Перейти к содержимому

Оё метавон Худобовар буд бидуни пойбандӣ ба дину шариат?

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Посух ба ин пурсиш, ки: оё метавон Худобовар буд бидуни пойбандӣ ба дину шариат?

Посухи ин пурсишро бо баёни чанд нукта баён медорам:

1) Пеш аз пардохтан ба асли масъала, лозим аст худи дин таъриф шавад. Дин, аз нигоҳи адёни иброҳимӣ, ба хусус ислом (феълан коре ба таърифи дин аз нигоҳи адёни ғайрииброҳимӣ надорам) маҷмӯае аст (ё мактабе аст) муташаккил аст: 1) андеша (ақоид, ҷаҳонбинӣ); 2) дастуроти ахлоқӣ; 3) аҳком. Андеша мисли ин ки: Худо ҳаст, рӯзи қиёмате ҳаст аст ва ғайра… Ва аммо дастуроти ахлоқӣ мисли: бояд ростгӯ буд, мухлис буд, бовафо буд ва ғайра… Ва аҳком низ мисли ин ки: бояд намоз хонд, бояд рӯза дошт ва ғайра…

Ҳоло агар мо динро ба як дарахт ташбеҳ кунем, дар воқеъ, ақоид (ҷаҳонбинӣ) решаҳои ин дарахт аст, ва аммо ахлоқу аҳком, шоха ва баргҳои он, ки аз ҳамон реша бархостаанд, ва ба иборати дигар, маншаи онҳо ҳамон решаи он аст. Ин аст таърифи дин. (Феълан баҳси ман, рӯи дуруст будан ё нодуруст будани ин тақсимбандӣ нест, яъне дар садади исбот ё инкори он нестам, фақат дар мақоми таъриф ҳастам, то бидонем, дин чист, аммо ин ки оё дуруст аст ё нодуруст, ин баҳсаш ҷудост.)

2) Ҳоло пойбандӣ ба дин (яъне ин ки яке пойбанд ба ойини ислом аст, яке пойбанд ба масеҳият, яке ба яҳудият, яке ба зартуштигарӣ ва ғайра…) чист? Пойбандӣ ба дин маънояш ин аст, ки он ки худро масалан мусалмон медонад, ӯ, илова бар ин ки тасаввураш аз Худо ҳамон аст, ки ақлу Қуръону суннат барояш мегӯяд, ҳамчунин худро мулзам ба риояти “бояду набоядҳои исломӣ” менамояд (бояду набоядҳои ахлоқӣ ва аҳком). Масеҳӣ ва яҳудӣ низ ҳамчунин, албатта бо як саре тафовутҳое аз мусалмон, ки феълан баҳси мо баёни он нест. Ин аст маънои пойбанд будан ба як дини муайян.

3) Нуктаи севвум ва муҳим он аст, ки: агар як мусалмон (ё ҳатто як масеҳӣ ё як яҳудӣ) масъалаи “эътиқод ба Худо”-ро аз масъалаи “пойбандӣ ба дин” ҷудонопазир медонад, ин бармегардад ба тасаввури ӯ аз зоти Худо. Ин масъала хеле муҳим аст, ки агар хуб даркаш кунем, боқии масоил қобили ҳалланд. (Яъне ҳамон масъалае, ки гуфтем, ки Худобоварӣ бидуни пойбандӣ ба дин, аз як поя ва асоси мантиқӣ бархӯрдор нест, қобили фаҳм мегардад.) Зеро як мусалмон, тасаввураш аз зоти Худованд (ки албатта мабнои ақлӣ дорад ва ба илова, такя бар омӯзаҳои қуръонӣ ва ҳадисӣ ҳам дорад) ин аст, ки Худованд, танҳо зоти офаринанда нест, яъне чунин нест, ки Худо кораш фақат халқу офариниш бошад, балки ба иловаи халқу офариниш, Худо рабб (парвардигор) ҳам ҳаст. Рабб (парвардигор) яъне зоте, ки пас аз офариниши ҳастӣ, онро ба ҳоли худ вонагузошта, балки кораш тадбири он аст, зеро ӯ ҳастиро беҳуда наёфарида, балки ҳадаф дорад (ҳадафи феълӣ албатта, на ҳадафи фоъилӣ, ки баёнаш ин ҷо нест).

Масалан, Худованд одамизодро, ки офарид, барои ҳадафе офарид, ки тибқи таълимоти адёни иброҳимӣ ба хусус ислом, ин ҳадаф ҳамоно саодати инсон дар дунё ва охират аст, ва саодати инсон, дар ба камол расидани ӯст. Камолот мисли илм, қудрат, ҳаёт ва ғайра, ки албатта камоли ниҳоии ӯ – ки дар он, тамоми саодати ӯст — дар ин аст, ки ӯ ба Худо восил шавад.

Ҳоло, аз назари адёни иброҳимӣ, одамизод барои он ки ба ин камоли худ бирасад ва дар дунё ва охират саодатманд гардад, ӯ ниёз ба як “нақшаи роҳ” дорад, ки худаш қодир ба тарҳи он нест, яъне ақлу хиради ӯ ба танҳоӣ қодир ба тарҳи он нест, шояд битавонад бо такя ба ақли худ, тарҳаке бирезад, аммо тарҳе ҷомеъ ва комиле нахоҳад буд. Барои ҳамин аст, ки Худованди рабб (парвардигор) афродеро аз миёни инсонҳо (дар ҳар давру замоне) баргузида — ки ҳамон фиристодаҳо ва паёмбарони илоҳӣ мебошанд – ва тавассути онҳо он “нақшаи роҳ”-ро барои башарият ироа намуда, ва ин “нақшаи роҳ” ҳамон “бояду набоядҳо” аст, ки дар боло ишора ба он шуд.

Пас, “пойбандӣ ба дину шариат” дар воқеъ ҳамон “паймудани роҳи камол” аст тибқи “нақшаи роҳе”, ки Худованди рабб (парвардигор) худаш онро тавассути паёмбаронаш барои башарият ироа намуда. Қуръони Карим ин ҳақиқатро ба як таъбири бисёр расое баён дошта он ҷо, ки мефармояд:

وَأَنَّ هَذَا صِرَاطِي مُسْتَقِيمًا فَاتَّبِعُوهُ وَلاَ تَتَّبِعُواْ السُّبُلَ فَتَفَرَّقَ بِكُمْ عَن سَبِيلِهِ ذَلِكُمْ وَصَّاكُم بِهِ

Ва (бидонед) ин аст роҳи рости ман, пас, аз он пайравӣ кунед ва аз роҳҳои дигар, ки шуморо аз роҳи ӯ пароканда месозад, пайравӣ макунед. Инҳост, ки Худо шуморо ба он суфориш кардааст…” (Сураи Анъом, ояти 153)

Ин ки мефармояд, “аз роҳҳои дигар, ки шуморо аз роҳи ӯ пароканда месозад, пайравӣ макунед”, нуктае дорад, ва он ин ки: шояд шумо аз пеши худ барои расидан ба Худо роҳе ихтироъ кунед, аммо бидонед, ки ин роҳҳо шуморо ба мақсуд намерасонад.

4) Ҳоло бармегардем бар сари асли матлаб. Масъала ин буд, ки оё инсон метавонад бидуни пойбандӣ ба дину шариат, Худобовар бошад? Бале, мешавад, ва якчунин афроде буданд ва ҳастанд ва андак ҳам набуда ва нестанд, вале Худое, ки ба ӯ мӯътақиданд, дар воқеъ ӯро дуруст нашнохтаанд, тасаввурашон аз Худо тасаввуре ноқис будааст. Зеро Худо аз назари онҳо, фақат Худои офаридгор будааст, на рабб (парвардигор). Худое будааст, ки ҳастиро офарида ва сипас канор кашидааст, ӯ дигар мудаббир ва тадбиргар набудааст. Чун агар Худои рабб буд, ҳаргиз офаридаҳояшро ба ҳоли худашон вонамегузошт.

Ва ин дар ҳоле аст, ки ҳамон ақле, ки ба инсон мегӯяд, Худо ҳаст (билохира афроде, ки ба Худо эътиқод доранд, вақте аз онҳо пурсида шавад, ки чаро ба Худо бовар доранд, бегумон хоҳанд гуфт, ақлу хирадашон ҳукм ба вуҷуди ӯ мекунад), ҳамон ақл ба ӯ мегӯяд, ӯ рабб (павардигор) ҳам ҳаст. Асосан, аз назари ақлӣ, Худо наметавонад рабб (парвардигор) набошад. (Ин як матлаби фалсафии бисёр зарифе аст, ки феълан намехоҳам вориди он шавам, баҳсам хеле тӯлонӣ мешавад. Азизон метавонанд дар ин мавзӯъ ба китоби “Ишорот” ва “Шифо”-и Бӯалӣ муроҷеа кунанд.)

5) Шояд якчунин инсоне ба мо эътироз кунад ва бигӯяд, на, Худое, ки ман ба ӯ эътиқод дорам, ҳам офаридгор аст ва ҳам рабб (тадбиргар), вале ӯ ташхиси “роҳ”-ро ба ӯҳдаи худи инсон вогузор карда, яъне ба ӯ ақл дода, ки бо такя бар он, метавонад худаш “нақшаи роҳ” бикашад ва “роҳи расидан ба Худо”-ро ҳам худаш тарҳрезӣ кунад. Аммо ин ҷавоб, ду лозима дар пай дорад, ки ҳар ду ниёз ба посух доранд:

а) Аввал ин ки: инсон танҳо бо такя бар ақлу хиради худ, шояд битавонад тарҳаке, чунонки арз шуд, бирезад, вале ноқис аз об хоҳад даромад. Фалосифаи бисёре, аз қадим то ба кунун, буданд ва ҳастанд, ки бо такя ба ақл, чизҳое дар ин замина гуфтаанд, аммо он тарҳҳо на дар муаррифии зоти Худо муваффақ будаанд ва на дар тарҳи “нақшаи роҳ”. Масалан, Арасту таърифаш аз Худо ин аст, ки ӯ “муҳаррики аввал” аст, аммо ин “муҳаррики аввал” оё воҷиб аст ё мумкин, оё дар сифоташ комил аст ё ноқис, оё илова бар офаридгор (муҳаррики аввал) будан, рабб (парвардигор) ҳам ҳаст ё нест, оё зоти ягона аст ё на, робитааш бо одамизод чӣ гуна аст ва ғайра аз масоили марбут ба илоҳиёт, дигар чизе намегӯяд, яъне наметавонад бигӯяд, зеро ақли инсон ба танҳоӣ, дар дарки ин масоил оҷиз аст. Ба ҳамин ҷиҳат аст, ки Худованд паёмбарон, ки фиристода, ин паёмбарон аввал Худоро барои инсонҳо муаррифӣ кардаанд, сипас “бояду набоядҳо”-ро барояш баён доштаанд.

Шинохти дурусти Худо, дар ташхиси “роҳ” хеле муҳим аст, инсон агар Худоро дуруст нашносад, наметавонад “роҳи расидан ба ӯ”-ро дуруст ташхис бидиҳад. Ҳазрати Паёмбар (с), ки кулли замони рисолаташон 23 сол буд, 13 соли онро фақат ба муаррифии Худо барои инсонҳо сарф карданд. Мушрикон, ба тасреҳи Қуръони Карим, Худонобовар набуданд, онҳо ба Худо имон доштанд, вале Худоро дуруст намешинохтанд.

б) Лозимаи дигари ин сухан он аст, ки якчунин инсоне, тамоми паёмбарони илоҳиро (ки 124 ҳазор нафар будаанд) такзиб кунад ва бигӯяд, онҳо одамони дурӯғӯе – алаёзу биллоҳ! – будаанд. Зеро эътиқод ба Худо бидуни пойбандӣ ба дину шариати муайян, яъне дурӯғ донистани рисолати ҳамаи онҳо. Чун дин, ҳамон таълимоти паёмбарон аст, ки онҳо аз пеши Худованд овардаанд. Дин, ҳамин аст.

Асосан, ғайримаъқул аст, ки гумон равад, ҳамаи ин одамҳое, ки ба покӣ ва ростгӯӣ ва садоқат маъруф будаанд, дурӯғгӯ будаанд! Оё як дурӯғгӯ – ки дурӯғгӯӣ хислати одамони заъиф аст – метавонад якчунин таълимоти олияе аз пеши худ бибофад?! Ба иловаи мӯъҷизоте, ки ҳар як барои исботи ҳаққонияти рисолати худ барпо доштаанд. Мункирони паёмбарон барои он ки бигӯянд шумо дурӯғгӯ ҳастед, аз онҳо талаб мекарданд, ки мӯъҷизае биёваранд, ва онҳо меоварданд. Касе, ки бо Қуръони Карим аз наздик ошност, маҳол медонад, ки ин китоб сохта ва пардохтаи як башари сокин дар як муҳите, ки фарҳанги дурусту ҳисобӣ надошт буда бошад. Ин маҳол аст. Қуръон, ҳам алфозаш дорои эъҷоз аст ва ҳам маъонии он.

Хулоса, лозимаи ин ки як нафар бигӯяд, ман ба Худо мӯътақидам аммо пойбанд ба дине нестам ин аст, ки ҳамаи паёмбаронро дурӯғгӯ шуморад.

Ҳамин ҷо баҳсамро ба поён мерасонам, саломат бошед.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: