Перейти к содержимому

Баёнияи поёнии 5-умин нишасти Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон

5-умин нишасти Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон, дар баёнияи поёнии худ бар радди оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ таъкид кард.

5-умин нишасти Маҷмаъи умумии Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон ҳафтаи ҷорӣ тайи 6 рӯз ва бо мушорикати 1500 нафар аз 80 кишвар дар Истонбули Туркия баргузор шуд.

Шайх Аҳмад Аррисунӣ

Дар ин нишаст, Шайх Аҳмад Аррисунӣ, руҳонии марокашӣ, ба ҷойи Шайх Юсуф Қарзовӣ, руҳонии саршиноси мисрӣ, ба риёсати Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон интихоб шуд.

Имрӯз (панҷшанбе, 8 ноябр) баёнияи поёнии ин нишаст содир ва дар он таъкид шуд, оддисозии равобит бо режими саҳюнистӣ мардуд аст.

Иттиҳодияи мазкур ҳамчунин ба озодии тамоми зиндониёни озодии баён ба вежаи уламо дар Миср, Саудӣ ва Аморот фаро хонд ва эълом кард, бояд оштии густурдае дар дохили уммати исломӣ сурат гирад, зеро ин уммат дар ҳоли ҳозир аз тафриқаи шадиде миёни гурӯҳҳои мухталиф дар ранҷ аст.

Дар баёнияи мазкур, ки Алӣ Қарадоғӣ, дабири кулли Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон онро қироат кард, бар зарурати ваҳдат, ҳамзистии мусолиматомез ва иртиботи фарҳангӣ таъкид шуд.

Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон, дар робита ба масъалаи Фаластин эълом кард, ин мавзӯъ, масъалаи аввали мусалмонон дар сар то сари ҷаҳон буда ва хоҳад монд. Фаластин имрӯз аз марҳилаи таърихӣ ва печи хатарноке дар ҳоли убур аст. Қудси шариф мавриди яҳудисозӣ қарор гирифта ва саҳюнистҳо мураттаб Масҷидулақсоро мавриди юриш қарор медиҳанд.

Дар идомаи ин баёния омадааст, ки Қудс қалби уммати исломӣ аст, ҷойгоҳи таърихӣ, динӣ ва тамаддунӣ дорад ва тамоми тарҳҳои режими ишғолгар ин ҳақиқатро, ки Қудс мутаъаллиқ ба уммати арабӣ ва исломӣ аст, тағйир нахоҳад дод.

Ин иттиҳодия муқовимат алайҳи ишғолгарро ҳаққе машрӯъ дар тамоми адёни осмонӣ хонд ва аз давлатҳои арабӣ ва исломӣ дархост кард, оддисозии равобит бо режими саҳюнистиро мардуд бидонанд.

Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои мусалмон дар соли 2004 ба риёсати Шайх Юсуф Қарзовӣ ва бо мушорикати бархе аз уламои шиъа ва суннӣ ташкил шуд. Қарзовӣ ба далели гароиш ба Ихвонулмуслимини Миср аз ин кишвар табъид шуда ва ҳамакунун дар Қатар ба сар мебарад.

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: