Перейти к содержимому

“Волоияти қонун”, ҳарфи ҳаққест, аммо…

Сайидюнуси Истаравшанӣ

Ҳазрати Алӣ як ҷумлае дорад, ки баъдҳо зарбулмасалаи мардумӣ гардида. Ва он ҷумла ин аст: “Калимату ҳаққин юроду биҳал-ботил” яъне “Сухан, сухани ҳаққест, аммо ҳадаф ва манзури гӯянда, манзури ботиле аст”. Ҳазрат ин ҳарфро дар бораи гӯрӯҳи Хавориҷ баён доштаанд. Моҷаро ин буд, ки як гурӯҳи нодону нафаҳм – ки баъдҳо ба Хавориҷ маъруф шуданд – боварашон ин буд, ки касе аз башар, ҳаққи ҳокимият ва фармонравоӣ бар мардумро надорад, ҳокимият фақат махсуси Худост, ва барои ин манзури ботил, ба як оят аз Қуръон чанг мезаданд, ки мегӯяд: “Инил-ҳукуму илло лиллоҳ”, яъне ҳукм махсуси Худост.

Ин гурӯҳи нафаҳм мегуфтанд, Алӣ, ки худро ҳоким мешуморад, ин ҳақро надорад, чун Худо фармуда, ҳукм танҳо махсуси Худост. Ҳазрат дар ҷавоби ин гурӯҳи нодон фармуд: “Ин сухан, сухани дурусте аст; бале, ҳукму қонун (дар ислом), ихтисос ба Худо дорад, вале инон (Хавориҷ) аз ин сухани ҳақ, иродаи ботил кардаанд ва мегӯянд, ҳукумат ва зимомдорӣ махсуси Худованд аст ва ҷуз ӯ, касе ҳаққи ҳукумат кардан надорад; дар ҳоле, ки ба яқин мардум ниёзманди ҳокиме (яъне муҷрии ҳукми Худо) ҳастанд, хоҳ некӯкор бошад ё бадкор.” (Яъне, дар асл ҳоким бояд одилу некӯкор бошад, аммо агар мардум дастрасӣ ба ҳокими одилу некӯкор надошта бошанд, вуҷуди ҳокими фоҷир, беҳтар аз набудани ҳоким ва ҳарҷу марҷ аст.) (Наҳҷул-балоға, зутбаи 40)

Ин ҷумлаи ҳазрати Алӣ баъдҳо ба як зарбулмасали мардумӣ табдил ёфта ва дар ҳар мавриде, ки як нафар бихоҳад ҳадафу манзури нопокеро таҳти як шиори дурусту саҳеҳ пиёда созад, ба кор рафт.

* * *

“Волоияти қонун”, ки имрӯзҳо шиори мақомоти Тоҷикистон — аз раисиҷумҳур бигир то поинтарин мақоми давлатӣ — гардида, дар асл ҳарфу шиори комилан дурусте аст, зеро ин “волоияти қонун” ва пойбандии шаҳрвандон, аз ҷумла худи мақомот ба қонун аст, ки тазминкунандаи амният дар ҷомеа мебошад, дар ин шакке нест. Аммо оё мақомоти Тоҷикистон, аз ҷумла шахси раисиҷумҳур, аз ин шиор манзури саҳеҳе доранд?

Дирӯз, тоҷикистониён шоҳиди тазоҳуроти мардум дар маркази Бадахшон яъне шаҳри Хоруғ буданд; мардуме, ки мақомот бо шиори “волоияти қонун”, бо онҳо чӣ бархӯрду рафторҳое намекунанд! Як навори чанддақиқаӣ аз ин тазоҳурот дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир шуд ва ҳама дидем. Дар ин навор, комилан мушаххас аст, ки ҳарфи мардум чист. Хонуме мегуфт: “Ҷавонро бо тири пластикӣ зада, маҷрӯҳ кардаанд. Ба гирди пойҳояш задаанд. Писарам ба хона даромад ва гуфт, ки ин чӣ гап аст? Ман аз ӯ пурсидам, ки худат бигӯ, ки чӣ гап шудааст? Агар бо ман мебуд, ба беморхона ва пулис мебурдам. Ҳама чизро мегуфт. Ҳукумат маро суроғ намекунад, милиси суроғ намекунад. Ман доди худро ба кӣ гӯям? Писарамро дар пеши чашмам кӯфтанд. Агар ӯ гунаҳкор мебуд, ман худам мегуфтам, ки гирифта баред. Имрӯз ӯро заданд, фардо як каси дигарро мезананд. Мо сарамонро ба куҷо занем? Мо метарсем…”

Як навори чандсонияии дигар ҳам аз як бону мунташир шуд, ки фазои маҷозиро мунфаҷир кард. Ин бону мегӯяд: “Мардаки каппа-калон инҷо баромад, маро мегӯяд, ки ман м…т (фалонат мекунам). Чи хел милиса аст, генерал аст? Ман ӯро медонам, чаро маро пеши ӯ намебаред?.. Ӯ ҳақ надорад ба ман бигӯяд, ки ман туро м..т. Мегӯяд, бароед, ҳамаша м..м (фалон мекунам)...”

Ин воқеиятҳои талх, комилан равшан мекунад, ки манзури мақомот аз “волоияти қонун” чӣ будааст?! Зоҳиран, муродашон аз “волоияти қонун” ин будааст, ки мо ҳар чи диламон мехоҳад, мекунем, қонун ин яъне мо. Ва шумо ҳам, ҳаққи ҳеч гуна эътирозеро надоред.

Ҳоло, барои он ки манзури мақомот аз ин ки мегӯянд, бояд “волоияти қонун” дар Бадахшон пиёда шавадро бифаҳмем, нигоҳе ба манотиқи дигари Тоҷикистон биандозем; манотиқе, ки “волоияти қонун” дар он ҷоҳо пиёда шудааст. Албатта, “волоияти қонун” ба маъное, ки муроди мақомот аст, на асли он, ки гуфтем пиёда шуданаш зарурист. Масалан, дар яке аз шаҳрҳои шимол ё ҷануб ва ё ғарби Тоҷикистон, ҳоло ҳар шаҳре, фарқе надорад, як мақоми амниятӣ ё интизомӣ ва ё ҳар мақоме вақте вориди манзили яке аз шаҳрвандон бишавад ва ҳар чи аз дашному таҳқиру тавҳин, ки дилаш хост нисори ӯ бикунад, ӯ дигар ҳаққи ҳеч гуна эътирозе надорад, кораш фақат сар хам кардан дар баробари ин мақом аст, зеро мақоми давлатӣ, “қонун” аст. Эътироз ба ӯ, яъне поймол кардани “қонун”, яъне нақзи “қонун”, яъне эътироз ба кулли давлат, яъне эътироз ба раисиҷумҳур. Магар чунин нест?!

Магар муддате пеш дар Рашт, як ҷавонро фақат ба ин далел, ки ҳаромхориҳои як мақоми давлатиро ифшо кардааст, ба 5 сол зиндон маҳкум накарданд? Албатта, ӯро на ба иттиҳоми ифшокориаш, балки ба ин иттиҳоми масхара, ки “поҳояшро дар намоз васеъ мегузоштааст” ба зиндон фиристоданд. Ва ё масалан чанд сол пеш дар Хуҷанд магар як пизишкро ба ин далел, ки дар “оши гап”-и гӯё салафиҳо ширкат кардааст, маҳкум ба зиндон нанамуданд? Аммо чаро касе ба ин рафторҳои бемаънии мақомот дар Рашту Хуҷанд лаб ба эътироз накушод? Чун дар ин манотиқ “волоияти қонун” пиёда аст. Яъне, мардум дар баробари ҳар рафторе аз мақомот, дурусту ғалат, ҷуз фармонбардорӣ дигар ҳаққи ҳеч гуна эътирозро надоранд. Ин аст муроди мақомот аз пиёда шудани “волоияти қонун”.

Ҳоло ҳамин ҳолат дар Бадахшон дида намешавад. Яъне, мардум дар Бадахшон, дар баробари рафторҳои ғалати мақомот, сокит наменишинанд, балки эътироз мекунанд. Ва якчунин ҳолате аз назари мақомоти Тоҷикистон, мавриди қабул нест. Аз назари онҳо, бадахшониҳо низ бояд мисли шаҳрвандони соири манотиқи Тоҷикистон гарданд, яъне ҳеч чиз нагӯянд, ҳеч эътирозе накунанд. Ин аст маънои пиёда набудани “волоияти қонун” дар Бадахшон, ки мақомот дар садади иҷрои он ҳастанд.

Пас, достон дар Бадахшон, фақат панҷ-шаш нафар ба истилоҳ “лидерҳои ғайрирасмӣ” набудаааст, ки “саркашанд”, балки достон кулли мардуми ин минтақа будааст, ки ҳанӯз “саркашанд”, иҷоза намедодаанд мақомот ҳар рафтори ғайриқонунӣ ва ғайриинсониро бо онҳо раво бидоранд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: