Перейти к содержимому

Бозгашти дин: чаро ҷомеаҳо дубора ба имон рӯ овардаанд?

Нил Макгригор (Neil MacGregor), мудири музейи Бритониё дар солҳои 2002 то 2015, нависандаи китоби арзишманди “Таърихи ҷаҳон дар 100 унсур ва зиндагӣ бо худоён”

Ба қалами Нил Макгригор (Neil MacGregor) дар нашрияи Guardian

Соли 1961, Юрий Гогорин ба фазо рафт ва аз он боло паёме ба замин фиристод: “Худое вуҷуд надорад!” Он айём, ҳар гоме, ки илм ба ҷилав бармедошт, дин даҳҳо қадам ақиб менишаст. Мӯъминон ояндаи ҷомеаашонро холӣ аз дину имон медиданд: “Ҳамагӣ секулор хоҳем шуд.” Аммо вақте ба авзоъи имрӯзи ҷаҳон нигоҳ мекунем, гӯё авзоъ воруна шудааст: ҳоло ин дин аст, ки мӯҳраҳои шатранҷи сиёсату иҷтимоъро ҳаракат медиҳад. Ин дигаргунӣ чӣ гуна рух дод?

* * *

Бетардид пустери зер яке аз иғвокунандатарин ва хотираангезтарин пустерҳои даҳаи 1970 буд. Юрий Гогорин, он боло дар фаросӯи замин, дар ҳоле, ки ба оромӣ дар миёни ситораҳо шиновар буд, ба мо лабханд мезанад ва эҳтироми низомӣ мегузорад. Аввалин инсон дар фазо либоси сурхи равшани кумунистӣ ба тан дорад ва кулоҳи эминии ӯ ба ҳуруфи CCCP музайян шудааст. Ӯ дар болои осмонҳо ба перомун нигоҳ мекунад ва он чиро метавонад бибинад, ё он чиро наметавонад бибинад, ба мо мегӯяд: “Худое вуҷуд надорад!” Поини ӯ манораҳо ва гунбадҳои калисоҳо ва масоҷид, яке пас аз дигаре, дар ҳоли вожгун шудан ҳастанд, динҳо пушти сар гузошта мешаванд ва дар баробари дастовардҳои фазояндаи илми Шӯравӣ шикасташон ҳатмӣ аст. Адёни куҳан дар ҳоли нобуд шудан ҳастанд. Хираду пажӯҳиш, инсониятро ба идеяи ҷадиде аз биҳишт расондааст. Акнун ҳама метавонем дар биҳишти дастёфтанӣ, холӣ аз мавҷудоти илоҳӣ, ва дар иваз, саршор аз ваъдаҳои дурахшон, ба Гогорин мулҳақ шавем.

Юрий Гогорин дар ин пустери таблиғотии Шӯравӣ дар соли 1975 мегӯяд: “Худое вуҷуд надорад!” Роҳ бидуни Худо бозтар аст. Худо вуҷуд надорад. Асари Владимир Менишиков.

Аксе, ки 42 сол баъд дар майи 2017 гирифта шуд, ба ҳамон мизон, тасвире гиро аз даҳаи худи мост. Ин акс чизеро нишон медиҳад, ки таронаҳои мардумӣ барои муддатҳо эҳтимолан онро наздиктарин чизи заминӣ ба биҳишт медонистанд: Порис дар фасли баҳор. Аммо ин нигоҳе румонтик ба матлубтарин мақсади туристии ҷаҳон нест. Мо дар табақаи коргари ҳумаи Клиши (Clichy) ҳастем. Дар майдони ҷилави шаҳрдорӣ, зери парчами серанги Фаронса ва ситораҳои парчами Иттиҳодияи Урупо, ва зери чашмони нозири пулис, Худованд дар бузургроҳи умумӣ мӯътаризона ибодат мешавад. Садҳо марди мусалмон дар ҳоли саҷда ҳастанд, то ба бастани масҷиди муҷаввизнагирифтаи худ эътироз кунанд. Гурӯҳе муддаӣ ҳастанд ҳақ доранд шаҳрванди вафодори Фаронса бошанд ва дар айни ҳол бигӯянд, ки онҳо (ва милюнҳо нафари дигар) ба унвони аъзои як иҷтимоъи динӣ низ ҳуқуқе доранд. Ин гурӯҳ ба наҳве сулҳомез, аммо асосӣ, давлати секулори Фаронсаро ба чолиш кашидаанд; давлатеро, ки арзишҳои ҷумҳурихоҳонаи он бар секулоризми мутлақан музокиранопазир устувор аст. Ҳамон гуна, ки ҷанҷоли машҳур марбут ба буркинӣ (burkini, навъе либоси шинои занона бо риояти усули ҳиҷоби исломӣ) дар ҳамин чанд сол пеш нишон дод, инҳо даъвоҳое нестанд, ки Фаронса ба осонӣ бо онҳо канор биёяд.

Эътирози фаронсавиён… Мардони мусалмон пас аз баста шудани масҷидашон дар Клишӣ (Clichy), марти 2017, дар хиёбон намоз мехонанд.

Ҳар ду тасвир комилан гӯёи замони худанд, бо танинҳои бисёр фаротар аз маконашон. Албатта, ки пустери Шӯравӣ барои таблиғот тарроҳӣ шуда буд, аммо (он замон) иқболи умумӣ дошт. Дар даҳаи 1970, аксари сиёсатмадорони Иёлоти Муттаҳида ва Урупои ғарбӣ, дуруст мисли сиёсатмадорони Иттиҳоди Ҷамоҳири сусиёлисти Шӯравӣ дар кулл мӯътақид буданд, ки пешрафти илмӣ, рушди моддӣ ва беҳрӯзии рӯзафзун, ба ақибнишинии имон аз ҳавзаи умумӣ меанҷомад. Нуктаи дигаре, ки ҳамин андоза муҳим аст ин буд, ки тақрибан ҳама мувофиқи дидгоҳе буданд, ки баъдан дар кампини интихоботии 1992-и Бил Клинтун суратбандӣ шуд: ин ки дар ниҳоят иборати “Иқтисод, аҳмақ!” (The economy, stupid, манзур ҳамон шиори интихоботӣ аст, ки Ҷеймз Корвил дар капини интихоботии Бил Клинтун матраҳ кард ва ба нокоромадиҳои Ҷорҷ Буши падар ишора дошт. Сурати комили ин иборат чунин аст: “Масъала иқтисод аст, аҳмақ!”) муҳимтарин унсури таъйинкунандаи сиёсӣ хоҳад буд. (Манзури нависанда ин аст, ки дар он солҳо бовар ин буда, ки иқтисод метавонад тамоми мушкилоти инсонро ҳал кунад.)

Ҳамаи он чизҳо тағйир кардааст. Дар Русия, ки аз вайронаи Иттиҳоди Ҷамоҳири сусиёлисти Шӯравӣ сар баровард, атезими давлатӣ қатъан масъалае марбут ба гузаштаҳост. Акнун, Русия худро бо садои баланд ва мағрурона уртудукс (ортодокс) медонад. Раисиҷумҳур Путин мӯъмин аст ва имонашро нишон медиҳад. “Калисои ҷомеъи Масеҳи мунҷӣ” (Храм Христа Спасителя)-и Маскав, ки мутобиқи дастуроти Истолин дари соли 1931 бомбборон шуд, бо ниҳояти диққату васвос бозсозӣ шудааст. Ҳатто КГБ калисои худро дорад. Акнун имон, ба ҳадде, ки аз садаи 17-ум бад-ин сӯ дар Урупо ба нудрат дида шуда, бахши муҳимме аз баҳсҳои умумии ҷаҳонро ташкил медиҳад.

Саросари Ховари Миёна даргири ситезаҳое маргбор шудааст, ки ҳам дар чорчӯби динӣ ва ҳам иқтисодӣ баён мешаванд ва боло мегиранд. Дар Андунезӣ ва Ниҷерия, дар Миёнмор ва Миср, бо ин баҳона ба иҷтимоъот ҳамла мешавад ва афродро мекушанд, ки аъмоли имониашон онҳоро дар кишварашон бегона кардааст. Дар Ҳинд, ки қонуни асосии он фосилаи яксонеро аз тамоми адён ҳифз мекунад, тақозо аз ҳукумат барои таъкид бар ҳувияти сареҳан ҳиндуӣ боиси эҷоди таниш шудааст, бо паёмадҳое азим барои садҳо милюн ҳиндие, ки мусалмон, масеҳӣ ё пайрави соири адёнанд. Дар бисёре аз кишварҳо, аз ҷумла Иёлоти Муттаҳида, сиёсати муҳоҷират — ки маъмулан алайҳи муҳоҷирон аст — ғолибан ба забони дин мавриди баҳс қарор мегирад.

Ҳатто дар Урупои умдатан надонамгаро, эътирози хиёбонии фаронсавиён бахше аз раванди мушобеҳ аст. Нахуствазири иёлати Бовориё (Bavaria) ахиран бар насби салиб дар сохтмонҳо, ба унвони нишони ҳувияти котулики Бовориё, исрор дорад (гарчӣ калисои котулик мухолифи ин идея буд). Дар соли 2009, реферондуми миллӣ дар Суис сохти манораро мамнӯъ кард. Ва тайи чанд соли ахир, ҳазорон нафар дар эътирози ба истилоҳ “исломисозӣ”-и Урупо, ба сурати муназзам дар Дрезден роҳпаймоӣ кардаанд. Чин, пурҷамъияттарин кишвари ҷаҳон, муддаӣ аст, ки Долой Ломо, раҳбари маънавии табъидшудаи будоиёни Таббат, ки қудраташ танҳо ҳамон имон аст, манофеъи миллии кишварро ва тамомияти давлатро бо таҳдид мувоҷеҳ кардааст.

Имон бозгаштааст. Дар саросари ҷаҳон, дин бори дигар конуни сиёсат шудааст. Ин раванде аст, ки ба назар мерасад Ғарби надонамгаро ва комёбро шигифтзада, сардаргум, ва албатта ғолибан хашмгин мекунад. Бо ин ҳол, агар нафаҳмем, ки чаро дин метавонад инчунин боиси таҳарруки иҷтимоъот шавад, шонси ночизе дар мудирияти муваффақи паёмадҳо хоҳем дошт.

Агар маҷбур бошем як нуқтаи авҷ интихоб кунем, он нуқта эҳтимолан Инқилоби Исломии Эрон дар соли 1979 хоҳад буд. Ин инқилоб, ки ҷаҳони секулорро амиқан ҳайратзада кард, замоне, ки иттифоқ афтод, алайҳи ҷараёни таърих буд: аммо ҳоло ба назар мерасад мунодии таҳаввулоти таърих шудааст. Пас аз даҳаҳо дахолати таҳқиромези бритониёиҳо ва омрикоиҳо, сиёсатмадорони эронии мухолиф — ки баъзе аз онҳо аслан мӯъмин ҳам набуданд — дар ташайюъи эронӣ роҳе барои таъриф ва дифоъ аз ҳувияти кишвар алайҳи хориҷиҳо ёфтанд. Масҷид, ҳатто беш аз бозор, маконе буд, ки дар он ривоятҳои миллии ҷадид метавонист тадвин шавад ва кулли аъзои ҷомеа низ метавонистанд дар он ширкат кунанд. Даҳ сол баъд, калисоҳои лутерии (лютерии) Олмони шарқӣ нақше мушобеҳ барои онҳое ифо кард, ки алайҳи давлати саркӯбгар мубориза мекарданд ва дар ниҳоят сарнагунаш сохтанд; давлате, ки артишҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ҳофизаш буданд. Дар ҳар ду маврид, сохторҳои имон (зоҳирӣ ва истиъорӣ) барои муддате на ба унвони саркӯб, балки ба унвони чорчӯбҳое барои озодӣ фаҳм мешуд.

Аз он замон то кунун, бисёре аз давлатҳо ба роҳе мушобеҳ рафтаанд. Роҳе, ки 60 сол пеш ба сахтӣ тасаввурпазир буд. Сиёсати итминонбахши беҳрӯзӣ дар бисёре аз нуқоти ҷаҳон ҷояшро ғолибан ба гуфторҳои хашин ва сиёсати ҳувият додааст, ки аз ҳанҷараи дин сухан мегӯяд. Ин иттифоқот набояд моро мутаъаҷҷиб кунад. Шоҳиди навъе бозгашт ба улгуи роиҷ дар тақрибан тамоми ҷомеаҳо дар тӯли таърих ҳастем. Зеро дин муддатҳост, ки дар канори забон ва миллигароӣ, яке аз қудратмандтарин нерӯҳо барои шаклдиҳӣ ва энержибахшӣ ба иҷтимоъ будааст. На ба ин далел, ки дин навъе сохтори контрол аст (гарчӣ ғолибан дар ниҳоят чунин аст), балки бад-он сабаб, ки ба гурӯҳҳо ривояте медиҳад аз ин, ки кистанд ва бо ҳам чӣ метавонанд бишаванд. Дин, дар буъди иҷтимоии худ, бештар дар бораи умед, рафтори ҷадид, ва чолиши мубориза барои оянда аст, то воқеиятгурезӣ ё тасаллии хотир.

Ин ҷумлаи машҳури Ҷон Дидиун (Joan Didion), ки “барои худ достонҳое мегӯем, то зиндагӣ кунем”, таъаммуле дар бораи дин нест, балки дақиқан ниёзи мусаллами ҳамаи мо ба достонҳое аст, ки ба зиндагиҳои фардиамон шакл ва маъно мебахшад. Достонҳои динӣ бахше аз роҳбурде мушобеҳанд, аммо барои бақои ҷамъӣ. Ин достонҳо бо пардохтан ба масоили буғранҷи зиндагӣ ва марг, табйин ба даст намедиҳанд, балки маъно мебахшанд. Достонҳое, ки ба як ҳадд дар бораи оянда ва гузаштаанд, ривояте барои ҷомеа тадорук мебинанд, ки аз хештан (self) бисёр фаротар меравад, ва зиндаҳо ва мурдаҳо ва касоне, ки қарор аст дар достони мустамирри хешон мутаваллид шавандро дарбар мегирад. Шигифт нест, ки шавоҳид, аз асри яхбандон бад-ин сӯ, нишон медиҳанд, ки ҷомеаҳое, ки чунин ривоятҳое доранд, зоҳиран абзорҳои беҳтаре барои ғалаба бар таҳдидот алайҳи мавҷудияташон барои зинда мондан ва шукуфо шудан доранд. Дар оғози садаи 20-ум, ҷомеашиноси фаронсавӣ Эмил Дуркҳойм (Émile Durkheim) мӯътақид буд, ки дар воқеъ ҳеч ҷомеае наметавонд вуҷуд дошта бошад, магар чунин достонҳои фарогири муштараке, ва ба таъбири ӯ “андешае, ки аз худ сохта мешавад”, дошта бошад: он андешаи — ё ормони — ҷамъии муштарак ва ривоятҳояш пешшарти як ҷомеаи коромад буд. Мо, вақте гурӯҳ ташкил медиҳем, достонҳое ҳастем, ки дар бораи худ мегӯем. Агар, бино ба ҳар далеле, он ривоятҳоро аз даст диҳем ё фаромӯш кунем, дигар ба сурати ҷамъӣ вуҷуд надорем. Дар маносик ва идҳои мазҳабие, ки ин ривоятҳо дар онҳо иҷро мешаванд, мумкин аст ҷомеа “Худое” дастнаёфтанӣ ва эҳтимолан ҳатто номавҷудро ибодат кунад: Дуркҳойм мегӯяд, ҷомеа нусхае ормонӣ аз худро, ки мумкин аст рӯзе муҳаққақ шавад, тақдис мекунад.

Чунин ривоятҳои мӯъминонае метавонад намодҳои бисёр нерӯманд барои инсиҷоми иҷтимоӣ бисозад. Барои намуна, ҳиндуҳо дар Бангол ҳар поиз бозгашти илоҳаи Дурго ва пирӯзии ӯ бар нерӯҳои шаррро ҷашн мегиранд. Онҳо ба нишони ин ҷашн ҳар сол муҷассамае ҷадид аз ин “Худо” месозанд. Ин тимсолҳои наққошишуда аз илоҳа, на ба дасти як ҳунарманди мунзавӣ, балки дар воқеъ ба дасти кулли иҷтимоъ сохта мешавад. Танаи ин ҷисм аз гил ташкил шудааст ва як баданаи ҳасирӣ онро ҳифозат мекунад. Аммо талоши бисёре мешавад, то хӯрдахокҳо аз тамоми нуқоти мухталифи он ноҳия, аз манотиқи сарватманду фақир, дар сохти он таркиб шавад. Мутобиқи одоб, барои омехтани ниҳоӣ, як диндор бояд аз хонаи як фоҳиша миқдоре хок гадоӣ кунад, ва дар ҳолати идеол бояд каме гил аз савоҳили Ганг низ бошад, чаро ки Дурго пайванди наздике бо ин рӯдхона дорад. Натиҷа ин ки: дар муҷассамаи муваққати ин илоҳа, тамоми бахшҳои иҷтимоъ — ғанию фақир, заъифу қавӣ — ҳузур доранд ва мӯҳтарам шумурда мешаванд, ва мустақиман ба рӯдхонаи мудом таҷдидшаванда ва ҳаётбахш мепайванданд. Бинобар ин, ин тасвир, ки Дурго дар ҷашнаш, дар он ”сокин мешавад” ва мавриди эҳтироми мардум қарор мегирад, кулли макон ва кулли иҷтимоъро, ба сурати физикӣ ва намодин, дар худ ҳозир дорад. Ин тасвире аст, ки ба дасти худи мардум мудом сохта мешавад, нобуд мегардад ва боз сохта мешавад. Танҳо чанд сохторҳои сиёсии маъдуд, барои ҷомеае, ки дар он ҳама ҷойгоҳи худро доранд, истиъораҳое бо ин тавон иқноъи отифӣ ёфтаанд.

Илоҳаи Дурго намояндаи кулли макон ва кулли иҷтимоъ аст… Ҷашни Дурго Пуҷо, Ҳинд.

Қудрати ин ривоятҳо, боварҳо ва маносик, дар ҳифзи иҷтимоъ аз хатарот, тайи садаҳо, воқеияти такроршавандае дар таърих будааст. Он қудрат бахше аз достони яҳудиён пас аз вайронии маъбади Уршалим дар 70 мелодӣ ва ҳамалоти ваҳшиёнаи Ҳодерёнус аст; бахше аз достони мардуми Этюбӣ (Эфиопия), ки ба танҳоӣ дар Офриқо дар баробари муҳоҷимони истеъморӣ муқовимат карданд; ва бахше аз достони бардагони офриқоӣ, ки ба Омрико мунтақил шуданд. Дар чунин шароите, дин биное аз маъно ироа медиҳад, ки дар он, мардум метавонад паноҳ ва умед биёбанд. Барои бисёре аз имрӯзиҳо, дар манотиқи дучори шикофи иқтисодӣ ва давлатҳои нокоромад, эҳтимолан дин танҳо бинои мавҷуд аст. Ва бетардид ин, бахше аз далеле аст, ки чаро дар бисёре аз манотиқи дунё, имон бозгаштааст.

Ин дидгоҳе дар бораи дин аст, ки бисёре аз урупоиҳо бо он даст ба гиребонанд. Дуруст нест, ки зеҳни мантиқии чорчӯбҳои илоҳиётӣ ё устурашинохтии имонро ба манзилаи иштибоҳе илмӣ рад кунад, ё мунсифона нест бигӯем, ки ҳокимон ва диндорон барои ҳимоят аз қудратмандон ва маҳрум кардан ва ба сутуҳ овардани тамоми бахшҳои ҷомеа, ба наҳви огоҳона он боварҳоро тайи ҳазораҳо дасткорӣ кардаанд…

Guardian

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: