Перейти к содержимому

Раиси умури динии Туркия: “Мушкилоти кунунии ҷаҳони ислом реша дар тафриқа дорад”

Алӣ Арбош, раиси Созмони умури динии Туркия, бо баёни ин ки барои сохтани ояндаи беҳтар, бояд барои ҳалли мушкилоти кишварҳоямон шаффоф, ҷиддӣ ва бидуни таъаллул амал кунем, афзуд: “Мушкилоти кунунии ҷаҳони ислом реша дар тафриқа дорад ва мутаъассифона тафриқаи ҷуғрофиёӣ мунҷар ба тафриқаи фикрӣ шудааст.”

Ба гузориши хабаргузории Онотулӣ, профессор Алӣ Арбош ин суханонро дар 5-умин маросими ифтитоҳи Маҷмаъи умумии Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон, ки аз шанбешаб дар Истонбул оғоз шуд, эълом кард.

Арбош тасреҳ кард: “Гурӯҳакҳои Букуҳаром, ДОЪИШ ва Алқоъида ҷунбишҳои теруристӣ ҳастанд ва бо ҳадафи зарба задан ба ислом ба вуҷуд омадаанд; ба ҳамин далел мо бояд ба дунболи сохтани як ҷаҳони амн бошем.”

Раиси Созмони умури динии Туркия таъкид кард: “Мо бояд Қуръон ва суннатро ба сурати саҳеҳ ва бо дирояти комил дарк кунем; чаро ки фаҳми иштибоҳ, мунҷар ба мушкилоти фардӣ мешавад, ки натоиҷи хубе дарбар надорад ва он чи беш аз ҳар чиз аз рафторҳои иштибоҳи мо осеб мебинад, худи ислом ва мусалмонон, ба вежа ҷавонон хоҳад буд.”

Арбош идома дод: “Ҷаҳони ислом бо фақр, теруризм, фалокат ва бадбахтӣ даст ба гиребон аст ва мушкилоти зиёде дорад; ба ҳамин хотир, ин ҳақоиқи дардовар сабаб мешавад, мо барои муаррифии мабонӣ ва арзишҳои исломӣ ба ҷаҳониён, масъулияти сангине дошта бошем.”

Раиси Созмони умури динии Туркия, бо баёни ин, ки барои сохтани ояндаи беҳтар, бояд барои ҳалли мушкилоти кишварҳоямон шаффоф, ҷиддӣ ва бидуни таъаллул амал кунем, афзуд: “Мушкилоти кунунии ҷаҳони ислом реша дар тафриқа дорад ва мутаъассифона тафриқаи ҷуғрофиёӣ мунҷар ба тафриқаи фикрӣ шудааст.”

Арбош изҳор кард: “Ҷаҳони ислом ба далели адами истифода аз зарфиятҳои худ, арсаи дахолати кишварҳои истеъморӣ, бегонагон ва қудратҳое шуда, ки дар талош барои доман задан ба ҷангҳои мазҳабӣ дар миёни мусалмонон ҳастанд.”

Гуфтанист, Маҷмаъи умумии Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон шанбешаб бо ҳузури 1 ҳзору 500 руҳонӣ аз 80 кишвар кори худро дар Истонбули Туркия оғоз кард.

Ин ойин то рӯзи панҷшанбеи оянда ва интихобот барои таъйини раис, муовинон, дабири кулл ва дастёронаш ва низ ҳайъати уманои Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон идома меёбад.

Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон як ниҳоди исломии мардумӣ аст, ки дар соли 2004 дар шаҳри Дублини Ирланд поягузорӣ шуд, аммо дар соли 2011 бар асоси тасмими Шӯрои иҷроии ин созмон, дафтари марказии он ба Дуҳаи Қатар мунтақил шуд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: