Перейти к содержимому

Талош барои ёфтани кишваре, ки валиаҳди Арабистонро ба унвони паноҳанда бипазирад

Рӯзномаи «Алқудсул-арабӣ» ба нақл аз як манбаъи ғарбӣ, аз талош барои ёфтани кишваре, ки валиаҳди Арабистонро ба унвони паноҳанда бипазирад, хабар дод.

Рӯзномаи «Алқудсул-арабӣ» дар мақолае таҳти унвони «Ба дунболи кишваре, ки Бен Салмонро ба унвони паноҳанда бипазирад» навишт: «Як манбаъи ғарбӣ эълом кард, ки талошҳое барои ёфтани кишваре, ки Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди Арабистонро пазируфта ва аз вай дар баробари иқдомоти қонунӣ дар хусуси парвандаи терури Ҷамол Хошуқҷӣ муҳофизат кунад, дар ҷараён аст

Дар идомаи ин гузориш омадааст: «Албатта Бен Салмон иттиҳомоти дигаре монанди боздошти шоҳзодагон ва тоҷирон ва ба роҳ андохтани ҷанги Яман дорад ва ба эҳтимоли зиёд кишваре, ки ба дунболи он мегардад дар Урупои шарқӣ ё Осиё бошад. Омрико дар ҳоли ҳозир дар муқобили 2 гузина қарор дорад: нахуст, таҳрими шадиди Арабистон ва дуввум, канор гузоштани Бен Салмон аз валиаҳдӣ ва паноҳандагӣ ба кишвари севвум

Дар ин гузориш омадааст: «Бен Салмон наметавонад ба як кишвари ғарбӣ биравад, чаро ки қавонини байналмилалӣ дар хусуси вай иҷро мешавад ва афкори умумии ғарбӣ иҷозаи ҳузури вайро намедиҳад, бинобар ин фақат кишварҳои Урупои шарқӣ ва Осиё боқӣ мемонад. Қатъан Бен Салмон наметавонад дар Арабистон бимонад, чаро ки дар маърази интиқомҷӯии шоҳзодагони саудӣ қарор хоҳад гирифт

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: