Перейти к содержимому

Демукротҳо контроли Маҷлиси намояндагонро ба даст гирифтанд

Шабакаи телевизиюнии CNN гузориш дод: демукротҳо тавонистанд дар интихоботи Кунграи Омрико контроли Маҷлиси намояндагонро ба даст бигиранд. Аз маҷмӯъи 435 курсии Маҷлиси намояндагон, бар асоси орои шумурдашуда, то кунун натоиҷи 346 курсӣ мушаххас шудааст, ки 178 курсӣ мутаъаллиқ ба демукротҳо ва 168 курсӣ низ ба намояндагони ҷумҳурихоҳон таъаллуқ дорад.

Раъйгирӣ дар интихоботи миёндавраии Кунграи Омрико дар бархе иёлатҳо ба поён расида ва натоиҷи ин интихобот ба тадриҷ эълом мешавад. Бар асоси натоиҷи эъломшуда, демукротҳо тавонистаанд ҳамон тавр, ки пешбинӣ мешуд, дар Маҷлиси намояндагон пирӯз шаванд.

Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико бо ин ҳол дар Твиттер амалкарди ҳизби худаш (ҷумҳурихоҳ)-ро як “пирӯзии бузург” номида ва аз ҳамаи раъйдиҳандагон ташаккур кардааст. Ишораи раисиҷумҳури Омрико метавонад ба мондани аксарияти ҷумҳурихоҳон дар Маҷлиси Сено бошад ва ҳамчунин пирӯзӣ дар бархе аз интихоботи фармондорони иёлатҳо.

Дар ин интихобот, Ҳизби ҷумҳурихоҳ — ҳизби раисиҷумҳур — аксарияти худ дар Маҷлиси намояндагонро пас аз 8 сол аз даст дод, аммо тавонист аксарияти худ дар Сеноро афзоиш диҳад. Дунолд Тромп натиҷаи интихоботро муваффақият барои давлат тавсиф кардааст.

Дар замони баргузории интихобот саффҳои тӯлонӣ дар муқобили ҳавзаҳои раъйгирӣ шакл гирифт ва омор ҳикоят аз мушорикати камсобиқаи мардуми Омрико дар ин интихобот дорад.

Ба гузориши Guardian, охирин натоиҷи ин интихобот, таркиби Кунграи Омрикоро, ки муташаккил аз Сено (Senate) бо маҷмӯан 100 узв ва Маҷлиси намояндагон (House of Representatives) бо маҷмӯан 435 аст, то ин ҷои кор ба шарҳи зер рақам задааст:

Ҳанӯз натоиҷи интихоботи Маҷлиси намояндагон ба таври комил эълом нашуда, аммо то кунун ҳудуди 60 зан муваффақ ба вуруд ба Кунгра шудаанд, ки рекурде камсобиқа дар Иёлоти Муттаҳида аст.

Расонаҳои Омрико эълом кардаанд, ки демукротҳо бо касби беш аз 26 курсии ҷадид дар Маҷлиси намояндагон, тавонистаанд аксарияти Кунграро касб кунанд. Онҳо дар 8 соли гузашта дар ақаллият қарор доштанд ва ҷумҳурихоҳон муваффақ шуда буданд ҳар ду Маҷлиси Сено ва намояндагонро ба худ ихтисос диҳанд.

Мит Ромнӣ, номзади ҷумҳурихоҳон дар интихоботи риёсати ҷумҳурии соли 2012 ҳам муваффақ шуда дар Юто ба пирӯзӣ бирасад ва ба унвони ҷумҳурихоҳ вориди Сено шавад. Ин дар ҳоле аст, ки Ромнӣ борҳо аланан бо изҳороти Дунолд Тромп мухолифат карда ва бисёре аз вуруди ӯ ба Маҷлиси Сено ба унвони як ҷумҳурихоҳи мухолиф ёд мекунанд.

Берни Сандерз, ки рақиби аслии Ҳилори Клинтун дар рақобатҳои дарунҳизбии демукротҳо дар соли 2016 буд, аз мухолифони сарсахти Дунолд Тромп дар Маҷлиси Сено аст. Ин сенотури барҷастаи демукроти иёлати Вермунт пас аз пирӯзӣ дар интихобот ва ҳифзи курсии худ, дар байни ҳаводоронаш суханронӣ кард.

Аз даст додани аксарияти курсиҳо тавассути Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар Кунгра дар интихоботи миёндавраии Омрико, ба унвони раъйи эътирозии мардум нисбат ба сиёсатҳои давлат ном бурда мешавад. Раҳбарони Ҳизби ҷумҳурихоҳ гуфтаанд, ки дар муқоиса бо баъзе интихоботи миёндавраӣ дар гузашта, аз ҷумла аввалин интихоботи миёндавраии риёсати ҷумҳурии Борок Убомо, натиҷаи ин интихобот дилгармкунанда будааст. Дар он интихобот, Ҳизби демукрот — ҳизби Убомо — дар касби курсиҳои Маҷлиси намояндагон шикасти сангине хӯрда буд.

Бо аз даст рафтани аксарияти Ҳизби ҷумҳурихоҳ дар Маҷлиси намояндагон, Дунолд Тромп дар ду соли боқимонда аз ин давраи риёсати ҷумҳурӣ, дар пешбурди сиёсатҳои худ ба хусус дар заминаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии дохилӣ, бо муқовимати бештаре аз сӯи Кунгра мувоҷеҳ хоҳад буд.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: