Перейти к содержимому

Фармондеҳи омрикоӣ: “Сулҳ танҳо аз тариқи музокирот бо Толибон ба даст хоҳад омад”

Баъд аз 17 соли ҳузури низомӣ дар Афғонистон, барои аввалин бор фармондеҳи нерӯҳои омрикоӣ дар ин кишвар, тайи мусоҳибае, ба шикастнопазирии Толибон эътироф кард, ки ин мавзӯъ, шикасти Омрико дар Афғонистонро нишон медиҳад.

Женерол Скот Милер (Scott Miller), фармондеҳи омрикоии нерӯҳои НАТО дар Афғонистон, тайи мусоҳибае бо шабакаи хабарии NBC гуфт, ҷанги Афғонистон бо амалиёти низомӣ пирӯз намешавад ва сулҳ танҳо аз тариқи музокироти сиёсӣ бо Толибон ба даст хоҳад омад.

Ба гуфтаи Скот Милер, Толибон худ низ аз идомаи ҷанги 17-сола хаста шудаанд, ва нишонаҳое барои вуруд ба музокироти сиёсӣ мушоҳида мешавад. Ва ин дар ҳоле аст, ки бар хилофи ин суханони фармондеҳи НАТО, дар моҳи гузашта яке аз фармондеҳони Толибон дар мусоҳиба бо шабакаи Russia Today гуфт, раҳбарони Толибон ҳеч тамоюле ба музокира бо омрикоиҳо надоранд.

Ба гуфтаи таҳлилгарони минтақа, бо вуҷуди ҳузури низомии Омрико дар кишвари Афғонистон, нуфузи Толибон дар ин кишвар дар чанд соли ахир ба шиддат афзоиш ёфтааст ва ҳамакнун танҳо ниме аз контроли кишвар ба дасти давлати Афғонистон аст.

Атиқулло Амирхил, женероли бознишастаи афғон изҳор дошт: “Агар қарор аст тавофуқе бо Толибон анҷом шавад, бояд бо тамоми ин гурӯҳ бошад, то ҷанг дар Афғонистон поён ёбад. Зеро дар сурати ба натиҷа расидани тавофуқи сулҳ ва поёни ҷанг, нерӯҳои омрикоӣ ва НАТО дигар баҳонае барои идомаи ҳузур дар хоки Афғонистон нахоҳанд дошт.”

Ахиран тамосҳои Омрико бо аъзои дафтари сиёсии Толибон дар Қатар афзоиш ёфта ва дар чанд моҳи гузашта чандин бор намояндагони омрикоӣ бо аъзои дафтари сиёсии Толибон дар Қатар дидор ва гуфтугӯ карданд.

Бисёре аз раҳбарони сиёсии Афғонистон таъкид мекунанд, ки музокироти сулҳ бояд байни худи афғонистониҳо баргузор шавад, то барои мардуми ин кишвар пазируфтанӣ бошад.

Ҳомид Карзай, раисиҷумҳури собиқи Афғонистон низ бо ишора ба дидори Залмай Халилзод бо раҳбарони Толибон, изҳор дошт: “Мухолифи музокираи онҳо бо Толибон нестам, аммо ҳеч муомилае набояд бо хориҷиҳо анҷом шавад.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: