Перейти к содержимому

Ҳабибулло Абдураззоқов

Ба баҳонаи зодрӯзи Ҳабибулло Абдураззоқов, ҳунарманди маҳбуби тоҷик

Имрӯз (7 ноябр) зодрӯзи коргардон ва ҳунарманди маҳбуби тоҷик, Ҳабибулло Абдураззоқов аст. Ӯ 81 сола шудааст. Зимни табрики ӯ ба ин муносибат, андаке дар борааш менависем.

Ҳабибулло Абдураззоқов, фориғуттаҳсили Донишкадаи ҳунарии Луначарскийи Маскав аст. Дар теотрҳои Пушкини Хуҷанд, Лоҳутӣ ва Воҳидови пойтахт кору фаъолият кардааст. Ҳамчунин дар “Тоҷикфилм” ба унвони бозигар ва коргардон низ кор карда. Ӯ поягузор ва роҳбари нахустин теотри ғайридавлатии “Падида” мебошад.

Чаҳор-панҷ соли ахир Ҳабибулло Абдураззоқов авқоти худро бештар дар манзил, ба мутолеаи китоб мегузаронад. Ӯ як сол пеш, дар ҳамин рӯз ва ба муносибати 80-солагии худ, дар мусоҳиба бо хабарнигори Родию Озодӣ, гуфтааст, ки мувваффақтарин нақши офаридааш дар синамо — Бадриддини филми “Марги судхӯр” буд, ки сарнавишти як марди мазлумро дар аҳди аморати Бухоро ба тасвир мекашад. Гуфтаст, бо ин ки дар беш аз 30 филми сохтаи даврони Шӯравӣ ва ҳам баъди истиқлоли Тоҷикистон нақш бозӣ кардааст, ин нақш барояш ҳоло бештар аз ҳар кори дигараш арзишманду азиз аст.

Абдураззоқов дар ин мусоҳиба, изҳор доштааст, ки иҷрои нақшҳои фалсафиро дӯст медошт, вале ҳеч гоҳ чунин пешниҳоде нагирифтааст. Зоҳиран, коргардонҳо симои ӯро арзандаи нақшу чеҳраҳои дигар, бештар мазҳакавӣ медиданд. Ӯ мегӯяд: “Масалан, ман филмҳои Филиннӣ ва Антониониро дар Италияву Фаронса орзу мекардам. Мехостам, филмҳои мо ба он кишварҳо ҳам бирасад. Талошҳо буд, вале ба он дараҷае, ки ман мехостам нақшҳои аҷоибро бозӣ кунам, нашуд. Задану куштану парондан не, фалсафӣ бошад. Афсӯс, ки ба ин хел чизҳо нарасидем. Ҳозир кардан мумкин, ҳозир имкон нест.”

Ҳабибулло Абдураззоқов авохири солҳои 1980 ва оғози 1990-ум аз он ҳунармандоне буд, ки ба фаъолиятҳои сиёсию ҷамъиятӣ пардохт, узви Ҳизби демукроти Тоҷикистон буд. Аммо баъдҳо, ба гуфтаи худаш, “дилаш аз сиёсат монд”. Дар ҳамон мусоҳиба дар ин хусус изҳор доштааст: “Ҳеч фикр намекардам, ки талошҳо барои озодихоҳӣ ва озодандешӣ, ба ҷанг ва маҳалгароӣ мепечад.” Ин ҳунарманд дар гирудори нооромиҳо ягона духтарашро аз даст медиҳад, борҳо зери милаи тиру туфанг қарор мегирад. Ӯ мегӯяд: “Ҷони ҳамаи мо, ҳам Бозору ҳам Лоиқ дар хатар буд. Фарзандҳоямонро таҳдид мекарданд. Чанд бор ба хона бо автомат даромаданд. Фармон шудааст, ки рафта кушанд. Як бор вақте омада даромаданд, вақте маро диданд, аз филмҳо шинохтанд ва “ассалом, шумоед?” гуфтанду пас гашта рафтанд. Худо ва ҳунарам ҷони маро харид.”

Барзу Абдураззоқов, коргардони машҳури теотр, писари Ҳабулло Абдураззоқов аст. Ҳабибулло Абдураззоқов дар ҳамин мусоҳиба дар бораи фарзандонаш гуфтааст: “Дар тарбияи фарзандон ман озодӣ медодам. Хеле зиёд китоб мехонданд ва ман ҳеч вақт онҳоро насиҳат намекардам. Онҳо ҳама 6-7 забони хориҷиро медонанд. Фахр мекунам, ки мисли Ниссор ва ё Шаҳбозу Маздо фарзанд дорам. Писари ман Ниссор имрӯз проффессори Консерваторияи Шветсия, Шаҳбози ман дар СММ дар Амрико фаъолият дорад. Аз як сӯ хушҳолам, аз як сӯ дур буданашонро намехоҳам.”

* * *

Беҳтарин бозиҳои ӯ дар теотр ва синамо: (ба нақл аз Донишномаи Википедия)

Любим Торсов («Камбағалӣ айб нест»-и А. Н. Островский, 1960)

Ёдгор («Дохунда»-и Ҷалол Икромӣ, 1961)

Меркутсио («Ромео ва Ҷулиетта»-и Вилям Шекспир, 1963)

Афросиёб («Рустам ва Суҳроб»-и Ғанӣ Абдулло, 1966)

Низомиддин («Дилҳои сӯзон»-и Ҷ. Икромӣ, 1967)

Баҳриддин («Марги судхӯр», 1965)

Ҳайдар («Чор нафар аз Чорсанг», 1973)

Мухторов («Истгоҳи кӯҳӣ», 1974)

Асаншоҳ («Субҳи Ганг», 1975)

Корвонбошӣ («Дарвеши ланг», 1986)

Неъматуллохон («Дар орзуи падар», 2005)

Ҳисоми тоҷик (силсилафилми телевизионии эронии «Дар чашми бод», 2007)

Сардори роҳзанҳо (силсилафилми телевизионии эронии «Шукрона», 2008) ва ғайра.

Боре дигар ин ҳунарманди маҳбуби тоҷикро ба зодрӯзаш табрик ва барояш умри дароз хоҳонем.

Гуфтугӯи хабарнигори Родию Озодӣ бо Ҳабибулло Абдураззоқов ба муносибати 80-солагии ин ҳунарманди маҳбуби тоҷик:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: