Перейти к содержимому

Чаро Тромп бар таҳқири Арабистон пофишорӣ мекунад?

Арабистони Саудӣ ба интиқодҳои кишварҳои камаҳаммияттар сареъан вокуниш нишон медиҳад, аммо дар муқобили интиқодҳо ва иҳонатҳои Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, ба далели вобастагӣ ба ин кишвар, сукут ихтиёр мекунад.

Мумкин аст бо дидани тавҳинҳои гоҳу бегоҳи Дунолд Тромп, раисиҷумҳури Омрико ба Арабистон, ин суол пеш биёяд, ки ҳукумати Арабистон то кай дар муқобили иҳонатҳои мукаррари Дунолд Тромп сукут хоҳад кард?

Бону Мазовӣ Аррашид, устоди Маркази Ховари Миёна дар Донишкадаи иқтисоди Ландан, дар мақолае, ки дар Middle East Eye мунташир шуда, ба ин пурсиш посух медиҳад. Ба ақидаи ӯ, Арабистон барои “муддате тӯлонӣ” дар баробари ин тавҳинҳо сукут хоҳад кард.

Вай дар идома гуфта: “Тромп аз ҳеч фурсате барои ёдоварии ин матлаб ба саудиҳо дареғ намекунад, ки Арабистони Саудӣ бидуни ҳимояти Иёлоти Муттаҳидаи Омрико, дар маърази ошӯбҳои дардисарсозе дар ҷабҳаи дохилӣ ва муҳити перомунаш қарор хаҳад гирифт.”

Тромп ахиран гуфта: “Аҷала накунед, ман ба Арабистон алоқа дорам, Малик Салмон трилюнҳо дулор пул дорад, аммо бидуни мо қодир ба ҳифзи ин ҳавопаймоҳо нахоҳад буд...”

Мазовӣ Аррашид, устоди Маркази Ховари Миёна дар Донишкадаи иқтисоди Ландан

Аррашид, бо таъкид бар ин ки иҳонати ахири раисиҷумҳури Омрико мутафовит буд, гуфт: “Як раисиҷумҳури коркушта, ки ба одоби диплумотик дар сатҳи болое огоҳ аст, ин изҳоротро ба ҳеч унвон ба муттаҳиддони худ дар минтақа, ки теъдодашон рӯ ба коҳиш аст, намегӯяд, аммо Тромп ба хубӣ медонад, ки ҳатто агар бадтарин иҳонатҳоро бар забон оварад, метавонад аз паёмадҳои он шона холӣ кунад.”

Чаро Арабистони Саудӣ дар муқобили интиқодҳои Иёлоти Муттаҳидаи Омрико сукут ихтиёр мекунад, вале дар муқобили интиқоди кишварҳои дигар ҷанҷол бапо мекунад?

Аз ҳимояти Омрико аз Арабистон дар ҷанги Яман то дастури Вошингтун ба Риёз барои поин нигаҳ доштани қимати нафт, Тромп дар ҳамаи ин маворид аз ҳеч фурсате дареғ намекунад, то заъфи Арабистонро дар сурати набуди ҳимояти Омрико, ба раҳбарони ин кишвар гӯшзад кунад.

Мазовӣ Аррашид бар ин бовар аст, ки равобити Арабистон ва Омрико дар сояи давлати Тромп, табдил ба равобите бепарда шудааст, ки дар ин равобит ҳеч гуна забони диплумотик ва ё ҳампаймонӣ ва широкате дида намешавад, балки танҳо қарордоде аст, ки дар он, тарафи нерӯманд талош мекунад, то тарафи заъифро таҳти фишор қарор диҳад. Аз он ҷое, ки Тромп ба хубӣ аз шиканандагии ҳукумати Арабистон огоҳ аст, пайваста таъсирпазирии Арабистонро ба раҳбарони ин кишвар гӯшзад мекунад, то онҳоро ҳамеша дар ҳолати изтиробу тарс нигаҳ дорад.

Ӯ мехоҳад бо ин равиш саудиҳоро водор кунад, то ҳамеша дар масири розӣ кардани Омрико ва иҷрои хостаҳои он қадам бардоранд.

Арабистони Саудӣ дар оянда низ баҳои сангин дар муқобили вобастагии худ ба Омрико пардохт хоҳад кард. Саудиҳо ба хубӣ бар паёмадҳои адами ҳимояти беқайду шарти Омрико аз ин кишвар огоҳ ҳастанд ва ин амр Арабистонро дар маърази хатарҳои пешбининашудае қарор хоҳад дод.

Ба ҳамин далел, ҳукумати Оли Сауд ба интиқодҳои кишварҳои ғарбӣ, ки аҳаммияти истротжики камтаре доранд, дар мавриди боздошти мунтақидон, фаъолони ҳуқуқи башари арабистонӣ ва ё куштори шаҳрвандони яманӣ, сареътар вокуниш нишон медиҳад.

Кишварҳои Конодо, Суэд (Шветсия), Нурвеж (Норвегия) ва дигар кишварҳо ба ҳангоми саркӯби дохилӣ ва сиёсатҳои минтақаии иштибоҳи Арабистон, ҷанҷол бапо мекунанд, аммо дар муқобили инҳо, вокуниши Арабистон бисёр сареъ аст ва билофосила ин кишварҳо мавриди бозхост қарор мегиранд, то мабодо кишварҳои дигар, ки бо Арабистон душманӣ доранд ё кишварҳое ҳамчун Бритониё, ки мунтақиди ин кишвар нестанд, ба фикри интиқод аз ин кишвар биафтанд ё ҳатто калимаи интиқодро бар забон ҷорӣ кунанд.

* * *

Чаро Арабистон ба Конодо тохт?

Ҳангоме, ки ин интиқод аз сӯи Иёлоти Муттаҳидаи Омрико матраҳ мешавад, масъала шакли дигаре ба худ мегирад ва Арабистони Саудӣ ин иҳонатҳоро таҳаммул карда ва рӯзномаҳои дохилии ин кишвар иборатҳои нешдору сангини Тромпро нодида мегиранд.

Мазовӣ Аррашид мегӯяд: “Дар сурате, ки кишваре ғайри Омрико Арабистонро мавриди интиқод қарор диҳад, ҳукумати ин кишвар дар вокуниши худ зиёдаравӣ ба харҷ медиҳад ва раводиди шаҳрвандони ин кишварро ба ҳолати таълиқ дармеоварад ва қарордодҳои тиҷориро лағв карда ва сафирони худро аз ин кишварҳо фаро мехонад, ҳатто иқдом ба сиёҳнамоӣ алайҳи ин кишварҳо дар расонаҳои таҳти ихтиёри худ мекунад.

Ба унвони мисол, баъд аз бӯҳрон дар равобити диплумотики Конодо ва Арабистон, Одил Алҷубайр, вазири хориҷаи ин кишвар, дар иқдоме пешбининашуда Конодоро таҳдид кард.

Расонаҳои Арабистон дар муқобили анзори мардум, дар хусуси ранҷу азоби сурхпӯстони бумии Конодо мегӯянд ва изҳори назарҳое алайҳи низоми сиёсии кишваре матраҳ мекунанд, ки бисёре аз саудиҳо ва дигар арабҳо барои он кишвар эҳтиром қоил ҳастанд ва ҳатто ба дунболи зиндагӣ дар он кишвар ҳастанд.”

Аррашид навишта: “Саудиҳо фаромӯш мекунанд, ки Конодо Эрон нест. Оли Сауд ақаллияти араби Аҳвозро ба унвони силоҳе алайҳи ҳукумати Эрон истифода мекунад ва ҳатто аз Муҷоҳидини халқ ҳимоят мекунад.”

Аррашид хотирнишон кард: “Ҳукумати Арабистон аз ин гуна ҳаводис бо Конодо ё дигар кишварҳоро ба унвони фурсате барои нишон додани ҳокимияти хаёлии худ истифода мекунад ва дар ҳоле, ки ин иқдомот гумроҳкунанда, тавҷеҳнопазир ва беарзиш аст, талош мекунад, то мардуми худро аз фахрфурӯшии сарони кишвар розӣ нигоҳ дорад.”

Аз тарафе, Тромп бо намоиш додани намудори ҳазинаҳои низомии Арабистон дар муқобили Муҳаммад бен Салмон, валиаҳди ин кишвар ва ҷилави дурбини хабарнигорон ва ишора ба заъфи Арабистони Саудӣ бидуни ҳимояти Омрико аз ин кишвар, ба хубӣ бар ин амр воқиф аст, ки метавонад ба иҳонатҳои худ дар қиболи Арабистон бидуни бурузи ҳеч гуна вокунише аз ҷониби ин кишвар идома диҳад.

* * *

Чаро Тромп бар таҳқири Арабистон исрор дорад?

Мутаассифона, саудиҳо аз ин имтиёз, ки раҳбарони худро дар интихоботи оянда канор бизананд ва ё ба далели ғорати амвол ва ришва додан ба Омрико, мавриди муҳокима қарор диҳанд, бебаҳра ҳастанд. Аз ҳамин рӯ, Тромп ба фишорҳои худ алайҳи ин кишвар идома хоҳад дод.

Агар заъфи ҳукумати Оли Сауд бидуни ҳимояти Омрико, воқеияте бениёз ба баҳсу баррасӣ бошад, иҳонатҳои вақеҳонаи Тромп бештар ба ин далел аст, ки вай мехоҳад тарафдорони худ дар Омрикоро, ки аз хор шудани шайхҳои нафтӣ лаззат мебаранд, бо ин иҳонатҳо розӣ кунад.

Мазовӣ Аррашид дар идома менависад: “Касоне, ки Тромпро барои таҳқири шадиди ҳампаймононаш мавриди ташвиқ қарор медиҳанд, гурӯҳе аз омрикоиҳои мунҳарифу гумроҳ ҳастанд ва Тромп инчунин бо рафторҳои қулдурмаобона, нажодпарастона ва меҳандӯстона, онҳоро ба сӯи худ ҷазб мекунад. Касоне, ки фаромӯш карданд чӣ гуна кишваре дар хориҷ аз марзҳои худ дорои нуфузу қудрат мешавад, бояд бидонанд Омрикои қудратманду пурнуфуз аз тариқи дур сохтани муттаҳидон ва иръоби ҳампаймонон ва таҳқири дӯстон муҳаққақ намешавад.”

Irdiplomacy

Добавить комментарий

Заполните поля или щелкните по значку, чтобы оставить свой комментарий:

Логотип WordPress.com

Для комментария используется ваша учётная запись WordPress.com. Выход /  Изменить )

Google+ photo

Для комментария используется ваша учётная запись Google+. Выход /  Изменить )

Фотография Twitter

Для комментария используется ваша учётная запись Twitter. Выход /  Изменить )

Фотография Facebook

Для комментария используется ваша учётная запись Facebook. Выход /  Изменить )

Connecting to %s

%d такие блоггеры, как: