Перейти к содержимому

2 зани мусалмон барои нахустин бор дар интихоботи Кунграи Омрико пирӯз шуданд (тасовир)

Рашида Толиб ва Алҳон Умар, ду номзади мусалмони Ҳизби демукрот, муваффақ шуданд аз иёлатҳои Мишигон ва Минесуто ба Маҷлиси намояндагон роҳ ёбанд. Онҳо аввалин занони мусалмоне ҳастанд, ки дар таърихи Омрико ба узвият дар Кунграи ин кишвар интихоб шудаанд.

Алҳон Умар, номзади сумолиёитабори Ҳизби демукрот муваффақ шуд аз иёлати Минесуто ба Маҷлиси намояндагон роҳ ёбад. Рашида Толиб, номзади фаластинитабори Ҳизби демукрот низ аз иёлати Мишигон ба Маҷлиси намояндагон роҳ ёфт.

Алҳон Умар шаҳрванди омрикоии сумолиёитабор ду сол пеш низ тавониста буд дар интихоботи миёндавраӣ пирӯз шуда ва ба узвияти Маҷлиси намояндагони иёлати Минесуто дарояд ва табдил ба нахустин зани мусалмон ва муҳаҷҷабае шавад, ки вориди Маҷлиси намояндагони Омрико мешавад.

Алҳон Умар, ки узви Ҳизби демукрот аст, дар интихоботи ду сол пеш бар сари курсии бахши “60В” дар иёлати Минесуто бо Абдулмалик Суккар, рақиби ҷумҳурихоҳаш рақобат кард ва тавонист 80 дар сади ороро аз они худ кунад, ин дар ҳоле аст, ки Суккар 19.4 дар сади ороро аз они худ кард.

Алҳон дар Сумолӣ ба дунё омад, ва пеш аз он ки 9-умин соли умрашро ба поён бирасонад, маҷбур ба интиқол ба Кениё, ҳамсояи Сумолӣ, ба далели шӯълавар шудани ҷанги дохилӣ дар кишвараш дар соли 1991 шуд. Пас аз чаҳор соли зиндагӣ дар урдугоҳҳои паноҳандагон дар Кениё, ба ҳамроҳи хонаводааш ба Иёлоти Муттаҳида Омрико мунтақил шуд ва дар ҳамин кишвар забонро ёд гирифт ва дар синни 14-солагӣ ба унвони мутарҷим фаъолият кард.

Алҳон дар 32-солагӣ лисонси улуми сиёсӣ ва як лисонс дар пажӯҳишҳои байналмилалӣ аз Донишгоҳи Нурс Докуто (North Dakota) гирифт; амре, ки боис шуд вай бо қудрат вориди ҷаҳони сиёсат шавад.

Пирӯзии Алҳони муҳаҷҷаба дар интихоботи ду сол пеш, пас аз он сурат гирифт, ки Дунолд Тромп, раисиҷумҳури мунтахаб, алайҳи мусалмонон ба таври хосс таблиғот анҷом дода буд.

Шӯрои равобити омрикоӣ-исломӣ бо интишори паёме, пирӯзии Алҳон Умар ва Рашида Толибро табрик гуфт.

Дар ин паём омадааст: “Пирӯзии шумо бори дигар ёдовари ин мавзӯъ шуд, ки фарзандони мусалмон метавонанд ба ҳар он чи, ки мехоҳанд, даст ёбанд.”

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: