Перейти к содержимому

Абармардгароӣ

Ёддошти Маҳмудхон Бурҳонов

Яке аз мушкилоти бузурги ҷомеаи мо, ки монеъи аслӣ бар сари роҳи ҳар гуна пешрафт гашта, руҳияи “абармардгароӣ” аст. Мутаассифона ин руҳия, ҳам дар байни тарафдорони ҳукумат вуҷуд дорад ва ҳам дар байни мухолифини ҳукумат дида мешавад.

Ҳамин руҳияи хиёлпардозона сабаб гаштааст, ки тарафдорони ҳукумат аз раисиҷумҳур — ки як мақоми оддӣ дар сохтори қонунии кишвар мебошад — як шахсияти хиёлӣ битарошанд ва ӯро ҳамадону ҳамакора шуморида ба ӯ унвонҳои шоҳона бидиҳанд. Дар натиҷа, сарнавишти кишвар дарбаст дар ихтиёри ин супермани чилҳунари беҳунар қарор бигирад ва ҳама чиз ба фано равад.

Ва аз он тараф ҳам мухолифини ҳукумат, гӯё дар ҷустуҷӯи якчунин абармарди чилҳунари хиёлӣ мегарданд, то танҳо пас аз пайдо карданаш, дар атрофи ӯ сарҷамъ гарданд ва ба дунболаш роҳ биафтанду ба пирӯзӣ бирасанд. Дар ҳоле, ки якчунин “абармарди чилҳунаре” ҳаргиз пайдо нахоҳад шуд, агар ҳам рӯзе пайдо шавад, мутмаин бошед, беҳтар аз “супермани имрӯза” нахоҳад буд.

Мо билохира бояд ба ин дарк бирасем, ки ҳеч абармарди чилҳунаре вуҷуд надорад. Ҳар гоҳ ба ин дарк расидем, он вақт хоҳем дид, ки дар воқеъ мо худ он чил ҳунарро доштаем, вале беҳуда дунболи марди чилҳунар мегаштаем.

Яке ҳунари таҳлил дорем, яке ҳунари иқдом, яке сиёсатшинос ҳастем, яке иқтисоддон, яке барномарез ҳастем, яке сармоярез, яке бо қалами хеш, яке бо қадами хеш, яке нақша дорему пул надорем, яке пул дорему нақша надорем, яке расона дорему идея надорем, яке баръакс идея дорему расона надорем ва ғайра…

Манбаъ: Фейсбук

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: