Перейти к содержимому

Ислом ва талаботи замона (19)

Муртазо Мутаҳҳарӣ

Ибодат ва парастиш, ниёзи собити инсон

فَلَوْلاَ نَفَرَ مِن كُلِّ فِرْقَةٍ مِّنْهُمْ طَآئِفَةٌ لِّيَتَفَقَّهُواْ فِي الدِّينِ وَلِيُنذِرُواْ قَوْمَهُمْ إِذَا رَجَعُواْ إِلَيْهِمْ لَعَلَّهُمْ يَحْذَرُونَ

(Сураи Тавба, ояти 122)

Ба таври куллӣ, барои ҳар инсоне лозим аст, ки дорои фикри наққодӣ бошад. Қувваи наққодӣ ва интиқод кардан, ба маънои айб гирифтан нест. Маънои интиқод, як шайъро дар маҳак қарор додан ва ба василаи маҳак задан ба он, солиму носолимро ташхис додан аст. Масалан, интиқод аз як китоб маънояш ин нест, ки ҳатман бояд маъойиби он китоб намудор бишавад, балки бояд ҳар чӣ аз маъойибу маҳосин дошта бошад, ошкор бишавад. Инсон бояд дар ҳар чизе, ки аз дигарон мешунавад, наққод бошад, яъне онро баррасӣ ва таҷзияву таҳлил кунад. Сирфи ин ки як ҳарфе дар миёни мардум шӯҳрат пайдо мекунад — хусусан, ки бо як баёни зебову қашанг бошад — далел бар ин нест, ки инсон ҳатман бояд онро бипазирад ва қабул кунад. Ба вежа дар амри дин ва он чи, ки марбут ба дин аст, инсон бояд наққод бошад.

Он чи, ки дар шабҳои гузашта роҷеъ ба аҳодис баҳс мекардем, ки Пайғамбар фармуд: “Он чиро, ки аз ман мешунавед, ба Қуръон арза бадоред; агар мувофиқ аст, бипазиред, ва агар мухолиф аст, на”, худ навъе наққодӣ аст.

Ҳадисе ҳаст, ки ман айни ибороти он ёдам нест, вале мазмуни он ёдам аст, ки онро аз ҳазрати Исои Масеҳ нақл кардаанд. Тақрибан мазмунаш ин аст: шумо, ки илмро фаро мегиред, асоси кор ин аст, ки наққод бошед, яъне қудрати интиқод дар шумо бошад, кӯр-кӯрона таслим нашавед, хоҳ гӯянда солеҳ бошад ва хоҳ носолеҳ. Дар байни ҳадис дорад:

كونوا نقّاد الكلام

Ҳадиси дигар, ки филҷумла аз он ёдам ҳаст, роҷеъ ба асҳоби Каҳф аст, ки достони онҳо дар Қуръон омадааст:

إِنَّهُمْ فِتْيَةٌ آمَنُوا بِرَبِّهِمْ وَزِدْنَاهُمْ هُدًى. وَرَبَطْنَا عَلَى قُلُوبِهِمْ

(Сураи Каҳф, оятҳои 13-14) Маъруф аст, ки инҳо сарроф будаанд. Ин суханро ба ин маънӣ гирифтаанд, ки кори онҳо саррофӣ будааст. Пешвоёни мо фармудаанд, ки дар ин нисбат, ки гуфтаанд инҳо саррофи тилову нуқра будаанд, иштибоҳ шудааст:

كانوا صيارفة الكلام

Саррофи сухан буданд, на саррофи тилову нуқра. Яъне мардумони ҳакиму доное будаанд. Ва чун ҳаким будаанд, вақте ҳарфе ба онҳо арза мешуд, он ҳарфро месанҷиданд. Тафаққӯҳ дар дин, ки дар ин оят зикр шудааст:

فَلَوْلاَ نَفَرَ مِن كُلِّ فِرْقَةٍ مِّنْهُمْ طَآئِفَةٌ لِّيَتَفَقَّهُواْ فِي الدِّينِ

— мусталзими ин аст, ки инсон воқеан наққод бошад ва кори наққодии ӯ ба он ҷо кашида шавад, ки ҳар чизеро, ки гуфта мешавад ва бо амри дин тамос дорад, битавонад таҷзияву таҳлил кунад.

Ҳамин ҷумлае, ки ман дишаб нақл кардам ва гуфтам ахиран маъруф шудааст ва ба ҳазрати Алӣ (а) нисбат додаанд:

لا تؤدّبوا أولادكم

— аз боби таъбири лафзӣ, хеле зебо ва қашанг аст, хеле созгор аст. Рӯйи ҳамин ҷиҳат, мебинед як мақбулияте дар миёни афрод пайдо кардааст ва ҳар кас дар ҳар ҷое ин ҷумларо мегӯяд.

* * *

Ҳикояте аз давраи навҷавонӣ

Алъон ҳикояте ёдам омад: ман дар синини 14-15 солагӣ будам, ки муқаддамоти каме аз арабӣ хонда будам. Баъд аз воқеаи маъруфи Хуросон буд ва ҳавзаи илмияи Машҳад ба куллӣ аз байн рафта буд ва ҳар кас он вазъро медид, мегуфт, дигар асосан аз руҳоният хабаре нахоҳад буд. Ҷараёне пеш омада буд, ки эҳтиёҷ ба нависандагӣ дошт. Аз ман даъват карда буданд. Мақолаеро навиштам. Марде буд, ки дар он маҳал риёсати муҳимме дошт. Вақте он мақоларо дид, як нигоҳе ба сару вазъи ман андохт. Ҳайфаш омад, дид, ки ман ҳанӯз пойбанди олами охундӣ ҳастам. Шарҳе гуфт, насиҳат кард, ки дигар гузашт он мавқеъе, ки мардум ба Наҷаф ё Қум мерафтанд ва ба мақомоти олия мерасиданд, он давра аз байн рафт, ҳазрати Алӣ (а) фармудааст, баччаатонро мутобиқи замон тарбият кунед. Ва баъд гуфт: оё дигарон, ки пушти ин мизҳо нишастаанд, шашто ангушт доранд? Ва ҳарфҳое зад, ки ман он фикрҳоро аз мағзам берун кунам. Албатта ман ба ҳарфи ӯ гӯш накардам. Баъд ба Қум рафтам ва муддати иқоматам дар Қум 15 сол тӯл кашид. Баъд, ки ба Теҳрон омадам, аввалин асари илмӣ, ки мунташир кардам, китоби “Усули фалсафа ва равиши реализм” буд. Он шахс ҳам баъд ба намояндагии маҷлис (порлумон) расид ва марди боҳушу чизфаҳме буд ва дар синини ҷавонӣ аҳволи хубе надошт, вале баъд тағйири ҳоле дар ӯ пайдо шуд. Тақрибан дар ҳудуди 18 сол аз он қазия гузашта буд, ки “Усули фалсафа ва равиши реализм” мунташир шуд ва як нусха аз он ба дасташ расид, ва ӯ ёдаш рафта буд, ки қаблан маро насиҳат карда буд, ки дунболи ин ҳарфҳо нарав! Баъд шунидам, ки ҳар ҷо нишаста буд, ба як тарзи муболиғаомезе таъриф карда буд. Ҳатто як бор дар ҳузури худам гуфт, ки шумо чунинеду чунонед! Ҳамон ҷо дар дилам хутур кард, ки ту ҳамон касе ҳастӣ, ки дар 18 сол пеш маро насиҳат мекардӣ, ки дунболи ин ҳарфҳо нарав. Ман агар он мавқеъ ҳарфи туро гӯш мекардам, алъон як мирзобинависе пушти мизи идорае будам, дар ҳоле, ки ту алъон ин қадр таъриф мекунӣ.

Ғараз ин ҷиҳат аст, ки бархе ҷумлаҳо ба зоиқаҳо ширин меояд ва монанди барқ ривоҷ пайдо мекунад. Аслан ҳамон тавре, ки баъзеҳо ба васоили мухталиф барояшон пешомадҳои хубе буруз мекунад ва баъзеҳо ҳам бадшонсу бадбахт мебошанд, агар мулоҳиза карда бошед ҷумлаҳо ҳам ин тавр аст. Баъзе ҷумлаҳо як ҷумалоти хушшонсе ҳастанд. Ин ҷумалот бидуни ин ки арзиш дошта бошанд, мисли барқ дар миёни мардум ривоҷ пайдо мекунанд, ва ҳол он, ки ҷумлаҳое ҳаст сад дараҷа аз инҳо боарзиштар ва ҳусни шӯҳрат пайдо намекунанд. Ин ҷумлаи:

لا تؤدّبوا أولادكم بأخلاقكم

— ҷузъи ҷумалоти хушшонси дунёст ва шонси бехудӣ пайдо кардааст. Дар мавриди ин ҷумла ман дишаб ин тавр арз кардам: гӯ ин ки ин ҷумла ба ин маънӣ ва мафҳуме, ки имрӯзиҳо истеъмол мекунанд, ғалат аст, вале як маъно ва мафҳуми саҳеҳе метавонад дошта бошад, ки ғайр аз чизе аст, ки имрӯзиҳо аз он қасд мекунанд, ва фарқе гузоштам миёни одоб ва ахлоқ, ки одоб ғайр аз ахлоқ аст. Он вақт одобро ду гуна зикр кардем: мумкин аст мақсуд аз одоб умуре бошад, ки дар воқеъ имрӯз ба онҳо фунун мегӯянд. Илова бар ахлоқ, илова бар сифоти хосси руҳӣ, илова бар назме, ки инсон бояд ба қувваҳои руҳии худаш бидиҳад, ки номаш ахлоқ аст, барои ҳар кас лозиму воҷиб аст, ки як силсила фунунро ёд бигирад. Албатта он ҳам андозае дорад, яъне фаннеро бояд биёмӯзад, ки аз он фанн як асар барои башарият дар ҷиҳати хайр бархезад ва зимнан зиндагии ӯро ҳам идора кунад. Дар фунун аст, ки инсон бояд тобеъи замон бошад. Агар

لا تؤدّبوا أولادكم بأدابكم

— бигӯем, дуруст аст ё:

لا تؤدّبوا أولادكم بفنونكم

— ҳарфи дурусте аст, чун зиндагӣ мутағайир аст, инсон набояд дар ин ҷур чизҳо ҷумуд ба харҷ бидиҳад ва ҳамеша бихоҳад ба авлодаш он фаннеро биёмӯзад, ки худаш доштааст, дар сурате, ки мумкин аст ҳамон фанн ба шакли беҳтару комилтар дар замони ҷадид падид омада бошад.

* * *

Ду қисми одобу русум

Масъалаи дигаре, ки гуфтам ва баъд, аз суолоти оқоён маълум шуд, ки эҳтиёҷ ба тавзеҳи бештаре дорад, масъалаи одобу русум аст. Одобу русум бар ду қисм аст. Баъзе аз онҳо аз назари шаръӣ “суннатҳо” номида мешавад, яъне шореъ рӯйи онҳо назар дорад. Шореъ, он одобро ба сурати як мустаҳаб тавзеҳ додааст. Ва назар ба ин ки ислом ҳеч дастуреро газоф намедиҳад, умуреро, ки ислом суннат кардааст, мо бояд ба сурати як асл ҳифз кунем. Масалан, ислом барои ғизо хӯрдан одобе зикр кардааст. Ислом дини ташрифотӣ нест, балки агар одоберо зикр карда ҳисоб намудааст. Масалан, агар мегӯяд, мустаҳаб аст

إطالة الجلوس عند المائدة

Яъне тӯл додани нишастан бар сари суфра, мустаҳаб аст. Инсон ғизоро зиёд биҷавад, мустаҳаб аст. “Бисмиллоҳ” бигӯяд. Мустаҳаб аст “Алҳамду лиллоҳ” бигӯяд. Мустаҳаб аст дастро қабл ва баъд аз ғизо, бишӯяд. Инҳо ташрифотӣ нест, ҳақоиқ аст. Ислом ба саломати инсон аҳаммият медиҳад; мехоҳад дандон, меъда ва аъсоби инсон солим бошад. Танҳо ба ҷанбаҳои равонӣ намепарозад. Одаме, ки сари суфра бо аҷала ғизо мехӯрад, ин худаш маншаи мараз мешавад. Ин, як ҳисобе аст, ки ба як замон ихтисос надорад ва барои тамоми замонҳост. Ислом мегӯяд, мустаҳаб аст луқмаро кучак бардоред, мустаҳаб аст зиёд биҷавед, мустаҳаб аст дастро қабл аз ғизо бишӯед.

Ҳадисе нақл мекунанд, ки ҳазрати Алӣ (а) мазраъае дошт. Марде ба номи Абӯнайзар мегӯяд: рӯзе ҳазрат ба мазраъа омад. Худаш куланг бардошт ва дар як чоҳ фурӯ рафт. Муддати зиёде дар он чоҳ амали муқаннигарӣ (чоҳканӣ) анҷом медод ва хеле ҳам ба тундӣ кор мекард. Як вақт аз чоҳ берун омад дар ҳоле, ки арақ аз сару сурати ӯ ҷорӣ буд. Баъд фармуд: оё ин ҷо ғизое ҳозир ҳаст? Гуфтам: бале, миқдоре каду ҳаст, хидмататон биёварам? Фармуд: бисёр хуб, биёвар. Ҳазрат бархост ва ба сари наҳри обе рафт, дасти худашро бо шен шуст. Вақте, ки хуб покиза шуд ва хост бо дастҳои худаш об бихӯрад, гуфт:

إنّ كفّيّ أنظف الآنية

Ду дасти ман тамизтарини зарфҳост.” Баъд бо дасти худаш об хӯрд.

Ин, ҳисоби назофат аст. Мустаҳаб аст хилол кардан. Мустаҳаб аст мисвок кардан. Инҳо дигар замону макон надорад. Аммо онҳое, ки ман арз кардам, замону макон дорад.

Ин нуктаро таваҷҷӯҳ дошта бошед, ки баъзеҳо ҷумуд ба харҷ медиҳанд, хаёл мекунанд, ки чун дини ислом дини ҷомеъе аст, пас бояд дар ҷузъиёт ҳам таклифи муайяне равшан карда бошад. На. Ин тавр нест. Як ҳисоби дигаре дар ислом аст. Иттифоқан ҷомеъияти ислом эҷоб мекунад, ки асосан дар бисёре аз умур дастур надошта бошад. На ин ки ҳеч дастур надошта бошад, балки дастураш ин аст, ки мардум озод бошанд ва ба истилоҳ, таклифе дар он умур надошта бошанд. Аз ҷумла ҳадисе аст ба ин мазмун:

إنّ الله يحبّ أن يؤخذ برُخَصه كما يحبّ أن يؤخذ بعزائمه

Хеле мазмуни аҷибе аст! “Худо дӯст дорад дар масоиле, ки мардумро озод гузоштааст, мардум ҳам озод бошанд.” Яъне масоили озодро озод талаққӣ кунанд, аз худ чизе дарнаёваранд, онро, ки рухсат аст, озод бидонанд. Амирулмӯъминин мефармояд:

إنّ الله حدّد حدودا فلا تعتدوها وفرض فرائضَ فلا تتركوها

Яъне “Худо як чизҳоеро воҷиб кардааст, онҳоро тарк накунед. Як чизҳоеро ҳам мамнӯъ эълом кардааст, ба онҳо таҷовуз накунед.”

وسكت لكم عن أشياء ولم يدعها نسيانا فلا تتكلّفوها

(Наҳҷул-балоға, ҳикмати 105) “Худо дар бораи баъзе аз масоил сукут кардааст. Албатта фаромӯш накарда, балки хостааст, ки сукут кунад ва бандагонаш дар он масоил озоду мухтор бошанд. Дар он чи, ки Худо мардумро озод гузоштааст, шумо дигар таклиф муайян накунед.”

Пас, он мавзӯе, ки арз кардам як силсила одобу русум дар миёни мардум ҳаст, ки агар инсон онҳоро аз тариқи мусбат анҷом бидиҳад, на ҷое хароб мешавад ва на ҷое обод, ва агар тарк ҳам бикунад, ҳамин тавр, масоиле аст, ки Худо дар он масоил сукут кардааст. Башар як ҳолате дорад, ки ҳеч вақт аз ӯ ҷудо намешавад, ва он ин аст, ки алоқае ба баъзе аз ташрифот дорад. Як розе дар ин масоил аст. Дигар набояд гуфт, ҳатман бояд ин корро бикунад. Ин, масъалае буд, ки ман имшаб лозим донистам дар бораи он тавзеҳе бидиҳам.

* * *

Маънии парастиш

Имшаб мехоҳам қисмате аз ароизамро ихтисос бидиҳам ба яке аз хулқҳои собити ҳамагонии тағйирнопазир ва насхнопазир, ки замон ҳеч вақт наметавонад дар он таъсир дошта бошад, ва он мавзӯъ ибодат ва парастиш аст. Яке аз ҳоҷатҳои башар парастиш аст. Парастиш яъне чӣ? Парастиш он ҳолатеро мегӯянд, ки дар он, инсон як таваҷҷӯҳе мекунад аз ноҳияи ботинии худаш ба он ҳақиқате, ки ӯро офаридааст ва худашро дар қабзаи қудрати ӯ мебинад, худашро ба ӯ ниёзманд ва мӯҳтоҷ мебинад; дар воқеъ сайре аст, ки инсон аз халқ ба сӯи холиқ мекунад. Ин амр асосан — қатъи назар аз ҳар фоида ва асаре, ки дошта бошад — худаш яке аз ниёзҳои руҳии башар аст. Анҷом надодани он, дар руҳи башар эҷоди адами таъодул мекунад.

Мисоли соддае арз мекунам: агар мо каҷовае дошта бошем ва ҳайвонҳое, хӯрҷинҳое, ки рӯйи ин ҳайвонҳо мегузоранд, бояд таъодулашон барқарор бошад. Намешавад як тараф пур бошад ва тарафи дигар холӣ. Инсон дар вуҷуди худаш хонаи холӣ зиёд дорад. Дар дили инсон ҷойи хеле чизҳо ҳаст. Ҳар эҳтиёҷе, ки бароварда нашавад, руҳи инсонро музтарибу номутаъодил мекунад. Ҳамон тавр, ки дишаб арз кардам агар инсон бихоҳад дар тамоми умр ба ибодат бипардозад ва ҳоҷатҳои дигари худро барнаёварад, ҳамон ҳоҷатҳо ӯро нороҳат мекунад, акси матлаб ҳам ин аст, ки агар инсон ҳамеша дунболи моддиёт биравад ва вақте барои маънавиёт нагузорад, боз ҳамеша руҳу равони ӯ нороҳат аст.

Неҳру марде аст, ки аз синини ҷавонӣ ломазҳаб шудааст. Дар охирҳои умр як тағйири ҳоле дар ӯ пайдо шуда буд. Худаш мегӯяд: ман, ҳам дар руҳи худам ва ҳам дар ҷаҳон як халаъеро, як ҷойи холиро эҳсос мекунам, ки ҳеч чиз наметавонад онро пур кунад, магар як маънавияте. Ва ин изтиробе, ки дар ҷаҳон пайдо шудааст, иллаташ ин аст, ки нерӯҳои маънавии ҷаҳон тазъиф шудааст. Ин бетаъодулӣ дар ҷаҳон, аз ҳамин аст. Мегӯяд: алъон дар кишвари Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ ин нороҳатӣ ба сахтӣ вуҷуд дорад. То вақте, ки ин мардум гурусна буданд ва гуруснагӣ ба онҳо иҷоза намедод, ки дар бораи чизи дигаре фикр кунанд, яксара дар фикри таҳсили маъош ва дар фикри мубориза буданд. Баъд, ки як зиндагии оддӣ пайдо карданд, алъон як нороҳатии руҳӣ дар миёни онон пайдо шудааст. Дар мавқеъе, ки аз кор бекор мешаванд, тоза аввали мусибати онҳост, ки ин соати фароғат ва бекориро бо чӣ чиз пур кунанд? Баъд мегӯяд: ман гумон намекунам инҳо битавонанд он соатҳоро ҷуз бо умури маънавӣ бо чизи дигаре пур кунанд, ва ин ҳамон халаъе аст, ки ман дорам.

Пас, маълум мешавад, ки воқеан инсон як эҳтиёҷе ба ибодат ва парастиш дорад. Имрӯз, ки дар дунё бемориҳои равонӣ зиёд шудааст, дар асари ин аст, ки мардум аз ибодат ва парастиш рӯ баргардондаанд. Мо инро ҳисоб накарда будем, вале бидонед ҳаст, ҳақиқатан ҳаст: намоз — қатъи назар аз ҳар чизе — табиби сари хона аст. Яъне агар варзиш барои саломатӣ муфид аст, агар оби тасфияшуда барои ҳар хонае лозим аст, агар ҳавои пок барои ҳар кас лозим аст, агар ғизои солим барои инсон лозим аст, намоз ҳам барои саломатии инсон лозим аст. Шумо намедонед агар инсон дар шабонарӯз соате аз вақти худашро ихтисос ба розу ниёз бо парвардигор бидиҳад, чӣ қадр руҳашро пок мекунад! Унсурҳои руҳии муъзӣ (азияткунанда) ба василаи як намоз аз руҳи инсон берун меравад. Дар як ҷаласа, ки роҷеъ ба ибодат сӯҳбат мекардам, гуфтам, нагӯед ислом дини иҷтимоӣ аст, исломи дини ахлоқ аст, чӣ тавр? Ислом дини ҳамаи инҳост. Ислом болотарин ҳарфро дар бораи таълимоти иҷтимоӣ гуфтааст. Мефармояд:

لَقَدْ أَرْسَلْنَا رُسُلَنَا بِالْبَيِّنَاتِ وَأَنزَلْنَا مَعَهُمُ الْكِتَابَ وَالْمِيزَانَ لِيَقُومَ النَّاسُ بِالْقِسْطِ

(Сураи Ҳадид, ояти 25) “Тамоми пайғамбаронро фиристодем барои ин ки дар миёни мардум адолати иҷтимоӣ пайдо бишавад…” Ислом барои ахлоқи хуб болотарин ҳарфҳоро задааст. Мефармояд:

هُوَ الَّذِي بَعَثَ فِي الْأُمِّيِّينَ رَسُولًا مِّنْهُمْ يَتْلُو عَلَيْهِمْ آيَاتِهِ وَيُزَكِّيهِمْ وَيُعَلِّمُهُمُ الْكِتَابَ وَالْحِكْمَةَ

(Сураи Ҷумъа, ояти 2) Вале оё ислом, ки арзиши таълимоти иҷтимоиро ин қадр боло бурда, аз арзиши ибодат чизе костааст? Абадан! Арзиши ибодатро ҳам як зарра накостааст, балки мақоми ибодатро дар мофавқи ҳамаи инҳо ҳифз кардааст.

* * *

Ибодат, сарлавҳаи таълимоти исломӣ

Аз назари ислом, сарлавҳаи таълимот, ибодат аст. Агар ибодат дуруст бошад, он дутои дигар дуруст мешавад, ва агар ибодат набошад, он дуто воқеият пайдо намекунад. Бовар накунед, ки як касе дар дунё пайдо бишавад, ки дар масоили ахлоқӣ ва иҷтимоӣ, мусалмони хубе бошад, вале дар масоили ибодӣ мусалмони хубе набошад. Мо барои одами намознахон чизе аз мусалмонӣ қоил нестем. Ҳазрати Алӣ (а) фармуд: “Баъд аз имон ба Худо, чизе дар ҳадди намоз нест.” Пайғамбари Акрам (с) фармуд: “Намоз мисли чашмаи оби гарме аст, ки дар хонаи инсон бошад ва инсон рӯзе панҷ бор дар он оби гарм шустушӯ кунад.”

تعاهدوا أمرَ الصلوة وحافظوا عليها

(Наҳҷул-балоға, хутбаи 197) Яъне “Расидагӣ ба кори намоз бикунед, муҳофизат бар намоз бикунед.” Худованд ба Пайғамбар мефармояд:

وَأْمُرْ أَهْلَكَ بِالصَّلَاةِ وَاصْطَبِرْ عَلَيْهَا

(Сураи Тоҳо, ояти 132) “Ба хонадонат дастур бидеҳ, ки намоз бихонанд, худат ҳам бар намоз сабр кун.” Яъне намоз зиёд бихон ва онро таҳаммул кун.

إِنَّ رَبَّكَ يَعْلَمُ أَنَّكَ تَقُومُ أَدْنَى مِن ثُلُثَيِ اللَّيْلِ وَنِصْفَهُ وَثُلُثَهُ وَطَائِفَةٌ مِّنَ الَّذِينَ مَعَكَ

(Сураи Муззаммил, ояти 20) “Худо медонад, ки ту ва афроде, ки бо ту ҳастанд, шабҳо бапо мехезед, ибодат мекунед, Худоро парастиш мекунед….

وَمِنَ اللَّيْلِ فَتَهَجَّدْ بِهِ نَافِلَةً لَّكَ عَسَى أَن يَبْعَثَكَ رَبُّكَ مَقَامًا مَّحْمُودًا

(Сураи Исро, ояти 79) “Эй Пайғамбар! Қисмате аз шабро таҳаҷҷуд кун (бар ӯ воҷиб буд) шояд, ки Худо ба ин ҳол, туро ба мақоми маҳмуд бирасонад.”

Имкон надорад инсоне инсони комил бишавад бидуни ибодату парастиш. Пайғамбар, пайғамбар аст ба ҳамон ибодатҳо ва ҳамон парастишҳо ва ҳамон истиғфорҳо. Имом Содиқ мефармояд: Пайғамбар дар ҳеч маҷлисе наменишаст, магар ин ки 25 бор истиғфор мекард, мегуфт:

أستغفر الله ربّي وأتوب اليه

Алӣ ибни Абӯтолиб, амирулмӯъминин аст ба ин ки вуҷуди ҷомеъе аст: ҳам зимомдори одиле аст ва ҳам обиди нимашабӣ. Ҳамон ибодатҳо ба Алӣ он нерӯҳои дигар назири равшанзамириро дода буд. Набояд арзиши ибодатро фаромӯш кард.

Удай ибни Ҳотам назди Муовия омад дар ҳоле, ки солҳо аз шаҳодати Мавло гузашта буд. Муовия медонист, ки Удай яке аз ёрони қадимии Мавлост, хост коре кунад, ки ин дӯсти қадимӣ балки як калима алайҳи ҳазрат сухан бигӯяд. Гуфт: Удай!

أين الطرفات

Писаронат чӣ шуданд? (Удай се писар дошт, ки дар синини ҷавонӣ дар рикоби ҳазрати Алӣ (а) дар ҷанги Сиффайн кушта шуда буданд. Муовия мехост Удайро нороҳат кунад балки ӯ аз Мавло изҳори норизоятӣ кунад.) Удай гуфт: дар рикоби мавлояшон Алӣ бо ту, ки дар зери парчами куфр будӣ, ҷангиданд ва кушта шуданд. Гуфт: Удай! Алӣ дар бораи ту инсоф надод. Гуфт: чӣ тавр? Гуфт: писарони худашро нигаҳ дошт ва писарони туро ба куштан дод. Удай гуфт: Муовия! Ман дар бораи Алӣ инсоф надодам. Намебоист Алӣ имрӯз дар зери харворҳои хок бошад ва ман зинда бошам. Эй кош ман мурда будам ва Алӣ зинда мемонд! Муовия дид тираш коргар нест. Сабки ин мард ин буд, ки вақте медид кораш бо хушунат пеш намеравад, лайин мешуд. Гуфт: Удай! Алъон дигар кор аз ин ҳарфҳо гузаштааст. Дилам мехоҳад чун ту зиёд бо Алӣ будӣ, як қадре корҳояшро бароям тавсиф кунӣ, ки чӣ мекард. Гуфт: Муовия! Маро маъзур бидор. Гуфт: на. Ҳатман бояд бигӯӣ. Удай гуфт: ҳоло, ки мехоҳӣ бигӯям, он чиро, ки медонам мегӯям; на ин ки мутобиқи майли ту сухан бигӯям, балки ҳақиқатро мегӯям. Гуфт: бигӯ.

Ин мард шурӯъ кард ба сӯҳбат кардан дар бораи Алӣ. Гуфт: яке аз хусусиёти ӯ ин буд:

يتفجّر العلم من جوانبه والحكمة من نواحيه

Марде буд, ки илму ҳикмат аз атрофаш меҷӯшид. Муовия! Алӣ одаме буд, ки дар муқобили заъиф, заъиф буд ва дар муқобили ситамкорон, нерӯманд. Бо ин ки дар миёни мо менишаст ва ҳеч такаббуре надошт ва бидуни имтиёз менишаст, аммо Худо як ҳайбате аз ӯ дар дили мардум қарор дода буд, ки бидуни иҷоза наметавонистем ҳарф бизанем… Баъд гуфт: Муовия! Ман мехоҳам манзараеро, ки ба чашми худам дидам, бароят бигӯям. Дар яке аз шабҳо Алиро дар меҳроби ибодат дидам. Дидам мустағриқи Худои худаш аст ва маҳосинашро ба дасти муборак гирифта, мегӯяд: оҳ оҳ аз ин дунё ва оташҳои он! Мегуфт:

يا دنيا! غُرّي غيري

Эй дунё! Ғуррӣ ғайрӣ…»

Ончунон Удай Алиро васф кард, ки дили санги Муовия таҳти таъсир қарор гирифт, ба тавре, ки бо остинаш ашкҳои сураташро пок мекард.

Он гоҳ гуфт: дунё ақим аст, ки монанди Алӣ бизояд.

ومناقب شهد العدو بفضلها

والفضل ما شهدت الأعداء

Алӣ марде аст, ки душманонаш дар бораи фазлу фазилати ӯ гувоҳӣ медоданд.

* * *

Идома дорад

* * *

Қисматҳои дигари ин китоб

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

This site uses Akismet to reduce spam. Learn how your comment data is processed.

%d такие блоггеры, как: