Перейти к содержимому

Исломзудоӣ ба сабки чинӣ; иҷбор ба хӯрдани гӯшти хук ва нӯшидани шароб

Дар урдугоҳҳои бозпарварӣ, талош мешавад, сабки зиндагии ҷадиде байни дастгиршудагон тарвиҷ шавад, аз ҷумла хӯрдани ғизоҳое бо гӯшти хук – ки дар ислом ҳаром аст — ва ё нӯшидани шароб. Боздоштшудаҳое, ки муқовимат кунанд, мавриди танбеҳ ва ҳатто шиканҷа қарор мегиранд.

Ба гузориши пойгоҳи хабарӣ-таҳлилии Yenicag, тайи моҳҳо ва солҳои гузашта, гузоришҳои зиёде дар расонаҳои ҷаҳонӣ ба хусус ғарбӣ, дар бораи урдугоҳҳои “бозпарварӣ”-и мусалмонони минтақаи мусалмоннишини Синкиёнг дар шимоли ғарби Чин, мунташир шудааст.

Моҷаро аз ин қарор аст, ки бар асоси ин гузоришҳо, давлати Чин ба сурате низомманд талош дорад сабки зиндагии мусалмонони Синкиёнг (ақаллияти мусалмони уйғур)-ро тағйир диҳад; ва ба ҳамин манзур, онҳоро дастгир карда ва ба урдугоҳҳои “бозпарварӣ” мефиристад, то аз онҳо исломзудоӣ кунад.

Бо ин ки давлати Чин эълом кардааст, ки ин иқдом, як иқдоми “пешгирона” ва бо ҳадафи зудудани ақоиду афкори ифротӣ аз мусалмонони боздоштшуда ва пешгирӣ аз ҷазби онҳо ба гурӯҳҳои ифротӣ ва теруристӣ будааст, аммо тибқи гузориши созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар, воқеият чизе дигар аст. Бар асоси бисёре аз гузоришҳои мунташиршуда дар расонаҳо ва низ гузоришҳои созмонҳои мудофеъи ҳуқуқи башар, боздоштҳои густурдаи мусалмонон нишон медиҳад, иқдоми давлати Чин бештар ба як “саркӯби низомманд” монанд аст.

Фаъолони уйғури хориҷ аз Чин мегӯянд, ки ҷамъияти шаҳрҳои уйғурнишин дар Синкиёнг дар натиҷаи мавҷи дастгириҳо ва ирсоли мардони аз 15 то 55-сола ба урдугоҳҳои бозпарварӣ, ба наҳви маҳсусе коҳиш ёфтааст ва ин кор нишон медиҳад, ки давлати Чин як саркӯби низомманд ва системотик ва густурдаро эъмол мекунад.

Дар охирин таҳаввул дар робита бо ин мавзӯъ, дирӯз (чаҳоршанбе, 7 ноябр) давлати Чин дархости давлатҳои ғарбӣ барои бастани урдугоҳҳои бозпарвариро рад карда ва муовини вазири хориҷаи Чин бо таъйиди вуҷуди урдугоҳҳои бозпарварии мусалмонони уйғур гуфтааст: “Амният, авлавияти аслии мост. Ҷилавгирӣ аз вуқӯъи ҷурм, муқаддам бар муҷозоти муҷрим аст. Барпоии марокизи омӯзишӣ, як иқдоми пешгирона барои мубориза бо теруризм аст.”

Барои ҳамин манзур, тайи моҳҳо ва солҳои гузашта ҳатто андак иқдоме ба баргузории маносики ибодӣ мисли намози ҷумъа, дар минтақаи Синкиёнг таҳаммул намешавад. Барои мисол, афроде, ки намозҳои худро дар масоҷид мехонанд ва ё риши баланд доранд ва ҳатто заноне, ки сатр ба сар мекунанд, ба иттиҳоми ифротгароӣ ва доштани ангезаҳои теруристӣ, дастгир шуда ва ба урдугоҳҳо бурда мешаванд.

Дар ин урдугоҳҳо, зимни вуҷуди кори иҷбории – бар асоси гуфтаҳои фаъолони уйғури хориҷнишин, гоҳ то 15 соат дар рӯз — талош мешавад, сабки зиндагии ҷадиде байни дастгиршудагон тарвиҷ шавад, аз ҷумла хӯрдани ғизоҳое бо гӯшти хук – ки дар ислом ҳаром аст — ва ё нӯшидани шароб. Боздоштшудаҳое, ки муқовимат кунанд, мавриди танбеҳ ва ҳатто шиканҷа қарор мегиранд.

Бароварди дақиқе аз теъдоди афроди дастгиршуда дар даст нест, аммо афви байналмилал муддаии вуҷуди ҳаддиақал 1 милюн боздоштшуда дар ин урдугоҳҳост. Тайи солҳои гузашта, ба вежа аз замони шӯриши уйғурҳо дар минтақаи Синкёнг дар як даҳаи гузашта, давлати Чин ҳассосияти бештаре рӯи ин устони худмухтор дорад. Саркӯби шӯришҳои уйғурҳо бо истифода аз қувва ва ҷон бохтани садҳо нафар дар ҷараёни хобондани ин шӯришҳо, бо вокунишҳои эътирозии ҷомеаи ҷаҳонӣ мувоҷеҳ шуд, аммо давлати Чин мегӯяд, бо ифротгароён ва теруристҳои хатарнок мубориза мекунад!

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: