Перейти к содержимому

Чолишҳои пеши рӯи Паймони Миллии Тоҷикистон

Ба қалами Бобоҷон Қаюмзод

Инак ду моҳ аз таъсиси Паймони Миллӣ мегузарад. Паймоне, ки як гурӯҳ ба он ба чашми умед менигаранд ва мунтазири қадамҳои баъдӣ ва барномаҳои ояндаи он ҳастанд, аммо гурӯҳи дигар бошад бо тарсу ҳарос онро назорат мекунанд ва бо нигаронӣ барномаҳои ояндаи онро пайгирӣ мекунанд.

Ба ҳамин хотир агар ба расонаҳои марбут ба ҳукумати Тоҷикистон ба таври гузаро як назар андозем, мебинем, ки пас аз ташкили Паймон садҳо мақола дар мазаммати ин созмон ва махдуш кардани чеҳраи он ба нашр расондаанд. Аксарияти ин мақолаҳо аз истидлол ва таҳқиқ дур буда, муҳтавои 99% онҳо яксон аст. Ба иборати дигар, хулосаи тамоми ин мақолаҳо ин аст, ки “ин созмон сохтаи дасти ҲНИТ аст ва касе ба он пайваст хоин аст.”

Бобоҷон Қаюмзод, мутаваллиди 10 июни соли 1975 дар Кӯлоб, фориғуттаҳсили риштаи равоншиносии Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад, узви Риёсати Олии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ), корманди бахши фарҳангии ҲНИТ (2007-2009), раиси бахши таҳлил ва барномарезии ҲНИТ (2009-2011), мудири сомонаи Nahzat.tj (2011-2012), масъули Тв Сафо (2012-2015), масъули бахши Ховари Миёнаи ҲНИТ ва раиси Ҷамъияти фарҳангии тоҷикон дар Туркия (2015-2017), масъули дафтари ҲНИТ ва Паймони Миллӣ дар Литва (2018), равоншинос, алоқаманд ба масоили фалсафаи сиёсӣ ва андешаҳои донишмандони муосир.

Ин масъала дар асл умқи нигаронии ҳукуматро аз ташкили ин созмон нишон медиҳад. Ба ин маъно, ки ҳукумат аз ташкили Паймон сахт нигарон аст. Барои муқобила бо он ҳам аз тамоми роҳҳо истифода хоҳад кард. Ҳамон гунае, ки барои пеши роҳи ташкили онро гирифтан аз тамоми васоил истифода намуд ва ин табиӣ ҳам ҳаст. Вале ҳукумат дар ин кор то куҷо муваффақ хоҳад шуд, аз фаъолияти ояндаи Паймони Миллӣ ва барномаи он вобаста аст.

Яке аз василаҳои аслии таблиғотии мақомоти Тоҷикистон алайҳи Паймон хеле зиракона ҷудо кардани демократия ба ғарбиву шарқӣ аст. Онҳо вазъияти кишварҳои Ховари Миёнаро мисол оварда мегӯянд, демократияи ғарбӣ дар ҷомеаҳои шарқӣ татбиқшаванда нест. Яъне агар демократия мехоҳед, оқибаташ Сурия ва Ироқ хоҳад буд. Барои мисол, директори Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои АИ ҶТ Ёрмаҳмад Ниёзӣ мегӯяд: “Ҷомеаи шарқӣ нозукиҳои худро дорад. Демократияе, ки дар тасаввури ғарбиён аст, онро дар Шарқ ҷорӣ карда намешавад. Кадом давлате, ки дар он демократия ҷорӣ карданӣ буданд, имрӯз ободу ором аст? Ҳама ҷангзада шудаанд. Дастгирии наҳзат заминагузорӣ барои бесуботгардонии минтақа аст.” (Khovar.tj)

Вақте директори як Институти муҳим чунин истидлол мекунад, пас маълум мешавад, ки мақомоти кишвари мо роҳи худро мушаххас кардаанд. Ба назар мерасад, ҳукумати Тоҷикистон аз нигоҳи давлатдорӣ низоми имрӯзаи Чинро намуна ва улгуи худ қарор додааст. Ин ки мегӯянд демократияи ғарбӣ дар Шарқ амалишаванда нест, ба ҳамин хотир аст. Муборизаи беамон алайҳи арзишҳои милливу мазҳабӣ низ далели дигари ин иддао аст.

Аз тарафи дигар мехоҳем ё намехоҳем Чин яке аз пурнуфузтарин кишварҳои минтақаи мост, ки бештари фаъолиятҳояш бар меҳвари сармоягузориҳои иқтисодӣ мечарханд. Кишвари фақире мисли Тоҷикистон бо раҳбарияти ҳарис ва кӯтаҳфикраш танҳо ба сармояи ҳангуфти ҳамсоя чашм дӯхтааст ва ба оқибати он аслан фикр намекунад. Ба ҳамин хотир Чин аз ин режим ҳимоят хоҳад кард ва дар бештари маворид ба кумаки ҳукуматдорон хоҳад шитофт.

Ҳоло Паймони Миллӣ то чӣ ҳад метавонад бо Чин вориди гуфтугӯ шавад ва ин абарқудрати минтақаро мутақоид созад, ки дар сурати ҳар гуна таҳаввулот дар кишвар, манофеи онҳо ҳифз хоҳад шуд ё на ва муносибати онҳо бо ин ҳамсояи таъсиргузор ва яке аз абарқудратҳои дар ҳоли рушди ҷаҳон чигуна хоҳад буд?

Ба иборати дигар, оё Паймони Миллӣ метавонад демократияи ғарбӣ ва низоми шарқиро дар Тоҷикистон ба ҳам оварад ва сохтореро ба вуҷуд биёрад, ки ҳам ҳуқуқи башару демократияи ғарбӣ дар он ҷойгоҳи худашро дошта бошад ва ҳам низоми иқтисодмеҳвари шарқӣ аз он эҳсоси хатар накунад!?

* * *

Масъалаи дигаре, ки Паймони Миллӣ бояд бо он дасту панҷа нарм кунад, масъалаи исломият ва ифротият аст. Ҳукумат тамоми талоши худро ба харҷ медиҳад, то мухолифонашро исломиҳои ифротӣ муаррифӣ кунад. Бурди ҳукумат ҳам то инҷо ҳамин буда, ки мухолифони аслиаш исломиҳо будаанд. Дар аксари мақолаҳои зиддипаймонии мақомот ҳам кӯшиш мешавад, ки Паймони Миллиро ҳам ба гунае ба ҲНИТ, ислом ва ифротгароӣ рабт диҳанд. Аз тарафи дигар чеҳраҳои фаъол дар Паймон ҳам ба гунае ба ҲНИТ ва ислом рабти мустақим ё ғайримустақим доранд. Ҳоло Паймон барои ин гурӯҳ чӣ барномае дорад ва онҳоро зери чи барнома ва пружае гирди ҳам меоварад ва оё метавонад масири фаъолияти ин неруи бузургро аз заминаи динӣ ба самти фаъолиятҳои иҷтимоӣ ва сиёсӣ ҳидоят намояд?

Зеро директори пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии АИ ҶТ Мирзохӯҷа Акрамӣ дар ин замина менависад: “Наҳзатиҳо худро ҳомии ҳуқуқ муаррифӣ кардан мехоҳанд, аммо дар асл онҳо парвои демократияву ҳуқуқи инсон надоранд. Худашон ба гапҳояшон бовар намекунанд, чун ғояи онҳо ифротӣ аст. Ба кӯчактарин интиқод бархӯрди ифротгароёна мекунанд. Баъди ин кӣ бовар дорад, ки онҳо демократия месозанд?

Онҳо ягон барномаи ислоҳоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, тандурустӣ, маориф надоранд. Куҷост барномаи онҳо? Танҳо номи исломро дастак карда, бо эҳсоси мардум бозӣ мекунанд. Ислом барои онҳо парчам аст, ки аз он суиистифода мекунанд. Аммо ғояи онҳо теократияи радикалии экстремистӣ аст. Ташкили паймон ҳам маҳз пинҳон кардани ҳамин арзиши ифротӣ аст.” (Khovar.tj)

Баҳсҳое, ки бархе шахсиятҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ андохтаанд ва ба эҳсосоти динии баъзе ҷавонон бозӣ кардаанд, маҳз ба хотири он аст, ки мухолифонро водор ба вокуниши эҳсосотӣ намоянд ва сипас онҳоро ҳамчун ифротӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намоянд. Инро мо дар суханрониҳои намояндагони ҳукумат дар конфронси Варшава низ мушоҳида кардем, ки маҳз ҳамон аксуламалҳоро далел меоварданд.

Ин дар ҳоле аст, ки Паймони Миллӣ на танҳо аз тарафи ҳукумат, балки аз тарафи як гурӯҳ ба ном мухолифон ҳам мавриди таҳдиду тӯҳмат қарор дорад. Аммо асли мушкил дар ин аст, ки ҳамаи нерӯҳо ва тарафдорони Паймон дар як минтақа ва ё як кишвар қарор надоранд ва гароишҳои фикрии яксоне ҳам надоранд. Агарчӣ ин гароишҳои фикрии мухталиф метавонад нишонаи демократӣ будани Паймон ҳам бошад, аммо дар ҳолатҳои дигар метавонад дардисарсоз ҳам шавад ва аз сӯи рақибонаш мавриди суистифода қарор гирад.

Ба ҳар сурат ин ҳам масъалае аст, ки Паймон наметавонад ба осонӣ аз канори он рад шавад. Ба иборати дигар, оё Паймон метавонад аз ин иттиҳомот худро табреа намояд, инро вақт нишон хоҳад дод.

* * *

Тағйир ё ислоҳ, масъалаи дигари пеши рӯи Паймони навтаъсис аст. Ба ин маъно, ки то ҳол Паймони Миллӣ ба таври сареҳ ва ошкор мавқеи худашро дар бораи ояндаи фаъолияташ баён накардааст. Мардум ҳам интизор доранд, ки дар ин замина мавқеи онро бидонанд. Яъне саволи матраҳ дар миёни мардум ин аст, ки ҳадафи аслии Паймон аз чӣ иборат аст? Оё ҳадаф тағйири куллии ин ҳукумат ва овардани як ҳукумати ҷадид аст? Ё инки ҳадаф аз роҳи гуфтугӯ ва музокирот ислоҳи ҳамин ҳукумати фосид ва хонаводагист? Агар ҳадаф тағйири ҳукумат бошад, аз кадом роҳ тағйир бояд сурат гирад? Сарнавишти мардуме, ки дар ин ҳукумат ба гунае шариканду кор мекунанд, чӣ хоҳад шуд?

Дуруст аст, ки дар декларатсияи худ то ҳудуде навъи ҳукумати ояндаи худро ин созмони навтаъсис мушаххас кардааст. Аммо ҳоло ҳам саволҳои зиёде дар зеҳни мардум боқист ва онҳо мунтазири ҷавоб пайдо кардан ба ин саволҳо ҳастанд. Агар масъулони Паймон битавонанд ҳар марҳалаи тағйир ё ислоҳи мавриди назари худро ба таври возеҳ барои мардум шарҳ бидиҳанд, мардум ҳам бо эътимод ва боварии бештар ба онҳо хоҳанд пайваст ва ё ҳаддиақал аз онҳо тарс нахоҳанд дошт. Дар ғайри ин сурат ҳукумат аз мухолифон “деви ҳафтсаре” сохта, мардумро то абад аз онҳо хоҳад тарсонд.

* * *

Марзбандӣ байни фаъолияти созмонҳои узви Паймон ҳам масъалаи дигаре аст, ки ба назар мерасад дар ояндаи наздик Паймон бо он рӯ ба рӯ хоҳад шуд. Агарчӣ дар ибтидо ҳама бо ҳам ба сурати умумӣ тавофуқи нисбӣ доранд барои идомаи фаъолият, аммо дар оянда тадохули фаъолиятҳо корро мушкил хоҳад кард ва бояд аз ҳоло ба фикри марзбандии дурусти фаъолият бошанд. Шояд яке аз роҳҳои асливу муассир қатъи фаъолияти ҳамаи ҳизбу созмонҳои аъзо ва дар чорчубаи Паймон фаъолият кардани онҳо бошад. Аммо оё ҳамаи ҳизбу созмонҳо ба ин розӣ хоҳанд шуд? Ин ҳам масъалаи муҳиммест, ки дер ё зуд бо он рӯ ба рӯ хоҳад шуд.

Хулоса ин ки дар маросими таъсиси Паймони Миллӣ яке аз суханони калидии намояндаи Анҷумани Озодандешон ва феълан муовини раиси Паймони Миллӣ Алим Шерзамонов ин буд, ки “таъхир фалокатбор аст…” Аммо то ҳол маълум нест, ки таъхир дар чи коре фалокатбор аст, дар таъсиси паймон ё чизи дигар. Зеро то ҳол Паймон дар як сукути амиқ ба сар мебарад ва таъхир дар корҳо масъулони онро чандон нигарон намекунад.

Муҳиддин Кабирӣ раиси ҲНИТ ва ҳоло раиси Паймони Миллӣ ҳам дар суханронии худ пас аз эълони таъсиси Паймон таъкид кард, ки “оғози роҳ 9 уми сентябр Варшава ва охири роҳ шаҳри Душанбе аст”… аммо маълум нест, ки ҳадафи Паймон ҳам мисли ИНОТ то баргаштан ба Душанбе аст ё инки идомаи кор то охир ва бенёди ҷомеаи мавриди назаре, ки дар санади имзои паймон то ҳудуде бахшҳое аз он мушаххас шудааст.

Оё Паймон ҳам мисли ИНОТ пас аз ворид шудан ба Душанбе пароканда мешавад ва ҳар гуруҳ дунболи кори худаш мешавад, ё инки аз таҷрибаи талхи ИНОТ дарс мегиранд ва инбор корро то охир пеш мебаранд. Бисёре аз ҷавонон ва мардуми кишвар ҳам имрӯз мунтазиранд то ба ин пурсишҳои худ посух гиранд ва онгоҳ мавқеи худро дар баробари Паймон мушаххас намоянд. Аммо ин интизор то кай идома меёбад онро вақт нишон хоҳад дод.

Payom

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: