Перейти к содержимому

Шарҳи Маснавӣ (335)

Қиссаи халифа, ки дар карам дар замони худ аз Ҳотами Тоӣ гузашта буд ва назири худ надошт (78)

* * *

Васият кардани Расул алайҳис-салом Алиро каррамаллоҳу ваҷҳаҳу, ки чун ҳар касе ба навъи тоате тақарруб ҷӯяд ба Ҳақ, ту тақарруб ҷӯй ба сӯҳбати оқил ва бандаи хосс, то аз ҳама пешқадамтар бошӣ

* * *

Нукта: Ишорат аст ба ҳадиси:

إِذَا تَقَرَّبَ النَّاسُ إِلَى خَالِقِهِمْ بِأَبْوَابِ الْبِرِّ، فَتَقَرَّبْ إِلَيْهِ بِأَنْوَاعِ الْعَقْلِ، فَتَسْبِقَهُمُ بِالزُّلَفِ وَالدَّرَجَاتِ عِنْدَ النَّاسِ فِي الدُّنْيَا، وَعِنْدَ اللَّهِ فِي الآخِرَةِ

Эй Алӣ! Чун бибинӣ, мардум бо анвоъи некӯкориҳо ба офаридгори худ тақарруб меҷӯянд, ту бо хирадҳои гуногун ба ӯ тақарруб ҷӯ, ки бар ҳамаи онон пешӣ хоҳӣ ҷуст дар дараҷаҳо ва маротиби қурб, ҳам миёни мардум дар дунё ва ҳам назди Худо дар охират.” (Ат-тарғиб фи фазоилил-аъмол ли Ибни Шоҳин, ҳ.256)

Гуфт пайғамбар Алиро, к-эй Алӣ,

Шери Ҳаққӣ, паҳлавонӣ, пурдилӣ.

Паёмбар (с) ба ҳазрати Алӣ (а) гуфт: эй Алӣ! Ту шери Ҳаққӣ ва паҳлавони шуҷоъе ҳастӣ.

Лек бар шерӣ макун ҳам эътимед,

Андаро дар сояи нахли умед.

Вале ту ҳатто бар шер будани худ низ эътимод макун, балки дар зери сояи нахли умед бош. (Манзур аз нахли умед, умеди ҳазрати Кирдугор аст.)

Андаро дар сояи он оқиле,

К-иш надонад бурд аз раҳ ноқиле.

Дар зери сояи он хирадманде дарой, ки ҳеч чизе натавонад ӯро аз роҳ ба бероҳа кашонад.

Ноқил: ҷобаҷокунанда, маҷозан ҳар чизе, ки сабаби инҳироф аз Ҳақ шавад.

Зилли ӯ андар замин чун кӯҳи Қоф,

Руҳи ӯ симурғи бас олитавоф.

Сояи чунин оқили комиле дар рӯи замин, монанди кӯҳи Қоф аст, ки дар ҳама ҷо густурда шуда ва дар айни ҳол, касе наметавонад ба асли он восил шавад. Ва руҳи ӯ ҳамчун симурғи баландпарвозе аст, ки бар буландои ҳақоиқи олӣ ва асрори сомӣ парвоз мекунад. (Шарҳи ҷомеи Маснавии маънавӣ, ҷ.1, с.865)

Гар бигӯям то қиёмат наъти ӯ,

Ҳеч онро мақтаъу ғоят маҷӯ.

Агар то рӯзи қиёмат дар бораи авсофи он оқили комил сухан бигӯям, авсофи ӯро поёну интиҳое нест.

Наът: васф кардан.

Дар башар рӯпӯш кардаст офтоб,

Фаҳм кун, “валлоҳу аълам бис-савоб”.

Худованд офтоби ҳақиқат аст ва ба василаи рӯпӯшу ҳиҷоби инсони комил худро нишон медиҳад, зеро бо асмоу сифоташ дар ӯ таҷаллӣ кардааст. Ин нуктаи тавҳидиро дарёб ва гумон мадор, ки ин нукта ба маънии ҳулулу иттиҳод аст. Худованд ба савоб (рост) донотар аз ҳар кас аст.

Нукта: Инсони комил, ойина ва мазҳари асмоу сифоти Ҳақ аст. (Ҳамон манбаъ, с.865)

Ё Алӣ, аз ҷумлаи тоъоти роҳ

Баргузин ту сояи бандай Илоҳ.

Эй Алӣ! Ту аз ҳамаи ин тоъоту ибодот, сояи он бандаи комили илоҳиро ихтиёр кун, зеро вусул ба ин банда, аз ҷамиъи тоъоте, ки ҳамроҳ бо роҳбари комил нест, бартару беҳтар аст.

Ҳар касе дар тоъате бигрехтанд,

Хештанро махласе ангехтанд.

Ҳар касе ба тоъате паноҳ бурдааст ва барои раҳоӣ аз қаҳру азоби Ҳақ, паноҳгоҳу маҳалли наҷоте фароҳам овардааст.

Махлас: роҳи халосӣ.

Ту бирав, дар сояи оқил гурез,

То раҳӣ з-он душмани пинҳонситез.

Ту бояд биравӣ дар сояи ҳимояти оқили комил қарор гирӣ, то аз газанди душмане, ки ниҳонӣ ситезу ъинод меварзад наҷот ёбӣ, яъне аз хатари васвасаҳои нафс халос шавӣ.

Аз ҳама тоъот инат беҳтар аст,

Сабқ ёбӣ бар ҳар он собиқ, ки ҳаст.

Ин ки пайрави оқили комил шавӣ ва ӯро роҳбарат созӣ, аз ҳар тоъате болотару беҳтар аст. Бо ин кор, бар ҳамаи пешигирандагон пешӣ хоҳӣ гирифт.

Нукта: Ин байтҳо ишорат ба ин аст, ки дар таҳти тасарруфи валӣ ва муршиди комил қарор гирифтан, аз ҳар тоъате, ки бидуни тобеият аз имому роҳбар анҷом шавад, фозилтар аст. (Ҳамон манбаъ, с.866)

Чун гирифтат пир, ҳин, таслим шав,

Ҳамчу Мӯсо зери ҳукми Хизр рав.

Вақте, ки пири комил ба унвони иршод туро пазируфт, таслими ӯ шав ва монанди тобеияти Мӯсо (а) аз Хизр (а), нисбат ба ӯ мутеъ бош.

Сабр кун бар кори Хизре бенифоқ,

То нагӯяд Хизр: рав, “ҳозо фироқ”.

Дар баробари ҳамаи дастуроту иршодоти он оқили комил, ки Хизри замон ва валийи даврон аст, сабр кун, то мабод, ки ӯ ба ту бигӯяд: бирав, ки инак ҷудоӣ аст байни ману ту.

Нукта: Ишорат аст ба достони Хизр (а) ва Мӯсо (а), ки шарҳи он дар сураи Каҳф (оятҳои 64 то 84) омадааст. Вақте, ки Мӯсо (а) ба тариқи истифҳом, бар кори Хизр (а) эътироз овард, ӯ ба Мӯсо (а) гуфт:

هَذَا فِرَاقُ بَيْنِي وَبَيْنِكَ

Инак, ҷудоӣ аст байни ману ту.

Гарчи киштӣ бишканад, ту дам мазан,

Гарчи тифлеро кушад, ту мӯ макан.

Агар Хизр киштиро дарҳам шикаст, набояд сухане ва эътирозе кунӣ, ва агар кӯдакеро кушт, набояд шевану зорӣ сар диҳӣ ва аз нороҳатӣ мӯҳои худро биканӣ.

Дасти ӯро Ҳақ чу дасти хеш хонд,

То “ядуллаҳ фавқа айдиҳим” биронд.

Худованд дасти он валиро дасти худ хонд, то он ҷо, ки фармуд: “Дасти Худо болотар аз дасти бандагон аст.”

Нукта: Ишорат аст ба ояти 10 сураи Фатҳ.

Дасти Ҳақ миронадаш, зинда-ш кунад,

Зинда чӣ бвад? Ҷони поянда-ш кунад.

Дасти Ҳақ Таъолост, ки он кӯдакро мекушад ва зинда мегардонад. Зинда кардан чист? Яъне он, кори осон аст, балки ӯро ба мартибаи ҷони абадӣ ва номиро мерасонад.

Ҳар кӣ танҳо, нодиро, ин раҳ бурид,

Ҳам ба ёрийи дили пирон расид.

Каманд афроде, ки ин роҳи Ҳақро танҳо ва бидуни роҳбар тай кунанд ва ба мақсуд бирасанд. Вале ба лиҳози маънавӣ боз аз баракати вуҷуди муршидони олимақом ва пирони восил аст, ки ин фард ба танҳоӣ тайи тариқ кардааст. Зеро ӯ бо воситаҳое, ки ба он валӣ марбут мешаванд, сулук кардааст.

Дасти пир аз ғоибон кӯтоҳ нест,

Дасти ӯ ҷуз қабзаи Аллоҳ нест.

Дасти иршоди пир, на танҳо ҳозиронро ёрӣ мекунад, балки ҳатто ғоибонро низ машмули иршоди худ мегардонад, зеро дасти пир, чизе ҷуз дасти Худо нест.

Нукта: Ғоибон дар ин ҷо касоне ҳастанд, ки бе итоат аз муршиди ҳозир, аз руҳонияти авлиёи пешин касби файз мекунанд. (Шарҳи ҷомеи Маснави маънавӣ, ҷ.1, с.867)

Ғоибонро чун чунин хилъат диҳанд,

Ҳозирон аз ғоибон лошак беҳанд.

Вақте, ки авлиёуллоҳ аз ғоибон дастгирӣ мекунанд, бегумон шоистагии ҳозирон (пайравону тобеъони валӣ ва муршид) аз ғоибон бештару беҳтар аст. Яъне, онон, ки дасти иродат ба яке аз авлиё додаанд, агар ҷаҳд кунанд, бештар метавонанд сулук кунанд, то онон, ки худ ба танҳоӣ тайи тариқ мекунанд.

Ғоибонро чун навола медиҳанд,

Пеши ҳозир то чӣ неъматҳо ниҳанд.

Вақте, ки ғоибон ин гуна тавассути авлиёуллоҳ мавриди бахшишу ато воқеъ мешаванд, бибин он, ки дар маҳзари онон ҳозир аст ва сарсупурда ба онҳо, чӣ хону неъмате дарёфт мекунад.

Навола: ато ва бахшиш.

Ку касе, к-ӯ пешашон бандад камар,

То касе, к-ӯ ҳаст берун сӯйи дар?

Тафовут миёни касе, ки дар ҳузури авлиёуллоҳ қарор мегирад ва камари хидмату ҳиммати ононро мебандад, бо он касе, ки аз маҳзари эшон ғоиб аст ва бо восита, сулук мекунад, хеле зиёд аст.

Нукта: Байни касе, ки дар ҳузури муршиду пир аст, бо касе, ки ғоибона иродат меварзад фарқ аст, зеро аввалӣ бештар касби файз мекунад. Бархе аз шохаҳои сӯфия ақида доранд, ки сулук манут ба иродат ба пиру роҳбар нест, балки солик метавонад бидуни пир ҳам сулук кунад. Аз шохаҳои сӯфия, Увайсиён бар ин роҳ рафтаанд. Увайсӣ касеро гӯянд, ки ба зоҳир пире надорад ва аз руҳонияти ҳазрати Расули Акрам (с) ё яке аз машойих мустафид мешавад ва касби файз мекунад. (Шарҳи Маснавии шариф, дафтари севвум, с.1229)

Чун гузидӣ пир, нозукдил мабош,

Сусту резида чу обу гил мабош.

Вақте, ки муршидеро ихтиёр кардӣ, шикананда ва зудранҷ мабош, ки бо ҳар номулоимӣ зуд биранҷӣ ва тоқати риёзату каломи сангину дурушти пирро надошта бошӣ, пас монанди обу гил сусту бетоқат мабош.

Гар ба ҳар захме ту пуркина шавӣ,

Пас куҷо бесайқал ойина шавӣ?

Агар ту бо ҳар захме кина бар дил гирӣ ва барошӯбӣ, пас чӣ сон метавонӣ ойинаи дурахшону сайқалишуда гардӣ?! Яъне наметавонӣ.

Нукта: Солики роҳи Ҳақ бояд бар сахтиҳои тарки хоҳиши нафсонӣ собир бошад ва ҳар гуна ранҷеро дар роҳи расидан ба камоли руҳӣ ва фазоили маънавӣ таҳаммул кунад ва дил ба лаззатҳои онӣ ва ҳайвонӣ наспорад ва ҳар лаззатеро қурбонии роҳи ҳақиқат кунад, зеро ин лазоиз пойдор нестанд, балки лаззати Ҳақ пойдору ҷовидон аст. Ҳақиқат, гарданаҳое пурпечу хам дорад, ки найл бад-он бар ҳар касе осон нест, балки танҳо касоне метавонанд бад-он мақсад бирасанд, ки ранҷи роҳро бар худ ҳамвор карда ва омодаи риёзат ва тарки шаҳавот бошанд. Достони баъдӣ гӯёи ин матлаб аст.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари шарҳи Маснавӣ

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: