Перейти к содержимому

Пешниҳоди ҷолиби Ризоӣ ба муҳоҷирони корӣ

Нуриддин Ризоӣ, масъули равобити хориҷии Гурӯҳи 24, ба муҳоҷирони корие, ки шароити баргаштан ба кишварро надоранд, пешниҳоди ҷолибе кардааст.

Ӯ дар ёддоште дар сафҳаи корбарии худ дар Фейсбук, пешниҳоди худро ба ин сурат матраҳ кардааст:

1) Дар Фейсбук бо ному насаби худ сафҳа кушоед;

2) Се чаҳор рӯз ҳукуматро зери интиқод қарор диҳед;

Ӯ дар идома навиштааст, дар ин сурат, “ҳатман ба суроғатон меоянд. Он гоҳ як “видео обрашение” кунеду аз кардаам пушаймон гуфта, мухолифонро зери танқид қарор диҳед.”

Ризоӣ дар идома ёдовар шудааст:

Онҳое, ки паспорт ё аслан ягон документ ҳам надошта бошанд, аз ин хидмати ройгон метавонанд истифода бубаранд.

Дар муддати 1 рӯз ҳамаро худ омода мекунанд ва ҳоҷат ба сафорат рафтану дар “очередь” азоб кашидан намемонад дигар.

Дар фурудгоҳи Душанбе бо хидматрасонии (VIP) истиқбол хоҳанд шуд.

Соли оянда боз дар ҳолати ночорӣ аз ин роҳ метавон истифода кард.”

Меҳрубон Сатторов

Гуфтанист, дар як соли ахир, чанд тан аз мухолифон пас аз изҳори пушаймонӣ, тавассути мақомоти Вазорати кишвар (дохила)-и Тоҷикистон баргадонида шуда ва пас аз бозгашт, баъзе аз онҳо ба фаъолияти худ идома медиҳанд, албатта ин бор на барои мухолифон, балки барои ҳукумат, ба ин маъно, ки аз мунтақидони шадиди мухолифон гардидаанд, аз ҷумла Оятулло Гиляев, Меҳрубон Сатторов ва Файзуллоҷон Сафаров.

Меҳрубон Сатторов дар таърихи 20 июли соли ҷорӣ (2018) дар гуфтугӯ бо Родию Озодӣ гуфтааст: “Ман 1,5 сол дар зиндони Русия будам. Вақте гуфтанд, ба Тоҷикистон равам, манро афв мекунанд, ҷомадонамро гирифта, таваккалӣ омадам. Маро мувофиқ ба як банди моддаи 307-уми Кодекси ҷиноятӣ авф карданд ва ҳоло дар зодгоҳам Конибодом ҳастам.”

Оятулло Гиляев

Сатторов имрӯзҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба тарғибу ташвиқи соири мухолифон барои баргаштан ба кишвар мепардозад.

Оятулло Гиляев, ки собиқан яке аз мунтақидони дуоташаи ҳукумат буд ва дар ин ҷиҳат бисёр зиёдаравӣ ҳам мекард, имрӯзҳо аммо, дар интиқод аз мухолифон дуоташа шуда ва роҳи ифроту зиёдаравиро пеша кардааст, бо монанди ин гуна ёддоштҳояш:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: