Перейти к содержимому

Оё Чорлз Дорвин атеист буд?

Ба қалами Ҷон ван Виҳе (John van Wyhe), дорвиншинос ва муассиси пойгоҳи Darwin Online

Хонандагони даврони мудерн, ҳамвора ба дидгоҳҳои динии Чорлз Дорвин (Charles Darwin) — табиатшиноси барҷастаи давраи Виктуриё ва нависандаи китоби “Маншаъи анвоъ” (Origin of Species) таваҷҷӯҳ кардаанд. Китобфурӯшиҳо ва интернет пур аст аз баҳсҳои мухталиф дар бораи дидгоҳҳои Дорвин ва таъсири назарияи такомул (theory of evolution)-и ӯ бар дин.

Ҷон ван Виҳе (John van Wyhe), устоди Донишгоҳи миллии Сингопур аст. Ӯ чаҳор китоб дар бораи Дорвин мунташир кардааст, ки аз миёни онҳо метавон ба шарҳи ҳоли мусаввари Дорвин ишора кард. Ӯ ҳамчунин муассис ва мудири сойти Darwin Online аст.

Бисёре аз нависандагони диндор, Дорвинро ба атеизм муттаҳам кардаанд. Бархе аз тарафдорон ва мудофеъони оммаписанди атеизм низ, номи Дорвинро барои таблиғ, дар листи атеистҳои маъруф овардаанд. Ҳатто замоне, ки Дорвин ҳанӯз зинда буд, изҳори назарҳои бисёр мухталифе дар бораи ақоиди диниаш вуҷуд дошт. Дар соли 1880 Эрнст фон Ҳесе-Вортег (Ernst von Hesse-Wartegg), нависандаи утришӣ, Дорвинро дар хонаи ӯ, Довн Ҳоус (Down House) воқеъ дар Кент мулоқот кард. Арробароне, ки Ҳесе-Вортегро аз истгоҳи қатор дар Урпингтун ба манзили Дорвин расонд, бо як лаҳҷаи ғализ дар мавриди оқои Дорвини машҳур чунин гуфт: “Ӯ кофир аст. Оқо, бале, як кофир, як бедин! Мардум мегӯянд, ӯ ҳаргиз ба калисо нарфтааст!” Дорвин, ба ин нақли қавл, дар рӯзномаи олмонии The Frankfurtet Zeitung und Handelsblatt ишора карда буд. Бидуни шак, ин ҷумла, Дорвинро ба ханда андохта буд.

Муфассирони дигар, дар тафсири худ аз диндории Дорвин, боинсофтар будаанд. Ҷидоли бепоёни илму дин, ки имрӯзҳо дида мешавад, фосилаи бисёре дорад бо таҷрибаи хонандагони давраи Виктуриё, ки барои нахустин бор китобҳои “Маншаъи анвоъ” ва “Табори инсон” (Descent of Man)-ро варақ мезаданд. Имрӯза то ҳадди зиёде фаромӯш шудааст, ки танҳо 20 сол пас аз интишори “Маншаъи анвоъ”, дигар хабаре аз муҷодилаи илмӣ бар сари назарияи такомул набуд. Аммо ин чӣ гуна мумкин аст, ва ҳол он ки мардум дар давраи Виктуриё, ба таври куллӣ бисёр диндортар аз мардуми имрӯз буданд?! Ҳамчунин, шавоҳиди илмӣ барои такомул, бисёр камтар аз ҳоло буд.

Иллат он аст, ки дар назари бисёре аз мардуми он давра, чунин ҷидоле, бар сари интихоб миёни Худо ва илм, ё миёни дин ва такомул набуд, балки, баҳс бар сари ин буд, ки аз миёни тасаввуроти мухталиф дар бораи тарроҳии табиат ба дасти Худо, кадом якро бояд интихоб кард? Аз пеш, ба таври густурда пазируфта шуда буд, ки қонунҳое кашф шудаанд, ки падидаҳои табииро — аз нуҷум гирифта то шимӣ ва физиулужӣ ва заминшиносӣ — табйин мекунанд. Ин бовар вуҷуд дошт, ки Дорвин, фақат як қонуни табиии ҷадид кашф кардааст, ки албатта Худо тарроҳи он будааст. Ба назар мерасад, худи Дорвин низ ба назарияи такомул ҳамин гуна нигоҳ мекард. Бад-ин тартиб, равшантар мешавад, ки чаро мардум дар соли 1882 Дорвинро дар Вестминстер Абе (Westminster Abbey) ба хок супурданд.

Чанд номаи хусусии Дорвин, ки дар онҳо роҷеъ ба дин сухан гуфта буд, дар охирҳои умри ӯ мунташир шуд ва теъдоди бештаре пас аз маргаш. Дар баҳсҳои муфассал дар бораи дидгоҳҳои динии Дорвин борҳо ба ин номаҳо ирҷоъ дода шудааст. Вақте ба дунболи иттилооте дар бораи дидгоҳҳои динии ӯ мегаштам, ба сойти Darwin Online сар задам. Ин сойт маҷмӯае аст аз навиштаҳои Дорвин, ки дар он, метавон вожагон ва истилоҳоти калидии осори ӯро ҷустуҷӯ кард. Бо ҷустуҷӯи истилоҳоте чун “атеист” ва “атеизм”, ба баҳсҳои худи Дорвин дар ин бора бархӯрдам. Зоҳиран, пеш аз он, касе ба онҳо таваҷҷӯҳ накарда буд. Қитъаи мазкурро дар ёддошти тӯлонии Дорвин дар бораи шарҳи ҳоли падарбузурги падариаш ёфтам. Падарбузурги озодандеши Дорвин, Эросмус Дорвин (Erasmus Darwin, 1731-1802), шоир ва пизишк буд. Дорвин дар он навишта, ба ин пурсиш пардохта буд, ки оё падарбузургаш як атеист будааст:

Дуктур Дорвинро борҳо атеист номидаанд; дар ҳоле, ки дар так-таки корҳояш метавон ибороти равшану сареҳе ёфт, ки нишон медиҳанд, ӯ комилан ба Худо ба унвони холиқи ҷаҳон бовар дошт. Барои мисол, ӯ дар “Маъбади табиат” (Temple of Nature), ки пас аз маргаш мунташир шуд, навиштааст: “Шояд тамоми фарзандони табиат дар масири пешрафти худ ба сӯи камоланд! Ин идеяро иктишофот ва истинтоҷҳои марбут ба шаклгирии бахшҳои ҷомиди ҷаҳони хокӣ ва обӣ таъйид мекунад ва ҳамчунин созгор бо шукӯҳу азамати холиқи ҳамаи ашё аст.” Ӯ яке аз бахшҳои “Зунумиё” (Zoonomia)-ро бо як ниёиш аз Мазомир (Мазомири Доувд) ба поён мерасонад: “Осмонҳо бар шукӯҳу ҷалоли Худованд гувоҳӣ медиҳанд ва чархи гардун сохтаи дасти ӯст!

Ӯ чакомае дар боби аҳмақона будани атеизм мунташир кард, ки мегуфт: “Ман ба наҳви ҳайратангез ва бошукӯҳе офарида шудаам.” Банди нахусти ин чакома чунин буд:

1) Эй бехудои аҳмақ! Оё рақси беназму саргиҷаовари атомҳо ба ин сӯ ва он сӯ метавонист ҷаҳоне чунин шигифтангез ва пур аз ҳикмату ҳамоҳангӣ эҷод кунад?!..

Аҷиб аст, ки то кунун касе ба ин қитъа таваҷҷӯҳ накардааст! Агар Чорлз Дорвин истидлол кардааст, ки суханони падарбузургаш дар бораи холиқи ҷаҳон, ба ин маъност, ки ӯ атеист набудааст, пас метавон дар бораи навиштаҳои худи Дорвин низ бар ҳамон асос доварӣ кард. Бо ҷустуҷӯи вожаи “холиқ” (Creator) дар навиштаҳои чопшудааш, ки дар сайти Darwin Online мавҷуданд, метавон ба суръат дарёфт, ки Дорвин дар саросари умраш чунин адабиётеро ба кор мебурдааст.

Вожаи “холиқ” нахустин бор дар аввалин китоби Дорвин ба номи “Ёддоштҳои рӯзонаи пажӯҳишҳо” (Journal of Researches) ё “Сафари Бигле” (The Voyage of the Beegle) омадааст:

Камтар пеш, дар соҳили офтобӣ дароз кашида будам ва ба хусусиёти аҷиби ҳайвоноти ин кишвар (Устролиё) дар муқоиса бо манотиқи дигари ҷаҳон меандешидам. Касе, ки ба ҳеч чиз варои ақли худ бовар надорад, мумкин аст фарёд бизанад: “Ду холиқи мутамойиз бояд дар кор бошанд; ҳарчанд мавзӯи (объекти) он ду, яке буда бошад, яқинан ғоят дар ҳар маврид комил аст.”

Бори дигаре, ки Дорвин ин истилоҳро (истилоҳи “холиқ”-ро) ба кор бурд, дар китоби баъдиаш роҷеъ ба созгории гардаафшонии гули уркида бо муҳит (1862) буд:

Ин рисола ҳамчунин мавқеияте дар ихтиёри ман қарор дод, ки нишон диҳам мутолеаи мавҷудоти зинда метавонад ҳам барои касе, ки комилан мутақоъид шуда сохтори ҳар мавҷуд комилан маълули қонунҳои сонавӣ аст ва ҳам барои касе, ки тамоми ҷузъиёти пеши по афтодаро натиҷаи дахолати мустақими холиқ мебинад, ба як андоза ҷолиб бошад.”

Хутути боло мавзеъи Дорвинро ба равшанӣ нишон медиҳанд… Дорвин дар соли 1871 дар китоби “Табори инсон” ба мавзӯъи дин пардохтааст:

Бовар ба Худо (дин): шавоҳиде дар даст нест, ки инсон аз ибтидо аз неъмати бовар ба вуҷуди як Худои тавоно баҳраманд буда бошад, балки баръакс, шавоҳиди бисёре баргирифта аз таҷрибаи афроде, ки солҳо бо қабилаҳои ваҳшӣ зиндагӣ кардаанд, ҳокӣ аз он аст, ки ақвоми бисёре вуҷуд дошта ва ҳанӯз ҳам вуҷуд доранд, ки ҳеч тасаввуре аз як Худо ё чандин Худо ва ҳеч вожае дар забонашон барои чунин мафҳуме надоранд. Гарчӣ пурсиш аз вуҷуди холиқ ва фармонравое дар ҷаҳон, пурсиши комилан мутамойиз аст ва бартарин мутафаккироне, ки то кунун зистаанд, ба ин пурсиш посухи мусбат додаанд.

Дорвин дар бахши ниҳоии ҷилди дуввум менависад:

Касе, ки ақида дорад инсон пеш аз мавҷудоти ибтидоӣ вуҷуд доштааст, табиатан хоҳад пурсид робитаи ин мавзӯъ бо ҷовидонагии руҳ чист. Ҳамон тавр, ки сэр Лубук (Sir J. Lubbock) нишон додааст, ақвоми ваҳшӣ чунин ақидае надоштаанд; аммо истидлолҳои баромада аз боварҳои бадавии ақвоми ваҳшӣ, ҳамон тавр, ки дидем, чандон судманд нестанд. Бархе ашхос аз номумкин будани таъйини дақиқи давраи рушди афрод, аз нахустин лаҳзаи ташкили нутфа то ташкили ҷанини навзод, пеш ё пас аз таваллуд ва лаҳзае, ки ӯ ба мавҷуде ҷовидон табдил мешавад, музтариб мешаванд. Далели бештаре барои изтироб вуҷуд надорад; зеро давраи такмили тадриҷии мавҷуди зинда, ба ҳеч ваҷҳ қобили таъйин нест.”

Забоне, ки худи Дорвин барои тавсифи боварҳояш ба кор мебарад, комилан мунсаҷим (ҳамоҳанг) набуд. Албатта назароташ дар тӯли даврони зиндагиаш тағйир кард. Ӯ дар соли 1876 шурӯъ кард ба навиштани як шарҳи ҳоли хусусӣ барои фарзандон ва наваҳояш. Дорвин дар ин шарҳи ҳолаш, ба тағйири дидгоҳҳои динии хеш ишора кардааст. Ӯ дар охирҳои даҳаи 1830 ба тадриҷ дар робита бо масеҳият ва эътибори китоби муқаддас ба шак дучор шуд ва ин шак боис шуд ӯ дигар масеҳӣ набошад; гарчӣ атеист ҳам набуд ва ҳанӯз ба навъе теист маҳсуб мешуд. “Теист” будан дар замони Дорвин ба маънои бовар ба Худои фаротабиӣ буд, ки табиат ё ҷаҳонро халқ кардааст, аммо дахолате дар раванди таърих надорад. Дорвин истилоҳи теистро дар яке аз қисматҳои маъруфи шарҳи ҳолаш ба кор бурдааст:

“… Вақте дар мавриди ин масоил меандешам, ҳис мекунам бояд ба “иллати нахустине” фикр кунам, ки зеҳни ҳушёр ва то ҳадде шабеҳ ба зеҳни инсон дорад, ва шоиста аст, ки ман як теист номида шавам. Ин натиҷа то он ҷо, ки ба ёд меоварам, замоне, ки “Маншаъи анвоъ”-ро менавиштам, дар зеҳнам пурранг буд ва аз он замон ба баъд, тадриҷан ва бо навасонҳои бисёр шурӯъ кард ба заъиф шудан.”

Дар замонҳои дигар Дорвин аз вожаи огнустик (agnostic) истифода мекунад. Ин вожае аст, ки Тумос Ҳенри Ҳуксли (Thomas Henry Huxley), табиатшинос ҷаъл кард ва ривоҷ дод. Дар номае, ки Дорвин дар соли 1879 тақрибан ҳамзамон бо шарҳи ҳолаш навиштааст, чунин мегӯяд: “Дар шадидтарин навасонҳоям, ҳаргиз як атеист ба маънои мункири вуҷуди Худо набудаам. Фикр мекунам ба таври куллӣ ва ҳарчи синнам бештар мешавад, аммо на ҳамеша, вожаи огнустик тавсифи дурусттаре аз вазъияти зеҳнии ман ба даст медиҳад…” Ин нома нахустин бор дар “Зиндагӣ ва номаҳо” (Life and Letters) чоп шуд.

Бо таваҷҷӯҳ ба камбуди шавоҳид ва ибҳоми мавҷуд дар ҷумлаҳое, ки аз Дорвин боқӣ мондаанд, эҳтимолан ҳаргиз қодир нахоҳем буд таъриф ё фаҳми худ аз дидгоҳҳои динии вайро комилан беҳбуд бахшем. Аммо ин ба он маъно нест, ки чизҳое вуҷуд дорад, ки наметавон донист. Як нукта комилан возеҳ аст: тамомии шавоҳиди мавҷуд алайҳи атеист будани Дорвин ҳастанд.

Public Domain Review

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: