Перейти к содержимому

Ҳумайро Бахтиёр: “Ман мухолифи ин низом ҳастам!”

Бону Ҳумайро Бахтиёр, рӯзноманигори тоҷик, дар гуфтугӯ бо пойгоҳи Кимиёи саодат, бо баёни ин ки узви ҳеч созмон ва ё ҳизбе нест, тасреҳ кард: “Аммо, бо тамоми вуҷуд метавонам бигӯям, ки мухолифам… Ман мухолифи низоме будам ва ҳастам, ки беш аз 10 ҳазор мардумро маҷбур кард, то тарки ватан кунанд, танҳо аз соли 2015 ба баъд.”

Машрӯҳи ин гуфтугӯ:

— То ҷое, ки медонем, шумо ба ин хотир тарки ватан кардед ва рӯ ба муҳоҷират овардед, ки дар дохили кишвар бароятон маҳдудиятҳое эҷод шуда буд дар робита бо ҳирфаатон, ки рӯзноманигорӣ аст, ҳатто ёдам ҳаст, рӯи шумо фишор ҳам оварда буданд.

— Мутаассифона бале. Муддате зери таъқибу фишор фаъолият доштам. Ин фишорҳо алайҳи ман, ки ҳанӯз идома доранд, аз соли 2013 шурӯъ гардиданд. Росташ, фишору таъқиб зиёд хаста ва асабиам мекарданд. Бо тавсияи дӯстони хуб, ман талош мекардам онро ҷузъи кор қабул намоям. Аммо, вақте роҳбарияти расона маро аз кор сабукдӯш кард, эҳсос кардам, ки кор ранги дигар мегирад. Зеро, баъди се моҳи оғози кор дар расонаи ҷадид, аз ман хоҳиш мекарданд, ки дигар ҳеч мавзӯъи сиёсӣ иншо накунам, зеро замон номуносиб ҳаст. Воқеан замон номуносиб буд. Ёдам ҳаст, ки баъди ҳар нашри матлаб, намояндаи мақомот ба идора меомаданд. Аммо, ҳеч кадом фишор болои расона наметавонад баҳонае бошад, ки хабарнигорро бо дархости дигарон аз кор барканор бикунӣ. Ин суоли шумо ҷавоби хеле тӯлонӣ мехоҳад, ки фикр кунам хонандаи тоҷик он қадар замон надорад. Ҳаминро мехоҳам бигӯям, ки аввал фишору таъқибҳои пай дар пай ва баъдан талоши одамрубоӣ буд. Ин воқеияти охирӣ, маро маҷбур кард, то дар мавриди ҳиҷрати тӯлонӣ андеша кунам. Ҳарчанд он замон тоза аз хориҷ бо нерӯву идеяҳои тоза баргашта будам.

— Кадом расона буд, ки шуморо барканор кард?

— Осиё Плюс

— Магар ин расона мустақил нест?

— Албатта аз лиҳози қонунӣ мустақил буд ва ҳаст. Аммо, воқеият чизе дигар аст. Инҷо намехоҳам ба иззати нафси касе бирасам. Аммо, агар мунсифона таҳлил бикунем, танҳо Осиё Плюс на, балки тамоми расонаҳои мустақилли мо, ба маънои томм мустақил набуданд. Хатти қирмиз ва худсонсурӣ, ҳам аз тарафи хабарнигорон ва ҳам аз тарафи масъулини расонаҳо ҳамеша вуҷуд дошт. Ба назари шахсии ман, аз авохири соли 2012 ва авоили соли 2013 то ба ҳол, ҳеч расонае дар Тоҷикистон мустақиллона фаъолият надорад. Ҳар расона ва ё шахсе, ки даъвои муқобил пеш меорад, ки ҳеч замон «итоаткор» набуд, танҳо худро гӯл мезанад. Агар вазъи озодии баён ва шеваи фаъолияти расонаҳоро таҳлил кунем, марҳилаи тағйири сиёсати расонаҳо ва оғози фишор ба замони пайдоиши ҳамон санади (протоколи) машҳури 32-20 рост меояд. Озодиву мустақиллии расонаҳо дар мо, ба ҳамон андоза аст, ки ҳукумат мехоҳад. Ба ин шакл вуҷуд доштани расонаҳои мустақил ба нафъи ҳукумат аст. Барои ҷомеаи байналмилалӣ далел меорад, ки расонаҳои мустақил ҳанӯз фаъолият доранд. Яъне, озодии баён ва мустақиллии расона дар мо ҳамеша ба он андоза буд, ки ҳукумат иҷоза дод.

— Ҳоло бо таваҷҷӯҳ ба он чи мефармоед ва мутаассифона рӯзноманигор ва расона дар Тоҷикистон озод нест ва онҳо ҳам, ки худро мустақил мехонанд, дар воқеъ мустақил нестанд, пас шумо ба унвони як рӯзноманигор, ҳамроҳ бо рӯзноманигороне мисли худатон, ки имрӯз дар берун аз Тоҷикистон ҳастанд, оё метавонед як расонаи мустақил, ки бозтобдиҳандаи воқеиятҳо дар дохили кишвар бошад, роҳ биандозед? Аслан, якчунин қасду тасмиме надоред?

— Иттифоқан тасмиму нақшаҳои мухталиф дорам. Аммо, монеҳо ҳам кам нестанд. Нахуст, тарҳрезии лоиҳаву ба даст овардани имконоти молӣ ва фаннӣ. Дуввум, гирд овардани ҳамкорону ҳамандешон. Инҳо кори соддае нестанд.

— Медонам осон нестанд, вале ҳамин, ки иродаи онро дошта бошед, қатъан шуданӣ ҳастанд.

— Худо хоҳад. Бубинем, ки чӣ мешавад кард. Аниқтараш, чӣ аз дастамон меояд.

— Ҳоло имрӯзҳо бо чӣ коре машғулед?

Ҳумайро Бахтиёр, фориғуттаҳсили риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи миллии Тоҷикистон. Ӯ дар расонаҳое чун Осиё Плюс, Озодагон, Онотулӣ, Ориёно Медиа ва ғайра ба унвони рӯзноманигор кору фаъолият кардааст. Дарёфткунандаи ҷоизаи беҳтарин гузоришгари интихоботӣ дар соли 2013, ҳамчунин ҷоизаи беҳтарин рӯзноманигор дар мавзӯи ҳуқуқи башар дар соли 2014 ва ғайра аз ҷавоиз. Ҳумайро Бахтиёр соли 2015 Тоҷикистонро тарк ва ба Олмон паноҳи сиёсӣ овард ва ҳаминак дар ин кишвар ба сар мебарад.

— Забономӯзӣ. Талош дорам, ки забони олмониро аз худ намоям. Бо даст додани фурсату имконият, ба корҳои ҷамъиятӣ ҳам машғул мешавам. Аксари корҳо, ба авзоъи Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ рабт доранд. Гоҳ-гоҳе сӯҳбату мулоқот бо намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ҳам анҷом медиҳам, ки он сӯҳбатҳо ҳам дар пай вазифаҳои хонагӣ доранд.

— Оё дар ҳеч расонае машғул нестед? Манзурам расонаҳои олмонӣ.

— На, мутаассифона. Як муддат хеле талош кардам, аммо, баъдан фаҳмидам бидуни забони олмонӣ имкон надорад. Аз ин хотир, дер ҳам бошад, ба забономӯзӣ шурӯъ кардам. Албатта робита дорам бо баъзе расонаҳо, ҳангоми инъикоси мавзӯъ дар тамос мешавем. Умедворам, ки дар ояндаи наздик тавонам ҷойи кор пайдо кунам.

— Иншоаллоҳ. Дида мешавад, баъзеҳо шуморо ҷузъи мухолифон донистаанд, оё шумо узви ҳизб ё созмони мухолиф ҳастед?

— На, ман узви ҳеч созмон ва ё ҳизбе нестам. Аммо, бо тамоми вуҷуд метавонам бигӯям, ки мухолифам. Охир, агар мухолиф набудам, то Олмон чаро меомадам?! Ман намефаҳмам, ки чаро мардуми мо рӯйи ин мавзӯъ ҳассосият доранд. Ман мухолифи низоме будам ва ҳастам, ки бештар аз 10 ҳазор мардумро маҷбур кард, то тарки ватан кунанд. Танҳо аз соли 2015 ба баъд. Албатта инҷо гурӯҳҳои зиёд бо далоили гуногун омадаанд. Аз зиндагии осуда касе фирор намекунад.

— Фаъолияти мухолифон дар хориҷ аз кишварро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

— Ба назари ман, ҳанӯз зуд аст чизе гуфтан. Бубинед, гурӯҳҳову миллатҳо таърихи ҳиҷрати 30-40 сола доранд ва ҳанӯз низоми дақиқи фаъолиятро ба роҳ намондаанд. Эҳсос мешавад, ки мухолифини тоҷик омодаи ҳиҷрат набуданд. Ин як воқеияти ғайричашмдошт буд, ки ночор ҳамаи мо қабул кардем. Агар таҳлили аснодӣ бикунем, 90 дарсади тоҷикони Урупо ва Амрико мухолифи низоми кишвар ҳастанд ва ба ҳамин далел фирор кардаанд. Аммо, ин мухолифин боз ихтилоф бо мухолифини расмӣ (манзур ҳизбу созмонҳое, ки расман сабти ном шудаанд) доранд. Ҳеч намефаҳмам. Ман фикр мекунам, ки мухолифини тоҷик ниёз ба замон доранд. Замон ҳамаи гурӯҳҳоро хуб ҷо ба ҷо ва муаррифӣ хоҳад кард.

Албатта аз ҳамин ҳоло метавон ҳадс зад, ки кадом гурӯҳи мухолифин дунболи корҳои воқеӣ ҳастанду кадом гурӯҳ дунболи танҳо гап ё «таҳлил». Ба иборати дигар, мухолифини кориву нокор. Тоҷикистон мушкили бешумор дорад, ки ҳар гурӯҳе метавонад қисме аз онро руйи даст бигирад ва ба андозаи нерӯву тавони худ анҷом бидиҳад. Баъзе аз инҳо чӣ кор мекунанд?! Онҳо мешинанду аз корҳои дигарон интиқод мекунанд. Ба назари ман, бо дар назардошти таҷрибаи 2-3 солаи ҳиҷрат, ин кори дурусте нест. Ман то ҳадди имкон талош дорам, ки бо мухолифин дидору гуфтугӯ дошта бошам, бо онҳое, ки талоши кор кардан доранд. Мутаассифона, мо мебинем, ки онҳое, ки аз Тоҷикистон бо даъвоҳои сиёсӣ берун омаданд, хориҷ омада даъво бо мухолифини ҳукумат доранд. Ин амал барои ман ғайримантиқӣ ва беҳуда менамояд. Гурӯҳе аз мухолифини Тоҷикистон корро пеш гирифтаанду гурӯҳи дигар довариро.

— Шояд ин ҳам яке аз барномаҳо ва тарҳҳои худи ҳукумат бошад. На ин ки «шояд», балки як воқеият аст. Ифшокориҳои Муҳаммадалӣ Расулов, корманди собиқи КДАМ-ро, ки дидед. Пас, ба назарам, ҷойи шигифтӣ надорад. Инҳоро аслан наметавон мухолиф донист.

— Аммо онҳо ҳам даъвои мухолиф буданро доранд, ки инро наметавон нодида гирифт. Ман фикр мекунам, ки дар мо инсонҳои самимӣ ва коргар хеле кам ҳастанд, мутаассифона. Он навор ва ошкорбаёнии Муҳаммадалӣ Расуловро ман воқеият медонам. Барои ҳеч таҳлилгаре ниҳон нест, ки бархе аз гурӯҳҳову шахсиятҳо дар қиболи корҳои зеҳнӣ ва масоили молӣ — заъф доранд. Ошкорбаёнии ҷаноби Расулов, тасдиқи ин мушоҳидаҳост! Ба такрор мегӯям, ки сад афсӯс, мо шахсиятҳои самимиву корӣ хеле кам дорем. Аксарият ба қавли мардум, «дар ҳила гум».

— Бале, мутаассифона. Ҳоло дар поён матлабе ҳаст, ки ба назаратон лозим аст гуфта шавад?

— Чизи хоссе на, танҳо, умедворам, ки мардум бештар болои кор такя кунанд. Ташаккур аз Шумо барои анҷоми ин сӯҳбат.

— Зинда бошед!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: