кореро ҳамчун кишвари кафили сулҳ дар ин мавзӯъ намекунад, мутаассифона. Мо ҳанӯз ҳам бар ин даъвои худ ҳастем ва дер ё зуд бояд кишварҳои кафили сулҳ инро ба миён бигузоранд, ки бо ин созишнома чӣ шуд ва чаро Раҳмон ба ин шакл онро поймол кард?!

— Ғайр аз номае, ки ба кишварҳои кафили сулҳ ва маҷомеъи байналмилалӣ ирсол кардед, дар дохили Тоҷикистон ҳам гуфтугӯҳое барои ин мавзӯъ шакл гирифт?

— Бале, қабл аз ирсоли нома, талошҳои дигаре ҳам шуд, ки ҷилави ин иқдоми зидди миллӣ гирифта шавад. Тақрибан 10 рӯз баъд аз интихоботи порлумонии соли 2015 ва як ҳафта қабл аз хуруҷам аз кишвар, бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ (КДАМ), Ятимов, як мулоқоти тӯлонии дунафара доштем.

Саймӯъмин Сатторович Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон (КДАМ)

Намехоҳам ҷузъиёти ин мулоқотро феълан ин ҷо бигӯям ва хуб ҳам мебуд агар худи мақомот ҷузъиётро ошкор кунанд, то нагӯянд, ки чизе аз худ изофа кардаам ё ба таври дигаре шарҳ додам. Ҳатман сабти он мулоқот ҳаст, зеро онҳо корҳои дигари мардумро ҳам сабт мекунанд, чӣ расад ба мулоқоти раҳбари ҳизби мухолиф бо раиси КДАМ. Аммо хулосавор метавон гуфт, ки он ҳам як талоше буд барои пешгирӣ аз сенориюҳои бадтар.

Ман талош мекардам ба масъулони аввали амнияти миллӣ бафаҳмонам, ки саркӯби мухолифон, бастани ҲНИТ ва умуман ин сиёсатҳое, ки ҳукумат солҳои ахир (2015) дар пеш гирифтааст, ба нафъи миллату давлат нест ва пеш аз ҳама амнияти миллиро зери суол мебарад. Ятимов талош мекард маро мутақоъид кунад, ки манфиати миллии мо дар ҳамин корҳост ва агар миллату ватанро дӯст медорем, бояд онро бипазирем.

Борҳо талош кардам маҷрои сӯҳбатро аз баҳси як афсари амниятӣ ва сиёсатмадори мухолиф берун оварам ва бештар ҳамчун ду сиёсатшинос сӯҳбат кунем, то масъаларо аз зовияи дигаре бибинем. Шояд аз ин роҳ битавонем роҳи ҳалли мантиқӣ ва дар хӯр ба манофеъи миллӣ пайдо кунем. Ин ҳам дар сурате, ки ҳар ду тараф даъвои миллатдӯстӣ ва ватанпарастӣ дорем. Гоҳо эҳсос мешуд, ки имкон дорад масъаларо аз зовияи миллӣ ва минтақаӣ баҳс кард, аммо мутаассифона ҷанбаи идории масъала бар илму мантиқ пирӯз мешуд.

Мо тавофуқ кардем, ки пас аз бозгашти ман аз сафар як моҳи дигар сӯҳбатро идома диҳем ва бояд роҳи ҳалле пайдо кунем. Аммо мисли ин ки бозгашти ман дигар бо сенориюи онҳо ҳамхонӣ надошт. Ду ҳафта пас аз сафарам, додситони кулл эълом кард, ки алайҳи ман парвандаи ҷиноӣ оғоз кардаанд ва он ҳам барои кадом масъалаи иқтисодии соли 1999, яъне 16 сол пеш аз он таърих. Яъне агар бармегаштам, монанди Зайд Саидов зиндонӣ мешудам ва агар барнамегаштам, раванди бастани ҲНИТ барояшон осонтар мешуд, чун раҳбараш дар хориҷ буд.

Тасмими баргашт ё адами бозгашт ба кишвар, хеле душвор буд ва онро бо Шӯрои сиёсии ҲНИТ матраҳ кардам. Ва ниҳоятан тасмими шӯро бар адами бозгашти ман шуд. Оё баргаштани ман он замон метавонист равандро ба самти дигаре бибарад? Ин суоле аст, ки посухи он хеле душвор аст.

— Шумо пештар гуфта будед, ки женерол Назарзодаро ба унвони як ҳамсоя ва дӯст низ мешинохтед. Бар ин асос, матолиберо, ки роҷеъ ба вай дар ҳодисаи сентябри 2015 гуфта мешавад, чӣ мизон ба ҳақиқат наздик медонед? Шинохти шумо аз шахсияти вай чӣ гуна аст?

— Бале, мо дӯст ва ҳамсоя будем. Ҳамзамон дар бархе масоил ихтилофи назар ҳам доштем, ки табиӣ ҳам ҳаст. Чун ӯ як фарди низомӣ буд ва масъаларо пеш аз ҳама аз он зовия медид. Аммо як низомии миллатдӯст ва огоҳи ҳамаҷониба буд. Дар бисёре аз масоили сиёсӣ, миллӣ ва ҷомеашинохтӣ назари худро дошт ва онро матраҳ мекард. Яъне як низомии дарунхолӣ набуд, ки ҳама чизро ба чашми афроди болотар бибинад. Инсони мавқеъшинос ва ҳамзамон ҷасур буд.

Ба унвони мисол, мо дар бораи ҳалли мушкилоти Бадахшон дар соли 2012 бо ӯ ихтилофи назар доштем. Ӯ комилан аз сиёсатҳои ҳукумат дар он қазия ҳимоят мекард ва хеле ҳам дар он ҷо фаъол буд. Дар сурате, ки ман бо он чи ҳукумат дар он ҷо сурат медод, мухолиф будам ва онро дар матбуот ва сӯҳбатҳои хусусӣ бо ӯ мегуфтам. Имрӯз ҳукумат даъво дорад, ки Ҳоҷӣ Ҳалим аз мо итоат мекард, агар чунин мебуд, чаро соли 2012 итоат накард ва бар хилофи назари раҳбарияти ҲНИТ, ки мухолифи амалиёти низомӣ дар Бадахшон будем, сиёсатҳои ҳукуматро ҳамчун як афсар амалӣ мекард?

Ҳамчун инсон, дӯст ва ҳамсоя, ӯ қобили ҳамагуна ситоиш аст. Аммо дар бораи тасмимоти рӯзҳои охири умраш набояд зуд қазоват кард. Замон ҳама чизро ба ҷойи худ хоҳад гузошт. Кам нестанд дар таърих афроде, ки аз тарафи ҳукуматҳои истибдодии худ ҷинояткор, кудеточӣ, хоин ва ғайра номида шудаанд, аммо таърих рӯйи онҳоро сафед кард ва ҷоҳо иваз шуданд. Дар қазияи Ҳоҷӣ Ҳалим ҳам ҳатман чунин хоҳад шуд. Ҳамон, ки зиндонро қабул накард ва худ рафт, баёнгари хислатҳои ҷавонмардии ӯст. Ҳаддиақал ҳаминро бояд дӯсту душманаш эътироф кунанд агар воқеан камтарин инсофро дошта бошанд.

— Пештар, дар мусоҳибае ишора карда будед ба тамосе, ки тавассути Ҳоҷӣ Ҳалим ба намояндагӣ аз давлат барои ултимотум додан ба ҲНИТ дар хусуси адами баргузории тазоҳурот ва роҳпаймоӣ ва эътироз. Оё метавон гуфт дар он замон Ҳоҷӣ Ҳалим робит ва воситае аз ҳукумати Тоҷикистон барои иртибот бо ҲНИТ буд? Ё ин гуна мавозеъи ӯро сирфан дар чорчӯби сохторҳои низомии Тоҷикистон мебинед? Дар ҳар сурат, чӣ тавр шуд, ки мавзеъи ҳукумати Тоҷикистон якбора ба куллӣ тағйир кард ва он иттиҳомотро дар мавриди Ҳоҷӣ Ҳалим ба ҲНИТ раво дошт?

— Бале, соли 2010 пас аз тақаллуби густурдаи интихоботи порлумонӣ фазои умумӣ дар ҲНИТ барои баргузории як тазоҳуроти эътирозӣ омода буд. Ду рӯз пас аз интихобот садҳо нафар дар дафтари марказии ҲНИТ ҷамъ шуда буданд ва аксаран дархости рехтан ба хиёбонҳоро мекарданд. Ин ҷо буд, ки Ҳоҷӣ Ҳалим паёми мақомоти низомиро дар бораи оташ кашидан алайҳи ҳама гуна тазоҳуротро расонд. Ман ҳанӯз ҳам бар ин боварам, ки ӯ масъулияти худро ба унвони як афсар ва ҳамчун касе, ки намехост хуне баноҳақ рехта шавад, анҷом дод. Ӯ дурӯғ намегуфт. Чун ба мо ҳам хабар расид, ки дафтари ҲНИТ-ро афроди мусаллаҳ, ки аксаран дохили минибусҳо нишастаанд, муҳосира кардаанд. Оё воқеан ба афроди ғайринизомӣ оташ кашида мешуд ё на, суоли дигаре аст. Аммо он чи Ҳоҷӣ Ҳалим мегуфт, бо воқеияти атрофи идораи ҲНИТ мувофиқат мекард. Ин ҷумлаи вазири дифоъ ҳанӯз ба ёдам аст, ки агар дар Ӯзбекистон чанд сол пеш 1000 нафар кушта шуд, ин ҷо мо 5 ҳазор нафарро ҳам мекушем.

Ҳоҷӣ Ҳалим як афсари содиқи давлат буд. Аммо ҳамзамон як инсони ахлоқмадор ҳам буд ва маҳзи ҳамин боис шуд, ки ҳангоми имзои он изҳороти ғайриқонунӣ нороҳатии худро ошкор кунад. Ҳукумат ҳам ӯро як афсари содиқ ба давлат ва миллат мешинохт ва барои ҳамин то мақоми женеролӣ ва муовинати Вазорати дифоъ вайро иртиқо дод. Дар Бадахшон, Исфара ва ҳар бӯҳрони дигар, ҳукумат пеш аз ҳама ӯро мефиристод. Чун ба садоқат ва тавонмандиҳои ӯ бовар дошт. Мавзеъи Раҳмон дар баробари ӯ дар моҳи августи 2015 тағйир кард ва тасмим гирифта шуд, ки ӯ қабл аз бастани ҲНИТ бояд зиндонӣ шавад.

— Яке аз мавориди пурҳошия ва мармуз пеш аз ҳодисаи 2015, Протоколи мавсум ба 20-32 буд, ки қаблтар ба он ишорае мухтасар кардед. Иртиботи ин протоколро ба қазоёи Ҳоҷӣ Ҳалим ва масоиле, ки бар сари наҳзат омад чӣ тавр мебинед? Лутфан каме бештар дар ин бора тавзеҳ диҳед.

— Аслан Протоколи 20-32 нақшаи роҳе барои тамоми ниҳодҳои давлатӣ алайҳи ҲНИТ ва дигарандешони кишвар ба ҳисоб меояд, ки аз тарафи Раҳмон имзо шуда буд. То ба ҳол ин санад аз ҷанбаҳои ҳуқуқӣ ва сиёсӣ таҳлил нашудааст ва таъсири онро дар ҳодисаҳои ахири кишвар ба таври кофӣ баррасӣ накардаанд. Дуруст аст, ки ин санад ғайриқонунӣ ва мухолифи Қонуни асосӣ ва Созишномаи сулҳ буд, аммо кори худро кард ва кишварро ба ин бесуботӣ ва бӯҳрон кашонд. Раҳмон медонист, ки як санади хилофи қонун ва созишномаро имзо мекунад, аммо барои ӯ дигар ин аҳаммият надошт. Чун бовар дошт, ки касе ӯро муҳосиба ва бозхост нахоҳад кард; на миллат ва на ҷомеаи ҷаҳонӣ. То кунун бароварди ӯ дуруст баромадааст, аммо дар оянда барои ин ҷиноят ҳатман мавриди бозхост қарор хоҳад гирифт.

Аз тарафи дигар, Раҳмон бовар дошт, ки ин сирр ошкор нахоҳад шуд. Аммо русҳо онро мунташир карданд, чун он рӯзҳо дунболи гӯшмолӣ додани ӯ буданд. Раҳмон он шабу рӯз мехост барои пойгоҳи низомӣ монанди Қирғизистон аз русҳо маблағе бигирад. Аммо ёдаш рафта буд, ки назди русҳо он ҷойгоҳи қирғизҳоро надорад ва русҳо ӯро қарздори модомулумри худ медонанд; ва ҳақ ҳам доранд, чун Раҳмон тавассути силоҳу пули Кремл ба қудрат расид. Бо интишори санади махфӣ, русҳо Раҳмонро ба ҷойи худ нишонданд ва пойгоҳро аз нав ба муддати 49 сол ройгон тамдид карданд. Ҳамзамон, ба Раҳмон паём доданд, ки розҳои аз ин ҳам муҳимтарро дар даст доранд, ки ҳар лаҳза метавонанд ошкор кунанд.

— Вокуниши шумо ба интишори ин протокол чӣ буд?

— Билофосила пас аз интишори протокол, банда ба унвони як намояндаи маҷлис ба дафтари Раҳмон нома навиштам ва дархост кардам, ки мавзӯъро шарҳ диҳанд. Номаи дигареро ҳам ба додситонии кулл фиристодам. Дафтари Раҳмон сукут кард, аммо додситонии кулл ҷавоб дод, ки воқеан чунин ҷаласае махфӣ дар Шӯрои амнияти миллӣ баргузор шудааст ва чунин протоколе вуҷуд дорад, аммо он нусхае, ки мунташир шудааст, як каме дасткорӣ шудааст ва бо нусхаи аслӣ фарқ дорад.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон

Дар номаи дуввум аз додситони кулл дархост шуд, ки ба намояндаи маҷлис имкон дода шавад, ки нусхаи аслиро бо нусхаи мунташиршуда муқоиса кунад, то битавонем ба ҷомеа ва ба хусус ба аъзои ҲНИТ итминон бидиҳем, ки Раҳмон алайҳи ҲНИТ тавтиъае накардааст. Додситони кулл аз посух ба ин нома худдорӣ кард ва дар мулоқот бо ман гуфт, ки ӯ аз номанигорӣ ва сӯҳбат дар ин мавзӯъ манъ шудааст. Танҳо чизе, ки эшон гуфт ин буд, ки идомаи пайгирии мавзӯъ аз тарафи мо, ба зарари мо тамом хоҳад шуд. Чун зери он имзои худи Раҳмон аст ва идомаи баҳс маънии ҷинояткор муаррифӣ кардани Раҳмон маҳсуб мешавад, ки ӯ онро таҳаммул нахоҳад кард.

Таҳлили мо ин буд, ки Раҳмон пас аз фош шудани иқдоми ғайриқонуниаш, муваққатан ҳам, ки шуда, аз иҷрои он даст хоҳад кашид. Аммо нусхаи чанд дастуруламали махфии ҳукумат ба мақомоти маҳаллӣ, дасти мо расид, ки дар он иҷрои қотеъонаи бандҳои Протоколи 20-32 аз онҳо хоста мешуд. Ин ба он маъно буд, ки Раҳмон аз тарҳи ҷинояткоронаи худ даст накашидааст.

Талошҳои мо барои ҷавоби қонунӣ ва мантиқии Раҳмон, ки чаро даст ба чунин қонуншиканӣ ва ноҷавонмардӣ задааст, ба ҷое нарасид ва ӯро бештар асабонӣ ва хашмолуд мекард. Аз нигоҳи ӯ, касе ҳақ надорад корҳои ӯро бо Қонуни асосӣ ва созишнома муқоиса кунад, ҳар чӣ, ки ӯ мегӯяд бояд болотар аз ҳар қонуну созишномае бошад. Аҷиб ин аст, ки то ба ҳол Раҳмон ва масъулонаш вуҷуди Протоколи 20-32-ро такзиб накардаанд, агарчи расман таъйид ҳам накардаанд. Барояшон ин санад як мӯҳри хиёнаткорӣ ва ноҷавонмардӣ то абад хоҳанд монд, ва ҳамин аст, ки ҳамеша талош мекунад аз ин мавзӯъ фирор кунад.

— Яке аз иттиҳомоте, ки ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба ҲНИТ матраҳ карда, марбут ба писари шумо Руҳуллоҳ аст ва маболиғи зиёде пул, ки дар бораи таҳвили он ба Ҳоҷӣ Ҳалим матраҳ кардаанд. Дар ин бора агар мумкин аст тавзеҳоте бифармоед.

— Ин яке аз дурӯғҳои шохдори дигаре аст, ки мақомот бидуни ҳеч далелу санаде алайҳи мо эълом кардаанд. Албатта касе то имрӯз ба ин иддао бовар накардааст, чун боваркарданӣ нест, аз чанд ҷиҳат: аввалан, оё бо маблағи 1 милюну 300 ҳазор дулор имкон дорад, ки кудетое сурат бидиҳад? Ва оё шахсе монанди Ҳоҷӣ Ҳалим, ки яке аз сарватмандтарин афроди кишвар буд ва аз имконоти молии ба маротиб бештаре аз ман бархӯрдор буд, ниёзе ба чунин маблағе дошт? Ва оё писари ман, ки агар чунин маблағеро медошт, ки ҳеч гоҳ надоштааст, чӣ зарурат дошт онро ҳамроҳи ронандаи ман ва тавассути мошини ман, ки барои ҳама маълум ва шинохта шуда буд, анҷом бидиҳад? Магар наметавонист бо мошини худ ва бидуни ҳеч шоҳиде ба Ҳоҷӣ Ҳалим бидиҳад?

Суволи хуберо аъзои риёсати мо дар ҷаласаи муҳокима, аз “шоҳидон” пурсидаанд, ки оё ин маблағ дар чӣ қолабе ба Ҳоҷӣ Ҳалим расонда шуд? Ҷавоби шоҳидон ин буд, ки “дар як кисаи пластикии маъмулӣ”. Додгоҳ дархости онҳоро барои санҷидани он ки оё ин маблағ аз лиҳози ҳаҷмӣ ва вазнӣ дар як кисаи пластикии маъмулӣ мегунҷад рад мекунад. Чун ҳамон ҷо ин иддао такзиб мешавад, ки имкон надорад чунин маблағеро дар чунин пакете, ки шоҳидон тавсиф кардаанд, ҷо карда бошад.

Ва қавитарин далели мо ин аст, ки агар воқеан бовар доштанд, ки писари ман чунин маблағеро ба Ҳоҷӣ Ҳалим дар ҳузури ронанда ва чанд коргари дигар додааст, чаро ин муҳокимаро бо далелу санад ва ошкору аланӣ баргузор накарданд, ки ҳамагон мутақоъид шаванд?

Иттиҳоми ахири Раҳмон дар бораи куштори туристҳо алайҳи ҲНИТ, бори дигар нишон медиҳад, ки онҳо дунболи далелу мантиқ настанд ва аз ҳеч дурӯғу тӯҳмате ҳам парҳез нахоҳанд кард.

— Дар маҷмӯъ ба назар мерасад ҳукумат аз қазияи Ҳоҷӣ Ҳалим Назарзода сарфи назар аз тамоми ривоятҳое, ки вуҷуд дорад, як гиреҳи кӯр дар арсаи сиёсии Тоҷикистон сохтааст, ки ҳатто метавонад домангири давлатҳои баъд аз Раҳмон ҳам бишавад. Бисёре низ ҳаллу фасли масоили марбут ба Ҳоҷӣ Ҳалимро чораи асосии тоҷикҳо мебинанд. Назари шумо дар ин бора чист?

— Ба назари ман, миллат ва ҷаҳон як дарсад ҳам аз Ҳоҷӣ Ҳалим ва он чи ки гузашт намедонанд. Раҳмон ҳам манфиатдор нест, ки тамоми ин ҷузъиёт ошкор шавад. Зеро ошкор шудани ҳақоиқ комилан бар зидди ӯст. На танҳо дар қазияи Ҳоҷӣ Ҳалим, балки ҳамаи қазияҳое, ки ҳукумат ба шакле даст дорад ва онро аз мардум пинҳон мекунад ва танҳо ривоятҳои худро матраҳ мекунад.

Ба унвони мисол, чӣ зарурате дорад, ки парвандаи куштори туристҳо пушти дарҳои баста сурат бигирад? Магар ба нафъи ҳама нест, ки ҷаҳон иҷрокунанда, суфоришдиҳанда ва ҷузъиёти ин ҷиноятро бидонад? Раҳмон чӣ чизеро мехоҳад пинҳон кунад? Ва чӣ нафъе дар ин масъала дорад? Ҳатто дар як масъалае, ки ошкор шудани он комилан ба нафъаш аст, боз ҳам пинҳонкорӣ мекунад. Чун одат кардааст ва мехоҳад ҳамеша бо зӯр ривоят ва назари худро бар дигарон таҳмил кунад.

Tasnimnews

* * *

Бахши аввал

Бахши дуввум

Бахши севвум

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: