Перейти к содержимому

7 ноябр дар даврони СССР (филм ва тасовир)

Дар даврони Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравӣ (СССР), ду иди расмӣ вуҷуд дошт: яке, 7 ноябр (яъне ҳамин имрӯз), ки ба унвони рӯзи пирӯзии Инқилоби Октябр ҷашнаш мегирифтанд, ва дигар, 1 май, ки рӯзи коргару деҳқон буд.

Барои як кӯдак ва навҷавон дар он рӯзгор, ин масъала матраҳ набуд, ки СССР, чӣ ҳукумате аст ва ин ки аз озодӣ дар он хабаре нест, балки ӯ, бо воқеиятҳои он айём зиндагӣ мекард.

Ид барои як кӯдак ва навҷавон, ид аст, чашну сурур аст, хушҳоливу хурсандӣ аст, ҳоло он ид, чӣ 7 ноябр бошад, чӣ Иди Фитр бошад, чӣ 1 май ва ё чӣ Наврӯз ё Иди Қурбон. Балки муҳим барои вай ин аст, ки дар ин рӯз либоси ҷадиду тоза бар тан мекунад ва падару модар ва бузургсолон ба ӯ “идипулӣ” медиҳанд ва ӯ он рӯзро ба хушиву хурсандӣ ва ҷашну сурур сипарӣ мекунад.

Барои банда (С.И) ва ҳамсолонам, ки дар он рӯзгор айёми кӯдакӣ ва навҷавонии худро мегузарондем, ин ду рӯз (1 май ва 7 ноябр) воқеан ид буд, ба гунае, ки ҳафтаҳо пеш аз фаро расидани рӯзи ид, падару модарон либосҳои ҷадид бароямон мехариданд ва рӯзшуморӣ мекардем, то фаро бирасад.

Чанд аксу тасвир ва як филми марбут ба 7 ноябр дар он рӯзгорро аз сомонаҳои мухталиф гирд овардам, то ёде аз айём карда бошам:

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: